Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим мекунад.
Кодекси мазкур аз 2 фасл, 14 боб ва 88 модда иборат аст. Дар муқаррароти асосии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ муайян шудаанд.
Ҳамчунин, дар бобҳои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрванд ба муҳити мусоид ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ, танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ, объект ва субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинг, фаъолияти шаҳрсозӣ, минтақабандии ҳудудҳо ва истифодаи лоиҳаҳои маҳалҳои аҳолинишин, ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, банақшагирии шаҳрсозии маҳалҳои аҳолинишин, сохтмони манзили шахсӣ, таҳия ва мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷозат ба оғоз намудани корҳои сохтмонии бино ва иншоот, назорат ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, қабул ва истифодаи объектҳои сохтмон, муҳлати истифодаи объектҳои сохтмон, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ ва ҷуброни зарар муқаррар гардидааст.
Адабиёт
Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2012.
Б. Назаров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 151.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




