Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Уқёнусҳо чӣ тавр пайдо шудаанд?

Эҳтимол меравад, ки об дар Замин ҳамон вақт пайдо шудааст, ки сайёраи мо пас аз таркиши бузург сард шуда, ба ҷисми сахт табдил ёфтааст. Аммо оби дар қаъри Замин монда, баъдтар дар натиҷаи фаввораи вулқонҳо ва гейзерҳо миқдори бузурги буғи обиро ба атмосфера мепартоянд. Ин буғҳо ба ҳавои хунуки атмосфера расида, ба об табдил ёфтанд ва дар шакли борон ба Замин рехтанд. Боронҳои пайдарпай, ки асрҳои зиёд идома ёфтанд, чуқуриҳои Заминро пур карда, аввалин уқёнусҳоро ба вуҷуд оварданд. Соҳили уқёнусҳо камоб буда, онро тунукобаҳои қитъаҳо меноманд. Поёнтар аз тунукобаҳо нишебӣ меояд, ки он то ба қаъри уқёнус мерасад ва дар он ҷо рӯшноӣ ва ҳаёт вуҷуд надорад.

Дар қаъри уқёнус танҳо қисми ками моҳӣ ва рустаниҳое дучор меоянд, ки ба чунин шароит мутобиқ гардидаанд. Ин минтақаҳоро минтақаҳои пуроб ё абиссалӣ меноманд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.