Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳоро дар бораи манзил ва посух ба ниёзҳои шаҳрвандон ба манзил ба танзим медарорад. Кодекс 15. 12. 1997 қабул шуда, аз 7 фасл ва 156 модда иборат аст.

Вазифаҳои Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон: танзими масъалаҳои манзил бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил мутобиқи кафолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи муносиб ва ҳифзи фонди манзил, тақвияти қонун дар соҳаи муносибатҳои манзил.

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигар, ки дар заминаи он қабул мешаванд, ҳама гуна амалро, ки монеаи татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил мегардад, манъ мекунанд.

Дар бобҳои Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба идораи фонди манзил, иҷораи хонаи иқоматӣ ва манзили иқоматӣ дар хонаҳои фонди давлатию ҷамъиятӣ, кирояи изофии хонаи иқоматӣ, додани хонаҳои иқоматӣ дар биноҳои фонди манзили давлатӣ ва ҷамъиятӣ, истифода ва иваз кардани хонаҳои истиқоматӣ, таъмини шаҳрвандон бо хонаҳои иқоматӣ дар биноҳои кооперативӣ, манзилу сохтмон, ҳуқуқи молик будани шаҳрвандон ба хонаи истиқоматӣ, таъмини муҳофизати фонди манзил, истифода ва таъмири он, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳои манзил ва ғайра инъикос ёфтаанд.

Адабиёт

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1997; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012.

А. Холиқзода.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 147.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.