Шаршараҳои машҳури дарёҳо кадомҳоянд?
Ҳангоме ки дарё дар ҷараёни ҷоришавии худ аз обраҳои баланд ба чуқуриҳои сатҳи Замин мерезад ва сипас ҷараёнаш идома меёбад, онро шаршара меноманд.
Агар баландии шаршараҳо он қадар зиёд набошад, онро шалола ё обшор низ меноманд. Шаршараи баландтарини дунё Анҳел аст, ки дар дарёи Чуруни Венесуэла воқеъ буда, баландиаш 978 метр мебошад. Шаршараи зебо ва машҳури Ниагара дар байни давлатҳои Канада ва ИМА ҷойгир шудааст, ки баландиаш 59 метр аст.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




