Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани он, фарзандхонӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкии дар миёни зану шавҳар, падару модар ва фарзандон, дигар аъзои оила бамиёномада ва муносибатҳои оилавиро танзим менамояд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.1998 қабул шуда, аз 8 фасл, 22 боб ва 178 модда иборат аст. Ин санади ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи устувории оилаҳо, танзими муносибатҳои оилавӣ дар пояи эҳтирому муҳаббат, ёрии байниҳамдигарӣ ва масъулиятшиносии аъзои оила, мустақилият ва дахлнопазирии оила, таъмини иҷрои ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар як узви оила, ҳамчунин имкони ҳимояи судии онҳо қабул гардидааст.

Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои нави ҳуқуқӣ ҷой дода шудаанд, ки устуворӣ ва пешрафти оилаҳоро дар шароити нави иҷтимоии ҷумҳурӣ таъмин мекунанд.

Кодекс принсипҳои зерини танзими муносибатҳоро муайян кардааст:

  • эътирофи ақди никоҳе, ки танҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста шудааст;
  • ихтиёрӣ будани ақди никоҳ;
  • озодии талоқ;
  • баробарҳуқуқии ҳамсарон дар оила;
  • бартарӣ додан ба тарбияи кӯдакон;
  • чораҷӯӣ ҷиҳати некуаҳволӣ ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо;
  • бартарии ҳуқуқу манфиатҳои аъзои корношоями оила.

Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёр ва институтҳои нав – аҳдномаи никоҳ, ҳуқуқи кӯдакон дар оила, созишнома оид ба пардохти алимент ворид карда шудаанд. Кодекс принсипи конститутсионии баробарии иттифоқи зану мардро дар асоси якканикоҳӣ ҷой додааст. Бори нахуст анъанаи миллии мардуми муқимӣ вобаста ба доштани насаб ба эътибор гирифта шуд ва синни никоҳ аз 18-солагӣ муқаррар гардид. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад, ки синни никоҳиро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад. Ҳамчунин, дар Кодекс талаботу муқаррарот нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пешбинӣ шуда, институти муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда муайян гардидааст.

Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи таъмини ҳимояи бартарии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, яъне кӯшиши эътирофи кӯдак ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ, ки аҳамияти бузург дорад, дарҷ гардидааст (боби 14). Ҳангоми поймол шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, ӯ метавонад барои дифои ҳуқуқҳояш ба мақомоти васояту парасторӣ ва ё суд (ҳангоми расидан ба синни 14-солагӣ) муроҷиат намояд. Дар Кодекси оила меъёрҳои вобаста ба масъалаи маҳрум кардани ҳуқуқҳои падарию модарӣ тақвият ёфтаанд (моддаҳои 69–70). Созишнома оид ба пардохти алимент (моддаҳои 100–105) ва индексатсияи андозаи барои алимент (моддаи 106), ҳамчунин ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент (моддаи 86) меъёрҳои ҳуқуқии комилан нав мебошанд. Барои танзими муносибатҳои молумулкии ҳамсарон Кодекс ду низоми фарқкунанда – қонунӣ ва шартномавиро пешбинӣ намудааст, ки ҳамсарон якҷо дар интихоби яке аз онҳо озоданд.

Адабиёт

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1998; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012.

А. Холиқзода.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 149–150.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.