Сангҳо аз куҷо пайдо шудаанд?
Агар ба дастамон чанд навъи сангро гирем, фарқи онҳоро муайян карда метавонем. Баъзе аз ин фарқиятҳо ба манбаи пайдоиши сангҳо вобаста аст. Ҷинсҳои кӯҳие ҳастанд, ки дар натиҷаи хунук шудани унсурҳои моии қишри Замин ба вуҷуд омадаанд. Инҳо ҷинсҳои магмавӣ аз қабили санги хоро, рухом (базалт) мебошанд. Ҷинсҳои таҳшинӣ дар натиҷаи пораҳои ҷинсҳои дигарро овардани об аз ҷойҳои дигар ба вуҷуд омадаанд. Гаҷ ва намаксанг аз ҷумлаи ҷинсҳои таҳшинӣ мебошанд. Ҷинсҳои метаморфӣ (тағйирёфта) низ аз ҷинсҳои дигар пайдо шудаанд. Онҳо дар дохили Замин бар асари гармӣ ва фишори вазни унсурҳои қишри болоии Замин шаклашонро дигар кардаанд. Санги мармар ва варақсанг аз ҳамин қабил ҷинсҳои метаморфӣ мебошанд.
Аргентит. Минерале, ки дар таркибаш нуқра дорад.
Тило. Филиззи гаронбаҳоест, ки дар маснуоти заргарӣ ва сикқаҳои тилоӣ, инчунин қисмҳои асбобҳои электронӣ истифода мешавад.
Куприт. Ба кристаллҳояш сангҳои гаронбаҳо часпидаанд.
Нуқра. Филиззест, ки дар истеҳсоли маснуоти заргарӣ, сикқаҳои нуқрагӣ, асбобу анҷоми хӯрокхӯрӣ ва аксбардорӣ истифода мешавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




