Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонуниест, ки вазъи ҳуқуқии иштирокдорони муносибатҳои гражданӣ, асосҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молумилкӣ, ҳуқуқҳои истисноии марбут ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ (ақлӣ)-ро муқаррар карда, уҳдадориҳои шартномавӣ, муносибатҳои шахсии ғайримолумилкӣ ва дигар муносибатҳоро дар асоси баробарӣ, худмухтории ирода ва истиқлоли молумилкии иштирокдорони он муайян менамояд.

Бинобар набудани кодекси савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекс муносибатҳои байни шахсонеро низ ба танзим медарорад, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 қисм иборат аст:

Қисми 1-уми кодекс 30. 6. 1999 қабул шуда, 01.01.2000 мавриди амал қарор гирифта, аз 3 фасл, 28 боб ва 487 модда иборат аст. Ин фаслҳо ба муқаррароти умумӣ, ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молумилкӣ, ҳуқуқи уҳдадорӣ бахшида шудаанд.

Қисми 2-юми кодекс 11.12.1999 қабул шуда, аз 1.7.2000 мавриди амал қарор гирифт. Он аз 47 бобу 636 модда иборат буда, ба танзими намудҳои алоҳидаи уҳдадорӣ бахшида шудааст.

Қисми 3-юми кодекс 30. 11. 2004 қабул шуда, аз 5. 5. 2005 мавриди амал қарор гирифтааст. Он аз 7 боб ва 109 модда иборат аст, ки муносибатҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи меросӣ, муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва ҳуқуқи граждании унсури хориҷидоштаро дар бар гирифтааст.

Адабиёт

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисмҳои 1 ва 2 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1999; Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми 3 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2005; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012.

А. Холиқзода.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 146.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.