Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Чаро мо хӯрок мехӯрем?

Маъмулан, ғизо ба организми одам неру мебахшад ва инкишофи онро таъмин менамояд. Барои нигоҳдории саломатии инсон ва фаъолияти пурсамари вай намудҳои зерини маводди ғизоӣ муҳим мебошанд: карбоҳидратҳо (нон, шираворӣ, картошка, сабзавот ва ғайра), сафедаҳо (гӯшт, моҳӣ, шир, тухм), чарбу (навъҳои гуногуни равған), витаминҳо (тамоми анвои меваҷот), намакҳои минералӣ ва об.

Олимон чунин ҳисоб кардаанд, ки дар давоми рӯз бояд 50 дарсади ғизоро карбоҳидратҳо, аз се як ҳиссаро сафедаҳо ва аз шаш як ҳиссаро чарбу ташкил намояд. Ғайр аз ин, инсон бояд дар давоми як рӯз 1,5 литр об ва ё моеи дигар истеъмол кунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.