Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Лама чӣ гуна ҳайвон аст?

Лама ва шутур аз як оила мебошанд. Фақат ҷуссаи лама андаке хурдтар, вале зеботар аст. Ламаҳо дар Амрикои Ҷанубӣ, дар кӯҳҳои Анд, ки 4000 метр аз сатҳи баҳр баланданд, зиндагӣ мекунанд.

Лама ҳайвони ғайриодӣ буда, организми вай мутобиқ ба баландкӯҳҳост, ки дар он ҷо ҳаво камтар аст. Дар таркиби хуни лама саққочаҳои хунбор ду маротиба нисбат ба хуни инсон ва дигар ҳайвонот бештар аст. Лама мижгонҳои дарозу анбӯҳ дорад, ки дар вақти зарурат чашмонашро бо онҳо мепӯшонад. Ба ин восита ӯ чашмону узвҳои нафаскашиашро аз ғубор ва боди сарди зимистон ҳимоя мекунад.

Пашми лама дарозу нарм буда, дар саноати сабук талабгори зиёд дорад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.