Ҳомиладорӣ чист?
Ҳомиладорӣ давраи баъди бордоршавӣ то пайдоиши кӯдак дар батни модар аст. Кӯдак, яъне ҷанин дар аввали инкишоф мисли сари сӯзанак аст. Он мунтазам инкишоф меёбад ва аллакай дар 56–60-рӯзагӣ тамоми узвҳои асосии дохилӣ – дил, шуш, ҷигар ва ғайра пайдо мегарданд. Пас аз 3 моҳ шакли инсонро мегирад, яъне сар, дасту пой ва бадан пайдо мешаванд ва ҷанин ба тифл мубаддал мегардад.
Тифл инкишоф меёбад ва дар давоми 9 моҳ пурра омодаи тавлид мешавад. Ҳамин тавр, ҳомиладорӣ бо таваллуди кӯдак хотима меёбад. Он гоҳ кӯдак аз вобастагӣ ба модар озод шуда, ҳаёти ниммустақилонаро оғоз мекунад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




