Наврасӣ чист?
Наврасӣ айёми аз синни бачагӣ то ба воя (18-сола) расидани инсон аст. Маъмулан, давраи наврасиро аз синни 12 то 18-солагӣ ҳисоб мекунанд. Аммо ин ҳолат метавонад барвақттар ва ё дертар оғоз гардад. Умуман дар организми бачагону духтарон аз синни 12-солагӣ сар карда тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд ва онҳо зуд ба воя мерасанд.
Овози писарбачагон каме пасттар мешавад, дар онҳо нишонаҳои аввалини мӯйлаб ва риш пайдо мегардад. Синаҳои духтарон дамида, ронҳошон гӯшт гирифта, фарбеҳ мешаванд. Дар ҷойҳои махсуси бадани писару духтарон (зери бағал ва ғайра) мӯй пайдо мешавад.
Ғайр аз ин дар айёми наврасӣ дар сохти бадан, шавқу завқ ва афкору ҳиссиёти писарону духтарон низ фарқият ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ наврасӣ яке аз давраҳои муҳими инкишофи инсон аст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




