Заминчунбӣ (Заминларза) чист?
Заминчунбӣ ҳаракат ё ҷунбиши Замин аст. Вақте ки гармии зиёд аз таҳти Замин боло рафта, ба ҷисмҳои сарди кӯҳӣ бармехӯрад, бо фишори баланд таркишро ба вуҷуд меорад. Ин таркиш ба воситаи қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ба сатҳи Замин расида, ларзишро ба вуҷуд меорад. Ин ҳодиса ба назари мо чун ҳаракат ва ё ҷунбиши Замин менамояд. Ҳамин теладиҳӣ ва ё ҷунбиши сатҳи Замин заминларза аст.
Заминчунбиро инчунин такони сейсмикӣ низ меноманд. Ҳаракатҳои сейсмикӣ ба Замин имкон медиҳанд, ки худро аз гармии дохилӣ озод намояд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




