Чаро баъзе модарон дугоник таваллуд мекунанд?
Маъмулан занон дар давраи ҳомиладорӣ танҳо як кӯдак таваллуд мекунанд. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки зани ҳомила ду ё зиёда аз он тифл ба дунё меорад. Ин ҳодиса дар ду ҳолат рӯй медиҳад. Дар ҳолати аввал ҳар як тифл аз тухмҳуҷайраҳои алоҳидаи бордоршуда ба вуҷуд меояд. Онҳоро дугоник меноманд. Дугоникҳо метавонанд писару духтар ва ё ҳамҷинс бошанд. Онҳо метавонанд ба ҳамдигар монанд ё чандон монанд набошанд, вале ду фарзандеанд, ки аз модар пайи ҳам таваллуд шудаанд. Дар ҳолати дуюм як ҳуҷайратухми бордор ба ду қисм ҷудо мешавад ва дар натиҷа ду ҳуҷайраи тамоман монанд инкишоф меёбанд. Аз онҳо ду тифли ҳамҷинс таваллуд мешаванд, ки ба якдигар хеле монанданд ва онҳоро дугоникҳои ҳамандом меноманд.
Албоми оилавӣ
Ҳамаи суратҳои хешовандон, аз ҷумла падару модар, бародарону хоҳарон, бибию бобо, бобокалону бибикалонро ҷамъ намо ва дар як албом ҷой бидеҳ. Суратҳоро муқоиса намуда мебинӣ, ки ҳамаи хешовандонат бо ҳамдигар каму беш монандӣ доранд; аксаран шаклу ранги чашмон, бинӣ ва пешонӣ, мӯй, тарҳи андомашон ва ғайра шабеҳи якдигаранд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




