Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Чаро заррофаҳо барги дарахтонро мехӯранд?

Заррофа ҳайвони алафхӯр буда, дар саванна (марғзор) ва бешазорҳои Африқо зиндагӣ мекунад. Ғизои дӯстдоштаи заррофаҳо - барги дарахтон мебошад. Заррофаҳо бештар баргҳои дар баландии сабзидаи дарахтонро мехӯранд, зеро қади баланду гардани дарози онҳо имкон намедиҳад, ки хам шуда алаф бичаранд.

Қади заррофа аз суми пой то фарқи сар 5,5 метр аст. Ин дар ҳолест, ки аз пой то пушташон ҳамагӣ 3 м мебошад. Гардани заррофа дарозу пурқувват аст.

Заррофаҳо ҳайвони беозору ором буда, гурӯҳ-гурӯҳ (12–15-той) мегарданд. Душманони асосии заррофаҳо шер ва шағолҳоянд. Вақте ки онҳо ба заррофа ҳуҷум мекунанд, вай, маъмулан, мегурезад, вале агар гурехта натавонад, ҳарифашро бо лагад мезанад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.