Оё кӯлҳои шӯр ҳам ҳастанд?
Баҳрҳои Хазар, Майит ва Арал аз ҷумлаи кӯлҳои бузурги рӯи Замин буда, обашон шӯр аст. Баҳри Хазар дар байни қитъаҳои Аврупо ва Осиё ҷойгир шудааст ва обро аз дарёҳои Волга ва Урал гирифта, ба ягон баҳри дигар роҳи баромад надорад.
Баҳри Майит дар байни Урдун ва Исроил воқеъ аст ва оби он нисбатан шӯртар мебошад. Агар касе дар он оббозӣ кунад, бинобар зичии таркиби об, бемалол рост истода метавонад ва ғарқ намешавад.
Намак дар баҳри Арали Осиёи Марказӣ низ зиёд аст, ки ҳоло онро аз сабаби камобӣ хатари нобуд шудан таҳдид мекунад.
Кӯлҳои бузурги дунё
Каспий – 424 300 км²; Виктория – 68 800 км²; Арал – 65 500 км²; Гурон – 59 500 км²; Мичиган – 58 016 км²; Танганика – 32 893 км²; Байкал – 31 500 км².
Жак Кусто
Жак Ив Кусто (1910–1997) уқёнусшинос ва ҳуҷҷатнигори кинои фаронсавӣ аст. Вай дастгоҳеро ихтироъ намуд, ки дар қаъри оби баҳру уқёнусҳо гаштанро осон кард. Ғайр аз ин ӯ дастгоҳи аксбардориеро ихтироъ намуд, ки ба воситаи он дар зери об сурат ва наворгирӣ мумкин аст. Жак Кусто дар бораи ҳаёти мавҷудоти қаъри баҳру уқёнусҳо филмҳои зиёде ба навор гирифтааст ва дар ин хусус асарҳои зиёде низ таълиф кардааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




