Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Вулканҳо чӣ шакл доранд?

Агар аз канораҳо нигоҳ кунем, вулкан ба кӯҳ монанд аст. Ин кӯҳро махрути вулканӣ меноманд, ки аз ҷинсҳои сахтшудаи аз қаъри замин беруновардаи вулкан пайдо шудааст.

Дар даруни махрут наҳри бароранда мавҷуд аст, ки танӯра номида шуда, аз он гудоза боло мебарояд. Дар ин наҳр шохаҳо ё чандин даҳанаи начандон калон вуҷуд доранд, ки аз онҳо газ фаввора зада мебарояд.

Дар охири танӯра кратер (даҳана) ё сӯрохи вулкан ҷой гирифтааст, ки аз он ҳамаи чизҳои хориҷшаванда ба берун афканда мешаванд.

Вақте ки вулкан хомӯш мегардад, даҳана (танӯра) низ то дубора хурӯҷ кардани он маҳкам мешавад.

Баъзе махрутҳои вулканӣ дар давоми 10 ҳазор сол ба вуҷуд омада, баъзеи дигарашон бо як фавворазанӣ он қадар ҷинсу ашёро ба берун мепартоянд, ки аз онҳо махрути бузург пайдо мегардад.

Оқибатҳои зараровари вулкан

Фаввораи вулканҳо зарари зиёд меоварад. Гудозаҳои вулкан ҳама чизи сари роҳашро нобуд сохта, боиси сӯхтор ва паҳн шудани газҳои зарарнок мегардад. Шаҳрҳои Помпей ва Геркуланум дар Итолиё соли 79-и эраи мо дар натиҷаи вулкани Везувий пурра зери гудозаҳо монданд. Соли 1883 фаввораи вулкан дар ҷазираи Кракатауи Индонезия боиси марги 36000 одам гашт. Соли 1985 дар Невадо де Руиси Колумбия фаввораи вулкан дар чанд лаҳза барфи кӯҳро об кард ва сели дар натиҷаи он бавучудомада садҳо деҳу шаҳрак ва ҳаёти 25000 нафарро ба коми худ кашид.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.