Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои мурофиаи ҷиноятиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад. Дар Кодекси мазкур тартиби оғоз, тафтишот, баррасӣ ва ҳалли парвандаи ҷиноятӣ, фаъолияти иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва умуман, муносибатҳои ҷамъиятии бо мурофиаи ҷиноятӣ муртабит ба сурати комил, бевосита ва бонизом муқаррар шудаанд. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3.12.2009 қабул шуда, 1.4.2010 мавриди амал қарор гирифт.

Кодекси пешинаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17.8.1961 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда буд, зиёда аз 48 сол бо чандин тағйиру илова амал карда, аз 1.4.2010 беэътибор дониста шуд. Кодекси нав аз 3 қисм: умумӣ, махсус (пешбурди тосудӣ) ва пешбурди судӣ, 12 фасл, 50 боб ва 486 модда иборат аст.

Қисми умумии Кодекс 5 фасл ва 16 бобро дар бар мегирад, ки фарогири масъалаҳои зерин мебошад: принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, асосҳои рад ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, салоҳияти суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиа, масъалаҳои вобаста ба далелҳо, ҷамъоварӣ ва баҳои ҳуқуқӣ додан ба онҳо, татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавӣ, шикоят аз амал ва қарори суд, даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ, муҳлат ва хароҷоти мурофиавӣ.

Қисми махсуси Кодекс ба 2 бахш тақсим шудааст: истеҳсолот (пешбурд)-и тосудӣ ва судӣ. Қисми пешбурди тосудӣ аз 2 фасл ва 13 боб иборат буда, дар он масъалаҳои вобаста ба таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, аз ҷумла асосҳо ва тартиби оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, тартиби пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, амалҳои тафтишотӣ, ба монанди азназаргузаронӣ, озмоиши тафтишотӣ, кофтукоб, ёфта гирифтан, ҳабси муросилоти почтаву телеграф, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ, пурсиш, рӯбарӯкунӣ, шинохтан, санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса, гузаронидани ташхис, эълони айб ва пурсиши айбдоршаванда, боздоштан ва аз нав сар кардани тафтиши пешакӣ, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва ғайра танзим шудаанд.

Қисми истеҳсолоти судӣ аз 8 фасл ва 21 боб иборат аст, ки ба масъалаҳои зерин бахшида шудааст: пешбурди судии парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла тобеияти судӣ, таъйини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он, шартҳои умумии муҳокима, тафтиш ва музокираи судӣ, сухани охири судшаванда, баровардани ҳукм, пешбурди парвандаи айбдоркунии хусусӣ ва ғайра.

Адабиёт

Ғозиев М. Мурофиаи ҷиноятӣ. Душанбе, 2009; Қудратов Н., Сафарова З., Алиев Ф. Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ. Душанбе, 2015.

Н. Қудратов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 149.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.