Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Адад чист?

Адад ифодаи шумораи муайян мебошад. Дар давоми ҳазорсолаҳо одамон барои ҳисоб ангуштонро истифода мебурданд. Ҳамин тавр як чизро бо як ангушт ва се чизро бо се ангушт нишон медоданд.

Бо ёрии ангуштони як даст одамон то панҷ воҳидро нишон дода метавонистанд. Барои ифодаи шумораи бештар онҳо ангуштони ҳар ду даст ва ҳатто пойҳоро истифода мекарданд. Ҳамин тавр, барои он ки шаш гӯянд, онҳо як даст ва як ангушт, барои он ки даҳ гӯянд ҳар ду даст ва барои он ки бистро ифода кунанд, ангуштони ҳар ду даст ва пойҳоро нишон медоданд.

Айни замон ҷомеаи мо доимо аз рақамҳо истифода менамояд. Мо онҳоро ба кор мебарем, то ки вақтро ҳисоб кунем, хариду фурӯш намоем, занг занем, телевизор тамошо кунем, мошин ронем. Ҳамчунин ҳар як одам дар гувоҳнома, шиноснома, ҳисоби бонкӣ, варақаи қарздиҳӣ дорои рақамҳои муайян аст, ки шахсияташро тасдиқ мекунанд.

Илова бар ин, ҳоло дар олами компютер тамоми маълумот ба воситаи кодҳои рақамӣ дода мешавад.

Мо сари ҳар қадам ба рақамҳо вомехӯрем ва бо онҳо чунон одат кардаем, ки ҳатто аз худ намепурсем, ададҳо то чӣ андоза дар ҳаёти мо муҳим мебошанд. Рақам маҳсули як қисми тафаккури инсон аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.