Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Оё мо ба падару модари худ монандем?

Ҳар як инсон ба падару модари худ монанд аст. Чаро ин тавр аст? Дар андомгон (организм)-и зан тухмуҷайра – ҳуҷайраи ҷинсии модина мавҷуд аст. Вақте вай ба ҳуҷайраи ҷинсии нарина омезиш меёбад, бордоршавӣ ба вуҷуд омада, аз ин ду ҳуҷайраи пайвастшуда тифл ташаккул меёбад. Дар ҳар ду ҳуҷайраи ҷинсӣ аломатҳои хоссаи организми марду зан, яъне ахбори ирсӣ (генетикӣ) ҷой доранд. Ахбори ирсӣ дар генҳо (бофтаҳои мураккаби кимиёии дохили ҳуҷайраҳо) маҳфуз аст.

Ҳамин тариқ, ҳам падар ва ҳам модар ба воситаи генҳо қисме аз аломатҳои худро ба фарзанд медиҳанд. Дар натиҷа баъзе аломатҳои кӯдаки бавоярасида ба модар ва баъзеи дигараш ба падар, ҳатто ба бобову бибӣ монанд мешавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.