Ҳокимияти қонунгузор
Маҷлиси Олӣ – мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи мавҷудияти хеш мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории худро, ба монанди Анҷумани вакилони Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1926–37), минбаъд Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1937–94) ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994–99) дошт. Таъсиси парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо ислоҳоти конститутсионӣ (1999) ва интихоботи парламентӣ (2000) робита дорад. Бо тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) тарҳи Маҷлиси Олӣ дар давраи нав (аввалин парламенти воқеии ҷумҳурӣ) муқаррар шуда, шакли дупалата, доимамалкунанда ва касбӣ будани он ҷонибдорӣ гардид. Ҳамчунин чанд тағйирот дар раъйпурсии соли 2003 доир ба ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Тартиби ташкил ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олӣ дар асоси қоидаҳои нави моддаҳои 49–51 Конститутсия ва қонуни конститутсионӣ (1999) муқаррар шуд. Дар таркиби дупалатаи Маҷлиси Олӣ низоми интихобот ва тартиби гузаронидани он муайян шудааст. Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Маҷлиси миллӣ 33 узв ва Маҷлиси намояндагон 63 вакил дорад. Тарзи фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо ду роҳ: тавассути интихоботи ғайримустақим ва бо таъйиншавӣ муайян гардида, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон низ бо ду тарз — худпешбарӣ ва пешбарӣ аз тарафи ҳизбҳои сиёсии қонунан амалкунанда муқаррар шудааст.
Салоҳияти Маҷлиси миллӣ: таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо; интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент, ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ризоият барои таъйин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ, амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Салоҳияти Маҷлиси намояндагон: таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент, ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ, тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ризоият барои додугирифти қарзи давлатӣ; тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ, таъйини раъйпурсӣ, таъсиси судҳо, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, мукофотҳои давлатӣ, фармонҳои Президент дар бораи таъйин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ, муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус, муайян намудани маоши Президент, амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад.
Маҷлиси намояндагон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад ва барои номзадҳо ба вакилӣ шартҳои муайян гузошта шудаанд. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ камтар аз 30 сол набуда ва маълумоти олӣ дорад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷо) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 30 сол кам нест ва дорои маълумоти олист, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин шавад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.
Аъзои Ҳукумат, судҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд. Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Ваколати аъзои парламент дар чунин ҳолатҳо қатъ мегардад: ҳангоми вафот; истеъфо; ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд; ба қувваи қонун даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъ гардидани шаҳрвандӣ; тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест; парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон.
Фаъолияти палатаҳо дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи якуми палатаҳоро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ба таври даъватӣ сурат мегирад ва иҷлосия соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват мешавад. Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон бо ҳуқуқи хосси вакилон дар муҳлати муқарраркардаи конститутсия баргузор мегардад. Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар як сол 1 маротиба (аз аввали моҳи октябр то охири июн) гузаронида мешавад. Дар давраи байни иҷлосияҳои палатаҳо ҳангоми зарурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Салоҳияти палатаҳо ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя аз инҳо иборат аст: тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда, ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, таъйини интихоботи Президент, қабули истеъфои Президент, сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ, баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
Ҳар як палатаи Маҷлиси Олӣ аз байни аъзо ва вакилон раис, муовини якум ва муовинонро интихоб менамояд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Раисони палатаҳо дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд. Раисони палатаҳо, муовини якум ва муовинони онҳо иҷлосияро роҳбарӣ мекунанд.
Палатаҳои Маҷлиси Олӣ фаъолияти мақомоти худро мустақилона ба роҳ мемонанд, ҳамчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис медиҳанд ва аз рӯи масъалаҳои ба онҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд. Мақомоти ҳамоҳангсози палатаҳо – Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд. Ба ҳайати он Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумита ва комиссияҳои палата дохил мешаванд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав ба муҳлати ваколати худ бо дар назар доштани таҷрибаи парламентӣ ва хусусиятҳои кори палата шумора ва номгӯи кумита ва комиссияҳоро муайян менамоянд. Масалан, Маҷлиси намояндагони даъвати панҷум 9 кумита ва 3 комиссияи зерро таъсис дод: оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон; тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният; иқтисод ва молия; масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин; корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот; илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон; масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ; сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ; энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва комиссияҳои экологӣ, одоби вакилон, назорати Дастур ва ташкили кор.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22.5.2016) баъзе самтҳои ташкили Маҷлиси Олӣ низ тағйир ёфт. Дар моддаи 49 Конститутсия ҷумлаи 3 қисми 1 ба тарзи зер тағйир ёфт: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 сол кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Қисми 5 ҳамин модда дар таҳрири зайл ифода ёфт: «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 сол кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Ба моддаи мазкур, қисми 7 чунин илова шуд: «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъйин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад». Матни савганди узв ва вакили Маҷлиси Олӣ дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оварда шудааст.
Маҷлиси Олӣ дар ҳадди салоҳияти худ қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷорӣ ва қарорҳо қабул менамояд, ки сатҳи олӣ ва баланди ҳуқуқӣ доранд. Ғайр аз ин, Маҷлиси Олӣ ва палатаҳои он доир ба масъалаҳои дахлдори ҷамъиятиву сиёсӣ санадҳои ғайриҳуқуқӣ қабул карда метавонанд, ки дар рушди ҳаёти ҷомеа ва сохтмони давлат нақши хосса доранд. Масалан, Маҷлиси Олӣ доир ба расмӣ гардонидани соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1990–1991 Эъломияҳо, Қарорҳо ва Изҳорот қабул карда буд. Онҳо заминаи сиёсии Истиқлоли Тоҷикистонро бебозгашт гардониданд.
Адабиёт
Имомов А. Ҳуқуқи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Душанбе, 2016; Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (парламенти) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Даъвати панҷум (2015–2020). Душанбе, 2020; Имомов А. Актуальные проблемы парламентского права Республики Таджикистан. Монография. Душанбе, 2020.
А. Имомов.
Ҳокимияти иҷроия
Ҳокимияти иҷроия рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ аст, ки фаъолияти идораи давлатиро амалӣ намуда, бо вазифаҳои иҷроияи худ аз шохаҳои дигари ҳокимияти давлатӣ фарқ мекунад.
Дар низоми ҳокимияти иҷроия мақоми олии иҷроияи давлатиро Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ низоми зерро доранд: Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президент сарвари давлат ва ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, фаъолияти мураттаби мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 сол кам набошад ва дорои таҳсили олӣ буда, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир иқомат дошта бошад. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад ва ба соҳибкорӣ машғул шавад.
Президент чунин салоҳиятҳо дорад: самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад; вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукумат, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, раиси Бонки миллӣ ва муовини ӯ, судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар мансабдоронро таъйин ва озод мекунад. Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шӯрои амният ва дигар мақомотро таъсис медиҳад, раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъйин мекунад, ба қонунҳо имзо мегузорад, масъалаҳои шаҳрвандӣ ва бахшиши ҷазоро ҳал мекунад, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад ва ғайра. Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошта, чунин ҳуқуқ дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ. Санадҳои Ҳукумат: қарор ва фармоиш. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад. Ҳукумат барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.
Адабиёт
Ойев Х. Ҳуқуқи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Қисми 1. Душанбе, 2013; Раззоқов Б. Ҳ., Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарвари ҳокимияти иҷроия. Душанбе, 2010; Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайдоиш ва рушд. Душанбе, 2015; Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016.
С. Иброҳимов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 153–157.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




