Ҷинсҳои бегона кадомҳоянд?
Дар конҳо на танҳо минералҳои холис, инчунин маъданҳои омехта бо ашёи дигар, аз қабили хоку санг низ дучор мешаванд. Ин ашёро, ки бо минералҳо омехтаанд, ҷинсҳои бегона меноманд. Минералҳои аз ҷинсҳои бегона тоза кардашударо маъдан меноманд. Барои маъдани тоза ба даст овардан бозёфтро шуставу таҳшин кардан лозим меояд.
Амундсен
Руал Амундсен (1872–1928) таҳқиқотчии норвегӣ мебошад. Дар аввал ӯ ба омӯхтани илми тиб машғул шуда, баъд донишгоҳро тарк мекунад ва ҳаёти худро ба таҳқиқоти Арктика мебахшад.
Соли 1903 ба Арктика саёҳати сесола анҷом дода, назарияи ҷойивазкунии қутбро исбот намуд. Соли 1911 аввалин шуда, пеш аз таҳқиқотчии англис Роберт Скотт, ба Қутби Ҷанубӣ қадам ниҳод. Соли 1923 тасмим гирифт, ки ба воситаи тайёра ва дирижабл Арктикаро таҳқиқ намояд.
Сохтани дастпона Сангчаҳои майдаи аз дарё ё соҳили он ёфташударо ҷудо кун. Анбурро гирифта, барои ҳар як сангча ду пораи тунуки симро бибур. Симро дар гирди сангча тоб деҳ ва нӯги ҳардуро бо ҳам печон, то ки сангча хуб маҳкам шавад.
Акнун ба ресмон сангчаҳоро шадда карда гузарон ва нӯгҳои онро гиреҳ карда бубанд. Дастпонаи одӣ омода хоҳад шуд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




