Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Гейзер чист?

Гейзерҳо фаввораҳои бузурги оби гарм мебошанд, ки аз қаъри Замин бо суръати баланд ба боло мебароянд. Мисли вулкан гейзерҳо ҳам бар асари фишори дохилии Замин ба вуҷуд меоянд, аммо ба ҷои гудозаҳо аз қаъри Замин буғи об ва оби гарм фаввора мезанад.

Дар баъзе ҷойҳои сайёра, ки ҳарорат хеле паст мебошад, гейзерҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба кӯҳҳои яхбастаи зинадор монанданд. Дар Тоҷикистон чашмаҳои шифобахши зиёде мавҷуданд (Хоҷа Оби Гарм, Оби Гарм, Гармчашма, Зайрон ва ғайра), ки аз қаъри Замин фаввора зада, хосияти табобатӣ доранд.

Манфиати вулкан ва гейзерҳо

Баъди фавворазании вулканҳо сангу гудозаи онро чун масолеҳи сохторӣ, хокистарашро баъди чанд муддат ҳамчун нурӣ барои серҳосил гардонидани замин истифода мебаранд. Баъзе филиззоти нафис ва сангҳои қиматӣ (сиркон ва ёқут) маъмулан дар наздикии вулкан дучор меоянд; ҳамчунин мис, нуқра, тило дар шахтаҳо аз таркиби ҷинсҳои кӯҳии вулканӣ хориҷ мегарданд. Дар баъзе ҷойҳо, масалан, дар Африқои Ҷанубӣ, миқдори зиёди алмосро аз дохили ҷинсҳои кӯҳии вулканӣ пайдо намудаанд.

Гейзерҳоро дар Исландия ва Аврупои Шимолӣ барин мавзеъҳои сард барои гармидиҳӣ истифода мебаранд. Маъмулан, дар ҷойҳои сард оби гарми гейзерҳо ба воситаи лӯлаҳо барои шабакаҳои гармидиҳии шаҳрҳо истифода бурда мешавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.