Сталактитҳо ва сталагмитҳо чӣ тавр пайдо мешаванд?
Сталактитҳо ва сталагмитҳо ҷинсҳои дар шакли санг пайдошудае мебошанд, ки шабеҳи мармар буда, ба шакли махрут (конус) ва сутунчаҳои нӯгтез дар ғорҳо вомехӯранд.
Онҳо баъди ба болои шӯшаҳои оҳақӣ шоридани оби борон пайдо мегарданд. Об, ки аз дуоксиди карбон ғанӣ аст, қисме аз ин сангҳоро об мекунад.
Вақте ки об аз боло ба даруни ғор заҳида мегузарад, вай кам-кам чакида, ҷинсҳои маҳлулшуда аз сақф овезон мешавад, ки он сталактит аст.
Агар қатраҳои об якҷоя бо таҳшинҳо ба фарши ғор афтанд, он гоҳ онҳо сталагмитҳоро ба вуҷуд меоранд. Вақте ки сталактитҳо ва сталагмитҳо бо ҳам пайваст мешаванд, сутунҳои гуногуншакл ба вуҷуд меоянд.
Эдмунд Персивал Хиллари
Ӯ соли 1919 дар Зенландияи Нав ба дунё омада, баъдтар чун яке аз кӯҳнавардони маъруф шуҳратёр гаштааст. Ӯ аввалин шуда, соли 1953 (29 май) Эверестро фатҳ намудааст. Ҳамчунин солҳои зиёд ба омӯзиши кӯҳҳои Ҳимолой ва Антарктида машғул буд. Ба ӯ муяссар шудааст, ки 4 январи соли 1958 ба Қутби Ҷанубӣ бирасад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




