Маъданҳо аз ҳамдигар чӣ тавр фарқ мекунанд?
Маъданҳо хусусиятҳои алоҳидаи худро доранд. Ин имкон медиҳад, ки онҳоро аз рӯи шакл, ранг, ҷило, зичӣ ва устуворӣ фарқ намоем. Баъзе филиззот мисли тило, нуқра, платина (тилои сафед) ва ғайрифилиззот, чун графит ва алмос танҳо аз як унсур иборатанд. Қисми дигарашон аз чандин унсур, монанди намаки ошӣ аз хлор ва натрий таркиб ёфтаанд. Ҳамчунин маъданҳои ҷилодор, ба мисли кварс мавҷуданд. Инчунин маъданҳое вомехӯранд, ки чун хок тобиш надоранд. Боз маъданҳое ҳастанд, ки ниҳоят сахтанд, аз ҷумла алмос, баъзеашон (масалан, гаҷ), баръакс ба осонӣ шикаста мешаванд.
Ҳангоми омӯхтани маъданҳо ҳамаи хусусиятҳои онҳо ба эътибор гирифта шаванд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




