Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Чаро мо об менӯшем?

Андомгон (организм)-и одам қариб 60 дарсад аз об иборат аст. Об барои тамоми равандҳои кимиёие, ки дар бадани инсон сурат мегиранд, зарур аст. Об дар бадан миқдори муайяни намакҳои минералиро ҳал мекунад. Вақте қисми оби бадани инсон ба воситаи арақ кардан, буғ шудан (ҳангоми нафасбарорӣ) ва пешоб хориҷ мешавад, таносуби обу намакҳои минералӣ вайрон мегардад, яъне намакҳои минералӣ зиёд мешаванду об кам. Барои он ки мувозинати ин таносуб барқарор шавад, организм об талаб мекунад. Ҳамин тариқ, мо об нӯшида, ин нобаробариро дар таркиби ҳуҷайраҳои бадан ислоҳ мекунем.

0

Чаро мо хӯрок мехӯрем?

Маъмулан, ғизо ба организми одам неру мебахшад ва инкишофи онро таъмин менамояд. Барои нигоҳдории саломатии инсон ва фаъолияти пурсамари вай намудҳои зерини маводди ғизоӣ муҳим мебошанд: карбоҳидратҳо (нон, шираворӣ, картошка, сабзавот ва ғайра), сафедаҳо (гӯшт, моҳӣ, шир, тухм), чарбу (навъҳои гуногуни равған), витаминҳо (тамоми анвои меваҷот), намакҳои минералӣ ва об. Олимон чунин ҳисоб кардаанд, ки дар давоми рӯз бояд 50 дарсади ғизоро карбоҳидратҳо, аз се як ҳиссаро сафедаҳо ва аз шаш як ҳиссаро чарбу ташкил намояд. Ғайр аз ин, инсон бояд дар давоми як рӯз 1,5 литр об ва ё моеи дигар истеъмол кунад.

0

Инсон кай ба воя мерасад?

Дар синни 18-20-солагӣ давраи ба воя расидани одам хотима меёбад. Бадани инсон дар ин давра пурра ташаккул ёфта, қади ӯ қариб бетағйир мемонад. Инсон акнун хислатҳои хос ва донишу малакаи кофӣ дорад. Ба воя расидани инсон маънои таҳаммули рафтору кирдор, ҳисси масъулиятшиносӣ ва монанди инҳоро дорад. Вай акнун мустақилона фаъолият мекунад, бе иштироки падару модар зиндагии худро таъмин менамояд. Ҷавони бавоярасида бо одамони дигар муносибати дӯстонаву машғулияти якҷоя пайдо мекунад. Ҷавонмардону духтарон ҳамдигарро дӯст медоранд ва дертар оила барпо менамоянд.

0

Наврасӣ чист?

Наврасӣ айёми аз синни бачагӣ то ба воя (18-сола) расидани инсон аст. Маъмулан, давраи наврасиро аз синни 12 то 18-солагӣ ҳисоб мекунанд. Аммо ин ҳолат метавонад барвақттар ва ё дертар оғоз гардад. Умуман дар организми бачагону духтарон аз синни 12-солагӣ сар карда тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд ва онҳо зуд ба воя мерасанд. Овози писарбачагон каме пасттар мешавад, дар онҳо нишонаҳои аввалини мӯйлаб ва риш пайдо мегардад. Синаҳои духтарон дамида, ронҳошон гӯшт гирифта, фарбеҳ мешаванд. Дар ҷойҳои махсуси бадани писару духтарон (зери бағал ва ғайра) мӯй пайдо мешавад. Ғайр аз ин дар айёми наврасӣ дар сохти бадан, шавқу завқ ва афкору ҳиссиёти писарону духтарон низ фарқият ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ наврасӣ яке аз давраҳои муҳими инкишофи инсон аст.

0

Андомгон (организм) қувваро аз куҷо мегирад?

Бо ёрии нафаскашӣ ва истеъмоли ғизо мо тамоми маводи барои организм заруриро мегирем. Он узвҳое, ки бо ёрии онҳо мо нафас мегирем, системаи нафаскаширо ташкил мекунанд. Узвҳои дигар, ки ба фурӯбариву ҳазми ғизо марбутанд, системаи узвҳои ҳозима мебошанд. Маҳз ҳангоми хӯрокҳазмкунӣ тамоми маводи зарурӣ ба организм паҳн мешавад.

0

Узвҳои бадан чӣ тавр ғизо мегиранд ва оксиген истеъмол мекунанд?

Ҳамаи ҳуҷайраҳои андомгон (организм)-и одам бояд доиман аз оксиген ва ғизо таъмин бошанд. Барои таъмини ҳуҷайраҳои бадан бо маводи зарурӣ, инчунин тоза кардан аз унсурҳои нолозим системаи хунгард хизмат мекунад: Хун аз ғизо маводи заруриро ҷаббида, ба воситаи рагу пайвандҳои хунгузар ба тамоми узвҳои бадан тақсим мекунад.

0

Андомгон (организм)-и одам чӣ тавр фаъолият мекунад?

Андомгон (организм)-и одам метавонад, барои таъмини ҳаёт чандин вазифаро адо кунад. Барои иҷрои вазифаҳои мазкур организми одам дорои узвҳои гуногун, яъне узвҳои хунгард, ҳозима, ҳаракат, нафаскашӣ ва ихроҷ мебошад.

0

Чаро баъзе модарон дугоник таваллуд мекунанд?

Маъмулан занон дар давраи ҳомиладорӣ танҳо як кӯдак таваллуд мекунанд. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки зани ҳомила ду ё зиёда аз он тифл ба дунё меорад. Ин ҳодиса дар ду ҳолат рӯй медиҳад. Дар ҳолати аввал ҳар як тифл аз тухмҳуҷайраҳои алоҳидаи бордоршуда ба вуҷуд меояд. Онҳоро дугоник меноманд. Дугоникҳо метавонанд писару духтар ва ё ҳамҷинс бошанд. Онҳо метавонанд ба ҳамдигар монанд ё чандон монанд набошанд, вале ду фарзандеанд, ки аз модар пайи ҳам таваллуд шудаанд. Дар ҳолати дуюм як ҳуҷайратухми бордор ба ду қисм ҷудо мешавад ва дар натиҷа ду ҳуҷайраи тамоман монанд инкишоф меёбанд. Аз онҳо ду тифли ҳамҷинс таваллуд мешаванд, ки ба якдигар хеле монанданд ва онҳоро дугоникҳои ҳамандом меноманд. Албоми оилавӣ Ҳамаи суратҳои хешовандон, аз ҷумла падару модар, бародарону хоҳарон, бибию бобо, бобокалону бибикалонро ҷамъ намо ва дар як албом ҷой бидеҳ. Суратҳоро муқоиса намуда мебинӣ, ки ҳамаи хешовандонат бо ҳамдигар каму беш монандӣ доранд; аксаран шаклу ранги чашмон, бинӣ ва пешонӣ, мӯй, тарҳи андомашон ва ғайра шабеҳи якдигаранд.

0

Ҳомиладорӣ чист?

Ҳомиладорӣ давраи баъди бордоршавӣ то пайдоиши кӯдак дар батни модар аст. Кӯдак, яъне ҷанин дар аввали инкишоф мисли сари сӯзанак аст. Он мунтазам инкишоф меёбад ва аллакай дар 56–60-рӯзагӣ тамоми узвҳои асосии дохилӣ – дил, шуш, ҷигар ва ғайра пайдо мегарданд. Пас аз 3 моҳ шакли инсонро мегирад, яъне сар, дасту пой ва бадан пайдо мешаванд ва ҷанин ба тифл мубаддал мегардад. Тифл инкишоф меёбад ва дар давоми 9 моҳ пурра омодаи тавлид мешавад. Ҳамин тавр, ҳомиладорӣ бо таваллуди кӯдак хотима меёбад. Он гоҳ кӯдак аз вобастагӣ ба модар озод шуда, ҳаёти ниммустақилонаро оғоз мекунад.

0

Кӯдак то таваллуд дар куҷо зиндагӣ мекунад?

Ҳаёти кӯдак мисли тамоми ҷонварҳои ширхӯр дар бачадони модар сурат мегирад. Ҷанини тифл ҳамон вақт ба вуҷуд меояд, ки бордоршавии тухмҳуҷайраи модина, яъне омехташавии он бо ҳуҷайраи ҷинсии нарина ҷараён гирад. Ин ҳодиса дар батни зан, ҳангоми ба якдигар омехта шудани ҳуҷайратухм ва нутфаи мард рӯй медиҳад. Сипас зан ҳомиладор мешавад, яъне тухмҳуҷайра ба ҷанин табдил мегардад ва аз он кӯдак инкишоф меёбад. Ҷанин сараввал хеле хурд буда, баъди ҳашт ҳафта узвҳои асосии баданаш шакл мегиранд. Дар давоми 9 моҳ тифл дар бачадони модар зиндагӣ мекунад. Вай мустақилона нафас намегирад ва ғизоро истеъмол накарда, балки ба воситаи ноф ва андомгон (организм)-и модар ғизо ва нафас мегирад.

0

Ҷисми одам аз чиҳо таркиб ёфтааст?

Бадани инсон аз миллионҳо заррачаҳои хурд — ҳуҷайраҳо иборат аст. Ҳар як ҳуҷайра организми ниҳоят хурди зинда мебошад, ки ғизо мегирад, афзоиш меёбад ва бо ҳуҷайраҳои дигар иртибот дорад. Ҳуҷайраҳои зиёди якҷинса бофтаҳоро ташкил медиҳанд, ки узвҳои гуногуни бадани инсон аз онҳо таркиб ёфтаанд. Ҳар як ҳуҷайра аз ядро, ки бо моддаи ситоплазма иҳота шудааст ва пардаи тунуки болои он, ки мембрана ном дорад, иборат аст. Ситоплазма обест, ки дар он минералҳои гуногуни ғизоӣ — карбоҳидратҳо, сафедаҳо ва ғайра маҳлул шудаанд. Дар ядро бошад, маводде бо номи ДНК (кислотаи дезоксирибонуклеат) вуҷуд дорад, ки дар он ахбори генетикӣ (ирсӣ) ниҳон аст.

0

Фарқи одам аз ҳайвон дар чист?

Одам низ мисли ҳайвон мавҷудоти зинда аст ва ба гурӯҳи ширхӯрҳо, оилаи гоминид ва ҷинси одам тааллуқ дорад. Бинобар ин дар вай аломатҳое, ки ба ширхӯрони дигар хоссанд, мушоҳида мешаванд. Аммо фарқияти асосие, ки миёни инсону ҳайвон мавҷуд аст, ақли расои ӯст. Яъне одам нутку тафаккур дошта, ғайр аз инсон дар ҷаҳон ягон мавҷудоти дигар ин сифатро надорад. Ғайр аз ин, инсон фикру андешаи худро ба воситаи забон, яъне калимаву ҷумлаҳо баён карда метавонад. Ниҳоят, инсон ба воситаи олоти кор шароити зиндагиашро беҳтар карда, ба муҳити зист таъсир мерасонад.

0

Чаро одамон аз ҳамдигар фарқ мекунанд?

Ҳарчанд мову шумо ба падару модари худ монанд бошем ҳам, лекин ҳар як шахс аз шахси дигар фарқ мекунад. Ин фарқият ҳам дар намуди зоҳирӣ (қад, тану тӯш, ранги чашмону мӯйи сар) ва ҳам дар хислату рафтор мушоҳида мешавад. Сабаби ин фарқият низ генҳои ирсӣ мебошанд, зеро ҳар як инсон аломатҳои генетикии аҷиб ва танҳо ба худаш хосро дорад, ки аз падару модар гирифтааст. Ғайр аз ин фарқи миёни одамон ба муҳит, оила ва шароиту тарбия низ вобаста аст.

0

Оё мо ба падару модари худ монандем?

Ҳар як инсон ба падару модари худ монанд аст. Чаро ин тавр аст? Дар андомгон (организм)-и зан тухмуҷайра – ҳуҷайраи ҷинсии модина мавҷуд аст. Вақте вай ба ҳуҷайраи ҷинсии нарина омезиш меёбад, бордоршавӣ ба вуҷуд омада, аз ин ду ҳуҷайраи пайвастшуда тифл ташаккул меёбад. Дар ҳар ду ҳуҷайраи ҷинсӣ аломатҳои хоссаи организми марду зан, яъне ахбори ирсӣ (генетикӣ) ҷой доранд. Ахбори ирсӣ дар генҳо (бофтаҳои мураккаби кимиёии дохили ҳуҷайраҳо) маҳфуз аст. Ҳамин тариқ, ҳам падар ва ҳам модар ба воситаи генҳо қисме аз аломатҳои худро ба фарзанд медиҳанд. Дар натиҷа баъзе аломатҳои кӯдаки бавоярасида ба модар ва баъзеи дигараш ба падар, ҳатто ба бобову бибӣ монанд мешавад.

0

Чаро заррофаҳо барги дарахтонро мехӯранд?

Заррофа ҳайвони алафхӯр буда, дар саванна (марғзор) ва бешазорҳои Африқо зиндагӣ мекунад. Ғизои дӯстдоштаи заррофаҳо - барги дарахтон мебошад. Заррофаҳо бештар баргҳои дар баландии сабзидаи дарахтонро мехӯранд, зеро қади баланду гардани дарози онҳо имкон намедиҳад, ки хам шуда алаф бичаранд. Қади заррофа аз суми пой то фарқи сар 5,5 метр аст. Ин дар ҳолест, ки аз пой то пушташон ҳамагӣ 3 м мебошад. Гардани заррофа дарозу пурқувват аст. Заррофаҳо ҳайвони беозору ором буда, гурӯҳ-гурӯҳ (12–15-той) мегарданд. Душманони асосии заррофаҳо шер ва шағолҳоянд. Вақте ки онҳо ба заррофа ҳуҷум мекунанд, вай, маъмулан, мегурезад, вале агар гурехта натавонад, ҳарифашро бо лагад мезанад.

0

Лама чӣ гуна ҳайвон аст?

Лама ва шутур аз як оила мебошанд. Фақат ҷуссаи лама андаке хурдтар, вале зеботар аст. Ламаҳо дар Амрикои Ҷанубӣ, дар кӯҳҳои Анд, ки 4000 метр аз сатҳи баҳр баланданд, зиндагӣ мекунанд. Лама ҳайвони ғайриодӣ буда, организми вай мутобиқ ба баландкӯҳҳост, ки дар он ҷо ҳаво камтар аст. Дар таркиби хуни лама саққочаҳои хунбор ду маротиба нисбат ба хуни инсон ва дигар ҳайвонот бештар аст. Лама мижгонҳои дарозу анбӯҳ дорад, ки дар вақти зарурат чашмонашро бо онҳо мепӯшонад. Ба ин восита ӯ чашмону узвҳои нафаскашиашро аз ғубор ва боди сарди зимистон ҳимоя мекунад. Пашми лама дарозу нарм буда, дар саноати сабук талабгори зиёд дорад.

0

Ҳайвони калонтарини хушкигард кадом аст?

Филҳо аз ҷиҳати ҷусса ва вазн бузургтарин ҳайвоноти хушкигарди ширхӯр мебошанд. Вазни фили африқоӣ аз 6 тонна зиёд аст ва қадаш ба 4 метр мерасад. Филҳои ҳиндӣ бошанд, тахминан 3 тонна вазн доранд. Яке аз нишонаҳои муҳими филҳо ҳартуми онҳо мебошад. Ҳартуми филҳо дар ҷои бинӣ ва лаби болояшон ҷойгир аст. Ҳартуми фил дароз ва сӯрох аст. Бо ёрии ҳартум фил корҳои гуногун, аз ҷумла, нӯшидан ва салқин намудани бадан, гирифтани об, дур кардани ҳашарот, дастрас намудани ғизо (навдаҳои дарахтон ва ғайра) ва муҳофизат аз душманро иҷро мекунад. Дандонҳои ашк (оҷ)-и фил ниҳоят дароз буда, баъзан то ба 3 м мерасад. Вазни оҷ қариб 70 кг аст. Устухони оҷ хеле сахт буда, маводди пурқимат ба шумор меравад. Одамон барои ба даст овардани оҷ филҳоро шикор мекунанд.

0

Ҳайвоноти халтадор кадомҳоянд?

Кенгуру, ки дар қитъаи Австралия зиндагӣ мекунад, аз ҳайвоноти дигар фарқ дорад. Модакенгуру бачаи навзоди худро дар халтаи шикамаш мегардонад. Чунин халта дар баъзе навъҳои дигари ҳайвоноти австралиягӣ ҳам вуҷуд дорад. Онҳоро ҳайвоноти халтадор меноманд. Кенгуру ҳайвони беозор ва тарсончак буда, хуб медавад ва то дарозии 10 м ҷаҳида метавонад.

0

Кадом ҳайвони пистондор бузургтар аст?

Ҳайвони ширхӯри аз ҳама бузурги сайёраи мо кити кабуд аст. Дарозияш то ба 30 метр ва вазнаш то ба 100 тонна мерасад. Вай аз ҳайвони калонтарини хушкигард фили африқоӣ хеле бузургтар аст. Кити кабуд ҳарчанд бузург бошад ҳам, вале хеле ҳайвони ботамкин аст. Хӯрокаш танҳо рустаниву ҳайвоноти баҳрӣ (планктон) мебошанд.

0

Оё пистондорон дар об зиндагӣ мекунанд?

Баъзе ширхӯрҳо тамоми умр дар об зиндагӣ мекунанд. Инҳо наҳанг, делфин ва моҳиҳои китмонанд мебошанд. Ҷисми ин ҷонварон ба моҳӣ монанд буда, аммо аз онҳо фарқи зиёд доранд. Ширхӯрҳои обӣ на тавассути ғалсама, балки бо шуш нафас мегиранд, бинобар ин ҳангоми нафасгирӣ рӯи об мебароянд. Ғайр аз ин онҳо пистони ширдиҳӣ доранд ва бачаҳояшонро мисли ширхӯрҳои дигар таваллуд мекунанд.

0