Тоҷикистон
Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон
Ҳокимияти қонунгузор
Маҷлиси Олӣ – мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи мавҷудияти хеш мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории худро, ба монанди Анҷумани вакилони Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1926–37), минбаъд Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1937–94) ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994–99) дошт. Таъсиси парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо ислоҳоти конститутсионӣ (1999) ва интихоботи парламентӣ (2000) робита дорад. Бо тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) тарҳи Маҷлиси Олӣ дар давраи нав (аввалин парламенти воқеии ҷумҳурӣ) муқаррар шуда, шакли дупалата, доимамалкунанда ва касбӣ будани он ҷонибдорӣ гардид. Ҳамчунин чанд тағйирот дар раъйпурсии соли 2003 доир ба ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Тартиби ташкил ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олӣ дар асоси қоидаҳои нави моддаҳои 49–51 Конститутсия ва қонуни конститутсионӣ (1999) муқаррар шуд. Дар таркиби дупалатаи Маҷлиси Олӣ низоми интихобот ва тартиби гузаронидани он муайян шудааст. Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Маҷлиси миллӣ 33 узв ва Маҷлиси намояндагон 63 вакил дорад. Тарзи фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо ду роҳ: тавассути интихоботи ғайримустақим ва бо таъйиншавӣ муайян гардида, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон низ бо ду тарз — худпешбарӣ ва пешбарӣ аз тарафи ҳизбҳои сиёсии қонунан амалкунанда муқаррар шудааст. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ: таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо; интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент, ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ризоият барои таъйин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ, амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон: таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент, ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ, тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ризоият барои додугирифти қарзи давлатӣ; тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ, таъйини раъйпурсӣ, таъсиси судҳо, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, мукофотҳои давлатӣ, фармонҳои Президент дар бораи таъйин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ, муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус, муайян намудани маоши Президент, амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад ва барои номзадҳо ба вакилӣ шартҳои муайян гузошта шудаанд. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ камтар аз 30 сол набуда ва маълумоти олӣ дорад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷо) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 30 сол кам нест ва дорои маълумоти олист, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин шавад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Аъзои Ҳукумат, судҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд. Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Ваколати аъзои парламент дар чунин ҳолатҳо қатъ мегардад: ҳангоми вафот; истеъфо; ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд; ба қувваи қонун даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъ гардидани шаҳрвандӣ; тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест; парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон. Фаъолияти палатаҳо дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи якуми палатаҳоро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ба таври даъватӣ сурат мегирад ва иҷлосия соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват мешавад. Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон бо ҳуқуқи хосси вакилон дар муҳлати муқарраркардаи конститутсия баргузор мегардад. Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар як сол 1 маротиба (аз аввали моҳи октябр то охири июн) гузаронида мешавад. Дар давраи байни иҷлосияҳои палатаҳо ҳангоми зарурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Салоҳияти палатаҳо ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя аз инҳо иборат аст: тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда, ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, таъйини интихоботи Президент, қабули истеъфои Президент, сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ, баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент. Ҳар як палатаи Маҷлиси Олӣ аз байни аъзо ва вакилон раис, муовини якум ва муовинонро интихоб менамояд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Раисони палатаҳо дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд. Раисони палатаҳо, муовини якум ва муовинони онҳо иҷлосияро роҳбарӣ мекунанд. Палатаҳои Маҷлиси Олӣ фаъолияти мақомоти худро мустақилона ба роҳ мемонанд, ҳамчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис медиҳанд ва аз рӯи масъалаҳои ба онҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд. Мақомоти ҳамоҳангсози палатаҳо – Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд. Ба ҳайати он Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумита ва комиссияҳои палата дохил мешаванд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав ба муҳлати ваколати худ бо дар назар доштани таҷрибаи парламентӣ ва хусусиятҳои кори палата шумора ва номгӯи кумита ва комиссияҳоро муайян менамоянд. Масалан, Маҷлиси намояндагони даъвати панҷум 9 кумита ва 3 комиссияи зерро таъсис дод: оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон; тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният; иқтисод ва молия; масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин; корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот; илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон; масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ; сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ; энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва комиссияҳои экологӣ, одоби вакилон, назорати Дастур ва ташкили кор. Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22.5.2016) баъзе самтҳои ташкили Маҷлиси Олӣ низ тағйир ёфт. Дар моддаи 49 Конститутсия ҷумлаи 3 қисми 1 ба тарзи зер тағйир ёфт: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 сол кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Қисми 5 ҳамин модда дар таҳрири зайл ифода ёфт: «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 сол кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Ба моддаи мазкур, қисми 7 чунин илова шуд: «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъйин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад». Матни савганди узв ва вакили Маҷлиси Олӣ дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оварда шудааст. Маҷлиси Олӣ дар ҳадди салоҳияти худ қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷорӣ ва қарорҳо қабул менамояд, ки сатҳи олӣ ва баланди ҳуқуқӣ доранд. Ғайр аз ин, Маҷлиси Олӣ ва палатаҳои он доир ба масъалаҳои дахлдори ҷамъиятиву сиёсӣ санадҳои ғайриҳуқуқӣ қабул карда метавонанд, ки дар рушди ҳаёти ҷомеа ва сохтмони давлат нақши хосса доранд. Масалан, Маҷлиси Олӣ доир ба расмӣ гардонидани соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1990–1991 Эъломияҳо, Қарорҳо ва Изҳорот қабул карда буд. Онҳо заминаи сиёсии Истиқлоли Тоҷикистонро бебозгашт гардониданд. Адабиёт Имомов А. Ҳуқуқи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Душанбе, 2016; Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (парламенти) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Даъвати панҷум (2015–2020). Душанбе, 2020; Имомов А. Актуальные проблемы парламентского права Республики Таджикистан. Монография. Душанбе, 2020. А. Имомов. Ҳокимияти иҷроия Ҳокимияти иҷроия рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ аст, ки фаъолияти идораи давлатиро амалӣ намуда, бо вазифаҳои иҷроияи худ аз шохаҳои дигари ҳокимияти давлатӣ фарқ мекунад. Дар низоми ҳокимияти иҷроия мақоми олии иҷроияи давлатиро Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ низоми зерро доранд: Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент сарвари давлат ва ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, фаъолияти мураттаби мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 сол кам набошад ва дорои таҳсили олӣ буда, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир иқомат дошта бошад. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад ва ба соҳибкорӣ машғул шавад. Президент чунин салоҳиятҳо дорад: самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад; вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукумат, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, раиси Бонки миллӣ ва муовини ӯ, судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар мансабдоронро таъйин ва озод мекунад. Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шӯрои амният ва дигар мақомотро таъсис медиҳад, раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъйин мекунад, ба қонунҳо имзо мегузорад, масъалаҳои шаҳрвандӣ ва бахшиши ҷазоро ҳал мекунад, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад ва ғайра. Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошта, чунин ҳуқуқ дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ. Санадҳои Ҳукумат: қарор ва фармоиш. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад. Ҳукумат барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Адабиёт Ойев Х. Ҳуқуқи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Қисми 1. Душанбе, 2013; Раззоқов Б. Ҳ., Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарвари ҳокимияти иҷроия. Душанбе, 2010; Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайдоиш ва рушд. Душанбе, 2015; Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016. С. Иброҳимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 153–157.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат унвони абадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои анҷоми хизматҳои бузург, беназираш дар назди мардуми Тоҷикистон ба он сарфароз шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдорию бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо кард ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихи фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хидматҳои бузурги тақдирсозро анҷом додааст. Нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пайдарпай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад. Вобаста ба хидматҳои бузурги таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ӯ дар назди халқу давлати Тоҷикистон чунин салоҳияти якумраро доро мебошад: ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳимми сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба эътибор гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад, метавонад дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзад ва дар бораи масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд, дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳатҳо диҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун Президенти собиқ узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад. Барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегардад. Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. Ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Адабиёт Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 152–153.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дорои рамзҳои давлатӣ мебошад. Онҳо Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ мебошанд ва рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор мераванд. Парчами давлатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи ранга ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудаанд: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд. Парчами давлатӣ дар биноҳои зерини мақомоти ҳокимияти давлатӣ афрохта мешавад: қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ҳамчунин дар давраи гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо ва дигар ҷойҳо. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Нишони давлатӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз тасвирҳои зайл иборат аст: тоҷи тансиқшуда ва 7 ситораи нимдоирашакл, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда, чанбаре бо хӯшаҳои гандум аз тарафи рост ва бо шохаҳои пахтаи шукуфон аз тарафи чап оро ёфта, болои чанбар бо тасмаи сераха печонида шудааст ва дар қисми поёнии он рӯи поя китоби боз ҷой гирифтааст. Нишон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб, поя бо зарҳал тасвир ёфтаанд, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз, муқоваи китоб сурх аст. Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад: дар болои биноҳо ва толори қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар ҷойҳои муқарраршуда. Истифодаи Нишони давлатӣ нисбат ба Парчам ва Суруди миллӣ васеътар аст, дар шиносномаи ҳар шаҳрванд ва дар ҳама муҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ тасвири Нишони давлатӣ инъикос ёфтааст. Суруди миллӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои зер иҷро мешавад: баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оғозу анҷоми иҷлосияву ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудаанд; ҳамарӯза ҳангоми оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ; ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва барномаҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, мувофиқи иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созмон медиҳанд ва дигар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун. Эҳтиром ва аз ёд донистани Суруди миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Шахсони гунаҳкор ба таҳқир ва нақзи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд буд, Саодати ту, давлати ту бегазанд буд. Зи дурии замонаҳо расидаем, Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Барои нангу номи мо Ту аз умеди рафтагони мо нишонӣ, Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонӣ, Хазон намерасад ба навбаҳори ту, Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Ту модари ягонаӣ, Бақои ту бувад бақои хонадони мо, Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо, Зи ту саодати абад насиби мост, Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Адабиёт Низомнома «Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 11.12.1999; Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11.12.1999; Низомнома «Дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11.12.1999; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2007. Ҷ. Ҷамшедзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 152.
Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим мекунад. Кодекси мазкур аз 2 фасл, 14 боб ва 88 модда иборат аст. Дар муқаррароти асосии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ муайян шудаанд. Ҳамчунин, дар бобҳои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрванд ба муҳити мусоид ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ, танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ, объект ва субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинг, фаъолияти шаҳрсозӣ, минтақабандии ҳудудҳо ва истифодаи лоиҳаҳои маҳалҳои аҳолинишин, ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, банақшагирии шаҳрсозии маҳалҳои аҳолинишин, сохтмони манзили шахсӣ, таҳия ва мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷозат ба оғоз намудани корҳои сохтмонии бино ва иншоот, назорат ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, қабул ва истифодаи объектҳои сохтмон, муҳлати истифодаи объектҳои сохтмон, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ ва ҷуброни зарар муқаррар гардидааст. Адабиёт Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2012. Б. Назаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 151.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки кирдорҳои хавфноки зидди шахсият, ҷамъият ва давлат, асосҳо ва принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, намудҳои ҷазову чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятиро муқаррар мекунад. Кодекс 21. 5. 1998 қабул шуда, аз 1. 9. 1998 мавриди амал қарор гирифт. Он сарчашмаи ягонаи ҳуқуқи ҷиноятӣ буда, қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, бояд ба Кодекс дохил карда шаванд. Кодекси мазкур аз ду қисм иборат аст: умумӣ ва махсус. Қисми умумӣ меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо меъёрҳои умумӣ дар бораи ду ниҳоди асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ – ҷиноят ва ҷазо муқаррар гардидаанд. Қисми махсус кирдори ҷиноятиро мушаххас ва ҳадди ҷазоро барои он пешбинӣ мекунад. Кодекс 15 фасл, 34 боб ва 405 моддаро дар бар мегирад. Қисми умумӣ аз 6 фасл, 15 боб ва 103 модда иборат аст. Қисми махсус фарогири 9 фасл, 19 боб ва 302 модда мебошад. Фаслҳои қисми умумии Кодекс (1–6) аз рӯи ниҳодҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ тақсимбандӣ шудаанд: қонуни ҷиноятӣ, ҷиноят, ҷазо, озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо, ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон, чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. Дар қисми махсус (7–15) фаслҳо вобаста ба ҷиноятҳо дар соҳаҳои гуногун тақсим шудаанд: ҷиноятҳо ба муқобили шахсият, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, амнияти экологӣ ва муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, амнияти иттилоотӣ, ҳокимияти давлатӣ, хизмати ҳарбӣ, муқобили сулҳу амнияти инсоният, ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт. Тибқи тағйирот аз 17. 5. 2004 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонунибуда» ҳамроҳ шудааст. Адабиёт Шарипов Т., Азимов Н., Камолов З., Насриддинов М. Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ. Душанбе, 2010; Қудратов Н. Уголовное право Республики Таджикистан. Учебно-методический комплекс. Душанбе, 2012; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2014. Н. Қудратов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 151.
Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳоро дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият ва асосҳои амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи авиатсия танзим менамояд. Кодекси мазкур 13.11.1998 қабул шуда, 18 боб ва 130 моддаро дар бар мегирад. Вазифаҳои Кодекс: танзими таъмини ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, мудофиа ва амнияти давлат, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, амнияти авиатсионӣ ва муҳити зист. Тибқи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ, муносибатҳое, ки бо фаъолият дар соҳаи авиатсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, ҳамчунин муносибатҳое, ки аз парвози ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд, агар дар қонунҳои кишваре, ки ҳавопаймо дар он қарор дорад ё дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин муносибатҳоеро танзим менамояд, ки вобаста ба парвози ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд (агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди дигаре пешбинӣ нашуда бошад) (моддаи 7). Бобҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои зер ихтисос ёфтаанд: қоидаҳои умумӣ, танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиатсия, назорати давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кормандони авиатсия, ҳайати ҳавопаймо, ҳавопаймоҳо, аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва иншооти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, корхонаҳои авиатсионӣ, парвози ҳавопаймоҳо, парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо, бехатарии авиатсия, ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, таҳқиқи ҳодиса ва воқеаи авиатсионӣ; ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда, истифодабар ва борфиристанда, муқаррароти хотимавӣ. Адабиёт Ҳуқуқи байналхалқӣ. Душанбе, 2010; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1998; Правовой режим воздушного пространства. Аэронавигация и безопасность. Москва, 2014. Ф. Ҷабборов. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ, намудҳои ҷазо ва татбиқи ҷазои маъмурӣ муқаррар мекунад. Аввалин Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 5. 12. 1985 қабул гардидааст. Кодекси нав, ки 31. 12. 2008 қабул шуд, аз 1. 4. 2009 мавриди амал қарор гирифт. Кодекс муносибатҳои зерро танзим менамояд: қоидаҳои умумӣ ва принсипҳои қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; кирдор (амал ё беамалӣ)-е, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешавад; ҷавобгарии маъмурии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани меъёрҳои пешбининамудаи кодекс; намудҳои ҷазои маъмурӣ ва қоидаҳои татбиқи онҳо. Кодекси мазкур аз ду қисм – умумӣ ва махсус, 2 фасл, 40 боб, 691 модда иборат аст. Дар қисми умумӣ вазифаҳо, муносибатҳои танзимшаванда, принсипҳои қонунгузории маъмурӣ, мафҳум ва навъҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷавобгарии маъмурӣ, мафҳум ва намудҳои ҷазои маъмурӣ, таъйини ҷазои маъмурӣ ва ғайра муқаррар шудаанд. Дар қисми махсуси Кодекс кирдорҳои маъмурӣ дар соҳаҳои муҳофизати кор ва саломатӣ, моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, муносибатҳои вобаста ба замин, муҳити атроф, ёдгориҳои таърихӣ ва маданият, саноат, истифодаи неру (энергия)-и гармӣ ва барқ, хоҷагии қишлоқ ва қоидаҳои санитарӣ, истифодаи нақлиёт, роҳ, мухобира, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналию ободонӣ, соҳаи савдо, молия, тартиботи ҷамъиятию идора ва ғайра муқаррар шудаанд. Адабиёт Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008. Ҷ. Ҷамшедзода. Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки муносибатҳоро дар соҳаи истифода ва муҳофизати ҷангал дар Тоҷикистон танзим мекунад. Кодекси мазкур бори нахуст 24. 6. 1993 ва бори охир 2. 8. 2011 қабул гардида, аз 9 фасл ва 75 модда иборат аст. Дар Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои зерини ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд: мафҳумҳои асосӣ, объекти муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал, принсипҳои пешбурди соҳаи хоҷагии ҷангал, фонди ягонаи ҷангал ва заминҳои он, субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал, идора ва назорат дар соҳаи ҷангал, ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳаи хоҷагии ҷангал, имконияти иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар рушди идораи ҷангал, масъалаи ҳифз ва ҳимояи фонди ҷангал, вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони нозироти давлатии ҳифзи ҷангал, ташкили хоҷагии ҷангал, талабот доир ба ташкил ва пешбурди хоҷагии ҷангал, категорияҳои муҳофизатии ҷангалҳо, намудҳои заминҳои фонди ҷангал, баҳисобгирии давлатии фонди ҷангал, ҷангалсозӣ, кадастри давлатии ҷангал, мониторинги давлатии ҷангал, бунёд, барқарор ва зиёд кардани сермаҳсулии ҷангал, масъалаҳои ташкили ҷангалҳои плантатсиявӣ ва тухмипарварию ниҳолпарварӣ дар ҷангал, ҳуқуқи ҷангалдорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷангалдорон, қатъ гардидани ҳуқуқи ҷангалдорӣ, масъалаҳои идораи муштараки ҷангал, ҳуқуқи истифодаи ҷангал ва фонди ҷангал, механизмҳои иқтисодии хоҷагии ҷангал, истифодаи муздноки захираҳои фонди ҷангал, роҳҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ барои васеъ намудани майдони ҷангалзори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии давлатии хоҷагии ҷангал, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқарорӣ ва истифодаи устувори ҷангал, ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррарот ва тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон. Адабиёт Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2011; Тафсири Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2019. Ф. Ҷабборов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 150–151.
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ марбут аст. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15. 3. 2017 қабул шуда, аз 2 фасл, 29 боб ва 223 модда иборат аст. Дар Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқӣ марбут ба масъалаҳои зер муқаррар шудаанд: танзим ва идора дар соҳаи тандурустӣ, низоми тандурустӣ, маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ, иҷозатномадиҳӣ, иҷозатдиҳӣ, аккредитатсия, аттестатсия ва экспертиза дар соҳаи тандурустӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, беморон ва кормандони соҳаи тандурустӣ, ёрии тиббӣ, намуд ва шаклҳои он, тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқи ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул шудан, фаъолияти хусусии тиббӣ, тибби оилавӣ, тибби халқӣ, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивии аҳолӣ, таъмини модару кӯдак бо кумаки тиббию санитарӣ, ҳимояи ғизои кӯдакон, ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, маводди доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ, донории хун ва ҷузъҳои он, пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон, расонидани кумаки тиббӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон, танзими муносибатҳои алоҳида дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам, расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ ба беморони наркологӣ, ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ғайра. Адабиёт Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2017. Б. Назаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 150.
Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки тартиби таҳия, қабул ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, баррасии ариза ва шикоятҳои маъмурӣ, мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд ва ҳамкории мақомоти маъмуриро муайян менамояд. Кодекс 7. 2. 2007 қабул шуда, аз 8 боб ва 141 модда иборат аст. Мақсади Кодекси мазкур таъмини риояи волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои ҷамъият, давлат ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти маъмурӣ буда, амали он дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳои маъмурӣ байни мақомоти маъмурӣ нисбат ба тақсими ваколатҳо, бартарии санадҳои ҳуқуқии маъмурии қабулгардида ва шикоят намудан аз болои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, амалҳои мақомоти маъмурӣ ва шахсони мансабдори ин мақомот вобаста ба иҷрои вазифаҳои маъмурӣ, ҳамчунин дар фаъолияти судҳо ҳангоми гузаронидани мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд татбиқ мегардад. Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои баробарӣ дар назди қонун, амалисозии ваколатҳо дар асоси қонун, мутаносибӣ, амалисозии беғаразонаи расмиёти маъмурӣ ва махфият асос ёфтааст. Дар бобҳои Кодекс муқаррарот вобаста ба санади ҳуқуқии маъмурӣ, расмиёт аз рӯи санади маъмурӣ ва иҷрои он, расмиёти маъмурӣ дар дохили мақомоти маъмурӣ, вобаста ба шикояти маъмурӣ аз санади маъмурӣ, расмиёти маъмурӣ дар суд ва расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ ба санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ инъикос ёфтааст. Адабиёт Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2007. Ҷ. Ҷамшедзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 150.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани он, фарзандхонӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкии дар миёни зану шавҳар, падару модар ва фарзандон, дигар аъзои оила бамиёномада ва муносибатҳои оилавиро танзим менамояд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.1998 қабул шуда, аз 8 фасл, 22 боб ва 178 модда иборат аст. Ин санади ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи устувории оилаҳо, танзими муносибатҳои оилавӣ дар пояи эҳтирому муҳаббат, ёрии байниҳамдигарӣ ва масъулиятшиносии аъзои оила, мустақилият ва дахлнопазирии оила, таъмини иҷрои ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар як узви оила, ҳамчунин имкони ҳимояи судии онҳо қабул гардидааст. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои нави ҳуқуқӣ ҷой дода шудаанд, ки устуворӣ ва пешрафти оилаҳоро дар шароити нави иҷтимоии ҷумҳурӣ таъмин мекунанд. Кодекс принсипҳои зерини танзими муносибатҳоро муайян кардааст: эътирофи ақди никоҳе, ки танҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста шудааст; ихтиёрӣ будани ақди никоҳ; озодии талоқ; баробарҳуқуқии ҳамсарон дар оила; бартарӣ додан ба тарбияи кӯдакон; чораҷӯӣ ҷиҳати некуаҳволӣ ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо; бартарии ҳуқуқу манфиатҳои аъзои корношоями оила. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёр ва институтҳои нав – аҳдномаи никоҳ, ҳуқуқи кӯдакон дар оила, созишнома оид ба пардохти алимент ворид карда шудаанд. Кодекс принсипи конститутсионии баробарии иттифоқи зану мардро дар асоси якканикоҳӣ ҷой додааст. Бори нахуст анъанаи миллии мардуми муқимӣ вобаста ба доштани насаб ба эътибор гирифта шуд ва синни никоҳ аз 18-солагӣ муқаррар гардид. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад, ки синни никоҳиро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад. Ҳамчунин, дар Кодекс талаботу муқаррарот нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пешбинӣ шуда, институти муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда муайян гардидааст. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи таъмини ҳимояи бартарии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, яъне кӯшиши эътирофи кӯдак ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ, ки аҳамияти бузург дорад, дарҷ гардидааст (боби 14). Ҳангоми поймол шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, ӯ метавонад барои дифои ҳуқуқҳояш ба мақомоти васояту парасторӣ ва ё суд (ҳангоми расидан ба синни 14-солагӣ) муроҷиат намояд. Дар Кодекси оила меъёрҳои вобаста ба масъалаи маҳрум кардани ҳуқуқҳои падарию модарӣ тақвият ёфтаанд (моддаҳои 69–70). Созишнома оид ба пардохти алимент (моддаҳои 100–105) ва индексатсияи андозаи барои алимент (моддаи 106), ҳамчунин ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент (моддаи 86) меъёрҳои ҳуқуқии комилан нав мебошанд. Барои танзими муносибатҳои молумулкии ҳамсарон Кодекс ду низоми фарқкунанда – қонунӣ ва шартномавиро пешбинӣ намудааст, ки ҳамсарон якҷо дар интихоби яке аз онҳо озоданд. Адабиёт Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1998; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. А. Холиқзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 149–150.
Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад. Кодекси мазкур 29.11.2000 қабул гардида, аз 5 фасл, 24 боб ва 146 модда иборат аст. Дар моддаҳо ва бобҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин танзим шудаанд: салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои об, ҷойгиркунӣ, бунёд ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолати об таъсиркунанда, иҷрои корҳо дар объектҳои об ва минтақаҳои ҳифзи об, намудҳои истифодаи об, истифодабарандагони об ва объекти истифодаи об, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони об ва ташкилотҳои хоҷагии об, қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об, истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшиданӣ, маишӣ, дармонӣ, курортию солимгардонӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳидроэнергетикӣ, нақлиёти обию ҳавоӣ, хоҷагии моҳипарварӣ ва шикор, мамнуъгоҳҳо, партофтани обҳои обпарто, зидди сӯхтор, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва дигар ҳолатҳои ба он монанд, истифодаи обанборҳо, ҳалли баҳсҳо вобаста ба истифодаи об, ҳифзи об ва пешгирии таъсири зараровари он, назорати давлатӣ, баҳисобгирӣ ва банақшагирии истифодаи об, идораи ҳавзаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории об. Адабиёт Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2000; Раҷабов С. А., Ҷабборов Ф. Н. Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об. Душанбе, 2018; Тафсири Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2013. Ф. Ҷабборов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 149.
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои мурофиаи ҷиноятиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад. Дар Кодекси мазкур тартиби оғоз, тафтишот, баррасӣ ва ҳалли парвандаи ҷиноятӣ, фаъолияти иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва умуман, муносибатҳои ҷамъиятии бо мурофиаи ҷиноятӣ муртабит ба сурати комил, бевосита ва бонизом муқаррар шудаанд. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3.12.2009 қабул шуда, 1.4.2010 мавриди амал қарор гирифт. Кодекси пешинаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17.8.1961 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда буд, зиёда аз 48 сол бо чандин тағйиру илова амал карда, аз 1.4.2010 беэътибор дониста шуд. Кодекси нав аз 3 қисм: умумӣ, махсус (пешбурди тосудӣ) ва пешбурди судӣ, 12 фасл, 50 боб ва 486 модда иборат аст. Қисми умумии Кодекс 5 фасл ва 16 бобро дар бар мегирад, ки фарогири масъалаҳои зерин мебошад: принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, асосҳои рад ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, салоҳияти суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиа, масъалаҳои вобаста ба далелҳо, ҷамъоварӣ ва баҳои ҳуқуқӣ додан ба онҳо, татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавӣ, шикоят аз амал ва қарори суд, даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ, муҳлат ва хароҷоти мурофиавӣ. Қисми махсуси Кодекс ба 2 бахш тақсим шудааст: истеҳсолот (пешбурд)-и тосудӣ ва судӣ. Қисми пешбурди тосудӣ аз 2 фасл ва 13 боб иборат буда, дар он масъалаҳои вобаста ба таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, аз ҷумла асосҳо ва тартиби оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, тартиби пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, амалҳои тафтишотӣ, ба монанди азназаргузаронӣ, озмоиши тафтишотӣ, кофтукоб, ёфта гирифтан, ҳабси муросилоти почтаву телеграф, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ, пурсиш, рӯбарӯкунӣ, шинохтан, санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса, гузаронидани ташхис, эълони айб ва пурсиши айбдоршаванда, боздоштан ва аз нав сар кардани тафтиши пешакӣ, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва ғайра танзим шудаанд. Қисми истеҳсолоти судӣ аз 8 фасл ва 21 боб иборат аст, ки ба масъалаҳои зерин бахшида шудааст: пешбурди судии парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла тобеияти судӣ, таъйини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он, шартҳои умумии муҳокима, тафтиш ва музокираи судӣ, сухани охири судшаванда, баровардани ҳукм, пешбурди парвандаи айбдоркунии хусусӣ ва ғайра. Адабиёт Ғозиев М. Мурофиаи ҷиноятӣ. Душанбе, 2009; Қудратов Н., Сафарова З., Алиев Ф. Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ. Душанбе, 2015. Н. Қудратов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 149.
Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба пешбурди парвандаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҷавобгарӣ ва татбиқи ҷазои маъмурӣ муқаррар кардааст. Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.7.2013 қабул шуда, аз қисмҳои умумию махсус, 3 фасл, 19 боб ва 248 модда иборат аст. Дар қисми умумӣ принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди парвандаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳое, ки имкони иштирокро дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд, далелҳо ва исботкунӣ, чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар қисми махсус баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), баррасӣ кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, тартиби иҷрои намудҳои ҷудогонаи ҷазои маъмурӣ муайян шудаанд. Вазифаҳои Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон: муқаррар кардани тартиби расмӣ кардан ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарар дидаанд; ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кардааст; таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ва ғайра. Кодекс ба принсипҳои зерин асос ёфтааст: қонуният; ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс; баробарӣ дар назди қонун ва суд; ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ; таъмини амният ҳангоми расмӣ кардан ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; ёрии ҳуқуқӣ дар пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; эҳтимолияти бегуноҳӣ; амалӣ кардани адолати судӣ; мустақилияти судяҳо; забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқи маъмурӣ. Ҷ. Ҷамшедзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 148–149.
Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба таъмини адолати судӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ бо роҳи ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва баррасии дигар парвандаҳо аз ҷониби судҳои иқтисодӣ муқаррар кардааст. Кодекс 5.1.2008 қабул шуда, аз 1.4.2008 мавриди амал қарор гирифт. Он аз 7 фасл, 34 боб ва 306 модда иборат аст. Фаслҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Муқаррароти умумӣ; Истеҳсолот дар суди иқтисодии марҳалаи якум: истеҳсолоти даъвоӣ; Истеҳсолот дар суди иқтисодии марҳалаи якум, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд; Хусусиятҳои истеҳсолот аз рӯи категорияҳои алоҳидаи парвандаҳо дар суди иқтисодӣ; Истеҳсолот аз рӯи парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ; Истеҳсолот оид ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии судҳои иқтисодӣ; Баррасии парвандаҳо вобаста ба иҷрои санадҳои судии судҳои иқтисодӣ. Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зерини мурофиаи судии иқтисодиро муқаррар кардааст: ҳимояи ҳуқуқи вайроншуда ё мавриди баҳс қароргирифта, манфиатҳои қонунии шахсони ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ машғул, ҳамчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ; таъмини дастрасии адолати судӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ; муҳокимаи судии адолатнок ва ошкоро аз ҷониби суди босалоҳият, мустақил ва беғараз дар муҳлати муқарраркардаи қонун; мусоидат ба таҳкими қонуният ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ва ғайра. То имрӯз ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 бор тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар тағйироти охирин боби алоҳида (боби 12) ба навъи мурофиа «Фармон» бахшида шуд, ки мутобиқи он суди марҳалаи якум дар асоси ариза дар бораи рӯёнидани маблағҳои пулӣ ё талаби молу мулки манқул аз қарздор фармон қабул менамояд. Н. Эмомализода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 148.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ягона ва мураттаби қонунгузорӣ дар бораи меҳнат аст, ки муносибатҳои меҳнатиро бо сурати комил, бевосита ва бонизом танзим менамояд. Кодекси мазкур манбаи кодификатсияшудаи ҳуқуқи меҳнат буда, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сиёсати давлатиро дар бахши меҳнат муайян, кафолатҳои давлатии ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандонро муқаррар ва риояи манфиатҳои қонунии кормандон, корфармоён ва давлатро таъмин менамояд. Дар даврони шӯравӣ танзими муносибатҳои меҳнатӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Россия, масалан, «Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Россия» (солҳои 1918, 1922), Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон (солҳои 1924–1929; давраи мухторият) амалӣ мешуд. Яке аз аввалин санадҳои меъёрие, ки муносибатҳои меҳнатиро дар таърихи ҳуқуқи Тоҷикистони Шӯравӣ танзим мекард, «Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» (1940) буд, ки он то соли 1972 амал мекард. 16.6.1972 Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда, то 15.4.1997 мавриди амал қарор гирифт. Дар замони Истиқлол Кодекси меҳнат 15. 5. 1997 қабул шуд ва 11.7.1997 ба амал даромад. Кодекси нав 23.7.2016 қабул гардид, ки аз 30.7.2016 ба амал бароварда шуд. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо марбутро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатиро ҳифз ва кафолатҳои меҳнатиро муқаррар кардааст. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаддима, қисмҳои умумӣ ва махсус, 6 фасл, 41 боб ва 366 модда иборат аст. Қисми умумии Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти ҳуқуқии умумиро, ки заминаи татбиқи меъёрҳои қисми махсус мебошанд, дар бар гирифтааст ва аз муқаррароти зер иборат аст: умумӣ (принсипҳо, тафсири мафҳумҳо ва институтҳои асосӣ). Қисми махсуси Кодекс аз институтҳои алоҳида иборат буда, ба таври мушаххас амали ҳуқуқӣ ё зиддиҳуқуқӣ, оқибатҳои ҳуқуқиро барои иҷро ва риоя накардани онҳо пешбинӣ кардааст, ки фарогири чунин муқаррарот мебошад: меъёрҳои рафтори имконпазир, ҳатмӣ ва ё манъкунанда; қоидаҳои оқибатҳои ҳуқуқӣ барои риоя ва иҷро накардани меъёрҳои ҳуқуқии пешбинишуда. Фаслҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Муқаррароти умумӣ», «Муносибатҳои меҳнатӣ», «Хусусияти танзими меҳнати гурӯҳи алоҳидаи кормандон», «Шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои коллективӣ дар соҳаи меҳнат», «Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат», «Муқаррароти хотимавӣ». Адабиёт Бобокалонов Г. М. Избранные труды по трудовому праву и праву социального обеспечения. Второе дополненное и исправленное издание. Душанбе, 2014; Шонасриддинов Н., Бобокалонов Г. М. Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нашри дуюми тасҳеҳ ва иловашуда. Душанбе, 2017. Г. Бобокалонов. Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқист, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар бораи баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои гражданӣ, татбиқи амалҳои ҷудогонаи мурофиавӣ ва санадҳои судӣ (фармон, ҳалнома, қарор, таъйинот) ва дигар мақомот танзим мекунад. Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 5.1.2008 қабул шуда, фарогири 7 фасл, 46 боб ва 432 модда мебошад, ки дар онҳо муқаррароти умумӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии зерин муайян шудаанд: ҳайати суд, тобеияти идораӣ ва судӣ, иштирокдорони парванда, намояндагон дар суд, далелҳо ва исбот, хароҷоти судӣ, ҷаримаҳои судӣ, муҳлатҳои мурофиавӣ, хабарнома ва даъвати судӣ, мурофиа дар суди марҳалаи якум, даъво, мурофиаи парвандаҳо вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқи омма, мурофиа оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амал (беамалӣ)-и мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, мурофиаи махсус, фарзандхондии кӯдак, бедарак ғоиб эътироф намудан ва ё фавтида эълон кардани шаҳрванд, ғайриқобили амал эътироф намудан ё маҳдуд кардани қобилияти амали шаҳрванд, истеҳсолоти парванда бо иштироки шахсони хориҷӣ ва ғайра. Кодекс вазифаҳои зерини мурофиаи судии гражданиро муқаррар кардааст: дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал кардани парвандаҳои гражданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шаҳрвандон (шахсони воқеӣ), шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, корӣ, хонаводагӣ, манзил, замин, экологӣ ва ғайра мебошанд. Мурофиаи судии гражданӣ бояд ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташаккули муносибати боэҳтиром ба ҳуқуқ ва суд мусоидат намояд. Адабиёт Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008. Б. Назаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 147–148.
Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳоро дар бораи манзил ва посух ба ниёзҳои шаҳрвандон ба манзил ба танзим медарорад. Кодекс 15. 12. 1997 қабул шуда, аз 7 фасл ва 156 модда иборат аст. Вазифаҳои Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон: танзими масъалаҳои манзил бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил мутобиқи кафолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи муносиб ва ҳифзи фонди манзил, тақвияти қонун дар соҳаи муносибатҳои манзил. Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигар, ки дар заминаи он қабул мешаванд, ҳама гуна амалро, ки монеаи татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил мегардад, манъ мекунанд. Дар бобҳои Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба идораи фонди манзил, иҷораи хонаи иқоматӣ ва манзили иқоматӣ дар хонаҳои фонди давлатию ҷамъиятӣ, кирояи изофии хонаи иқоматӣ, додани хонаҳои иқоматӣ дар биноҳои фонди манзили давлатӣ ва ҷамъиятӣ, истифода ва иваз кардани хонаҳои истиқоматӣ, таъмини шаҳрвандон бо хонаҳои иқоматӣ дар биноҳои кооперативӣ, манзилу сохтмон, ҳуқуқи молик будани шаҳрвандон ба хонаи истиқоматӣ, таъмини муҳофизати фонди манзил, истифода ва таъмири он, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳои манзил ва ғайра инъикос ёфтаанд. Адабиёт Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1997; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. А. Холиқзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 147.
Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиест, ки барои танзими тартиб, шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, расонидани ёрӣ ба маҳкумшудагон ҷиҳати созгорӣ (адаптатсия)-и иҷтимоии онҳо қабул шудааст. Мақсади Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии ҷиноятҳои нав мебошад. Кодекс 6. 8. 2001 қабул гардида, аз ду қисм: умумӣ ва махсус, 10 фасл, 23 боб, 226 модда ва номгӯи молу мулке, ки бо ҳукми суд мусодира карда намешавад, иборат аст. Дар қисми умумӣ масъалаҳои умумӣ, ба монанди муқаррароти умумӣ, муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазову назорати фаъолияти онҳо ва иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ дарҷ гардидаанд. Қисми махсус масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: иҷрои ҷазо дар намудҳои ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум намудан аз озодӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон, мусодираи молу мулк, муассисаҳои ислоҳӣ ва намудҳои онҳо, озод намудан аз адои ҷазо ва ғайра. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ фарогири дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутааллиқ ба масъалаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон («Низомномаи тартиби бахшиши ҷазои шахсони аз тарафи судҳои Тоҷикистон маҳкумшуда» аз 25. 5. 1997), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Низомномаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3. 4. 2007; «Низоми тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» аз 14. 9. 2006), ҳамчунин, вазоратҳои алоҳида (адлия, мудофиа) тасдиқ ва қабул шудаанд. Адабиёт Шарипов Т. Ш. Условное освобождение от отбывания наказания: проблемы теории, законодательства и практики. Душанбе, 2006; Уголовно-исполнительное право. Том 2. Москва, 2006; Тафсир ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ. Душанбе, 2018; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2019; Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2019. Н. Қудратов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 147.
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои истифодаи замин ва молумулкиро дар соҳаи истифодаи замин танзим менамояд. Кодекс меъёрҳои ҳуқуқии вобаста ба истифодаву ҳифзи замин ва ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидориро дар бар мегирад. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.12.1996 қабул шуда, аз 18 боб ва 205 модда иборат аст. Бобҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон: қоидаҳои асосӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони замин, додани замин, пардохти замин, қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин, ҳифзи ҳуқуқ оид ба замин, ҳифзи замин, назорати давлатии риояи қонунгузории замин, заминсозӣ, кадастри давлатии замин ва мониторинги замин, заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, заминҳои саноат, нақлиёт, мухобирот, мудофиа ва таъйиноти дигар, заминҳои ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ, заминҳои фонди давлатии ҷангал, заминҳои фонди давлатии об, заминҳои захираи давлатӣ ва муқаррароти хотимавӣ. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зайл асос меёбад: нигоҳдории фонди ягонаи давлатии замин, беҳтар намудани сифат ва ҳосилхез кардани замин ҳамчун захираи муҳимтарини табиӣ; таъмини истифодаи самараноки замин; таъмини ҳифзи махсус, васеъ намудан ва истифодаи қатъии мақсадноки заминҳои кишоварзӣ, ташкили бозори ҳуқуқи истифодаи замин, фаъолияти самараноки он ва роҳ надодан ба фаъолияти инҳисорӣ дар бозори ҳуқуқи истифодаи замин, дастгирии давлатӣ барои амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳосилхез кардани заминҳои кишоварзӣ ва ғайра. Адабиёт Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1996. Б. Назаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 147.
Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ ба танзим медарорад. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ се бор қабул шудааст. Бори нахуст он дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (декабри 1992) қабул гардид, аз 11 фасл ва 154 модда иборат буд. 4.11.1995 дар Иҷлосияи дуввум, даъвати аввали Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кодекс дар таҳрири нав қабул гардида, то соли 2005 амал кард. Он аз 14 фасл, 65 боб ва 454 модда иборат буда, ба он 300 модда, 3 фасл илова гардид. Дар ин санад ба масъалаҳои мубориза алайҳи қочоқ ва ҷиноятҳои дигар дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, бори аввал мақомоти гумрук ба гузаронидани тафтишот ва анҷоми фаъолияти фаврию ҷустуҷӯӣ ҳуқуқ пайдо кард. 25.11.2004 бори сеюм кодекс қабул шуд, ки аз 1.1. 2005 мавриди амал қарор гирифт. Он аз 7 фасл, 62 боб ва 508 модда иборат аст. Фаслҳои Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон: муқаррароти умумӣ, пардохти гумрукӣ, хироҷи гумрукӣ, назорати гумрукӣ, назорати гумрукӣ дар соҳаи назорати асъорӣ ва содиротӣ, ихтиёрдории молу воситаҳои нақлиёт, мақомоти гумрук. Тибқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими давлатии фаъолияти гумрукӣ дар 4 самт роҳандозӣ мешавад: тартиби интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ; механизми татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои муносибатҳои гумрукӣ дар ҷараёни расмӣ намудан ва назорати гумрукӣ; тартиби муқаррар кардан ва ситонидани пардохти гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ; тартиби шикоят кардан дар бораи амал (беамалӣ)-и мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо. Адабиёт Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2004; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. Б. Назаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 146–147.
Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонуниест, ки вазъи ҳуқуқии иштирокдорони муносибатҳои гражданӣ, асосҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молумилкӣ, ҳуқуқҳои истисноии марбут ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ (ақлӣ)-ро муқаррар карда, уҳдадориҳои шартномавӣ, муносибатҳои шахсии ғайримолумилкӣ ва дигар муносибатҳоро дар асоси баробарӣ, худмухтории ирода ва истиқлоли молумилкии иштирокдорони он муайян менамояд. Бинобар набудани кодекси савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекс муносибатҳои байни шахсонеро низ ба танзим медарорад, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 қисм иборат аст: Қисми 1-уми кодекс 30. 6. 1999 қабул шуда, 01.01.2000 мавриди амал қарор гирифта, аз 3 фасл, 28 боб ва 487 модда иборат аст. Ин фаслҳо ба муқаррароти умумӣ, ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молумилкӣ, ҳуқуқи уҳдадорӣ бахшида шудаанд. Қисми 2-юми кодекс 11.12.1999 қабул шуда, аз 1.7.2000 мавриди амал қарор гирифт. Он аз 47 бобу 636 модда иборат буда, ба танзими намудҳои алоҳидаи уҳдадорӣ бахшида шудааст. Қисми 3-юми кодекс 30. 11. 2004 қабул шуда, аз 5. 5. 2005 мавриди амал қарор гирифтааст. Он аз 7 боб ва 109 модда иборат аст, ки муносибатҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи меросӣ, муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва ҳуқуқи граждании унсури хориҷидоштаро дар бар гирифтааст. Адабиёт Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисмҳои 1 ва 2 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1999; Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми 3 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2005; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. А. Холиқзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 146.
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои вобаста ба андоз ва андозбандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Кодекси мазкур чунин муносибатҳои андозро муайян кардааст: муқаррар, бекор, ҳисобу пардохт кардан ва тағйир додани андозҳо, танзими муносибатҳои байни давлат ва андозсупоранда (агенти андоз) вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз; ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиётӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда; ситонидани боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 3. 12. 2004 қабул шуд. Кодекси амалкунанда 17. 9. 2012 қабул гардид ва аз 1. 1. 2013 мавриди амал қарор гирифт. Он аз қисми умумӣ ва махсус, 18 фасл, 50 боб ва 329 модда иборат аст. Дар қисми умумӣ низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои он, навъҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, назорати пардохти андозҳо, санҷишҳо ва дигар шаклҳои назорати андоз, ҷавобгарӣ, ҳуқуқвайронкунии андоз, ҳалли баҳсҳо, мақомоти андоз, вазифаҳои асосии он ва ғайра дарҷ шудаанд. Қисми махсус муносибатҳои вобаста ба андоз аз даромад ва андоз аз фоида, андозбандии байналмилалӣ, қоидаҳои баҳисобгирии андоз, давраи андоз, андоз аз арзиши иловашуда, объектҳои андозбандӣ, имтиёзҳои андоз, вақт ва маҳалли анҷом додани амалиёти андозбандӣ, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андоз, аксизҳо, андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва ғайраро танзим кардааст. Адабиёт Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2012. А. Холиқзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 146.




