Зеҳн

Олами Афсонаҳо

Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.

3 аъзоаз 11 августи 2026

МОҲМОМО

Момои ман, момои ман, Момои моҳмомои ман, Дар гирди ту истораҳо – Набераю абераҳо. Пӯшида хилъати сафед Нуру сафо меоваред, Момои тори осмон Биё, ба рӯи ҳавлимон. Кулчаи қандинам бите, Лаълии зарринам бите, Монанди рӯят гирдакак, Фатири нақшинам бите. ДОДАРАКАМ Додараки нағзи ман, Донаи пурмағзи ман. Мағзи донаи ширин, Ниҳоли сарсабзи ман, Аллаҷонам,аллаё Мағзи ҷонам, аллаё. Абре дар аввали шом Омад ба болои бом, Болини сафед овард Монанди қарси момом. Аллаҷонам,аллаё Мағзи ҷонам,аллаё. Кайҳо дар назди ҷевон Алла намуда мошон. То ки ором хобӣ ту, Хуррак намекашад он. Аллаҷонам, аллаё Мағзи ҷонам, аллаё. Фақат обаки ҷӯбор Намехобад, вай бедор. Бо овози маҳинаш Мегӯяд алла ҳар бор. Аллаҷонам, аллаё Мағзи ҷонам, аллаё. ШАҲДУ ШАКАР МАРҲАМАТ! Холаҷони ман омад, Меҳрубони ман омад. Аз як шаҳри дур омад, Бо лаълии пур омад. Фатири нақшин овард, Кулчаи қандин овард. Дорад мавизу чормағз, Холаи ман хеле нағз! Биёед ,эй ҷӯраҳо, Равем ба ҳавлии мо, Аз савғоҳои холам Дастархон мекушоям. Кӯлчаи нағз мехӯрем, Пистаи мағз мехӯрем. Шаҳду шакар, марҳамат, Ҳалвои тар марҳамат!

0

БА НОМИ ОЧАҶОНАМ

Очаҷони ҷони ман, Хуршеди тобони ман, Меҳри Шумо доимо Дар дили ҷӯшони ман. Очаи меҳрубонам, Азизтаред аз ҷонам. Ҳаёти ширинамро Ман аз Шумо медонам. Барои зеби диёр Месозам боғи бисёр. Қад-қади роҳи калон Мешинонам ман чинор. Ҳар ниҳоле шинонам, Ҳар гулеро сабзонам, Ман аз рӯи эҳтиром Ба номатон мемонам. ДАСТЁР Дастёри очам Манам дар хона. Ёрӣ диҳамаш Ман бебаҳона. Хамир мекунам Очаам барин, Худам мепазам Нонаки ширин. Онро аз танӯр Меканам тафсон. Рӯякаш суп-сурх, Зеби дастархон. Канӣ, шиканед Нонаки маро, Марҳамат кунед, Орад иштиҳо! НОН МЕПАЗАМ Нон мепазам, Нон мепазам, Нони фаровон мепазам. Ҳар кас хӯрад нони танӯр, Афзоядаш дармону зӯр. Нони мулоим фаллакор, Болаззат асту хушгувор. Нонам ҳама бомазза аст, Нонам ҳама боҷазза аст. Аз таъми чаппотии ман Ёбад ҳаловатҳо даҳан. Нон мепазам, Нон мепазам, Ман роҳати ҷон мепазам. Нонро ба дастурхон ниҳам, Дар пеши меҳмонон ниҳам. Аз меҳнати дастони ман, Лаззат барад меҳмони ман.

0

МУРАББИИ МО

Мунису ғамхор Монанди модар, Кунад истиқбол Моро ҳар саҳар – Мураббии мо, Мураббии мо. Хурсандем аз ӯ, Бар мост доим, Аз кору одоб Медиҳад таълим – Мураббии мо, Мураббии мо. Ҳамдаму ҳамроз, Вай одами хуб. Наздик ба дилҳо Бисёр маҳбуб – Мураббии мо, Мураббии мо. МУРАББӢ-ХОЛА Чун модари меҳрубон, Дорад меҳри фурӯзон, Маҳбуби хурду калон – Мураббӣ-холаи мо, Мураббӣ-холаи мо! Сухани ӯ ширин аст, Қанду асал барин аст. Ба дидаҳо қарин аст – Мураббӣ-холаи мо, Мураббӣ-холаи мо! Ба холаи меҳрубон Муҳаббати мо калон, Азиз баробари ҷон – Мураббӣ-холаи мо, Мураббӣ-холаи мо! Мунису ғамхор аст, Мекунад кори накӯ. Ифтихори Ману ту – Мураббӣ-холаи мо, Мураббӣ-холаи мо! МОМОҶОНИ МО Момоҷони ширинам, Қанду набот баринам, Шумо ба мо ягона, Нури чароғи хона. Шодии рӯзгоред, Пешравии коред, Момоҷони хушрӯям, Момои нуқрамӯям. Шумо кони афсона, Кони байту тарона, Дар зери паҳлӯятон Болин монам, момоҷон. Шумо афсона гӯед, Шеъру тарона гӯед. Ман онҳоро аз як сар Менависам ба дафтар.

0

РАҲМАТ АЛИФБО!

Ақлу тамизи ман туӣ, Дӯсти азизи ман туӣ. Дар хонаю мактаб мудом Болои мизи ман туӣ. Бо ҷӯраҳо дар синфи як, Ҳарфи туро ман як ба як Ҳар рӯз мехонам равон, Ҳастам агарчӣ хурдакак. Ҳар ҷо равам, бошӣ ба ман, Ҳамроҳи ман созӣ сухан. Раҳмат ба ту, аввал ба мо Додӣ сабақ аз илму фан. КИТОБ Бар ман сабақ додӣ китоб, Гул дар табақ додӣ китоб, Ту орзуҳои маро Аз ҳар варақ додӣ китоб. Ту ҳамдами сози манӣ, Ду боли парвози манӣ. Дар хонаву дар мактабам Ҳамроҳу ҳамрози манӣ. Ман мисли ҷон дорам туро, Рӯҳу равон донам туро. Бар ман, ки мебахшӣ сурур, Пайваста мехонам туро. МУАЛЛИМИ МО Панди туро мо Гирифта бар гӯш, Намекунемаш Асло фаромӯш. Муаллими мо, Муаллими мо. Додӣ сабақҳо Аз меҳрубонӣ, Дар ҷабҳаи кор Ҳам зиндагонӣ. Муаллими мо, Муаллими мо. Муҳаббати мо Бар ту калон аст, Ҳурмати номат Бар мисли нон аст, Муаллими мо, Муаллими мо. Соҳиби дониш Бинмудӣ моро, Бахшидӣ бар дил Файзу сафоро, Муаллими мо, Муаллими мо. Сарсабзии мо Аз меҳнати туст, Чун модари худ Дорем мо дӯст. БА МУАЛЛИМ Муаллими меҳрубон, Меҳратон дар дилу ҷон, Шафқату меҳру эҳсон, Мо аз Шумо омӯхтем. Хурду калонро мудом Менамоем эҳтиром, Маънии лутфу калом Мо аз Шумо омӯхтем. Навиштану хонданро, Таронаи Ватанро, Ба вай содиқ буданро Мо аз Шумо омӯхтем. Аксатон пеши назар, Бошад мудом ҷилвагар, Ҳурмати насли башар Мо аз Шумо омӯхтем.

0

МАКТАБ

Ту маъвои адабомӯзии мо, Ту ҷойи сози машқу бозии мо. Кабутар мекунад аз лона парвоз, Ту ҳастӣ ҷойи навпарвозии мо. Биёмӯзӣ ба мо меҳру вафоро, Тамоми сирру асрори фазоро, Бигирем аз ту дарси зиндагонӣ, Бубахшӣ ту ба мо нуру сафоро. Барору авҷи кори мо туӣ ту, Сафои рӯзгори мо туӣ ту. Туро чун ҷони ширин дӯст дорем, Ба олам ифтихори мо туӣ ту. МАРОМИ НЕК То ин ки аз китоб Гардем баҳраёб, Бар мактаби азиз Дорем мо шитоб. Хондан муроди мо, Азми ниҳоди мо. Меҳри муаллимон Дар қалби шоди мо. Дилҳо пур аз сурур, Бе кинаву ғурур. Дар роҳи дӯстӣ Моро назар ба дур. Фардо аз они мо, Роҳат ба ҷони мо. Аз баҳри илму фан Даври ҷавони мо. Хонда ҷадал кунем, Бар илм амал кунем. Сад банди зиндагӣ Бикшода ҳал кунем. ДАР РОҲИ МАҚСАД Аз шафати шаршара, Аз бари Сумбулдара, Аз раҳи хушманзара Шод ба мактаб равем, Шод ба мактаб равем. Манзараҳо дилкушо, Роҳати чашмони мо, Хандакунон ҳар пагоҳ Шод ба мактаб равем, Шод ба мактаб равем. Дар бағали мо китоб, Лаб-лаби рӯди пуроб, Мисли сабо пуршитоб, Шод ба мактаб равем, Шод ба мактаб равем. Мактабамон барҳаво, Хотирамон пурсафо, Бо дили масрур мо Шод ба мактаб равем, Шод ба мактаб равем. Хонда сухандон шавем, Одами пурдон шавем, Лоиқи даврон шавем, Шод ба мактаб равем, Шод ба мактаб равем.

0

НӮЪМОН РОЗИҚ - ЧАРОҒҲОИ ГУНОГУН

ВАТАНАМ Ватанам – хонаи пурнури ман аст, Ватанам – қуввати ман, зeри ман аст. Ватанам – тахтаи гаҳвора бувад, Ватанам – киштии «Аврора» бувад. Ватанам – модари ғамхори ман аст, Деҳи шодоби пуранвори ман аст. Ватанам – санги сари кӯҳи Ҳисор, Ватанам – сабзаи навхези баҳор. Бозаму кӯҳ бувад лонаи ман, Сари кишту лаби ҷӯ хонаи ман. Ватанам – хору хасу обу замин, Ками он дар назарам кӯҳ барин. Ҳар чӣ дорад Ватанам, з-они ман аст, Ватанам – ҳастии ман, xони ман аст. Хаси онро ба зари кас надиҳам, Нафасе бе Ватанам ман назиҳам. МОДАРИ МАН ( Суруд) Модари ман ҷони ман, Қуввату дармони ман, Боиси даврони ман, Мӯнису ғамхори ман, Меҳри шарарбори ман. Рӯи ту мисли анор, Ҳусни базеби баҳор, Дорӣ дили беқарор, Модари ғамхори ман, Меҳри шарарбори ман. Ҳар гапи ту ширин аст, Мазмуни он рангин аст. Қанду асал барин аст, Модари ғамхори ман, Меҳри шарарбори ман. Панди ту дар ҳуши ман, Ҳалқаи ду гӯши ман, Зиндагии хуши ман, Модари ғамхори ман, Меҳри шарарбори ман. ОҒӮШ КУШО Эй мактаби маҳбуби мо, Озодаву матлуби мо, Ҳоло зи таътил омадем, Аз нав ба таҳсил омадем. Мо дар деҳи хуррам будем, Бо дӯстон ҳамдам будем. Бо ҷӯраҳо дар кӯҳу дашт, Кардем агарчи сайругашт. Ту дар хаёли мо будӣ, Зебову дилоро будӣ. Оғӯши худ бар мо кушо, Дорем хеле тӯҳфаҳо. Вертолёти мо базеб, Парвоз бинмояд аҷиб. Аз меваи кӯҳӣ ҳамел Кардем баҳрат хел-хел. Тухми гияҳ ғун кардаем, Гербария овардаем, Бар мо намо оғӯш во, Зебат диҳем аз тӯҳфаҳо. БАХТИ ШУКУФОН ( Суруд) Ҳамдами ман, ҷони ман, Кабкаки хушхони ман. Дастакатро ба ман деҳ, Додари хандони ман, Ҳар ду ба ду ба мактаб равем, Ҳар ду ба ду ба мактаб равем, Даври дурахшон ба мо, Бахти шукуфон ба мо, Мактабу илму дониш Дода Ватанҷон ба мо, То ки ба мактаб равем, То ки ба мактаб равем. Хондаву доно шавем, Одаму бино шавем, Дар хизмати халқи худ То ки тавоно шавем. Бояд ба мактаб равем, Бояд ба мактаб равем.

0

НӮЪМОН РОЗИҚ - ГУЛБОҒ

ЛОЛА Лола, лола, ҳай лола, Булбул омад ба нола, Қаҳ-қаҳа зад кабки маст Аз сари кӯҳу ёла. Мавсими навбаҳор аст, Авҷу барори кор аст, Корвони турнаҳо Рӯ фазо қатор аст. Кӯҳу даман пурлола, Боғу чаман пурлола. Сӯи хона меоям, Ду дасти ман пурлола. Дар дашту кӯҳу саҳро Шуд базми лола барпо. Ҳай-ҳай, чӣ хуш баҳор аст Ҳай-ҳай, чӣ лола зебо. БОБОМ ХУРСАНД Бобои ман боғбон аст, Пирамарди кордон аст. Ба ҳар ниҳолаки боғ, Чун ба мо меҳрубон аст. Ман ҳам хурд не, калонам, Шогирди бобоҷонам. Ҳамроҳи ӯ ҳар баҳор Ниҳолҳо мешинонам. Дар боғи мо ангур аст, Навъи ноки машҳур аст. Зардолуи маҳтобӣ Ҳам себи орухӯр аст. Аз кори худ масрурам, Бо қайчию токбурам. Шохчаи нодаркорро Оҳистакак мебурам. Мекунам бо оби қанд, Ниҳолчаҳоро пайванд. Бобо дида корамро Мешавад аз ман хурсанд. ГУЛБОҒ Гулбоғи зебои мо Ҷои сайру тамошо. Биҳию анор дорад, Гелоси бисёр дорад. Себу олучабандак Ҳам зардолуи қандак. Шафтолую нокаш ҳаст, Толорҳои нокаш ҳаст. Ҷойи хубу тамошо Гулбоғи мактаби мо, Ба ин боғи пур аз гул Кӯчида омад булбул. ДУ НИҲОЛ Пеши суфаро Намудам шудгор Шинондам ба он Ду бутта анор. Ба бузи шохзан Нишон надодам, Ба баррача ман Нишон надодам. Нагуфтам ҳатто Ба Абдусаид, Хурд аст, мабодо Канда партояд. Обаки ҷӯро Бурдам ба он ҷо, Ниҳолҳои ман Дар нашъунамо. ОЛУЧАБАНДАК Олучабандак Беҳад фаровон, Пухтаст дар боғ Ба ранги алвон. Олучабандак Ниҳоли хушбар, Аз меҳнати мо Медиҳад самар. Мисли гӯшвора Хӯшаҳои он, Ба гӯши навда Гашта овезон. АНОР Қад-қади девор Шинондем анор, Анори Норак Сабзад қаторак. Мо ниҳолҳоро Андар тирамоҳ Намудем сархам, Пӯшондем маҳкам. Аз хоб анорон Хеста баҳорон, Рӯи ҳавлиро Аз меҳнати мо. Гулбез карданд, Мева оварданд. Ҳар кадомашон Лаъли дурахшон. ҲУЛУЛ Қад-қади девори боғ, Бар ивази хори боғ, Чанд ниҳолеро мо Шинондем ҷудо-ҷудо. Ниҳолҳо зебо шуданд, Баланду боло шуданд. Гул карда бор оварданд, Бори бисёр оварданд. Тамъашон созу нордон, Рангашон ранги марҷон. Аз таги ин ниҳолон, Гузар кунӣ ҳар замон. Аз доманат медорад, Наздат мева меорад, Меваи он басо мӯл, Номи ин мева – ҳулул. ГӮСОЛА Гӯсолаи зардаки ман, Зардаки бедардаки ман. Маъос мазан ту ин қадар, Очата гум кардӣ магар? Очаякат рафт пагоҳ Домани пушта бар чаро, Алаф хӯрад дар лаби ҷӯ, Шир биёварарад ба ту. Гӯсолаи зардаки ман, Зардаки бедардаки ман. Ба роҳи ӯ маъос мазан, Бихӯр алаф зи дасти ман. Очат, ки омад аз чаро, Ба пешвози ӯ баро. СЕРКА Бузғолаи ҳушёри ман, Ҳушёри кокулдори ман, Кори ту ҷасту хезу дор, Як дам намегирӣ қарор. Мӯи сиёҳат махмалин, Ду шохи ту наштар барин. Бузғолаи нотарси ман Чобуки манн, ҳам чарси ман, Бозӣ биё, бо барра кун, Сайре ба сӯи дара кун. Вақте ки гардидӣ калон, Он гаҳ диҳам бар подабон. Ҳар сӯ марав, ҳар сӯ мадав, Саркаш барои пода шав. Ёрӣ бидеҳ бар подабон, Аз пеши пода шав равон. ОҲУБАРРА Роҳ рафтему роҳ рафтем, Пушти теппаҳо рафтем. Дидем, ки дар лаби ҷӯ, Оҳубарраи хушрӯ. Рамида чаро мекард, Ба ҳар сӯ нигоҳ мекард. Оҳубарра маро дид, Аз ҷояш як қад парид. Мехост аз он ҷо равад, Паси қӯҳ пинҳон шавад. – Оҳубарраи чарс, Ту ҳаргиз аз мо матарс. Биё, бо баррачаҳо Кунем туро ҳам парво. МӮРЧА Мӯрчаи доно Дона мебарад, Донаро сӯйи Хона мебарад. Бигрез аз роҳ, Нарас ба дона, Мӯрчаяк онро Барад ба хона. СӮЗАНАК Сӯзанаки сабзи ман, Сӯзанаки нағзи ман. Аз баландӣ, аз ҳаво Ту рӯи баргу гулҳо Вертолёт барин шинӣ, Шояд маро бубинӣ! Рӯи дастам як дамак, Биё, нишин сӯзанак. Аз қаноатат бидорам, Гирифта ҳавлӣ орам. Ҳай тохту тозе кунем, Вертолётбозӣ кунем. АЛЛАИ МОДАР ФОРАМ Гаҳвораҷунбони сабз, Гаҳвораҷунбони нағз. Дар гӯшаи боми мо, Дар болои болорҳо, Пойҳоро монда маҳкам, Овезон шуда маҳкам. Гаҳвора меҷунбонӣ, Ту бача мехобонӣ. Бачаҳои ту хушрӯ, Бачаҳои ту дилҷӯ. Алла гӯ, онҳо хобанд, Камтарак ором ёбанд. Аз ҳама чизи олам, Аллаи модар форам! ОЛАМ ДАР ОҒӮШИ ӮСТ. Тортанакуи чиликдор, Дар тӯринақшу нигор Баччаашро хобонид, Ба парпечак печонид. Арғунчакро ки ҷунбонд, Ба гӯшаш аллае хонд: «Хушрӯякам, аллаё, Дилҷӯякам, аллаё. Чунин бачаи зебо Кӣ дорад дар ин дунё?» Баччааш аҷаб хушрӯст, Олам дар оғӯши ӯст. АБР Ҷунбон-ҷунбон абр омад, Гирён-гирён абр омад. Дар рӯи деҳа истод, Чодари худро кушод. Борони майда борид, Ҳар қатрааш марворид. Рӯи заминро тар кард, Деҳаро хушрӯтар кард. Дашту даман тоза шуд, Боғу чаман тоза шуд. Лола шуд мисли алав, Майса шуд гандуму ҷав. НАВРӮЗӢ Хушо айёми Наврӯз аст, Ба як мизон шабу рӯз аст. Канори кӯчаҳо хуррам, Лаби ҳавзу лаби ҷӯ ҳам. Сари ҳар шох гулбез аст, Тамоми боғ гулбез аст. Чу булбул дидаро во кун, Гулистонро тамошо кун. Дили кас дар хурӯш ояд, Чу дарёҳо ба ҷӯш ояд. Насими форами саҳро, Ки дорад накҳати гулҳо, Ба ҳар ҳавлию дар омад, Зи наврӯзӣ хабар омад: «Ба деҳқони саховатманд, Чӣ хуш соли зафар омад». ГУЛИ СИЯҲГӮШ Нахустин гул сияҳгӯш аст. Баҳори нав дар оғӯш аст. Гули хушрӯ, гули хушбӯ, Гули сегӯшаи худрӯ. Ба пушти гӯши духтарҳо, Ба кокулҳои духтарҳо, Ба тоби саллаи чӯпон, Ба зери тоқии деҳқон, Гӯли сияҳгӯш қатор омад, Баҳори файзбор омад. Баҳор омад, баҳор омад, Тракторчӣ савор омад. Баро, додар, сари майдон, Хабар аз кишту кор омад. Ба деҳқонони мулкобод, Баҳори нав муборак бод! ТИРУКАМОН Ба як сӯ резаборон аст, Ба як сӯ шамси тобон аст. Бубин тирукамонеро, Замину осмонеро. Гирифт акнун дар оғӯшаш, Замину осмон дилкаш. Ба мисли духтари қадрас. Ки дорад куртаи атлас. Саломи навбаҳор овард, Ҷаҳоне дар канор овард. ХОЧ Садое аз дур омад. Овози тундур омад. Мо тундури хоч гуфтем, Ҷангал пури хоч гуфтем. Баъди овози тундур, Баъди чароғаки зӯр. Омад борони найсон, Баромад тирукамон. Ҳар сари тирукамон Гӯё дорад ягон кон. Гуфтем: «Аҷаб зебо шуд, Кони тилло пайдо шуд». Баромадем ба ҷангал, Ба тори теппаю тал. Мо ҷои конро кофтем, Донӣ кони чӣ ёфтем? Дар назди ҳар тобасанг, Дар таги фарку заранг, Дар бехи кундаи коч, Рӯида сап-сафед хоч! Онҳо ниҳода ба сар, Сап-сафед як хел лапар, Дар ҳар қадам хоч чидем, Доман-доман хоч чидем.

0

НӮЪМОН РОЗИҚ - ГУЛБОҒ

ЛОЛА Лола, лола, ҳай лола, Булбул омад ба нола, Қаҳ-қаҳа зад кабки маст Аз сари кӯҳу ёла. Мавсими навбаҳор аст, Авҷу барори кор аст, Корвони турнаҳо Рӯ фазо қатор аст. Кӯҳу даман пурлола, Боғу чаман пурлола. Сӯи хона меоям, Ду дасти ман пурлола. Дар дашту кӯҳу саҳро Шуд базми лола барпо. Ҳай-ҳай, чӣ хуш баҳор аст Ҳай-ҳай, чӣ лола зебо. БОБОМ ХУРСАНД Бобои ман боғбон аст, Пирамарди кордон аст. Ба ҳар ниҳолаки боғ, Чун ба мо меҳрубон аст. Ман ҳам хурд не, калонам, Шогирди бобоҷонам. Ҳамроҳи ӯ ҳар баҳор Ниҳолҳо мешинонам. Дар боғи мо ангур аст, Навъи ноки машҳур аст. Зардолуи маҳтобӣ Ҳам себи орухӯр аст. Аз кори худ масрурам, Бо қайчию токбурам. Шохчаи нодаркорро Оҳистакак мебурам. Мекунам бо оби қанд, Ниҳолчаҳоро пайванд. Бобо дида корамро Мешавад аз ман хурсанд. ГУЛБОҒ Гулбоғи зебои мо Ҷои сайру тамошо. Биҳию анор дорад, Гелоси бисёр дорад. Себу олучабандак Ҳам зардолуи қандак. Шафтолую нокаш ҳаст, Толорҳои нокаш ҳаст. Ҷойи хубу тамошо Гулбоғи мактаби мо, Ба ин боғи пур аз гул Кӯчида омад булбул. ДУ НИҲОЛ Пеши суфаро Намудам шудгор Шинондам ба он Ду бутта анор. Ба бузи шохзан Нишон надодам, Ба баррача ман Нишон надодам. Нагуфтам ҳатто Ба Абдусаид, Хурд аст, мабодо Канда партояд. Обаки ҷӯро Бурдам ба он ҷо, Ниҳолҳои ман Дар нашъунамо. ОЛУЧАБАНДАК Олучабандак Беҳад фаровон, Пухтаст дар боғ Ба ранги алвон. Олучабандак Ниҳоли хушбар, Аз меҳнати мо Медиҳад самар. Мисли гӯшвора Хӯшаҳои он, Ба гӯши навда Гашта овезон. АНОР Қад-қади девор Шинондем анор, Анори Норак Сабзад қаторак. Мо ниҳолҳоро Андар тирамоҳ Намудем сархам, Пӯшондем маҳкам. Аз хоб анорон Хеста баҳорон, Рӯи ҳавлиро Аз меҳнати мо. Гулбез карданд, Мева оварданд. Ҳар кадомашон Лаъли дурахшон. ҲУЛУЛ Қад-қади девори боғ, Бар ивази хори боғ, Чанд ниҳолеро мо Шинондем ҷудо-ҷудо. Ниҳолҳо зебо шуданд, Баланду боло шуданд. Гул карда бор оварданд, Бори бисёр оварданд. Тамъашон созу нордон, Рангашон ранги марҷон. Аз таги ин ниҳолон, Гузар кунӣ ҳар замон. Аз доманат медорад, Наздат мева меорад, Меваи он басо мӯл, Номи ин мева – ҳулул. ГӮСОЛА Гӯсолаи зардаки ман, Зардаки бедардаки ман. Маъос мазан ту ин қадар, Очата гум кардӣ магар? Очаякат рафт пагоҳ Домани пушта бар чаро, Алаф хӯрад дар лаби ҷӯ, Шир биёварарад ба ту. Гӯсолаи зардаки ман, Зардаки бедардаки ман. Ба роҳи ӯ маъос мазан, Бихӯр алаф зи дасти ман. Очат, ки омад аз чаро, Ба пешвози ӯ баро. СЕРКА Бузғолаи ҳушёри ман, Ҳушёри кокулдори ман, Кори ту ҷасту хезу дор, Як дам намегирӣ қарор. Мӯи сиёҳат махмалин, Ду шохи ту наштар барин. Бузғолаи нотарси ман Чобуки манн, ҳам чарси ман, Бозӣ биё, бо барра кун, Сайре ба сӯи дара кун. Вақте ки гардидӣ калон, Он гаҳ диҳам бар подабон. Ҳар сӯ марав, ҳар сӯ мадав, Саркаш барои пода шав. Ёрӣ бидеҳ бар подабон, Аз пеши пода шав равон. ОҲУБАРРА Роҳ рафтему роҳ рафтем, Пушти теппаҳо рафтем. Дидем, ки дар лаби ҷӯ, Оҳубарраи хушрӯ. Рамида чаро мекард, Ба ҳар сӯ нигоҳ мекард. Оҳубарра маро дид, Аз ҷояш як қад парид. Мехост аз он ҷо равад, Паси қӯҳ пинҳон шавад. – Оҳубарраи чарс, Ту ҳаргиз аз мо матарс. Биё, бо баррачаҳо Кунем туро ҳам парво. МӮРЧА Мӯрчаи доно Дона мебарад, Донаро сӯйи Хона мебарад. Бигрез аз роҳ, Нарас ба дона, Мӯрчаяк онро Барад ба хона. СӮЗАНАК Сӯзанаки сабзи ман, Сӯзанаки нағзи ман. Аз баландӣ, аз ҳаво Ту рӯи баргу гулҳо Вертолёт барин шинӣ, Шояд маро бубинӣ! Рӯи дастам як дамак, Биё, нишин сӯзанак. Аз қаноатат бидорам, Гирифта ҳавлӣ орам. Ҳай тохту тозе кунем, Вертолётбозӣ кунем. АЛЛАИ МОДАР ФОРАМ Гаҳвораҷунбони сабз, Гаҳвораҷунбони нағз. Дар гӯшаи боми мо, Дар болои болорҳо, Пойҳоро монда маҳкам, Овезон шуда маҳкам. Гаҳвора меҷунбонӣ, Ту бача мехобонӣ. Бачаҳои ту хушрӯ, Бачаҳои ту дилҷӯ. Алла гӯ, онҳо хобанд, Камтарак ором ёбанд. Аз ҳама чизи олам, Аллаи модар форам! ОЛАМ ДАР ОҒӮШИ ӮСТ. Тортанакуи чиликдор, Дар тӯринақшу нигор Баччаашро хобонид, Ба парпечак печонид. Арғунчакро ки ҷунбонд, Ба гӯшаш аллае хонд: «Хушрӯякам, аллаё, Дилҷӯякам, аллаё. Чунин бачаи зебо Кӣ дорад дар ин дунё?» Баччааш аҷаб хушрӯст, Олам дар оғӯши ӯст. АБР Ҷунбон-ҷунбон абр омад, Гирён-гирён абр омад. Дар рӯи деҳа истод, Чодари худро кушод. Борони майда борид, Ҳар қатрааш марворид. Рӯи заминро тар кард, Деҳаро хушрӯтар кард. Дашту даман тоза шуд, Боғу чаман тоза шуд. Лола шуд мисли алав, Майса шуд гандуму ҷав. НАВРӮЗӢ Хушо айёми Наврӯз аст, Ба як мизон шабу рӯз аст. Канори кӯчаҳо хуррам, Лаби ҳавзу лаби ҷӯ ҳам. Сари ҳар шох гулбез аст, Тамоми боғ гулбез аст. Чу булбул дидаро во кун, Гулистонро тамошо кун. Дили кас дар хурӯш ояд, Чу дарёҳо ба ҷӯш ояд. Насими форами саҳро, Ки дорад накҳати гулҳо, Ба ҳар ҳавлию дар омад, Зи наврӯзӣ хабар омад: «Ба деҳқони саховатманд, Чӣ хуш соли зафар омад». ГУЛИ СИЯҲГӮШ Нахустин гул сияҳгӯш аст. Баҳори нав дар оғӯш аст. Гули хушрӯ, гули хушбӯ, Гули сегӯшаи худрӯ. Ба пушти гӯши духтарҳо, Ба кокулҳои духтарҳо, Ба тоби саллаи чӯпон, Ба зери тоқии деҳқон, Гӯли сияҳгӯш қатор омад, Баҳори файзбор омад. Баҳор омад, баҳор омад, Тракторчӣ савор омад. Баро, додар, сари майдон, Хабар аз кишту кор омад. Ба деҳқонони мулкобод, Баҳори нав муборак бод! ТИРУКАМОН Ба як сӯ резаборон аст, Ба як сӯ шамси тобон аст. Бубин тирукамонеро, Замину осмонеро. Гирифт акнун дар оғӯшаш, Замину осмон дилкаш. Ба мисли духтари қадрас. Ки дорад куртаи атлас. Саломи навбаҳор овард, Ҷаҳоне дар канор овард. ХОЧ Садое аз дур омад. Овози тундур омад. Мо тундури хоч гуфтем, Ҷангал пури хоч гуфтем. Баъди овози тундур, Баъди чароғаки зӯр. Омад борони найсон, Баромад тирукамон. Ҳар сари тирукамон Гӯё дорад ягон кон. Гуфтем: «Аҷаб зебо шуд, Кони тилло пайдо шуд». Баромадем ба ҷангал, Ба тори теппаю тал. Мо ҷои конро кофтем, Донӣ кони чӣ ёфтем? Дар назди ҳар тобасанг, Дар таги фарку заранг, Дар бехи кундаи коч, Рӯида сап-сафед хоч! Онҳо ниҳода ба сар, Сап-сафед як хел лапар, Дар ҳар қадам хоч чидем, Доман-доман хоч чидем.

0

НӮЪМОН РОЗИҚ - ШЕЪРҲО

РАҚСИ МАЛИКА Маликаи раққоса Мекунад рақси хоса. ӯ рақси «мор» дорад, Рақси «баҳор» дорад. Аз ёла мефарояд, Ғизола мефарояд. Мехӯрад сад печу тоб, Чун қатраҳои симоб. Рақси ҳиндуяш базеб, Саҳна аз он дилфиреб. Гаҳ монанди ситора, Медурахшаб якбора. Ба ин ҳунар дорад дил, Мардум ба рақсаш қоил. БОЗОР ДАР РӮИ БАРФ Дар боғи мо Аз пуштаҳо, Аз сари кӯҳ Аз барии кӯҳ. Аз лаби ҷар Чун хушхабар Шӯрнӯл омад, Аз чӯл омад. Дуғдоғ ҳам, Пирзоғ ҳам. Аз ҳар тараф Дар рӯи барф, Дар марғзор Гардид бозор! Товус омад Нома овард. Рангибаранг Ҷома овард. Эзорсурхак Эзор харид, Кабки дарӣ Дутор харид. Мурғи марҷон Марҷон фурӯхт, Мурғи ҳилол Яхдон фурӯхт. Мурғи хона Донаро хӯрд. Шонасарк Шонара бурд. Гавҳаршинос Гавҳар харид, Момоҷурғот Ҷурғот фурӯхт. Сангобдавак Набот фурӯхт. Аз ҳама дер, Аз як адир Омад соч. Дар як саноч Бо бачаҳош, Бо ҷӯраҳош, Ба додараш, Ба модараш, Ҳалво гирифт, Ғавғо гирифт. Ҳалвора хӯрд, Ғамҳора бурд. БАРРАЧА Баррачаи ман Баромад кӯча. Нигоҳ дорад, Ба оби ҷӯча. Барраи ширмаст Ташнаи об аст. Аз шарфаи об, Ё ки қимоб аст. Не, очаи ӯ Надод иҷозат Аз обаки ҷӯ Як қатра нӯшад. Обаки хунук Зарар мекунад. Ба гулӯи вай Асар мекунад. МЕРГАН Дар рӯи осмон Абре намоён. Вай жола дорад, Мабодо борад. Он гоҳ меояд Ба мева офат, Ба пахтазор ҳам, Ба ғаллазор ҳам. Эй, боди тезпо, Бархез аз ҷо! Жоларо бубар, Ба чӯли бебар. Чӣ қадар хоҳад, Боридан гирад. Вагарна ӯро Бо тӯпи дурзан Мекунам пора, Охир, ман мерган! ЧОКАК Дар як замон, дар як макон Чокак ба мисли одамон Ҷоҳу ҷалоле доштаст, Ҳам молу ҳоле доштаст. Чакак ба як ҳамсояаш Часпида мисли сояааш. Ширнавбатӣ мекардааст. Шир бурда меовардааст. Лекин ба шираш ҳар пагоҳ, Мерехтаст аз оби чоҳ. Ин кори ӯро як саҳар, Ҳамсоя дид аз пушти дар. Дидасту гуфтаст баъд аз ин, То зинда бошӣ дар замин. Мурғе шавӣ як мушти пар. Лабташна гарди дар ба дар. Аз он замон то ин замон ӯ шуд чунин бехонумон. Ғамҳо ба ҷон дорад ҳанӯз, Шабҳо фиғон дорад ҳанӯз. Дар дидагонаш хоб нест, Ҳар ҷо равад ӯ, об нест. Ҷояш ҷару вайрона аст, Кори бадаш афсона аст. БУМ Ҳар шаб дар лаби бом бум Мекунад: ҳум, ҳум! Донӣ, чӣ гум кардаст ӯ, Ки дорадаш ҷустуҷӯ. Бум, к-аз рӯзи азал Худбин будасту дағал. Ба ҳеҷ кӣ ёр нашудаст, Дӯсти ғамхор набудаст. Ҷонваракон аз ин рӯ. Ҷудо мегарданд аз ӯ. Бум андаруни лона, Хоб меравад рӯзона. Фақат дар шабҳои тор Аз хоб мешавад бедор. Тарсида аз танҳоӣ, Аз тарси беошноӣ, Дар хоби хуши мардум Нола мекунад: ҳум, ҳум! ДӮСТИ ОДАМ Дар ошёнаи ҳаштум Гаҳвораҷунбонро бин. Дар болои кӯрпаҳо Нишаста меҳмон барин. Ҷонвараки беқарор Надорад ҳеҷ парвое. Напурсидем мо аз ӯ Эй меҳмон, аз куҷоӣ? Фаҳмонда дод баҳри мо, Нарму ширин бобоям: –Ин ҷонварак аз қадим Дӯсти наздики одам. Дар хона нинӣ дорем, Нинипойӣ омадаст, Монед гардад бемалол, Аз ҳар ҷое омадаст. ҲУНАР Байни шохаҳои тут Тор танид анкабут, Бе қаламу бе паргор Тӯраш пурнақшу нигор. Нақши тӯраш ганда не, Ягон тораш канда не. Тӯри хушрангу зебо, Чӣ хел мебофад онро? Ҳунарашро анкабут, Омӯхт аз падари худ. Анкабут ҳунар дорад, Мероси падар дорад. ДӮСТИ НИҲОЛАКОН Туқ-туқи туқ шунидам, Ҷонвараке бидидам, Эзори алвон дорад, Дар танаш ҷавлон дорад. Чун теша минқори он, Туқ-туқу туқ кори он. Вай бисёр устои хуб, Дар чидани кирми чӯб. Номи ҳамин ҷонварак Устои эзорсурхак. Дӯсти ниҳолакон аст, Шогирди боғбон аст. САНҶОБҲО Дуто санҷоби хушрӯ, Дуто санҷоби хушмӯ. Дар як канори ҷангал, Бе шавқуну бемағал. Тори дарахти баланд Зуддавонӣ мекарданд. Гаҳ ба рӯи навдаҳо, Гаҳ поёну гаҳ боло Калоба карда думро, То қарибии бегоҳ, Дав-давонак мекарданд, Пойгаҳмонак мекарданд. Як санҷобак аз пойгаҳ, Қафо омад ин бегаҳ. Чунки ногаҳ бешабон Баромад аз пеши он. ҲУКМИ РӮБОҲ (Масал) Боре рӯбоҳи маккор Сардори ҷонварон шуд. Ҷайраи бечораро Аз кораш холӣ намуд. Гуноҳи ҷайра аниқ: Ҷомааш хордор будаст, Ба пушти серхори вай Чӣ хел савор мешудаст? БОБУНА Бобунаи пахтарӯй, Бобунаи ҳалқамӯй, Дар лаби ҷӯ нуҳуфтӣ, Озодарӯ шукуфтӣ. Танга барин рӯякат, Нуқра барин мӯякат. Аз борони файзовар, Барги ту шуд тозатар. Гулаки хушрӯи ман, Гулаки худрӯи ман. Боғчаро зебо кардӣ, Зеби тамошо кардӣ. ЗЕБИ ТОҚӢ Дар рӯзи софу равшан, Медурахшад ситора, Дидаҳоро мебарад, Монанди лаълпора. Нуқраосо метобад, Дурр пуштаҳо ситора, Ҳусни боғу бӯстон аст, Ҳам зеби тоқӣ дорад. Аз сӯи боғ меоям, Ситорагул ба дастам, Ба кокули хоҳарам Ситораҳоро бастам.

0

Чистонҳо

Оҳуи шӯху масти ман, Бозӣ кунад ба дасти ман. Ҷомааш аз сӯзан пур, Хонааш аз деҳа дур. Парпеч дорад, кӯдак не, Риш дораду мардак не. Меҳмони бологузар, Аз ҳама гап бохабар. Ишкамаш мисли саноч, Папиросаш даҳ қулоч. Чил дугона, чил хоҳар, Қаду қомат баробар. Дар пас кӯҳи баланд, Шодона бозӣ доранд. Дар болои зинаҳо, Роҳ меравад хонаҳо. Мошин гӯям, мошин не, Ба ҷонваре қарин не, Шаб болояш бароям, Пагоҳӣ мефароям. Дар чӯлу айлоқу дашт, Мекунад ӯ сайру гашт. Зимистону тобистон Пӯстини гарм дорад он.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

КИТОБХОНӢ

Рӯзе подшоҳе дар ҷустуҷӯи хирадмандтарин шахси кишвар буд. Ӯ ба дарбор фармон дод: — Ҳар касе, ки ба ман роҳи ба дониш расиданро гӯяд, мукофот мегирад! Бисёриҳо омаданд: яке гуфт сафар кун, дигаре гуфт бо доноён нишастан беҳтар аст. Аммо пирмарди китобдӯсте наздик шуд ва гуфт: — Эй подшоҳ, роҳи дониш аз як дар оғоз мешавад — дари китоб. Касе, ки хонданро дӯст медорад, дари ҳама донишро мекушояд. Подшоҳ ин суханро санҷидан хост ва 40 шаб китоб хонд. Пас дарёфт, ки ҳар китоб ба ӯ ҷаҳонеро нишон медиҳад, ки пештар намедид. Ӯ эълон кард: — Ҳар кӣ китоб мехонад, шоҳ аст. Зеро шоҳӣ бар қаламҳо беҳтар аз шоҳӣ бар халқ аст. Панд: Китоб хондан маънои дидани ҷаҳон бо чашмони бештар аст.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ХИҶОЛАТ

Султони Ҳиндустон ба шикор баромад. Ҳини шикор тахти равони дар болои фил гузошташудаи ӯ дар ботлоқ ғӯтид. Ҳеҷ кас илоҷи баровардан наёфта буд, ки Паҳлавон Маҳмуд байни ду пойи пеши фил даромада, онро дар пушташ бардошта баровард. Султон ба қувваи ғайриоддии Паҳлавон Маҳмуд қоил шуда, гуфт: “Аз ман чӣ мехоҳӣ? Пурс!” Муаллима ҳикояи худро дар ҳамин ҷо нигоҳ дошта, ба хонандагон рӯ овард: – Канӣ, Собирҷон, ту мебудӣ, аз султон чӣ мехостӣ? – Ман? Ман... Мошини наппанав! – Ту чӣ, Ҳошимҷон? – Ман... Ман... Дастгоҳи яхмосбарорӣ. – Соҷида, ту чӣ? – Ман... Пӯстини пашмин. Муаллима чун ҷавоби дилхоҳ нагирифт, аз як тараф пурсидан гирифт: – Ман фил мегуфтам. Фили калон! – Ман як сумка доллар. – Ман компутер. – Ман тӯби футбол. – Ман велик... Аз ҷавоби рӯякии хонандагон ҳавсалаи муаллима пир шуд, магар: – Шумо манфиати худро фикр мекунед, –  гуфт бо оҳанги таассуф,–  Паҳлавон Маҳмуд Ватанро, халқро фикр мекард. Медонед, ӯ чӣ пурсид? Озодии дусад нафар ҳамватанонашро, ки дар зиндони султон занҷирбанд буданд. Сари хонандагон хам хӯрд. Муаллима аз фикр накарда ҷавоб доданашон хиҷолат шудани онҳоро пай бурда, ҳикояро давом дод.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

МУҲАББАТ БА МАРДУМ

Рӯзе Мирзо Турсунзода ба як деҳаи дурдаст сафар кард. Мақсад дошт бо зиндагии оддии мардум аз наздик шинос шавад. Дар он ҷо ӯ марди пиреро дид, ки бо дастони ларзон заминро шудгор мекард. Шоир назди ӯ рафт ва пурсид: - Бобо, чаро дар ин синну сол ҳоло ҳам кор мекунед? Пирмард бо табассум ҷавоб дод: - Писарам, агар ман имрӯз кор накунам, фардо набераҳоям чӣ мехӯранд? Ин суханон ба дили шоир сахт таъсир карданд. Ӯ чанд лаҳза хомӯш монд ва сипас гуфт: - Меҳнати шумо мисли шеър аст, бобо. Шеъре, ки бо замин навишта мешавад. Баъд аз он сафар, мегӯянд, ки Мирзо Турсунзода бисёр шеърҳояшро бо илҳом аз зиндагии оддии мардум навиштааст. Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки қимати инсон дар меҳнат ва муҳаббат ба дигарон аст. Ин ҳикоя нишон медиҳад, ки Мирзо Турсунзода на танҳо шоири бузург, балки инсони самимӣ ва наздик ба мардум буд. Ӯ зиндагии воқеиро мефаҳмид ва онро ба шеър табдил медод.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

МУРҒИ МАРҶОН

Фасли баҳор омад. Мурғи марҷон панҷ дона тухм гузошт. Мехост, ки чӯҷа барорад, панҷ чӯҷаи зебояк. Ба назди Мурғи марҷон Кабк омад. Омаду гуфт: — Мурғи марҷон, ту бисёр меҳру-бонӣ. Ду тухми маро ҳам гирифта, чӯҷа барор. Ман серкорам. Бояд суруд хо-нам, ба сайру тамошо биравам. Мурғи Марҷон гуфт: — Хуб шудаст. Вай ду дона тухми Кабкро ба зери пару боли зебояш гирифт. Сипас Мурғобӣ омад. Омаду гуфт: — Мурғи марҷон! Ту бисёр ғамхорӣ. Се тухми маро ҳам гирифта, чӯҷа ба-рор. Кори ман бисёр аст. Фасли баҳор омадааст. Бояд суруд хонам, ба сайру тамошо биравам. Мурғи марҷон гуфт: — Хуб шудааст, Мурғобиҷон. Вай се дона тухми Мурғобиро ҳам ба зери пару болаш гирифт. Баъд Ғоз омад. Омаду гуфт: — Мурғи марҷон. Ту бисёр меҳрубонӣ. Чор тухми маро ҳам гирифта чӯҷа барор. Ман хеле серкор мебошам. Фасли баҳор омадааст. Бояд суруд хонам, ба сайру тамошо биравам. Мурғи марҷон гуфт: — Хуб шудаст, Ғози азиз. Вай чор дона тухми Ғозро ҳам ба зери пару болаш гирифт. Чанд рӯз гузашт. Як пагоҳӣ аз зери пару боли Мурғи марҷон ду чӯҷаи Кабк, се чӯҷаи Мурғобӣ, чор чӯҷаи Ғоз ва панҷ чӯҷаи худаш баромаданд. Мурғи марҷон хурсанд шуд. Хурсанд шуда, пару бол афшонд. Чанд рӯз гузашт. Мурғи марҷон чӯҷаҳоро ба доначинию тамошо бурд. Аз куҷое Кабк расида омад. — Оҳ, чӣ чӯҷаҳои зебо! — гуфт вай. — Ман омадам, ки чӯҷаҳоямро гирифта барам. Баъд аз куҷое Мурғобӣ пайдо шуд. — Оҳ, чӣ чӯҷаҳои зебо! — гуфт вай. — Ман омадам, ки чӯҷаҳоямро гирифта барам. Ногоҳ Ғоз пайдо шуд. — Оҳ, чӣ чӯҷаҳои зебо! — гуфт вай. — Ман омадам, ки чӯҷаҳоямро гирифта барам. Мурғи марҷон ба Кабку Мурғобию Ғоз гуфт: — Марҳамат. Чӯҷаҳоятонро гирифта баред. Аммо ягон чӯҷа аз паси Кабку Мурғобӣ нарафт. Ягон чӯҷа ба Ғоз эътибор ҳам надод. Балки чӯҷаҳо аз онҳо тарсида, зери пару боли мурғи марҷон пинҳон шуданд. — Очаи мо ҳамин Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд ду чӯҷаи Кабк. — О чаи мо ҳам Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд се чӯҷаи Мурғобӣ. — Очаи мо ҳам Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд чор чӯҷаи Ғоз. — Очаи мо Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд панҷ чӯҷаи худаш. Баъд чӯҷаҳо аз зери пари Мурғи марҷон сар бароварда баробар гуф-танд: — Очаи мо ҳамонест, ки моро аз тухм баровардааст. Кабку Мурғобию Ғоз ноумед шуда рафтанд. Рафтанд, ки аз нав тухм гузошта, худашон чӯҷа бароранд ва соҳиби ҷӯҷа шаванд.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

МУШ БО МОР

Як муш дар хонаи як марди бой зиндагӣ мекард. Хонаи ӯ дар назди боғи зебо буд. Муш дар он ҷо орому осуда зиндагӣ мекард. Рӯзе мори калон ба боғ омад. Ӯ хонаи мушро дид ва ба он даромада, ҳамон ҷо ҷой гирифт. Вақте муш ба хонааш баргашт, морро дид. Хеле тарсид ва ғамгин шуд. Ба назди модараш рафта, воқеаро нақл кард. Модар гуфт: - Писарам, мор хеле калон ва қавӣ аст. Мо наметавонем бо ӯ ҷанг кунем. Беҳтар аст, ки хонаи дигар ёбӣ. Аммо муш гуфт: - Не, модар! Ман намехоҳам хонаи худро тарк кунам. Ман роҳи дигар меёбам. Муш чанд рӯз роҳи халос шудан аз морро фикр кард. Рӯзе дид, ки мор зери дарахт хобидааст. Дар наздикии он ҷо боғбон низ хоб буд. Муш ба назди боғбон рафт ва ӯро аз хоб бедор кард. Боғбон аз хоб хест, вале муш зуд пинҳон шуд. Боғбон боз хоб рафт. Муш боз ӯро бедор кард. Ин кор чанд бор такрор шуд. Боғбон хеле асабонӣ шуд ва ба таъқиби муш давид. Муш қасдан ба тарафи хонаи худ давида, ба наздикии мор расид ва зуд ба сӯрохие даромада пинҳон шуд. Боғбон морро дид. Ӯ гумон кард, ки мор сабаби ин ҳама ташвиш аст. Боғбон ба мор ҳамла карда, ӯро кушт. Муш аз сӯрох баромад ва дид, ки хонаи ӯ аз мор халос шудааст. Муш фаҳмид, ки ақлу тадбир баъзан аз қувва ҳам қавитар аст. Хулоса, одами оқил пеш аз кор кардан фикр мекунад. Дар вақти душворӣ набояд ноумед шуд, балки бояд роҳи дурусти ҳалли мушкилро ҷуст.

0

КУЛОҲСУРХАК

Буд-набуд дар як деҳае як зан буд. Вай як духтараки хурдакак дошт. Рӯзе зан ба духтарчааш як кулоҳи сурх харида дод. Духтарак он кулоҳро чунон нағз дид, ки ҳеч вақт аз сараш намегирифт. Бинобар ин, номи ӯро Кулоҳсурхак монданд. Як рӯз модараш якчанд дона санбӯса пухту ӯро ҷеғ зад: – Кулоҳсурхаки ман, ин ҷо биё, ана ин санбӯса ва ин як хурмача равғанро ба хонаи бибиат бару фаҳм, ки аҳволаш чӣ тавр аст? Кулоҳсурхак даррав санбӯсаву равғанро гирифта, ба тарафи хонаи бибиаш ба деҳаи дигар равон шуд. Вай аз даруни беша рафта истода буд, ки банохост аз пешаш як гург баромад. Гург Кулоҳсурхакро хӯрданӣ шуду лекин натавонист, чунки дар ҳамон наздикӣ як тӯда дарахтбурон кор карда истода буданд. Гург аз вай пурсид: – Кулоҳсурхак, куҷо рафта истодаӣ? – Ман ба назди бибиам рафта истодаам, ба бибиам санбӯса ва як хурмача равған мебарам, – гуфт вай. – Хонаи бибиат аз ин ҷо дур? – пурсид гург. – Бисёр дур аст, – гуфт дар ҷавоби ӯ Кулоҳсурхак, – дар ақиби ҳо..ҳамон осиёби дар пеш будагӣ. – Медонӣ? – гуфт гург – ман ҳам ба пеши бибиат мера вам. Аммо ман аз ин роҳ, ту аз ваяш меравӣ; канӣ, мебинем, кадомамон пештар мерасем. Гург ба як роҳи кӯтоҳ даромада, бо тамоми қувваташ давид, аммо Кулоҳсурхак бо як роҳи аз ҳама дуру дароз равон шуд. Вай рафта истода, дар роҳ аз шохҳои пасти дарахт чормағз ғундошт, аз замин гулҳо чид, аз ақиби сӯзанакҳо ва шабпаракҳо давид. Вай ҳанӯз ба ними роҳ нарасида буд, ки гург кайҳо ба хонаи кампир расида, дари ӯро мезад: – Тиқ-тиқ-тиқ! – Кист? – пурсид кампир. – Ман, наберачаатон, Кулоҳсурхак, ба шумо санбӯса ва як хурмача равған овардам, – гуфт гург бо овози маҳин. Кампир бемор шуда хоб карда буд. Овозро шунида, гумон кард, ки Кулоҳсурхак омадааст ва гуфт: – Аз ҳалқааш кашида, баъд тела деҳ, кушода мешавад. Гург ҳамчунин кард, дар кушода шуд. Гург худашро ба болои кампир партофта, дар як нафас ӯро фурӯ бурд. Баъд гург дари хонаро маҳкам карду либоси кампирро ба тан карда, ба ҷойхоби кампир даромада, дароз кашид ва омадани Кулоҳсурхакро мунтазир шуда, хоб кард. Вай расида омад ва дарро зад: – Туқ-туқ-туқ! – Кист вай? – пурсид гург. Кулоҳсурхак овози ғафси гургро шунида, аввал тарсид, аммо баъд «эҳтимол бибиям зуком шуда бошад», – гуфта фикр карду ҷавоб дод: – Ман омадам, наберачаатон Кулоҳсурхак, ба шумо санбӯса ва як хурмача равған овардам. Гург фарёд зад: – Аз ҳалқааш кашида тела деҳ, кушода мешавад. Кулоҳсурхак ҳамчунин кард, дар кушода шуд. Вақте ки вай даромад, гург, ки либосҳои кампирро ба худаш пӯшида буд, ҳама ҷояшро то болои биниаш бо кӯрпа панаҳ кард, то ки духтарак ӯро нашиносад, баъд гуфт: – Санбӯсаву равғанро ба ягон ҷой мону худат омада ба паҳлуи ман хоб кун, ки дар роҳ монда шудагистӣ! Кулоҳсурхак ба паҳлуи гург даромада, дароз кашиду гуфт: – Бибиҷон, чаро дастҳои шумо ин қадар дароз-дароз? Набераҷон, инҳо барои ҳамин дароз-дароз, ки туро хубтар ба канор бигирам. – Бибиҷон, чаро гӯшҳои шумо ин қадар калон-калон? – Набераҷон, инҳо барои ҳамин калон-калон, ки суханҳои туро хубтар бишнавам. – Бибиҷон, чаро чашмони шумо ин қадар калон-калон? – Набераҷон, инҳо барои ҳамин калон-калон, ки туро хубтар бубинам. – Бибиҷон, чаро дандонҳои шумо ин қадар дароз-дароз? – Инҳо барои ҳамин дароз- дароз, ки туро бихӯрам! Гург бо ҳамин гапҳо худашро ба болои Кулоҳсурхак андохту ӯро луққӣ карда фурӯ бурд. Дар ҳамин вақт аз пеши хонаи кампир дарахтбурон мегузаштанд. Онҳо овози ғалоғуларо шуниданду давида, ба хона даромаданд ва гургро кушта, шикамашро чок карданд, аз даруни он Кулоҳсурхак ва бибиаш сиҳату саломат баромаданд.

0

МАРДИ ХАСИС

Боре марди хасисе ба устои кулоҳдӯз як пӯсти гӯсфанд оварда, хоҳиш кард: – Аз ин пӯст бароям кулоҳе бидӯз. – Хеле хуб, гуфт кулоҳдӯз, – медӯзам. Он мард аз дукони кулоҳдӯз баромаду фикр кард: «Охир, ин пӯст калон аст. Шояд ду кулоҳ дӯхтан мумкин бошад?». Боз ба назди кулоҳдӯз омаду гуфт: – Усто, ту метавонӣ аз ин пӯст бароям дуто кулоҳ бидӯзӣ? – Чаро надӯзам? Албатта, медӯзам! – гуфт кулоҳдӯз. – Ин тавр бошад, дуто бидӯз, – гуфт он мард ва рафт. Каме роҳ рафту фикр кард ва баргашту пурсид: – Усто, аз ин пӯст сето кулоҳ дӯхта наметавонӣ? Чаро не? Сето ҳам медӯзам. Марди хасис хурсанд шуду пурсид: Чорто дӯхта метавонӣ? – Чорто ҳам метавонам! – Панҷто чӣ? – Панҷто ҳам медӯзам! – Шашто ҳам? – Медӯзам! – Ҳафтто ё беҳтараш ҳаштто метавонӣ? – Чаро натавонам? Ҳаштто ҳам метавонам! – Пас бароям ҳаштто кулоҳ бидӯз! – Хеле хуб. Ҳаштто медӯзам. Баъди як ҳафта биё. Марди хасис баъди як ҳафта ба назди кулоҳдӯз омад ва пурсид: – Кулоҳҳои маро дӯхтӣ? – Дӯхтам! – гуфт усто ва ба шогирдаш фармуд: – Кулоҳҳоро биёр! Шогирд рафту ҳаштто кулоҳ овард. Вале онҳо чунон хурд буданд, ки ба сари одам не, фақат ба себ пӯшонидан мумкин буд. Мард ҳайрон шуду пурсид: – Чаро кулоҳҳо ин қадар хурданд? – Худат фикр кун! – гуфт устои кулоҳдӯз. Марди хасис ҳаштто кулоҳи хурдакакро гирифта рафт ва ҳамеша фикр мекард: – Барои чӣ кулоҳҳо ин қадар хурд шуданд? Чаро?

0

ТУХМИ ГУЛ

Дар як замон, дар як макон подшоҳе мезист. Вай марди ҳакиме буд. Аммо аз тақдир фақат як гила дошт: фарзанд надошт. «Баъди сари ман кӣ подшоҳ мешуда бошад?» – гуфта пайваста меандешид. Подшоҳ рӯзе ба худ гуфт, ки як ҷавони боақлу бофаросати мамлакаташро пайдо карда, таълиму тарбия дода, ба подшоҳӣ тайёр мекунад. Бо ҳамин ният эълон кард: – Ҳар ки аз дарбор тухмӣ гирифта, гули хушрӯ сабзонад, оянда подшоҳ мешавад! Аз дуру наздик бачаҳо омада, тухми гул гирифта, дар тубаку тубакчаҳо бо умед кишт карданд. Дар миёни онҳо Сон Ир ҳам буд. Сон Ир бисёр кӯшиш кард, ки барои подшоҳ гули хушрӯ сабзонад. Аммо даҳ рӯз гузашт, як моҳ гузашт, лекин гул нарӯид. Дар ин байн подшоҳ талаб кард, ки ҳар бача гулу гулдонашро гирифта, ба дарбор биёяд. Саҳни қасри подшоҳ аз бачаҳои гуногунсолу гуногунлибос пур шуд. Ҳар кас дар даст гулдоне дошт ва дар гулдон гуле шукуфта буд. Ниҳоят, подшоҳ намоён шуд. Вай аз миёни бачаҳо гузашта, ба назди Сон Ир омаду пурсид: Чаро гулдони ту холист? -Сон Ир гуфт: Ман тухмиро коштам, аммо сабз нашуд. Подшоҳ инро шунида, аз дасти Сон Ир гирифт ва хитоб кард: –Ана, ин бача подшоҳи оянда аст! Дигарон ҳайрон шуданд. Ҳатто яке гуфт: – Чаро подшоҳ бачаеро писар хонд, ки гул сабзонда наметавонад? Ин гап ба гӯши подшоҳ расид. Вай гуфт: – Эй, мардум, тухму донаҳое, ки ба дасти шумо додаем, бирёншуда буданд. Он гоҳ аз дасти бачаҳои дигар гулдонашон афтиду шикаст ва соҳибонашон аз шарм натавонистанд, ки сар боло кунанд…

0

ЧОР ОРЗУ

Митя ба чана савор шуда, дар болои барфтӯда ба ҳар тараф мелағжид ва дар рӯйи дарёи яхбаста яхмолакбозӣ мекард. Рухсораҳояш суп-сурх, вақташ хуш ба хона омада, ба падараш гуфт: – Зимистон чӣ қадар хуб аст! Ман мехоҳам, ки доим зимистон бошад! – Ин орзуятро дар дафтарчаи ман навис, – гуфт падараш. Митя ин орзуяшро дар дафтарчаи падараш навишта монд. Баҳор омад. Митя дар чаманзор аз паси шабпаракҳои рангоранг давида гашт, гул чид ва давон- давон ба пеши падараш омада гуфт: – Чӣ хуш аст баҳор! Ман орзу дорам, ки доим баҳор бошад! Падараш боз дафтарчаашро аз кисааш бароварда, ба Митя фармуд, ки ин орзуяшро навишта монад. Тобистон расид. Митя ҳамроҳи падараш ба алафдаравӣ рафт. Рӯзи дароз писарак шодӣ мекард: моҳӣ медошт, меваҳои буттагӣ мечид, дар рӯйи алафи хушбӯй ғел мезад ва бегоҳирӯзӣ ба падараш гуфт: – Ман имрӯз хуб хурсандӣ кардам! Ман мехоҳам, ки тобистон асло ба охир нарасад! Ин орзуи Митя ҳам дар дафтарча навишта шуд. Тирамоҳ даромад. Дар боғ себҳои сурх ва нокҳои зардро мечиданд. Митя хеле хурсанд шуда, ба падараш гуфт: – Тирамоҳ аз ҳамаи фаслҳои сол нағзтар аст! Он гоҳ падараш дафтарчаи хотираашро баровард ва ба Митя нишон дод, ки вай ин гапҳоро ҳам дар бораи зимистон, ҳам дар бораи баҳор ва ҳам дар бораи тобистон гуфтааст.

0

ЛАКЛАК ВА БУЛБУЛ

Замоне буд, ки ҳеч як паранда суруд хонда наметавонист. Рӯзе аз рӯзҳо парандаҳо фаҳмиданд, ки дар мамлакати дур пирамарди донишманде зиндагӣ карда, суруд меомӯзонад. Парандаҳо ҷамъ омада, лаклак ва булбулро назди пирамарди хирадманд фиристоданд, то ки сурудхониро омӯзанд. Лаклак хост сурудхониро пеш аз булбул ёд гирифта, ҳамаро ба ҳайрат гузорад. Вай бо қанотҳои калон- калонаш зуд назди пирамард парвоз карда омад. Лаклак ҳатто дарро тақ-тақ накарда ба хона даромад ва ба пирамард салом ҳам надода, фарёд зад: – Сурудхониро ба ман ёд деҳ! Пирамард аз ин рафтори беадабонаи лаклак дар тааҷҷуб монда, хост ба ӯ аввал дарси адаб омӯзад. Вай лаклакро берун баровард ва дарро тақ-тақ карда гуфт: – Бояд ту ана ҳамин тавр рафтор бикунӣ. – Фаҳмидам! – хурсанд шуд лаклак ва парида рафт, то санъати худро намоиш диҳад. Булбул ҳам баъди чанд вақт парида омад. Вай оҳиста дарро тақ-тақ зада, ба хона даромаду салом дод, барои мӯйсафедро ба ташвиш доданаш узр пурсид ва гуфт, ки барои омӯхтани суруд омадааст. Пирамарди хирадманд ҳама сурудҳоеро, ки медонист, ба булбул ёд дод. Ана аз ҳамон вақт ин ҷониб булбул ҳамчун парандаи хушхон овоз дорад. Аммо лаклак танҳо бо нӯли дарозаш тақ-тақ карданро медонаду бас.

0