Дарозтарин дарёи ҷаҳон кадом аст?
Дарёи дарозтарини ҷаҳон Нил аст, ки дар қитъаи Африқо ҷой дорад. Дарозиаш 6670 км мебошад. Нил аз кишвари Бурунди оғоз мегардад ва маҷрои он тамоми ҳудуди Мисрро гузашта, қисми зиёди биёбонро низ убур мекунад. Мисриёни қадим онро чун Худованди худ пос медоштанд, зеро пас аз обхезиҳои ҳарсолаи дарёи Нил дар қитъаҳои зиёди замин лойқаҳои ҳосилхез боқӣ мемонд, ки аз он ҳосили бемисли ғалла мегирифтанд. Бинобар ин Нил манбаи ғановати фиръавнҳо ба ҳисоб мерафт.
Дарёи муқаддаси Замин
Дарёи Ганг дарёи муқаддаси мардуми ҳинд мебошад. Вай аз нимҷазираи Ҳиндустон мегузарад ва дар соҳилҳояш шаҳрҳои Калкутта ва Банорас воқеъ гардидаанд. Оби Ганг хеле ифлос аст, вале шаҳрвандони ин кишвар дар он оббозӣ карда, чунин мепиндоранд, ки ба ҳамин васила рӯҳан тоза шуда, ғизои маънавӣ мегиранд. Тамоми сол сокинони гӯшаю канори Ҳиндустон дар ин дарё ғусл карда, ба воситаи об худро поку бегуноҳ мегардонанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




