Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ягона ва мураттаби қонунгузорӣ дар бораи меҳнат аст, ки муносибатҳои меҳнатиро бо сурати комил, бевосита ва бонизом танзим менамояд. Кодекси мазкур манбаи кодификатсияшудаи ҳуқуқи меҳнат буда, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сиёсати давлатиро дар бахши меҳнат муайян, кафолатҳои давлатии ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандонро муқаррар ва риояи манфиатҳои қонунии кормандон, корфармоён ва давлатро таъмин менамояд.
Дар даврони шӯравӣ танзими муносибатҳои меҳнатӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Россия, масалан, «Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Россия» (солҳои 1918, 1922), Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон (солҳои 1924–1929; давраи мухторият) амалӣ мешуд. Яке аз аввалин санадҳои меъёрие, ки муносибатҳои меҳнатиро дар таърихи ҳуқуқи Тоҷикистони Шӯравӣ танзим мекард, «Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» (1940) буд, ки он то соли 1972 амал мекард. 16.6.1972 Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда, то 15.4.1997 мавриди амал қарор гирифт. Дар замони Истиқлол Кодекси меҳнат 15. 5. 1997 қабул шуд ва 11.7.1997 ба амал даромад. Кодекси нав 23.7.2016 қабул гардид, ки аз 30.7.2016 ба амал бароварда шуд.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо марбутро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатиро ҳифз ва кафолатҳои меҳнатиро муқаррар кардааст. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаддима, қисмҳои умумӣ ва махсус, 6 фасл, 41 боб ва 366 модда иборат аст.
Қисми умумии Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти ҳуқуқии умумиро, ки заминаи татбиқи меъёрҳои қисми махсус мебошанд, дар бар гирифтааст ва аз муқаррароти зер иборат аст: умумӣ (принсипҳо, тафсири мафҳумҳо ва институтҳои асосӣ).
Қисми махсуси Кодекс аз институтҳои алоҳида иборат буда, ба таври мушаххас амали ҳуқуқӣ ё зиддиҳуқуқӣ, оқибатҳои ҳуқуқиро барои иҷро ва риоя накардани онҳо пешбинӣ кардааст, ки фарогири чунин муқаррарот мебошад: меъёрҳои рафтори имконпазир, ҳатмӣ ва ё манъкунанда; қоидаҳои оқибатҳои ҳуқуқӣ барои риоя ва иҷро накардани меъёрҳои ҳуқуқии пешбинишуда.
Фаслҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Муқаррароти умумӣ», «Муносибатҳои меҳнатӣ», «Хусусияти танзими меҳнати гурӯҳи алоҳидаи кормандон», «Шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои коллективӣ дар соҳаи меҳнат», «Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат», «Муқаррароти хотимавӣ».
Адабиёт
Бобокалонов Г. М. Избранные труды по трудовому праву и праву социального обеспечения. Второе дополненное и исправленное издание. Душанбе, 2014; Шонасриддинов Н., Бобокалонов Г. М. Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нашри дуюми тасҳеҳ ва иловашуда. Душанбе, 2017.
Г. Бобокалонов.
Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқист, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар бораи баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои гражданӣ, татбиқи амалҳои ҷудогонаи мурофиавӣ ва санадҳои судӣ (фармон, ҳалнома, қарор, таъйинот) ва дигар мақомот танзим мекунад.
Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 5.1.2008 қабул шуда, фарогири 7 фасл, 46 боб ва 432 модда мебошад, ки дар онҳо муқаррароти умумӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии зерин муайян шудаанд: ҳайати суд, тобеияти идораӣ ва судӣ, иштирокдорони парванда, намояндагон дар суд, далелҳо ва исбот, хароҷоти судӣ, ҷаримаҳои судӣ, муҳлатҳои мурофиавӣ, хабарнома ва даъвати судӣ, мурофиа дар суди марҳалаи якум, даъво, мурофиаи парвандаҳо вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқи омма, мурофиа оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амал (беамалӣ)-и мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, мурофиаи махсус, фарзандхондии кӯдак, бедарак ғоиб эътироф намудан ва ё фавтида эълон кардани шаҳрванд, ғайриқобили амал эътироф намудан ё маҳдуд кардани қобилияти амали шаҳрванд, истеҳсолоти парванда бо иштироки шахсони хориҷӣ ва ғайра.
Кодекс вазифаҳои зерини мурофиаи судии гражданиро муқаррар кардааст: дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал кардани парвандаҳои гражданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шаҳрвандон (шахсони воқеӣ), шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, корӣ, хонаводагӣ, манзил, замин, экологӣ ва ғайра мебошанд. Мурофиаи судии гражданӣ бояд ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташаккули муносибати боэҳтиром ба ҳуқуқ ва суд мусоидат намояд.
Адабиёт
Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008.
Б. Назаров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 147–148.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




