
Дунё
Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.
Равшандилӣ ва ростқавлӣ
«Равшандилӣ ва ростқавлӣ» танҳо сифатҳои зебо нестанд. Ин ду муҳаррики асосии эътимоданд. Вақте роҳбар рост мегӯяд, вазъиятро пинҳон намекунад ва худро ҳамеша ҳақ намешуморад, кормандон ба ӯ на аз рӯи тарс, балки аз самими дил бовар мекунанд. Ростқавлӣ муҳите месозад, ки дар он ҳақиқат гуфта мешавад, зақиқат гул мекунад, ҳақиқат меваи ширин медиҳад. Вақте роҳбар дарахти ҳақиқат ва равшандилиро дар коршоҳ мешинонанд, мушкиливу дудилагиҳо зери сояи он пинҳон мемонад ва қарорҳо солим қабул мегарданд. Роҳбари равшандил аз меваи танқид тарс надорад, саволҳоро қабул мекунад ва иқрор мешавад, агар иштибоҳ кунад. Маҳз ҳамин ростқавлӣ дастаҳоро қавӣ, муносибатҳоро солим ва натиҷаҳоро устувор месозад. Роҳбарӣ аз ростқавлӣ оғоз меёбад. Чун эътимод, бузургтарин сармояи ҳар роҳбар аст.
Муваффақият: Он чӣ мардум мебинанд ва он чӣ намебинанд
Муваффақият мисли яхпораест, ки қисми болои он дурахшон аст ва дар назар намоён, аммо қисми асосии он зери об пинҳон аст. Одамон одатан танҳо натиҷаи ниҳоиро мебинанд: муваффақияти барҷаста, ҷойгоҳ ва қудратро. Аммо он чӣ дар асл пушти ин дурахшонӣ нуҳуфтааст, бисёр вақт аз чашмони мардум пинҳон мемонад. Чӣ гуна муваффақият ба даст меояд? Дар паси ҳар қуллаи фатҳшуда шабҳои бехобӣ, меҳнати сахт, интизом ва фидокорӣ ниҳон аст. Инҳо ҷузъҳое ҳастанд, ки яхпораи зериобро ташкил медиҳанд. Танҳо шахсоне, ки қодир ба қабули душвориҳо ва мубориза бо онҳо ҳастанд, метавонанд ба ин натиҷаҳо бирасанд. 1. Шабҳои бехобӣ: Одамони муваффақ шабҳои зиёдеро дар фикру амал ба сар мебаранд. Ҳар қадами онҳо бо таҳлил, андеша ва банақшагирии бодиққат пеш меравад. 2. Меҳнати сахт: Ҳар як муваффақият тавассути кори шабонарӯзӣ, кӯшиши беист ва фидокорӣ ба даст меояд. 3. Интизом: Бе интизом расидан ба ҳадафҳои бузург ғайриимкон аст. Ин қобилияти идора кардани вақт, одатҳо ва худ мебошад. 4. Фидокорӣ: Муваффақият маънои сарфи вақт, қувва ва баъзан қурбонии ҳузур дар ҷойҳои дилхоҳро дорад. 5. Сабр ва устуворӣ: Ҳар шахсе, ки ба қулла расидааст, дар роҳ бо шубҳаҳо, танқидҳо ва нокомӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аммо маҳз қобилияти сабр кардан ва устувор мондан ӯро ба пеш мебарад. 6. Риску кӯшишҳои нав: Муваффақият ба худ рискҳоро қабул мекунад. Ин маънои омодагии бардошти хавф ва кӯшиши роҳҳои навро дорад. Он чӣ мардум намебинанд Қисми пинҳон, ки дар зери об қарор дорад, аксар вақт муҳимтарин аст. Мардуми атроф на ҳама вақт медонанд, ки ин муваффақият бо чӣ қимате ба даст омадааст. Танҳо касе, ки бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда, онҳоро бартараф кардааст, воқеан метавонад арзиши ин қулларо дарк кунад. Дарси асосӣ Муваффақият ҳеҷ гоҳ ҳодисаи тасодуфӣ нест. Он натанҳо талаб мекунад, ки мо орзу ва ҳадаф дошта бошем, балки бояд бо омодагии қабул кардани душвориҳо, фидокорӣ ва устувории худ қадам гузорем. Ҳар шахс метавонад қуллаи муваффақиятро фатҳ кунад, агар ҷасорат дошта бошад, ки қисми пинҳони "яхпораи муваффақият"-ро қабул кунад. Хулоса: Он чӣ одамон мебинанд — дурахши беруна аст, аммо он чӣ намебинанд, меҳнат, интизом ва муборизаест, ки ин дурахшро эҷод кардааст. Муваффақиятро бо ҳамаи ҷузъҳояш қабул кунед ва бо эътимоди комил қадам ба пеш гузоред!
Зиндагӣ монанди як суфараи пур аз нозу неъмат аст.
Пур аз шириниҳову нӯшиданиҳову хӯрданиҳои гоҳ сернамаку гоҳ камнамак. Боре бодҳои шадид низ мевазанд, боре офтоби ором нуре мепошад ва гоҳ бороне меборад. Аммо муҳим он аст, ки ҳар лаҳзаро бо муҳаббат бичашӣ, аз ҳар қадам лаззат барӣ ва лабхандро фаромӯш накунӣ. Дунё интизор намемонад, пас ҳамин ҳоло зиндагӣ кун!
Ҷаҳонро ислоҳ кардан мехоҳӣ?
Аз худ оғоз намо! Ту наметавонӣ ҳама чизро дар берун тағйир диҳӣ на мардумро, на вазъи ҷаҳонро, на рафтори дигаронро. Аммо метавонӣ хештанро дигар кунӣ. Зеҳнатро тозатар, қалбатро софтар, нигаҳатро равшантар. Ҳар нафари бедоршуда, чароғест дар зулмот. Ҳар шахсе, ки аз хашм, ҳасад ва норозигӣ раҳо шавад , ҷаҳонро каме оромтар ва зеботар мегардонад. Ба ҷои интизор шудан аз дигарон, касе бош, ки як нафас меҳрубонӣ, як қатра фазилат ва як порча нур ба ҷаҳон меорад. Худатро беҳтар кун, ин беҳтарин коре аст, ки барои беҳтар шудани ҷаҳон карда метавонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор