Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Оё шумора ва математика ҳар ду як мафҳуманд?

Адад ду вазифа дорад: якум — муайян кардани тартиби ашё дар қатори ададҳо (якум, дуввум, севвум...) дуввум — ифодаи шумораи ашёи дар қатор ҷойдошта ва ё миқдори умумии онҳо (3-то, 6-то...). Ҳамин тариқ шумора барои муайян намудани тартиби ашё ва миқдори онҳо, инчунин барои ҳисоб ва санҷидан истифода мешавад. Вақте ки шумора барои ҳисоб ва санҷидани ҳаҷм ё масоҳат истифода мешавад, зарурати бо амалҳо (ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим) ёфтани бузургӣ пеш меояд. Ҷамъу тарҳ, зарбу тақсим ва ба дараҷа бардоштан амалҳои арифметикӣ ва математикӣ ба ҳисоб мераванд. Илми математика асосан шумораву андоза ва вусъати амали ададҳоро меомӯзад. Илова ба ин, математика ғайр аз шумораю ададҳои натуралӣ боз хосияти назарияи ададҳо, хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи онҳо, андоза ва сохти ашё, роҳҳои ҳалли масъалаҳоро бо ёрии амалҳои гуногун меомӯзад. Аз ин сабаб математика ба бахшҳои гуногун мисли арифметика, геометрия, мантиқ ва ғайраҳо ҷудо мешавад.

0

Адад чист?

Адад ифодаи шумораи муайян мебошад. Дар давоми ҳазорсолаҳо одамон барои ҳисоб ангуштонро истифода мебурданд. Ҳамин тавр як чизро бо як ангушт ва се чизро бо се ангушт нишон медоданд. Бо ёрии ангуштони як даст одамон то панҷ воҳидро нишон дода метавонистанд. Барои ифодаи шумораи бештар онҳо ангуштони ҳар ду даст ва ҳатто пойҳоро истифода мекарданд. Ҳамин тавр, барои он ки шаш гӯянд, онҳо як даст ва як ангушт, барои он ки даҳ гӯянд ҳар ду даст ва барои он ки бистро ифода кунанд, ангуштони ҳар ду даст ва пойҳоро нишон медоданд. Айни замон ҷомеаи мо доимо аз рақамҳо истифода менамояд. Мо онҳоро ба кор мебарем, то ки вақтро ҳисоб кунем, хариду фурӯш намоем, занг занем, телевизор тамошо кунем, мошин ронем. Ҳамчунин ҳар як одам дар гувоҳнома, шиноснома, ҳисоби бонкӣ, варақаи қарздиҳӣ дорои рақамҳои муайян аст, ки шахсияташро тасдиқ мекунанд. Илова бар ин, ҳоло дар олами компютер тамоми маълумот ба воситаи кодҳои рақамӣ дода мешавад. Мо сари ҳар қадам ба рақамҳо вомехӯрем ва бо онҳо чунон одат кардаем, ки ҳатто аз худ намепурсем, ададҳо то чӣ андоза дар ҳаёти мо муҳим мебошанд. Рақам маҳсули як қисми тафаккури инсон аст.

0

Тарма чӣ тавр ба вуҷуд меояд?

Кӯҳҳои баландро дар зимистон барф мепӯшонад. Аммо қабатҳои ковоки барф дар бисёр ҳолатҳо он қадар зичу мустаҳкам набуда, тӯдаи ҷамъшудаи он баъзан пош хӯрда ба нишебиҳо мелағжад. Гоҳо ҳаракати ноҷо, садои мотор ё аз роҳ гузаштани мошину лижаронҳо метавонад боиси канда шудани барфи бисёр ва аз кӯҳ лағжида фуромадани он гардад. Ин тӯдаи кандашудаи барф тарма мебошад, ки ҳар чизи дар пеши роҳаш баромадаро бо худ рӯфта мебарад. Дар кӯҳҳои ростфуромадаи нишеб ва доманаи шахҳои баланд тармафурорӣ тез-тез рух медиҳад.

0

Оё кӯҳпораҳои яхин вуҷуд доранд?

Кӯҳпораҳои яхин ё (айсбергҳо)-и шиновар асосан дар баҳру уқёнусҳо мушоҳида мешаванд. Онҳо дар натиҷаи канда шудани яхпораҳои баҳрҳои қутбӣ ба вуҷуд меоянд ё пораи пиряхҳое мебошанд, ки бо ҷараёни худ дар баҳру уқёнус то масофаи даҳҳо километр шино мекунанд. Кӯҳҳои яхин (айсбергҳо) барои баҳрнавардон ва шинои киштиҳо хатари зиёд доранд. Қисми зиёди кӯҳҳои яхин дар минтақаҳои яхбастаи Арктика мушоҳида мешаванд.

0

Пирях чист?

Пиряхҳо маҷрои дарёҳои яхинанд, ки дар баландкӯҳҳо ва ноҳияҳои қутбӣ мушоҳида мешаванд. Онҳо дар давоми сол, маъмулан дар фасли тобистон, аз 10 то 200 м мефуроянд. Пиряхҳо аз барфҳои дар давоми солҳои зиёд борида ва аз қабати яхҳои замонҳои пеш ҷамъшуда ба вуҷуд меоянд.

0

Заминҳои корам кадомҳоянд?

Вобаста ба иқлим ва боду ҳаво таркиби хок метавонад гуногун бошад. Қабати замин, ки аз омехтаи хоку рег, гил ва моддаҳои зинда иборат аст ва онро хоки пӯсида низ меноманд, барои киштукор мусоид мебошад. Таркиби замини корам аз хоки пӯсида ғанӣ буда, имконияти хуби обгузаронӣ дорад ва барои парвариши зироату рустаниҳо мувофиқ аст. Эрозия (бодлесӣ) Вайроншавии замин дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ ё фаъолияти инсон. Иридесценсия (тобиши ҳамаи рангҳои тирукамон) Ба воситаи рӯшноӣ инъикос ёфтани ҳамаи рангҳои тирукамон. Магма (тафта) Миқдори зиёди маъданҳои гудохташуда ва газҳои ҳалшуда, ки дар натиҷаи вулкан ва ё тағйирёбии қишри замин ба қабати болои он баромадаанд.

0

Эрозия чист?

Хок баъзан аз сабаби эрозия (бодлесӣ) вайрон мешавад. Бодлесии хок, маъмулан, дар натиҷаи ҳодисаҳои гуногуни табиат аз қабили боду борон, шӯразанӣ, беобӣ ва фаъолияти ноогоҳонаи инсон сар мезанад. Инчунин нобуд кардан ва сӯзондани рустаниҳо ба беҳосил гардидану шӯра задани хок оварда мерасонад.

0

Таркиби хок аз чӣ иборат аст?

Хок аз ду шакли материя — органикӣ (зинда) ва ғайриорганикӣ (ғайризинда) иборат аст. Материяи ғайризинда аз рег, шағал, шаклҳои дигари ҷинсҳои кӯҳӣ, об ва намакҳои минералӣ иборат аст. Материяи зинда аз боқимондаи рустанӣ ва ҳайвонот, ки ба воситаи бактерия ва занбӯруғҳо пӯсидаанд, ба вуҷуд омадааст. Материяи дар ҳолати пӯсиш гумус ном дорад. Дар асл ҳар ду намуди материя барои инкишофи ҳаёт дар рӯи замин заруранд.

0

Хок чист?

Хок қабати рӯи Замин аст, ки инсон ва мавҷудоти дигар дар он умр ба сар мебаранд. Он яке аз қисмҳои фаъоли ҳаётгузаронӣ мебошад, ки дар натиҷаи таъсири боришоту шамол ва гузаронидани корҳои кишоварзӣ сохту таркиби худро тағйир медиҳад. Хок қабати на он қадар ғафси Заминро ташкил мекунад.

0

Пуштаи яхин чист?

Пуштаҳои яхин қитъаҳои азими яхинанд, ки ғафсии қисми марказии онҳо то ба 300 м мерасад. Онҳо дар наздикии доираҳои қутбии арктикӣ ва антарктикӣ ҷойгир шудаанд. Ду пуштакӯҳи яхини бузург – Гренландия ва Антарктида вуҷуд доранд. Гренландия дар майдони 1 миллион 700 ҳазор км² вусъат ёфтааст ва дар ҳамвории яхӣ танҳо чандин соҳили кӯҳӣ дамида ба пеш баромадаанд. Майдони Антарктида 13 миллион километри мураббаъ буда, ғафсии ях қариб 4 000 метрро ташкил медиҳад.

0

Сталактитҳо ва сталагмитҳо чӣ тавр пайдо мешаванд?

Сталактитҳо ва сталагмитҳо ҷинсҳои дар шакли санг пайдошудае мебошанд, ки шабеҳи мармар буда, ба шакли махрут (конус) ва сутунчаҳои нӯгтез дар ғорҳо вомехӯранд. Онҳо баъди ба болои шӯшаҳои оҳақӣ шоридани оби борон пайдо мегарданд. Об, ки аз дуоксиди карбон ғанӣ аст, қисме аз ин сангҳоро об мекунад. Вақте ки об аз боло ба даруни ғор заҳида мегузарад, вай кам-кам чакида, ҷинсҳои маҳлулшуда аз сақф овезон мешавад, ки он сталактит аст. Агар қатраҳои об якҷоя бо таҳшинҳо ба фарши ғор афтанд, он гоҳ онҳо сталагмитҳоро ба вуҷуд меоранд. Вақте ки сталактитҳо ва сталагмитҳо бо ҳам пайваст мешаванд, сутунҳои гуногуншакл ба вуҷуд меоянд. Эдмунд Персивал Хиллари Ӯ соли 1919 дар Зенландияи Нав ба дунё омада, баъдтар чун яке аз кӯҳнавардони маъруф шуҳратёр гаштааст. Ӯ аввалин шуда, соли 1953 (29 май) Эверестро фатҳ намудааст. Ҳамчунин солҳои зиёд ба омӯзиши кӯҳҳои Ҳимолой ва Антарктида машғул буд. Ба ӯ муяссар шудааст, ки 4 январи соли 1958 ба Қутби Ҷанубӣ бирасад.

0

Ғор чист?

Ғор чуқурии табиӣ ва ё сунъӣ дар кӯҳҳо аст. Баъзе ғорҳо яклухт мебошанд. Аммо баъзеи онҳо аз ковокию чуқуриҳои зиёд ва дарёву кӯлҳои зеризаминӣ иборатанд, ки даҳҳо километрро ташкил мекунанд. То ҳанӯз асрори пайдоиши ғорҳо мавриди омӯзиш қарор дорад. Шахсони машғули омӯзиши ғорҳоро ғоршинос (спелеолог) меноманд.

0

Обҳои зеризаминӣ аз куҷо пайдо мешаванд?

Як қисми оби боришот дар баҳру уқёнус боқӣ монда, қисми дигараш бухор мешавад. Боқимондаи обро сатҳи хок меҷабад ва он ба қаъри Замин рафта, дар ҷирмҳои обногузар бозмеистад ва ҷамъ шуда, обҳои зеризаминиро ташкил мекунад. Ин сатҳи Заминро қабати обногузар меноманд. Ин обро ба воситаи кофтани чоҳҳо ва насб намудани насосҳо ба рӯи Замин кашида, истифода мебаранд.

0

Дарозтарин дарёи ҷаҳон кадом аст?

Дарёи дарозтарини ҷаҳон Нил аст, ки дар қитъаи Африқо ҷой дорад. Дарозиаш 6670 км мебошад. Нил аз кишвари Бурунди оғоз мегардад ва маҷрои он тамоми ҳудуди Мисрро гузашта, қисми зиёди биёбонро низ убур мекунад. Мисриёни қадим онро чун Худованди худ пос медоштанд, зеро пас аз обхезиҳои ҳарсолаи дарёи Нил дар қитъаҳои зиёди замин лойқаҳои ҳосилхез боқӣ мемонд, ки аз он ҳосили бемисли ғалла мегирифтанд. Бинобар ин Нил манбаи ғановати фиръавнҳо ба ҳисоб мерафт. Дарёи муқаддаси Замин Дарёи Ганг дарёи муқаддаси мардуми ҳинд мебошад. Вай аз нимҷазираи Ҳиндустон мегузарад ва дар соҳилҳояш шаҳрҳои Калкутта ва Банорас воқеъ гардидаанд. Оби Ганг хеле ифлос аст, вале шаҳрвандони ин кишвар дар он оббозӣ карда, чунин мепиндоранд, ки ба ҳамин васила рӯҳан тоза шуда, ғизои маънавӣ мегиранд. Тамоми сол сокинони гӯшаю канори Ҳиндустон дар ин дарё ғусл карда, ба воситаи об худро поку бегуноҳ мегардонанд.

0

Дарёи пуробтарини ҷаҳон кадом аст?

Дарёи Амазонка, ки дар ҳудуди Амрикои Ҷанубӣ ҷорист, яке аз дарёҳои бузургтарини ҷаҳон аст. Ҳавзаи он дар марказ ва дохили Амазония минтақаи сарсабзро ташкил мекунад, ки масоҳати он 7 050 000 км²-ро дар бар мегирад ва барои ҳаёти одамон ниҳоят муҳим аст. Дарёи Амазонка аз ҳудуди Бразилия ва як қисми Венесуэла, Колумбия, Эквадор, Перу ва Боливия мегузарад. Дар резишгоҳаш ҳаҷми об дар як сония ба 150 000 метри мукааб мерасад. Дар поёноб паҳнии Амазонка ба 350 км баробар буда, аз шохобҳои зиёд иборат аст.

0

Резишгоҳ чӣ тавр пайдо мешавад?

Ҳамаи дарёҳои тезоб бо худ рег ва резаҳои ҷинсҳои кӯҳиро аз сатҳи замине, ки аз он мегузаранд, шуста мебаранд. Вақте ки онҳо ба наздикии баҳр мерасанд, якбора суръати ҷараёнашон суст мешавад ва чизҳои шуста овардаашонро дар соҳил ё дар қаъри дарё мегузоранд. Миқдори ин обшустаҳо оҳиста-оҳиста афзуда, ғафстар шудан мегирад ва таҳшини калони заминро ба вуҷуд меорад, ки онро резишгоҳ ё даҳана меноманд.

0

Шаршараҳои машҳури дарёҳо кадомҳоянд?

Ҳангоме ки дарё дар ҷараёни ҷоришавии худ аз обраҳои баланд ба чуқуриҳои сатҳи Замин мерезад ва сипас ҷараёнаш идома меёбад, онро шаршара меноманд. Агар баландии шаршараҳо он қадар зиёд набошад, онро шалола ё обшор низ меноманд. Шаршараи баландтарини дунё Анҳел аст, ки дар дарёи Чуруни Венесуэла воқеъ буда, баландиаш 978 метр мебошад. Шаршараи зебо ва машҳури Ниагара дар байни давлатҳои Канада ва ИМА ҷойгир шудааст, ки баландиаш 59 метр аст.

0

Дарёҳо чӣ тавр пайдо шудаанд?

Дарёҳо маҷрои муайяни обҳои ҷоришавандае мебошанд, ки дар сатҳи Замин ба ин ё он баҳр ва ё дарёи дигар мерезанд. Онҳо бо ду роҳ пайдо мешаванд. Аввал аз оби чашмаҳо, ки аз ҳисоби оби борон ва ҷӯю рӯдҳои дигар пур шуда, ба дарёи азим табдил меёбанд ва ба баҳру дарёҳои калони дигар мерезанд. Сипас аз барфу пиряхҳои кӯҳҳо, ки солҳои зиёд хобанд ва ҳамроҳи оби ҷӯйҳо ва дарёчаҳои хурд афзуда, ба баҳру дарёҳои дигар мепайванд.

0

Кӯл чист?

Кӯлҳо обанборҳои табий дар рӯи Замин мебошанд. Онҳо дар натиҷаи боришоти зиёд ва ба ҳам рехтани оби як ё якчанд дарё ба вуҷуд омадаанд. Баъзан онҳо обро аз зери Замин низ мегиранд. Оби аксари кӯлҳо ширин аст, вале кӯлҳое низ ҳастанд, ки обашон шӯр мебошад.

0

Оё кӯлҳои шӯр ҳам ҳастанд?

Баҳрҳои Хазар, Майит ва Арал аз ҷумлаи кӯлҳои бузурги рӯи Замин буда, обашон шӯр аст. Баҳри Хазар дар байни қитъаҳои Аврупо ва Осиё ҷойгир шудааст ва обро аз дарёҳои Волга ва Урал гирифта, ба ягон баҳри дигар роҳи баромад надорад. Баҳри Майит дар байни Урдун ва Исроил воқеъ аст ва оби он нисбатан шӯртар мебошад. Агар касе дар он оббозӣ кунад, бинобар зичии таркиби об, бемалол рост истода метавонад ва ғарқ намешавад. Намак дар баҳри Арали Осиёи Марказӣ низ зиёд аст, ки ҳоло онро аз сабаби камобӣ хатари нобуд шудан таҳдид мекунад. Кӯлҳои бузурги дунё Каспий – 424 300 км²; Виктория – 68 800 км²; Арал – 65 500 км²; Гурон – 59 500 км²; Мичиган – 58 016 км²; Танганика – 32 893 км²; Байкал – 31 500 км². Жак Кусто Жак Ив Кусто (1910–1997) уқёнусшинос ва ҳуҷҷатнигори кинои фаронсавӣ аст. Вай дастгоҳеро ихтироъ намуд, ки дар қаъри оби баҳру уқёнусҳо гаштанро осон кард. Ғайр аз ин ӯ дастгоҳи аксбардориеро ихтироъ намуд, ки ба воситаи он дар зери об сурат ва наворгирӣ мумкин аст. Жак Кусто дар бораи ҳаёти мавҷудоти қаъри баҳру уқёнусҳо филмҳои зиёде ба навор гирифтааст ва дар ин хусус асарҳои зиёде низ таълиф кардааст.

0