Кадом қаторкӯҳ дар ҷаҳон аз ҳама баландтар аст?
Қаторкӯҳи баландтарин Ҳимолой мебошад, ки дар байни Тибет ва Непал ҷойгир шудааст. Қуллаи баландтарини он Эверест ном дорад, ки баландиаш 8848 метр аст. Тақрибан 150 млн сол қабл қитъаи Ҳинд ба қитъаи Осиё бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин бархӯрд канораҳои ин ду қитъа боло бардошта шуда, тадриҷан ин қаторкӯҳро ба вуҷуд овардаанд. Дар ин қаторкӯҳ қуллаҳо то ҳанӯз боло мераванд. Кӯшиши ба қуллаҳои он баромадан
кӯҳнавардони далерро водор кард, ки қуллаи баландтарини Ҳимолой, инчунин кӯҳҳои Алп, Анд ва ғайраро фатҳ намоянд.
Кӯҳҳо дар кайҳон
Дар дигар сайёраҳо низ кӯҳҳои баланд ва водиҳои фарох ҳастанд. Дар Миррих кӯҳи аз ҳама баланд – Олимп бо қуллаи 28000 м аз баландтарин кӯҳи Замин – Эверест беш аз се маротиба баландтар аст.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




