Инсон кай ба воя мерасад?
Дар синни 18-20-солагӣ давраи ба воя расидани одам хотима меёбад. Бадани инсон дар ин давра пурра ташаккул ёфта, қади ӯ қариб бетағйир мемонад. Инсон акнун хислатҳои хос ва донишу малакаи кофӣ дорад.
Ба воя расидани инсон маънои таҳаммули рафтору кирдор, ҳисси масъулиятшиносӣ ва монанди инҳоро дорад. Вай акнун мустақилона фаъолият мекунад, бе иштироки падару модар зиндагии худро таъмин менамояд. Ҷавони бавоярасида бо одамони дигар муносибати дӯстонаву машғулияти якҷоя пайдо мекунад. Ҷавонмардону духтарон ҳамдигарро дӯст медоранд ва дертар оила барпо менамоянд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




