Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Иттифоқи меъморони Тоҷикистон

Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, ки мутахассисони соҳаҳои меъморӣ ва сохтмонро муттаҳид мекунад. Таърих ва ҳайат 1 марти соли 1936 ҳамчун шуъбаи Иттифоқи меъморони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Аз соли 1948 бо номи имрӯзааш фаъолият дорад. Соли 1940 30 узв дошт, ки танҳо ду нафари онҳо тоҷик (Ғ. М. Ёқубов, Х. А. Юлдошев) буданд. Ҳоло Иттифоқи меъморони Тоҷикистон 150 узв ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва Хоруғ шуъбаҳо дорад. Вазифаҳо Вазифаҳои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон: Таъмини рушди санъати меъморӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ; Эҳёи анъанаҳои меъмории миллӣ; Таҳия ва пешниҳоди тарҳи иншооти муосир бо дар назар доштани суннатҳои миллии меъморӣ; Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи меъморӣ ва ғайра. Фаъолият Дар тӯли фаъолияти худ Иттифоқи меъморони Тоҷикистон 16 анҷуман (1936, 1948, 1955, 1959, 1962, 1965, 1969, 1974, 1979, 1984, 1992, 1996, 2001, 2007, 2012, 2017) баргузор кардааст. Бо пешниҳоди Иттифоқи меъморони Тоҷикистон соли 1952 дар Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ) шуъбаи меъморӣ ифтитоҳ шуд, ки ба тарбияи мутахассисони ватанӣ дар ҷумҳурӣ асос гузошт. Иттифоқи меъморони Тоҷикистон аз соли 2010 дар соҳаи меъморӣ беш аз 7 намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор кардааст. Ҳар сол озмуни «Беҳтарин меъмори сол»-ро мегузаронад, ки дар натиҷаи он А. Акбаров, С. Муҳаммадов, Э. Пиримкулов ва Б. Юсупов «Беҳтарин меъмори сол» ва «Беҳтарин сармеъмори ноҳиявии сол» дониста шуданд. Бо ҳидояти Иттифоқи меъморони Тоҷикистон меъморони тоҷик дар офаридани тарҳи иншооти муҳимми кишвар фаъолона ширкат варзида, асарҳои худро дар намоишгоҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба намоиш мегузоранд. Ҳамкориҳо ва дастовардҳои байналмилалӣ Аъзои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳо, намоиш-озмунҳо, семинару симпозиумҳои байналмилалии меъморӣ ширкат варзида, бо тарҳҳои ҷолиби меъморӣ дастовардҳои меъморони тоҷикро муаррифӣ мекунанд. Аз ҷумла, меъмор Б. Юсупов бо лоиҳаи «Маҷмааи маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки сохтмонаш идома дорад, дар ду намоишгоҳ (Қазоқистон, 2013 ва Британияи Кабир, 2017) ширкат варзида, сазовори шоҳҷоиза ва медали тилои Ассотсиатсияи байналмилалии иттифоқҳои меъморон, ҳамчунин Ҷоизаи меъморӣ ва дизайни Британияи Кабир шуд. Иттифоқи меъморони Тоҷикистон бо иттифоқҳои меъморони Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Латвия созишномаи ҳамкорӣ дорад. Иттифоқи меъморони Тоҷикистон узви Ассотсиатсияи байналмилалии Иттифоқи меъморони мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (1992), Иттифоқи байналмилалии меъморон (2005) мебошад. 4 аъзои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ба узвияти Иттифоқи меъморони Русия ва 1 нафар ба ҳайати Иттифоқи меъморони Беларус пазируфта шуданд. Роҳбарон Светков Ю. А. (1936–1937). Захаров М. (1937–1948). Юлдошев Х. (1948–1959). Каримов Р. (1984–2007). Юсупов Б. (аз соли 2007). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 196.

0

Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳунарии оҳангсозон ва мусиқишиносон мебошад. Соли 1940 ташкил шудааст. Таърих ва ҳайат Дар тӯли фаъолияти худ Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 14 анҷуман (1948–2017) доир карда, масъалаҳои муҳимми рушди санъати мусиқии тоҷикро мавриди баррасӣ қарор додааст. Соли 1988 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 41 узв дошт, соли 2017 дар ҳайати он 47 нафар композитор ва мусиқишинос муттаҳид шудаанд. Ибтидои солҳои 90-уми асри 20 шумораи аъзо ва фаъолияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон коҳиш ёфта буд. Аз соли 2000 теъдоди ҳайати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон афзуда, нерӯи эҷодии он тавоно гашт. Ҳадафҳо Ҳадафҳои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон: Мусоидат ба рушди санъати мусиқии классикӣ ва мардумии тоҷик; Омӯзиши осори мусиқии классикӣ ва муосири ҷаҳонӣ ва дар ин замина расондани ёрии эҷодию амалӣ ба оҳангсозон; Тарғиби санъати мусиқии тоҷик ва дигар мамлакатҳои муқими Тоҷикистон; Ҳимояи ҳуқуқҳои касбӣ, муаллифӣ ва иҷтимоии аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва ғайра. Самтҳои асосии фаъолият Офаридани асарҳои шоистаи замон, ташкил ва баргузор кардани фестивалу озмунҳо, симпозиуму конференсияҳо, семинар, пажӯҳишҳои фолклорӣ, сафарҳои ҳунарию эҷодӣ, тарғиби оҳангсозон ва мусиқишиносони ҷаҳон; Ҳамкорӣ бо муассисаҳои мухталифи мусиқӣ, аз ҷумла фарҳангию маърифатӣ, созмонҳои театрӣ, консертӣ ва дастаҳои худфаъолияти бадеӣ ва ғайра. Асарҳо ва дастовардҳо Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон композиторону мусиқишиносони тоҷик, ки аксарияти онҳо узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд, бо офаридани асарҳои симфонӣ, вокалӣ-симфонӣ ва хор, эстрадӣ-симфонӣ, камераӣ-созӣ, консерту контата, сарахбору (увертюра) сюита, достону оратория, суруду романс, ҳамчунин китобҳои илмию дарсӣ дар рушди ҳунари мусиқии тоҷик саҳми муносиб гузоштаанд. Дар ин давра операҳои «Умари Хайём»-и Ф. Баҳор (1998), балети бачагонаи «Афсонаи ҷангал»-и А. Мӯсоев (2008), «Шайхурраис Сино»-и М. Бафоев (2011), «Амир Исмоил»-и Т. Шаҳидӣ (1999) офарида шуданд. 7 узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва мусиқӣ (Х. Абдуллоев, Д. Дӯстмуҳаммадов, А. Одинаев, Т. Сатторов, Қ. Яҳёев, С. Билолов, Ф. Ҳасанов), 3 композитор бо унвонҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон (А. Абдурашидов, С. Билолов, Ф. Ҳасанов) ва 11 нафар бо унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон (собиқ «Ҳодими шоистаи санъати Тоҷикистон»; А. Солиев, А. Раҷабов, Т. Сатторов, Қ. Яҳёев, Ч. Обидпур, Ф. Азизӣ, З. Миршакар) сарфароз гардидаанд. Роҳбарон Баласанян С. (1940–1943). Ленский А. (1948–1955). Шаҳобов Ф. (1955–1956). Шаҳидӣ З. (1956–1960). Сайфиддинов Ш. (1962–1986). Дӯстмуҳаммадов Д. (1986–1998). Сатторов Т. (1998–2001). Низомов А. (2001–2007). Ҳикматов Қ. (2007–2015). Ашӯров Ш. (2015–2016). Низомов Х. (2017–2020). А. Мӯсоев (аз соли 2020). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 196.

0

Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон

Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии эҷодӣ мебошад, ки намояндагони кино ва телевидении тоҷик, аъзои Конфедератсияи иттифоқҳои кинематографистони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои соҳили Балтикаро муттаҳид кардааст. Ҳадаф ва вазифаҳо Ҳадаф ва вазифаҳои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон: Рушди санъати кинои тоҷик ва анъанаҳои миллии кинематографияи тоҷик; Эҷоди асарҳои баландғоя ва офаридани филмҳои миллӣ; Ҳимояи ҳуқуқӣ, касбӣ ва иҷтимоии аъзои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон; Тавсеаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии соҳаи кинои тоҷик ва кишварҳои хориҷӣ; Ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои эҷодӣ, кинофестивалҳо ва ғайра. Таърих ва ҳайат Бюрои ташкилии Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон соли 1957 созмон ёфта, анҷумани якуми он соли 1962 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистонро таъсис додааст. Дар гузашта Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ҷузъи таркибии Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Дар тӯли фаъолияташ Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон 11 анҷуман доир карда, дар онҳо вазъи соҳаи кинои тоҷик, роҳҳои рушд ва хусусиятҳои миллию бадеии онро мавриди баррасӣ қарор додааст. Фаъолияти Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон дар ибтидо ба Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» марбут буд ва ҳар як дастоварди «Тоҷикфилм» натиҷаи заҳмати кинематографистони тоҷик – аъзои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Дар тамоми давраҳои инкишофи кинои тоҷик Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон дар ҳайати худ зиёиёни ҳунарманд (коргардонҳо, филмноманависон, ҳунарпешагони кино, наворбардорон, рассомон, оҳангсозон, танзимгарони овоз, мунаққидон, муҳаррирони филмҳо, кормандони илмӣ ва муҳандисию техникии телевизион)-ро муттаҳид карда, дар миёни иттифоқҳои эҷодии Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои бонуфуз шинохта мешуд. Ҳоло Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон 130 (бо шумули аъзои хориҷӣ) узв дорад. Фаъолият Дар назди Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Хонаи кинематографистони ба номи Б. А. Кимёгаров фаъолият дорад, ки дар он нахустнамоиши филмҳои ватанӣ, руҷӯи (ретроспективаи) филмҳои классикони соҳа, Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ, маҳфилҳои ҳунарии синамогарон, намоишҳои концертии мутрибону сарояндагон, шабҳои ҳунарии адибон, намоиши асарҳои аксбардорон ва рассомон ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар Хонаи кинематографистон мактаби касбие амал мекунад, ки дар он ба мутахассисони ҷавон сабақи касбӣ дода мешавад. Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Дидор» ҳар ду сол (аз соли 2004) кинофестивали байналмилалии «Дидор»-ро баргузор мекунад. Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон бо кинематографистони Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Афғонистон ва ғайра ҳамкорӣ дорад. Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбарон Кимёгаров Б. А. (1962–1975). Миршакар М. (1975–1978). Аҳадов В. Б. (1978–1986). Худоназаров Д. (1986–1991). Тӯраев А. (1991–1996). Собиров Т. (1996–2003). Мансурхочаев М. (2003–2012). Ҳақдодов С. (аз соли 2012). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 195–196.

0

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ташкилоти оммавии ғайриҳизбии ҷамъиятӣ мебошад, ки коргарони корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро муттаҳид мекунад. Таърих Дар ҳудуди Тоҷикистон иттифоқҳои касаба то тақсимоти миллию давлатӣ дар Осиёи Миёна ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро вуҷуд доштанд. Дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон то ғалабаи Ҳокимияти Шӯравӣ, дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон солҳои 1925–1926 ба вуҷуд омаданд. Съезди 1-уми иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 15 апрели 1926 баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касаба – Шӯрои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (Тоҷиксовпров) таъсис ёфт. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон асосан аз ҷумлаи коргарон 3 687 узв доштанд, ки онҳоро 49 кумитаи маҳаллӣ муттаҳид мекард. Пас аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳким ёфт ва шумораи аъзои онҳо қариб ба 30 000 расид. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои хоҷагӣ, иҷтимоию мадании давраи социализм қувваи тавонои корӣ ва ҷамъиятӣ гардида, дар омода кардани бофандагон, техникҳо, роҳсозон, филмсозон, кормандони саноати хӯрокворӣ, бинокорон ва дигар мутахассисон фаъолона иштирок карданд. Бо ташаббуси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аввалин бор дар саноати сабук [Комбинати абрешими Ленинобод (Хуҷанд), заводҳои пахтаи Душанбе ва равғани Қӯрғонтеппа (Бохтар)] маҷлисҳои истеҳсолӣ таъсис ёфтанд. Мутобиқи Қарори Пленуми Шӯрои марказии умумииттифоқии иттифоқҳои касаба дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (19. 04. 1937), Шӯроҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ барҳам дода шуда, анҷуману конференсияҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гузаронида нашуданд. Бо вуҷуди ин, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолияти худро на танҳо қатъ накарданд, балки миқдоран афзуданд. Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон зиёда аз 80 ҳазор узв дошта, зери шиори «Ҳама чиз барои фронт! Ҳама чиз барои ғалаба!» амал мекарданд ва дар татбиқи қонуни таълими умумии ҳарбӣ, ҷамъ кардани маблағ ба фонди мудофиа, фиристондани либоси гарм ва хӯрокворӣ ба фронт фаъолона иштирок намуданд. Соли 1948 Шӯрои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз нав таъсис шуда, дар Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявии онҳо барпо гардид, ки масъалаҳои муҳимми ҳаракати ин ташкилотҳоро дар давраи баъд аз барқароркунӣ муҳокима кард. Соли 1976 50-солагии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд, дар ин давра Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бештар аз 800 ҳазор корманди тамоми соҳаҳоро муттаҳид мекарданд. Федератсия ва заминаҳои ҳуқуқӣ Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) иттиҳодияҳои соҳавии иттифоқҳои касаба мақоми худро дар ҳамаи давлатҳои пасошӯравӣ аз даст доданд. Намояндагони ин ташкилотҳо соли 1991 Анҷумани 14-уми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро даъват намуда, Эъломияи «Дар бораи ташкили Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон»-ро қабул карданд. Вакилони анҷуман дар бораи ташкили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва таҳияи Оинномаву барномаи онҳо қарор қабул намуданд. Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) заминаи ҳуқуқии фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фароҳам гардид. Фаъолияти асосии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи муҳофизати меҳнат», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. Мутахассисони Шӯрои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳои «Дар бораи пардохти музди меҳнат», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» пешниҳодҳо намуданд. Мақоми марказӣ ва роҳбарикунандаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо қарори Анҷумани 16-ум аз 24 майи 1996 «Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон», бо қарори Анҷумани 17-ум (26 майи 2001) «Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон» ва бо қарори Анҷумани 18-ум боз «Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон» ном гирифт. Мақоми олии Федератсия Анҷумани иттифоқҳои касаба мебошад, ки ҳар панҷ сол як маротиба баргузор мегардад; дар ҳолати зарурӣ Анҷумани ғайринавбатӣ гузаронида мешавад. Бо пешниҳоди вакилон ва қарори Анҷумани 18-уми Федератсия (2006), муҳлати гузаронидани Анҷуман ва интихоби роҳбарон аз 5 ба 7 сол муқаррар карда шуд. Дар байни анҷуманҳо роҳбарии Федератсияро Шӯрои генералӣ ва Кумитаи иҷроияи он, ки аз намояндагони ҳамаи ташкилотҳои ҳамузв интихоб шудаанд, ба дӯш доранд. Мақсадҳо Мақсадҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон: Татбиқи сиёсати давлат оид ба масъалаҳои ҳавасмандии иқтисодӣ ва зерсохторҳои иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён; Ҳифз ва кафолати ҳуқуқҳои конститутсионӣ, аз ҷумла: ҳуқуқ барои таъмини бехатарии кор, маълумот, ҳифзи сиҳҳатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, сатҳи муносиби зиндагӣ; Беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии ҷомеа ва коллективҳои кор, баланд бардоштани самаранокии меҳнат, истеҳсолот; Иштирок дар ҷараёни ҳамгироӣ ва ҳаракатҳои байналмилалӣ барои ягонагӣ ва ҳамраъйии иттифоқҳои касаба. Фаъолият ва сохтор Солҳои 1991–1996 бимаи иҷтимоӣ ва назорату иҷрои он ба зиммаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон буд, бо пешниҳоди Шӯрои Федератсия фармони Президенти ҷумҳурӣ Э. Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани нафақа ва музди меҳнат» ба миқдори 1,8 баробар (15. 02. 1996) қабул шуд. Дар шароити буҳрони шадиди ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодӣ Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон тавонистанд клубу китобхонаҳо, коллективҳои варзишии «Ҳосилот» ва «Тоҷикистон», осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии кӯдакона ва дастаҳои ҳаваскоронро ҳифз намоянд. Аз соли 1997 то 2001 музди кор 9 баробар афзуда, сатҳи зиндагии шаҳрвандон беҳтар гардид. Дар асоси моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳуқуқи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ду даъват номзадии Э. Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар давоми 25 соли фаъолияти худ 7 анҷуман, 68 Шӯрои генералӣ ва 124 Кумитаи иҷроияро барои омӯзиш ва баррасии масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, бештар аз 9 756 таклифу дархост барои пешравӣ ва беҳбуди ҳаёти ҷомеа пешниҳод кардаанд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 2015 зиёда аз 1 миллиону 335 ҳазор нафар узвро муттаҳид кардаанд. Ҳамчунин Федератсия 20 кумитаи соҳавӣ, 3 Шӯрои вилоятӣ, зиёда аз 20 ҳазор ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба – аз 2 миллиону 302,7 ҳазор қувваи кории мамлакат дар маҷмӯъ 800 108 узвро (то 10. 2016) гирди ҳам овардааст. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 5 миллиону 046,0 ҳазор қувваи қобили кор ба ҳисоб гирифта шудааст, вале аъзои иттифоқи касаба 15%-ро ташкил медиҳад, яъне шаҳрвандони боқимонда узви иттифоқи касаба нестанд. Асоси иттифоқҳои касабаро ташкилотҳои ибтидоии онҳо ташкил медиҳанд. Самти асосии фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таъсиси ҳар чӣ бештари ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷалби аҳли кор, ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини шароити иҷтимоию иқтисодии онҳо мебошад. Сафи кумитаҳои соҳавӣ аз ҳисоби ташкилоти навтаъсиси иттифоқи касабаи кормандони корхонаҳои муштарак, хусусӣ, ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалии Тоҷикистон (4. 10. 2010) зиёд гардид. Айни замон Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон масъалаҳои коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ва иқтисодиёти пинҳонӣ, созмон додани ташкилоти ибтидоӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон дар корхонаву ташкилотҳои хусусӣ, байналмилалӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли бекорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷалби ҷавонон ба иттифоқҳои касаба ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷавонон ҷиҳати пешгирии ҷалби онҳо ба ташкилотҳои террористӣ ва ифротгароӣ ва ғайраро баррасӣ менамоянд. Омӯзиш ва кор бо ҷавонон Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм дар ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос саҳми назаррас дошта, аз соли 2007 барои раисони кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ чандин курсҳои мазкурро таъсис додааст. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои ҳавасмандӣ, ҷалби ҷавонон ва омода намудани кадрҳои болаёқат ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ кумакпулии таҳсилии иттифоқҳои касабаро таъсис додаанд, ки ҳар моҳ аз 100 то 245 сомонӣ ба 179 нафар дода мешавад. Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм «Консепсияи самти фаъолият бо ҷавонон»-ро таҳия карда, дар асоси он комиссияи кор бо ҷавононро таъсис намудааст, ки он барнома ва нақшаи амали худро дошта, бо ташаббуси ин комиссия дар Кумита озмунҳо ва барномаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Комиссия ҳар сол барои ҷашн гирифтани 23 май ҳамчун «Рӯзи ҷавонони кишвар» чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳамчунин вохӯриву мулоқот бо ҷавононро дар базаи истироҳатгоҳи «Чайка» мегузаронад. Бори аввал дар байни донишҷӯёни ҷумҳурӣ озмуни «Пешвои ҷавонон»-ро (2012) гузаронид, ки мақсади он дарёфти ҷавонони қобилиятнок ва ҷалби онҳо ба иттифоқҳои касаба буд. Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсия 1. 09. 2016 барои ташкили Шӯрои ҷавонони иттифоқҳои касаба Низомномаи Шӯрои ҷавононро қабул ва барои тасдиқ ба Шӯрои генералии Федератсия (02. 11. 2016) пешниҳод намуд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқ доранд бо иттиҳодияҳои иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ба онҳо дохил шаванд, дар фаъолияти онҳо иштирок кунанд ва дигар амалҳоеро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, анҷом диҳанд (банди 1.3. Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон). Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ: Ташкилоти байналмилалии кор, Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи озод, Ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ҳамкории наздик доранд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз соли 1993 узви Ташкилоти байналмилалии кор мебошанд. Ҳамчунин Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв аз соли 1991 бо Ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ҳамкорӣ карда, дар семинару конференсияҳои илмию оммавӣ ва дигар барномаҳои муштарак иштирок менамоянд. Намояндагони Иттифоқҳои касаба дар семинарҳои омӯзишии шаҳрҳои Остона, Боку, Ереван, Бишкек, Маскав, Сочи, Тифлис ва давлатҳои Черногория, Македония, Булғория, Туркия, Албания, Белгия, Испания, Фаронса, Олмон, Австрия, Итолиё, Малайзия, Индонезия, Ҳиндустон, Ҷопон, Чин ва ғайра ширкат варзидаанд. Ҳамчунин намояндагони Ташкилоти байналмилалии кор дар ҳамкорӣ бо Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Татбиқи стратегияи касбомӯзии гурӯҳи 20», «Меъёрҳои байналмилалии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ», «Меҳнати арзанда», «Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2017» нишастҳо доир намуданд. Аз тарафи нозирони кори иттифоқҳои касаба бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии кор дар ташкилоту идораҳо бо мақсади ҷорӣ намудани «Маҷмӯи стандартҳои бехатарии меҳнат» ва «Маҷмӯи идоракунии муҳофизати меҳнат» семинар-машваратҳо гузаронида мешаванд. Нашрияҳо Нашрияҳои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон: «Ҳамраъйӣ», «Навиди иттифоқҳои касаба», моҳномаҳои «Кошонаи умед» (15. 05. 2001, Суғд), «Иттифоқ» (12. 2017, Хатлон), «Ҳомии омӯзгор» (Вазорати маориф ва илм, аз 12.2009 нашр мешавад). Баробарҳуқуқии мардону занон Масъалаи баробарҳуқуқии мардону занон низ яке аз самтҳои фаъолияти иттифоқ аст. Комиссияи гендерии он дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, манфиатҳои занонро ҳимоя мекунад. Комиссия бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии кор ҳамкорӣ дорад. Адабиёт Таджикистан за годы Советской власти. Сталинабад, 1957. Раджабов С., Шукуров М. Профсоюзы Советского Таджикистана. Москва, 1964. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016. Қ. Қосим. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 194–195.

0

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии эҷодӣ мебошад, ки аъзояш ба таври инфиродӣ аз ҷумлаи кормандони фаъоли воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои эҷодӣ пазируфта мешаванд. Соли 1959 дар Анҷумани якуми кормандони матбуоти ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. Дар тӯли фаъолияти худ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 12 анҷуман баргузор карда (1959, 1962, 1967, 1972, 1977, 1982, 1987, 1992, 2001, 2006, 2013, 2015), масъалаҳои муҳимми соҳаи матбуотро баррасӣ ва ҳаллу фасл кардааст. Сохтор ва идоракунӣ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар гузашта дар шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб ва Хоруғ шуъбаҳо дошт. Ҳоло дар назди редаксияҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион, радио, нашриётҳо ва ғайра ташкилотҳои ибтидоии он амал мекунанд. Идораи фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро Раёсати он ба уҳда дорад, ки дар анҷуман интихоб мешавад. Мақоми олии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон анҷуман буда, дар панҷ сол як бор баргузор мегардад. Фаъолият Фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар чаҳорчӯби меъёрҳои оиннома ба таҳким ва рушди моддию техникии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, таъмини истиқлоли касбию эҷодии кормандони соҳа, ташаккули фарҳанги журналистикаи ҳақиқатбаёни мустақил, пешгирии ҳама гуна кӯшишҳои ҷорӣ намудани сензура, мусоидат ба беҳдошти вазъи моддию иҷтимоӣ, баланд бардоштани шароити кор ва сатҳи ҳирфаии журналистони Тоҷикистон равона гардидааст. Барои мусоидат ба рушди касбии рӯзноманигорон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ озмунҳои эҷодӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳо гузаронида, якҷо бо вазорату созмонҳои гуногун оид ба масъалаҳои мубрам ва муҳимми рӯз озмунҳои муштарак доир мекунад. Дар назди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон комиссияи қабул ба узвият, ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи журналистон, Маркази аккосии «Рангинкамон» ва маҳфили рӯзноманигорони русзабон фаъолият доранд. Ҳоло зиёда аз 2 300 рӯзноманигори касбӣ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Ҷоизаҳо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба хотири мусоидат ба такомули фаъолияти ҳирфаӣ ва қадрдонии ҳунари эҷодии журналистон Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва барои донишҷӯёни факултаву шуъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрориро таъсис додааст, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ба ғолибон тақдим мешаванд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 1992 ба ҳайати Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистон дохил шуда, аз соли 1995 ҳамчун иттиҳодияи мустақил фаъолият мекунад ва бо 23 созмони эҷодии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ робитаи ҳамкорӣ дорад. Роҳбарон Роҳбарони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон: А. Ҳоҷибоев (1959–1961), А. Ҳалимов (1961–1968), Ш. Саидов (1968–1974), Ф. Қаландаров (1974–1989), О. Латифӣ (1989–1991), М. Давлатов (1991–2006), А. Сатторов (2006–2015), З. Исмоилзода (аз 2015). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 193–194.

0

Анҷумани фарҳанги бостон

Анҷумани фарҳанги бостон иттиҳодияи ҷамъиятии илмию фарҳангӣ мебошад. Соли 1992 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Иштироки фаъолона ва мусоидат дар бобати омӯзишу тарғиби фарҳанг, забон, осори илмию бадеии бостонии мардуми ориёӣ, хоса тоҷикон, эҳёи ҷашну суннатҳои бостонии мардуми эронитабор, ҳифзи ёдгориҳои таърихии бостонӣ ва ғайра аз аҳдоф ва вазифаҳои Анҷумани фарҳанги бостон мебошанд. Бо саъю талоши аъзои он пораҳо аз китоби «Авасто» (2001) ва тарҷумаҳои форсии «Готҳо»-и Зардушт ба тоҷикӣ бо ҳуруфи кириллӣ баргардон ва нашр шудаанд. Анҷумани фарҳанги бостон бо анҷумани «Рӯдакӣ» (Порис) дар баргузории ҳамоишҳои ҳарсолаи «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон» фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Ҳамоишҳои солҳои 1992, 1996, 2001, 2003 дар Душанбе, ҳамоишҳои дигар дар Ҳамбург (Германия), Гётеборг (Шветсия), Порис гузаштанд. Анҷумани фарҳанги бостон бо анҷуманҳои «Пайванд», «Борбад», бо марказҳои фарҳангӣ дар Россия, Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Австралия, Эрон, Ҳиндустон ва донишмандони алоҳида аз мамолики гуногун ҳамкорӣ мекунад. Шуъбаҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амал менамоянд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 193.

0

Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи илмию техникӣ ва эҷодии ҷамъиятӣ мебошад. Соли 1991 ҳамчун Шуъбаи тоҷикистонии Академияи муҳандисии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ таъсис ёфтааст. 3 июли соли 1992 номи «Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гирифт. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимон ва муҳандисони пешқадами ҷумҳуриро барои таҳкими робитаҳо байни пажӯҳишҳои асосӣ, коркардҳои техникӣ, инноватсия, технологияи пешқадам ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муҳандисӣ дар истеҳсолот ба таври ихтиёрӣ ва интихобӣ муттаҳид менамояд. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Академияи муҳандисии байналмилалӣ, Федератсияи институтҳои муҳандисии кишварҳои исломӣ шомил буда, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Узвият Ба ҳайати Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 академик, 50 узви вобаста ва 20 узви вобастаи Академияи муҳандисии байналмилалӣ дохиланд (соли 2021). Дар ҳайати Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони варзидаи илмию муҳандисӣ, докторҳо ва номзадҳои илм, муаллифони ихтироот, дорандагони мукофотҳои давлатӣ, ходимони шоистаи илму техника, аъзои шӯроҳои олимон, илмӣ-техникӣ ва диссертатсионӣ кор мекунанд. Академия узви Шӯрои ризоияти ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик», Корхонаи давлатии «Востокредмет», Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», Комбинати маъдантозакунии Анзоб, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ғайра аъзои коллективии Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Самтҳои фаъолият Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин фаъолият дорад: хоҷагии об, гидротехника дар агросаноат; геология, истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ; системаҳои иттилоотӣ, муҳобирот ва телекоммуникатсия, метрология ва стандартсозӣ; коммуникатсия, системаи нақлиёт; мошинсозӣ; металлургия ва масолеҳшиносӣ; экологияи муҳандисӣ ва масъалаҳои тиббию экологӣ, мониторинг ва сарфакории энергия; сохтмон, бинокорӣ ва меъморӣ; технологияи саноати хӯрокворӣ ва тавлиди маҳсулотҷӯӣ; технологияҳои кимиёвӣ ва биокимиёвӣ; саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва идораи фаъолияти муҳандисӣ; энергетика; муҳандисӣ дар тиб; муҳандисӣ дар фаъолияти иҷтимоӣ; туризми илмӣ ва экологӣ. Пажӯҳиш ва ҳамкорӣ Дар назди Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд корхонаи хурди истеҳсолӣ фаъолият доранд, Пажӯҳишгоҳи экологияи инсон ташкил карда шудааст. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию сохтории ҷории фаъолияти худро ҳал карда, лоиҳаҳои муҳандисию техникӣ, барномаҳо ва пешниҳодҳо таҳия менамояд, барои таҳия ва татбиқи қарорҳои илмию техникӣ шарик меҷӯяд, конференсия ва семинарҳои илмию техникӣ доир менамояд, робитаҳои байналмилалиро ривоҷ медиҳад, дар масъалаҳои муҳандисӣ ба корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маслиҳатҳо медиҳад. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами муҳандисию техникии замон, аз қабили истиқлоли энергетикӣ, рафъи мушкилоти робитаҳои байналмилалӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тараққиёти босуръати саноатии кишвар саҳм мегузорад. Дурнамои рушди Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кашфи иқтидорҳои калони илмӣ ва техникию инноватсионию муҳандисӣ марбут аст. Президентон Президентони Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон: А. В. Ваҳҳобов (1991–1996), А. Ҳ. Катаев, Л. Х. Саидмуродов (1996–2014). Муаллиф: Ф. Каримов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 192–193.

0

Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази асосии илмию эҷодӣ ва ҳамоҳангсозии Тоҷикистон дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мебошад. 21 феврали соли 1995 барои мусоидат ба фаъолияти иттиҳоди олимону мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва истеҳсолот, кормандони эҷодии санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ бо мақсади инкишофи меъморию шаҳрсозӣ дар кишвар, дар як марказ ҷамъ овардани неруҳои зеҳнӣ ва дар истеҳсолот амалан истифода бурдани онҳо таъсис дода шудааст. Яке аз ҳадафҳои муҳимми Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрмандӣ ба давлат барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути таҳияи лоиҳаҳои ба соҳаи иҷтимоӣ нигаронидашуда (тарҳрезии боғҳои истироҳатӣ, биноҳои таълимию мактабии кӯдакон, кумак дар омода намудани мутахассисон — меъморону муҳандисон) ва иншооти инфрасохтори шаҳр мебошад. Бо ин мақсад, соли 1995 дар Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон Коргоҳи лоиҳакашии илмӣ-истеҳсолӣ ба кор шурӯъ кард, ки маҳсулоти тарроҳии он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гаштааст. Узвият ва идоракунӣ Дар ҳайати Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳақиқӣ, аъзои вобаста, аъзои фахрӣ, аъзои хориҷӣ ва мушовирони академия шомиланд. Аъзои фахрӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин мушовирони академия бо овоздиҳии ошкор дар асоси тавсияҳои шуъбаҳо ва раёсати Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешаванд. Мақоми олии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумӣ, мақомоти идоракунандаи он Раёсат ва Бюрои он мебошанд. Президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноибони президент ба тариқи интихобот таъйин мегарданд. Президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. А. Зуҳуриддинов, ноибони президент Р. С. Муқимов ва Ч. Ч. Аҳмадзода интихоб шудаанд (соли 2021). Ҳамкориҳо Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳову ташкилоти асосии лоиҳакашии илмӣ-истеҳсолии давлатӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои меъморӣ ва бинокории Федератсияи Россия ва дигар ташкилотҳои мамлакатҳои хориҷӣ робита ва ҳамкории наздик дорад. Намояндагони Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои шӯроҳои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назди сармеъмори шаҳри Душанбе, шӯроҳои диссертатсионии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба шумор рафта, дар озмунҳои бонуфузи сатҳи ҷумҳурию байналмилалӣ дар лоиҳакашии иншоотҳои дорои аҳамияти давлатӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аъзои Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 монография, китобҳои дарсӣ ва маълумотномаҳо нашр карда, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия аз такмили ихтисос гузаштаанд. Кумакпулии таҳсил Бо мақсади фаъолсозӣ ва баланд бардоштани сифати таълими меъморӣ аз ҷониби Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни болаёқати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ кумакпулии таҳсил таъсис дода шудааст. Муаллиф: Р. Муқимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 192.

0

Созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои эҷодӣ

Фаъолияти иттифоқҳои эҷодӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидорӣ ва қонуният ба роҳ монда мешавад. Онҳо дар муайян кардани сохтори дохилӣ, ҳадафҳо, шаклу усули фаъолияти худ озоданд. Давлат иттифоқҳои эҷодиро бо роҳи ҷудо кардани маблағҳои мақсаднок дастгирӣ мекунад. Иттифоқҳои эҷодӣ Ҳоло (2021) дар Тоҷикистон нуҳ иттифоқи эҷодӣ амал мекунанд: Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон; Иттифоқи журналистони Тоҷикистон; Иттифоқи композиторони Тоҷикистон; Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон; Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон; Иттифоқи меъморони Тоҷикистон; Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон; Иттифоқи рассомони Тоҷикистон; Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 192.

0

Ҳаракатҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ

Пайдоиши ҳаракатҳо ва созмонҳои сиёсӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давраи мураккабу пур аз ихтилофи иҷтимоию сиёсӣ рабт дорад. Яъне, вазъи мураккаб ва душвориҳои пайдарпай натавонистанд пеши рушди онҳоро бигиранд. Навъу шакли ҳаракатҳо ва созмонҳои сиёсии кишвар таърихи он қадар тӯлонӣ надоранд, ба истиснои Иттифоқҳои касаба ва Ҳизби коммунист, ки собиқаи онҳо бештар аст. Қариб ҳамаи онҳо зодаи даврони истиқлоли кишварамон мебошанд. Имрӯз сатҳ ва доираи фаъолияти онҳо назар ба давраи шӯравӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар кишварамон аввалин созмону ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ баробари қабули Эъломияи истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Даҳҳо созмони демократӣ, аз қабили клуби сиёсию мубоҳисавии «Рӯ ба рӯ» (майи 1989), «Дирафши Ковиён» (шаҳри Норак, 1989), «Таҷдид» (Вахш, 1989), «Бохтар» (Ховалинг, 1989), иттиҳодияи ҷамъиятии «Маърифат» (бо ибтикори С. А. Афанасев), ҷамъияти «Эҳёи миллӣ» (дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дигар ҳаракатҳо ва созмонҳои сиёсӣ гуногунандешии сиёсиро дар кишварамон ривоҷ доданд. Зери сарпарастии Ҳизби демократии Тоҷикистон (1990) ва ҳаракати мардумии «Растохез» (сентябри 1991), «Созмони ҷавонони озоди Тоҷикистон» (1991) таъсис ёфт. Ҳамзамон дар шаҳру ноҳияҳо чандин созмону ҳаракатҳои иҷтимоию сиёсӣ, аз қабили ҳаракати Ҷамъияти «Ошкоро» (1989), «Лаъли Бадахшон» (30 майи соли 1991), «Ҳисори Шодмон» ва созмонҳои «Эҳёи Хуҷанд», «Ваҳдат», «Меҳан» пайдо шуданд, ки хусусияти маҳаллӣ дошта, дар фазои сиёсии солҳои 90-уми асри 20 хеле фаъол буданд. Ҳамчунин миёни умумиятҳои миллию этникӣ ва динӣ созмонҳои гуногун ташаккул ёфта, ба ҳимояи манфиатҳои қавмию этникии хеш машғул гардиданд; онҳо дар шаклҳои иттиҳодия, ассотсиатсия ва ҷамъиятҳои фарҳангию миллӣ дар ҷумҳурӣ ташкил шуданд: «Ҷамъияти русҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 октябри соли 1991, аз ҷониби В. И. Юшин); «Ҷамъияти ӯзбекҳои Тоҷикистон» (майи 1991 таҳти сарварии Б. Ҳабибулло); Маркази ҷамъиятӣ-фарҳангии тотору бошқирдҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дӯстлик» (1991 таҳти сарварии Р. Ҳамзина), ҷамъияти маданӣ-маърифатии гурҷиҳо «Сатвистимо Иберия» (1991 бо сарварии сиёсатшинос К. Ш. Багратович), «Ассотсиатсияи кореягиҳои шӯравии Тоҷикистон» (20 январи соли 1990, бо сарварии К. В. Михайлович), «Ҷамъияти туркманҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (24 майи соли 1994 бо сарварии Д. Кулаков), «Ҷамъияти арманиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Месроп Маштотс» (9 декабри соли 1989 таҳти сарварии В. Т. Гургенович), «Ассотсиатсияи уйғурҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (16 майи соли 1992, бо роҳбарии О. Р. Ҳасанов); «Ҷамъияти қирғизҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (26 июли соли 1997 бо роҳбарии З. Ш. Давлаталиева) ва ғайра. Ҳаракату созмонҳои мазкур аз қабили Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (1989); «Кумитаи тоҷикистонии якдилӣ ва ҳамкорӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо» (1991); Созмони «Бунёди фарҳанги Тоҷикистон» (1991); «Иттиҳоди занони Тоҷикистон» (1992); Ташкилоти башардӯстонаи «Бачагони гуреза ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд» (1996); «Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996); «Ҷунбиши миллии Тоҷикистон» (1996); «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» (1997); Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатӣ (2008) ва ғайра дар таҳкими дӯстии байни миллату халқиятҳо хизмат кардаанд. Марҳалаҳои рушд Вобаста ба рушди таърихӣ ҳаракатҳо ва созмонҳои мазкур марҳалаҳои зерро сипарӣ кардаанд: замони ташаккули созмону иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ки хосияти маҳаллӣ ва қавмӣ доштанд (1989–1993), давраи рушд ва инкишофи онҳо дар шакли маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ (1994–1999), давраи таҳким ва рушди сохторӣ ва самти фаъолият (аз соли 2000 то имрӯз). Имрӯз дар кишвар шумораи созмонҳои ғайридавлатӣ ба беш аз 3 500 адад мерасад. Онҳо ҳамчун шарики давлат барои татбиқу иҷрои лоиҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ ёрӣ мерасонанд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Моҳи майи соли 2007 тарҳи нави қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул гардид, ки амали он тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятиро фаро мегирифт, ба истиснои ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки тибқи қонунҳои алоҳида танзим мешаванд. Яъне, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «иттиҳодияи ҷамъиятӣ» истифода мешавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шаклҳои ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Ҳизбҳои сиёсӣ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсии гуногун фаъолият мекунанд. Шаҳрвандон ҳуқуқи таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, озодона дохил шудану баромадан аз онҳоро доранд. Дар ҳолатҳои зер фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ қатъ мегардад: агар фаъолияти ҳизби сиёсӣ хилофи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо набошад, аз кишварҳои хориҷӣ ёрии иқтисодию сиёсӣ гиранд, ҳамчунин ҳангоми созмондиҳии дубора ё барҳамдиҳӣ, худпарокандкунӣ ва ғайра Фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд барои таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистон, тақвияти пояҳои давлатдорӣ, волоияти қонун ва ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона гардад; робитаи онҳо бо ҳукумат пайваста наздиктар шавад. Аз оғози солҳои 90-уми асри 20 шумораи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон афзуд. Баъди Анҷумани сеюми ғайринавбатии вакилони халқ (марти 1990), ки ба моддаи 6-уми Конститутсияи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ тағйирот дохил намуд, мақоми пешбарии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бекор гардид. Дар ин давра, ки Тоҷикистон ба истиқлол расид, дар фазои сиёсии он бисёр ҳизбҳои сиёсӣ пайдо шуданд ва кӯшиши ба сиёсати бузург пайвастанро намуданд, аз ҷумла: Ҳизби ҷумҳурихоҳон, Ҳизби Коммунистии Умумииттифоқӣ (болшевикон), Ҳизби ваҳдати миллӣ, Ҳизби ватандӯстии Тоҷикистон, Ҳизби озодии иқтисодӣ, Ҳизби халқии Тоҷикистон, Ҳизби ягонагии халқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсии зерро ба расмият шинохтааст: Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби социалистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон; Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон. Фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ Самти фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ хеле густурда буда, махсус дар бозомӯзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвар назаррас мебошад. Бо ташаббуси онҳо марказҳои бозомӯзӣ, кор бо занону кӯдакон, маъюбону барҷомондагон, муассисаҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ, маданию маишӣ созмон ёфта, ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, ташкили курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат бо истифода аз технологияи муосир барои кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, муҳайё намудани шароиту имконот ва ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Аҳдномаи ризояти ҷомеа «Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистон» (9 марти соли 1996) ба фаъолияти баъдии ҳаракатҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ такони пурзӯр расонид. Дар имзо гардидани он роҳбарони 32 ҳаракату созмони сиёсӣ, аз қабили ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятиву динӣ, илмию эҷодӣ ва дигар созмонҳои миллию маданӣ ширкат варзиданд. Вазифаҳои ҳаракатҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ тибқи Аҳднома: ба даст овардани сулҳ миёни шаҳрвандон, ризояти миллӣ ва ҷамъиятӣ дар ҷомеа, таъмини бартарии ҳуқуқу озодии инсон нисбат ба тамоми арзишҳои дигар, таъмини бартарии Конститутсия ва қонунҳои мамлакат, инкишоф додан ва дастгирӣ намудани ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва институтҳои демократӣ дар ҷомеа ва давлат, мусоидат ба инкишофи демократия, гуногунии ақидаҳо ва гуногунандешии сиёсӣ. Ҳаракати бонуфузи ҷамъиятӣ – Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Аҳднома таъсис ёфт. Дар ҷамъомади аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (11 марти соли 1999) муҳлати фаъолияти он 3 сол дароз карда шуд. Соли 2002 аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд, ки муҳлати амал бемаҳдуд бошад. Ин намуди созмони машваратию таҳлилии доимамалкунанда барои ташаккул, инкишоф ва рушди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона хеле муҳим аст. Адабиёт Роҳи сулҳ (ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон). Душанбе, 1997; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1998; Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. № 1. Душанбе, 2002; Ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2006; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2007; Зокиров Г. Н. Донишномаи сиёсӣ. Душанбе, 2015; Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016; Исаев У. У. Неправительственные организации и политические изменения в Республике Таджикистан. Душанбе, 2017. Муаллифон: Г. Зокиров, У. Исаев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 191–192.

0

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидаанд. Қувваҳои мусаллаҳ 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтаанд. Ин сана дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст. Қувваҳои мусаллаҳ барои дафъи таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ; ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; иштирок дар таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷрои вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд; ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои мусаллаҳ барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъйиноти онҳо вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, масъуланд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодию молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, барои таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Ба ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қӯшунҳои хушкигард; қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ; қӯшунҳои зудамал дохил мешаванд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардида, идома дорад, корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида шуданд, дар заминаи Коллеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, барои таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи севвуми Қувваҳои мусаллаҳ ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои мусаллаҳ Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд. Моҳи феврали соли 2015 дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди нав – дастаи лижаронӣ таъсис дода шуд, ки дар он 30 нафар низомӣ хидмат мекунанд ва аз он замон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа машқҳо бо лижа дар омодагии ҳарбӣ ҳатмӣ шуморида мешаванд. Дар сурати зарурат ин воҳид метавонад на танҳо аслиҳаву муҳиммот, балки бори вазнинро низ тариқи пайраҳаҳои душворгузари кӯҳӣ ба ҷои таъйиншуда расонад. Ҳамчунин (2016) дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳ баталйони нав – аграрӣ таъсис дода шуд, ки барномаи омодагии ин воҳид бо барномаи дигар қисмҳои одии низомӣ яксон аст. Қӯшунҳои хушкигард Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ташкил шуда, аз сершумортарин ҷузъҳои Қувваҳои мусаллаҳ мебошанд. Қӯшунҳои хушкигард барои нобуд сохтани гурӯҳҳои хурди душман дар минтақаҳои кӯҳӣ, иҳота намудани ҳудуд, ҳифзи ҳудуд ва сарҳади кишвар пешбинӣ шудаанд. 70 дарсади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро Қӯшунҳои хушкигард ташкил медиҳанд. Дар ҳайати он асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё якҷо бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста комил мегардонанд. Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин ҷузъҳои Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор мераванд. Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ соли 1994 ташкил ёфтаанд. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо дар назар доштани ҳадафу вазифаҳои ягона соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои мусаллаҳ муттаҳид карда шуданд. Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо комплексҳои ҳаракаткунандаи мушакҳои зенитӣ, воситаҳои радиолокатсионӣ ва системаҳои автоматишудаи идора муҷаҳҳаз шудаанд. Онҳо ҳамеша дар омодагии ҳарбӣ қарор дошта, ҳамлаҳои ҳавоиро аз тамоми самтҳо муайян карда метавонанд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймову чархболҳои ҷангии Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар саҳми арзанда гузоштаанд. Қӯшунҳои зудамал Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 таъсис ёфтанд. Ҳадафи таъсиси Қӯшунҳои зудамал муқобили хатари рӯзафзуни терроризму экстремизми байналмилалӣ қарор гирифтан буд. Қӯшунҳои зудамал дар омодагии фаврии ҳарбӣ нигоҳ дошта шуда, дар муддати кӯтоҳтарин барои тақвияти қӯшунҳои муҳофизаткунанда ба он минтақа интиқол меёбанд. Ҳамчунин барои фавран барҳам додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва ҳалли вазифаҳо дар ҷангҳои миқёсан маҳдуд (минтақавӣ) истифода мегарданд. Ба ҳайати Қӯшунҳои зудамал ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар дохил карда шудаанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се батальони он ба неруҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва бевосита тобеъ ба Президент — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки анҷоми вазифаҳои муҳимми давлатиро ба зимма дорад. Соли 1995 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти № 155) Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон афсарону сарбозони он дар баробари дигар кормандони сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, аз роҳи қонун барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. Аз январи 2004 (баъди тағйироти сохторӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо номи феълӣ фаъолият мекунад. Сохтори Гвардияи миллӣ: Раёсати корҳои фармондеҳӣ, Раёсати тайёрии ҷангӣ, Сарситод (Раёсати амалиётӣ, шуъбаи ташкил ва сафарбарӣ, шуъбаи алоқа, шуъбаи хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, Раёсати хизмати комендантӣ, оркестри ҳарбиро дар бар мегирад), Раёсати корҳои тарбиявӣ (аз бахшҳои тайёрии тарбияи ватандӯстӣ, интизоми ҳарбӣ ва пешгирии вайронкунии ҳуқуқ, корҳои рӯҳшиносӣ иборат аст), Раёсати аслиҳа ва техника, Раёсати ақибгоҳ, қисмҳои ҳарбии 051052 (Маркази тайёрии кадрҳо), 051053 (звенои авиатсионӣ), 051054, 051055, 051056, 051057, 051058, 051059, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи молия. Дар назди Гвардияи миллӣ нашрияи «Родмардон», ансамбли созию овозии «Диловарон», шуъбаи тиббӣ-ҳарбӣ ва шифохона фаъолият доранд. Фаъолияти Гвардияи миллӣ ба принсипҳои волоияти қонун, садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон ва Президент, башардӯстӣ, муқаддас будани масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, тамомияти арзӣ, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ, идораи мутамарказ, яккасардорӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, нигоҳдории сирри давлатӣ ва дигар принсипҳои башардӯстона асос ёфтааст. Сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои дипломатӣ Дар асоси моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо хориҷ гардад, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ роҳи пуршебу фарозро тай кард. Дар марҳилаи аввали истиқлол сиёсати хориҷии Тоҷикистон асосан барои ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ равона гардида буд. Эътирофи байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил пас аз ба даст овардани истиқлол 9 сентябри соли 1991 сурат гирифт. Нахуст, истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро 21 декабри соли 1991 Австралия ва баъдан 26 декабри соли 1991 поягузорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (дар мулоқоти сарони давлатҳои Россия, Украина ва Беларусь, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар Бӯстонсарои Беловеж ва таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) эътироф карданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо ин кишварҳо барқарор намуд. Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид шуд. Раванди гуфтушуниди байни тоҷикон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид 27 июни соли 1997 дар Маскав хотима ёфт ва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Январи 1992 Тоҷикистон узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шуд ва намояндагии ин созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 таъсис ёфт. 15 майи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон «Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ»-ро имзо кард ва 14 майи соли 2002 узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ шуд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай дар ин марҳила барои ҷалб кардани таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ба муноқишаи мусаллаҳонаи дохилӣ ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳар чӣ зудтар хотима бахшидани он нигаронида шуд. Ин сиёсат дар вуруди кишвари мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳояш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро чунин муайян карда буд: «Дар шароити босуръат тағйирёбандаи замони мо ва рушди босуръати ҷаҳони муосир таъмини озодӣ, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ, амнияти кишвар ва дар маҷмӯъ татбиқи манфиатҳои миллӣ вазифаҳои асосии мо мебошанд. Дар ин самт, вобаста ба тавсеаи равандҳои афзоиши рақобат байни абарқудратҳо барои тақвияти нуфузи худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳо ва василаҳои беҳтарини ҳифз ва амалӣ кардани манфиатҳои миллӣ ташаббусҳои нав талаб карда мешаванд». Сиёсати «дарҳои боз» Сиёсати «дарҳои боз» дар самти рушди ҳамкории хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз рӯзҳои аввали истиқлол ҳадафи асосии Сарвари давлати Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон буд. Соли 2001 бо таъсис ёфтани эътилофи зиддитерористӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон робита ва ҳамкории фаъоли хешро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса ва дигар аъзои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ оғоз намуд. Барои Тоҷикистон ба далели ҷойгир шуданаш дар яке аз минтақаҳои мураккаби олам, сиёсати «дарҳои боз» беҳтарин равиш барои пешбурди фаъолият дар самти сиёсати хориҷӣ мебошад. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавқеи сиёсии худро дар минтақа қавитар созад, балки бо дарёфти равиши хосси дипломатия дар ҳалли низоъу масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзад ва дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари хостори сулҳу субот шинохта шавад. Тоҷикистон муаллифи чор ташаббуси бузург дар соҳаи обу экология аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд. Бо дар назар доштани мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ, Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон ва аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби содаи таҳия ва судури раводидро муқаррар кардааст. Дар раванди сиёсати «дарҳои боз» фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар шуд, шумораи ширкатҳои давлатӣ ва хусусии хориҷӣ рӯз то рӯз меафзояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли даҳ соли охир тадриҷан аз кишвари воридкунанда ба кишвари содиркунанда мубаддал гардидааст. Дар заминаи татбиқи бомуваффақи ин сиёсат ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Бар асари саъю талошҳои муштарак солҳои охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масири рушди мунтазамро пайдо карда, марҳала ба марҳала пеш мераванд. Омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо роҳандозӣ ва пешбурди тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодӣ мебошад. Давлати мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии хеш таваҷҷуҳи асосиро нахуст ба таҳким ва тавсеаи муносиботи ҳамсоягӣ бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон равона намуда, робита бо ин давлатҳоро дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда таҳкиму густариш бахшидааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 178 давлати манотиқи Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико истиқлоли давлатии кишвари моро расман эътироф кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд давлати ҷаҳон намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии худро таъсис додааст, ки барои таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолият доранд. Сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ: Австрия, Беларус, Олмон, Чин, Қазоқистон, Хитой, Федератсияи Россия, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ғайра Сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дар Душанбе: Чин, Олмон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Покистон, Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ӯзбекистон ва ғайра. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи беш аз 80 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон саҳмгузор аст. Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, аз ҷумла конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбудии вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли инҳоро иҷро менамояд, арзишҳову манофеи миллиро дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ширкати фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии робитаҳои хориҷиро мувофиқ бо талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, тадриҷан мукаммал намудааст, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» (1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (2014), Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ» (2015). Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи севуми истиқлоли давлатии хеш ба марҳалаи нави муносибатҳо бо кишварҳои хориҷа иқдом намуд ва аҳдофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии хешро бо шарикони стратегӣ мавриди амал қарор дод; бисёре аз масъалаҳои кишвар дар миқёси минтақа ва байналмилалӣ зимни муносиботи ҳасана ҳалли худро ёфтанд. Бо таваҷҷуҳ ба шароити нави ҷаҳонӣ ва бартариҳои муосири бурунмарзии кишвар, Консепсияи нави сиёсати хориҷии мо қабул гардид, ки санади асосии муайянкунандаи самтҳо ва бартариҳои сиёсати хориҷии давлатамон ба шумор меравад. Асли консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ» ташкил медиҳад (банди 2.5-и Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015). Тибқи ин Консепсия, вазифаи бартар ва асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар пойтахти ватанамон - шаҳри Душанбе дар як вақт ҳамоишҳои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (2021), ки ба 20-солагӣ ва раёсати Тоҷикистон дар ин созмонҳо бахшида шуда буданд, баргузор мешаванд. Ҳамчунин, баргузории конфронсу симпозиумҳои сершумори дигар низ гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақаию ҷаҳонӣ мебошад. Бо гузашти замон ва бо андӯхтани таҷрибаи бештар асосҳои назарию методологии муносибатҳои хориҷӣ такмил меёбанд ва мактаби сиёсати хориҷии кишвар бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаҳои нави рушду такомули худ ворид мегардад. Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амнияти кишварҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоид барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим дониста мешавад. Адабиёт Раҳмонов Эмомалӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 5. Душанбе, 2005; Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Парлумони кишвар аз 24 апрели соли 2010 // www.president.tj; Сайидзода З. Дар бораи механизм ва манфиатҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Сиёсати хориҷӣ. №1. Душанбе, 2012; Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2015; Раҷабов С. Ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии дастрасӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон // Нақши Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон. Москва, 2017; Самиев Х. Д. Сиёсати хориҷии кишвар: назария, методология ва таҳлили амалӣ // Сиёсати хориҷӣ. № 2. Душанбе, 2016; Холиқназар Х. Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол // Сиёсати хориҷӣ. № 1. Душанбе, 2016; Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 // www.president.tj. Муаллиф: С. Раҷабов. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ Аз замони ба даст овардани истиқлол дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро пайдо карда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба роҳ монд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 80 созмони байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки Авруосиёии рушд, Бонки Осиёии сармоягузории зерсохторӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайра буда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад ва муносиботро дар доираи ин созмонҳо рушд ва густариш медиҳад. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид шуда, барои ҳамкорӣ бо ташкилот, муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусии он заминаи устуворро фароҳам овард. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар самти соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду ҷолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувор ва ҳифзу идораи захираҳои об ҳамкории густурда ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Намояндагии аввали Созмони Милали Муттаҳид – Дафтари нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (Душанбе) бо мақсади таҳкими раванди сулҳ дар Тоҷикистон, мусоидат ба амалиёти сулҳпарвар ва кумаки фаврии башардӯстона 1 феврали соли 1993 ба фаъолият шурӯъ кард. Барои иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи 2000 бо ташаббуси собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан «Дафтари Созмони Милали Муттаҳид доир ба сулҳофарӣ» дар Тоҷикистон созмон дода шуд ва августи 2007 фаъолияти худро бомуваффақият анҷом дод. Дар Тоҷикистон муассисаҳои тахассусии зерини Созмони Милали Муттаҳид фаъолият мекунанд: Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ; Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ; Созмони байналмилалии меҳнат; Созмони байналмилалии муҳоҷират; Хазинаи байналмилалии асъор; Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстона; Дафтари ҳуқуқи инсони Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид; «Занон»-и Созмони Милали Муттаҳид: Ташкилоти ягонаи гендерӣ ва тавонмандсозии занон; Ихтиёриёни Созмони Милали Муттаҳид; Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вируси норасоии масунияти одам ва синдроми пайдошудаи норасоии масуният; Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид; Фонди нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид; Раёсати комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон; Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид; Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ; Дафтари хадамоти лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид; Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ; Бонки ҷаҳонӣ; Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид; Созмони ҷаҳонии тандурустӣ; Созмони ҷаҳонии савдо; Созмони илмию фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид. Маориф, илм ва фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 узви Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид шуда, ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг созмон ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ба дастовардҳои муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд: Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба ҳайси «Шаҳри сулҳ» сазовори ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг гардид (2002); «Шашмақом» ва мусиқии суннатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ворид карда шуд (2003); Бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи Мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг шаҳри қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ дохил шуд (2010); «Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир» бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи Мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ба феҳристи Мероси табиии ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дохил гардид (2013); Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг – шаҳри Порис соли 2013 муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гардид; Барои ташаккули сулҳи пойдор ва рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо дар бораи пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, соли 2013 Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии «60-солагии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг» сарфароз гардонд; Соли 2013 дар Конференсияи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар Порис ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг солҳои 2014–2015 таҷлил мешаванд, ворид шуданд; Соли 2020 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг 5500-солагии «Саразм» таҷлил гардид. Паноҳандагон Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон соли 1993 бо кушодашавии Дафтари намояндагии ин ниҳод барои мусоидат ба баргузории чорабиниҳои ёрмандӣ ба аҳволи паноҳанда ва паноҳандагони дохилӣ оғоз ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда ба Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 дар бораи мақоми паноҳандагон пайваст. Дафтари мазкур аз рӯзи аввали фаъолияташ дар Тоҷикистон барои ҳифзи паноҳандагон ва ёрӣ ба онҳо бо ҷумҳурии мо ҳамкорӣ мекунад. Заминаи ҳуқуқии фаъолияти Намояндагии Раёсат дар Тоҷикистон «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи умури паноҳандагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз моҳи майи 2002 мебошад. Муҳоҷират Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 узви Созмони байналмилалии муҳоҷират шуда, миёни ин созмон ва Ҳукумати кишвар созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Созмони байналмилалии муҳоҷират дар таъмини раванди идораи башардӯстона ва муназзами муҳоҷират, ёрӣ расонидан ба муҳоҷирони ниёзманд, ҳамчунин ҷустуҷӯи ҳалли воқеии мушкилиҳо дар ин самт мусоидат мекунад. Тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар доираи татбиқи чандин барномаи гуногунсамт, аз ҷумла ҳамоҳангсозии кумаки башардӯстонаи созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ислоҳоти он, беҳдошти саломатии модару кӯдак, ба мисли барномаҳои солимии репродуктивӣ, пешгирии бемории вараҷа, назорати сил ва вируси норасоии масунияти одам ва синдроми пайдошудаи норасоии масуният, бемориҳои ғайримуқаррарӣ ва равонӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба роҳ мондааст. Барои амалӣ шудани барномаҳои зикршуда Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Кӯдакон Ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1993 оғоз ёфтааст. Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барномаҳои мухталифро дар самтҳои нигоҳубини модару кӯдак, таҳсилоти асосии умумии босифат, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак (солҳои 2005–2009), иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ аз қабили саҳмгузорӣ дар «Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ва ғайра роҳандозӣ кардааст. Хазинаи байналмилалии асъор Хазинаи байналмилалии асъор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи 1996 ҳамкорӣ мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ислоҳоти иқтисодиро дар асоси муоҳадаи сесола дар чаҳорчӯби механизми мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ аз соли 1998 амалӣ мегардонад. Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон соли 1993 узви Бонки ҷаҳонӣ шуда, то ҳол барои рафъи камбизоатӣ, маблағгузории талафоти баъдиҷангӣ тавассути лоиҳаҳои барқарорсозӣ, сармоягузории соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, пешрафти табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, мусоидат ба навсозии сохторӣ, аз ҷумла соҳаҳои телекоммуникатсия ва нақлиёти ҳавоӣ бо бонки мазкур ҳамкорӣ мекунад. То моҳи сентябри соли 2002 Бонки ҷаҳонӣ барои 20 амалиёт 302 миллион доллари амрикоиро ҷудо кард ва 11 амалиёти дигар ба маблағи 151,1 миллион доллар дар марҳалаи иҷро қарор доранд. Дар даҳсолаи дуюми даврони истиқлол стратегияи нави Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаҳои кӯмак ба кишварҳо (80 миллион доллари амрикоӣ барои солҳои 2003–2005 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон) қабул гардид, ки дар он се вазифаи асосӣ – кӯмак ба аҳолии маҳаллӣ, инкишофи фаъолияти соҳибкории хусусӣ ва таҳкими институтҳои иқтисоди бозорӣ муқаррар карда шуда, бомуваффақият амалӣ гардиданд. Бонки рушди Осиё Моҳи апрели соли 1998 Тоҷикистон узви Бонки рушди Осиё шуд. Бонки мазкур то ҳол (2021) ба маблағи умумии 172,9 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои зерро маблағгузорӣ кардааст: Лоиҳаи кредит барои барномаи инкишофи баъдиҷангии зерсохтор (20 миллион доллар; 1998), Лоиҳаи барқарорсозии соҳаи иҷтимоӣ (20 миллион доллар), Лоиҳаи фавқулодда бартарафсозии оқибатҳои обхезӣ (5 миллион доллар; 1999), Лоиҳаҳои азнавсозии роҳҳои автомобилгард, соҳаи энергетика ва таъмири бетаъхири низоми обёрикунии Ёвон (57,6 миллион доллар; 2002), чор лоиҳаи дигар – корҳои таъмиру тармим, барномаи дастгирии инкишофи тиҷорати минтақавӣ ва ҳамкории гумрукӣ, барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ ва муҷаҳҳаз кардани шабакаи минтақавии интиқоли барқ (70,3 миллион доллар, 2002). Дар стратегия ва барномаи охирини Бонки рушди Осиё барои Тоҷикистон (солҳои 2003–2005) 40 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кӯмак ба соҳаи тараққиёти иҷтимоӣ, энергетика, кишоварзӣ, идора ва инфрасохтор ҷудо карда шуд. Мубориза бо маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар бораи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ аз соли 1993 бо кушодашавии Намояндагии минтақавии Раёсат бо қароргоҳаш дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ оғоз кард. Созмони мазкур дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зерро амалӣ менамояд: «Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон», «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — марҳалаи II», Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (2015–2019), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар бораи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук доир ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайра Ҳамасола Раёсат дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии муштарак дар бораи муаррифии «Шарҳи вазъи маводи мухаддир тайи ҳар соли сипаришуда» мегузаронад, ки дар он роҳбари минтақавии Раёсат дар Осиёи Марказӣ А. Миттал низ иштирок менамояд. Занон «Занон»-и Созмони Милали Муттаҳид барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид дар бораи баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имконоти занҳо дар саросари ҷаҳон буда, намояндагии он дар Тоҷикистон барои роҳандозии фаъолияти гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ, машваратии ройгони ҳуқуқӣ барои занон, аз ҷумла дар масъалаи ҳуқуқ ба замин ва амволи давлатӣ фаъолият дорад. «Занон»-и Созмони Милали Муттаҳид ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи уҳдадориҳо дар баробарии ҷинсият (гендерӣ), васеъ намудани ҳуқуқ ва имконоти иқтисодӣ, бартараф кардани зӯроварӣ ба занон, сулҳ, бехатарӣ ва омилҳои ҷинсият дар фаъолияти башардӯстӣ ёрӣ мерасонад. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи ҷанбаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, намояндагии он декабри 1993 дар Тоҷикистон созмон ёфт ва ҳамон сол Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расид. Санадҳо ва барномаҳое, ки байни Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Тоҷикистон қабул ва тасдиқ шудаанд: Созишномаи сиғавӣ барои давраи солҳои 1999–2000, Барномаи нави кишварии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005–2009, Консепсия доир ба расонидани ёрӣ дар рушди Тоҷикистон, Барномаи сиғавии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи расонидани ёрӣ баҳри рушд барои солҳои 2010–2015, Нақшаи амали Барномаи кишварии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2010–2015 аз 16 декабри соли 2009, Барнома дар доираи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид доир ба рушд барои солҳои 2016–2020 ва Барномаи кишварии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2016–2020 мебошанд. Самтҳои дигари фаъолияти Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон: пешниҳоди имконот, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва инкишоф, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рафъи камбизоатӣ, пешгирии буҳронҳо, энергетика, экология ва ғайра. Озуқаворӣ ва кишоварзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дохил гардид. Намояндагии он дар шаҳри Душанбе дар асоси Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (майи 2017) кушода шудааст. Дар солҳои аввали фаъолият Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро барои гузариш ба ҳаёти осоиштаи баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дастгирӣ карда, баъдан самти фаъолияташро барои барқарорсозӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо равона кард. Бо дархости Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба нашри дуввуми Китоби Сурхи наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон мусоидат кард. Ин китоб 267 намуди рустанӣ ва 222 намуди ҳайвоноти Тоҷикистонро дар 2 ҷилд дар бар гирифтааст. Шабакаи рушди Оғохон Шабакаи рушди Оғохон дар Тоҷикистон фаъолияти худро аз соли 1992 оғоз карда, зиёда аз 150 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои барномаҳои гуногун дар Тоҷикистон ҷалб намуд, ки онҳо аз ҷониби худи ҳамин Созмон, ташкилотҳои «Имомати исмоилӣ» ва «Ҷамъияти исмоилӣ» дар тамоми ҷаҳон маблағгузорӣ мешаванд. Дар ибтидо Шабакаи рушди Оғохон ба ҳалли масъалаҳои марбут ба мубориза алайҳи маводди мухаддир ва расонидани ёрии башардӯстона машғул буд. Имрӯз фаъолияти он ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, баланд бардоштани сатҳи зерсохтор ва масоили фарҳангӣ, маблағгузории сектори молиявӣ, аз ҷумла қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурд бахшида шудааст. Шабакаи рушди Оғохон бисёр лоиҳаҳои байнисарҳадиро роҳандозӣ карда, барои мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дар сохтмони 4 пули миёни сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ёрӣ расонидааст. Иқдоми охирини Шабакаи рушди Оғохон дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф (таъсиси Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва барномаҳои рушди кӯдакии барвақт), ҳамчунин ташаббусҳо дар соҳаи тандурустӣ (Маркази минтақавии таҳқиқ дар Беморхонаи марказии Хоруғ), маблағгузориҳои соҳаи энергетика, молияи хурд, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва фарҳанг ба шумор мераванд. Ҳоло Шабакаи рушди Оғохон тавассути 8 сохтор ва оҷонсиҳои фаръии худ, аз ҷумла ширкати Помир Энерҷи, Tcell фаъолият мекунад. Масъули бахшҳои тандурустӣ, маориф ва хадамоти иҷтимоии шабакаи мазкур - Шоҳдухтар Заҳро Оғохон соли 2017 барои тавсеаи ҳамкориҳои Шабакаи рушди Оғохон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф оварда буд. Созмони ҳамкории иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 1992 узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ буда, баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ бо он ҳамкорӣ мекунад. Созмони ҳамкории иқтисодӣ лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои бартар, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза алайҳи гардиши маводди мухаддир татбиқ намудааст. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи аввали созмонёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил узви комилҳуқуқи он буда, усул ва санадҳои пояии онро эътироф менамояд ва шарики фаъоли равандҳои ҳамгироӣ мебошад. Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст, аз ҷумла 400 қарори Шӯрои сарони давлатҳо, беш аз 1 000 санади Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва 200 санади Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ. Намояндагони Тоҷикистон дар Комиссия доир ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Раёсати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият доранд. Дар доираи ҳамкориҳои гуманитарӣ Тоҷикистон аз 88 санади мавҷуда 53 адади онро имзо кардааст. Майи соли 2006 дар Душанбе зимни нишасти Сарони ҳукуматҳо Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ созмон ёфт. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 изҳороти Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба фаъол кардани ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, маводди психотропӣ ва прекурсорҳои он қабул гардид. Тоҷикистон фаъолияти Шӯро оид ба ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҷонибдорӣ менамояд. Шаҳри Душанбе мизбони 2 нишасти муштараки Шӯрои гуманитарии ҳамкорӣ ва Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори пешниҳод ҷиҳати эълон намудани соли 2008 ҳамчун «Соли хониш ва адабиёт дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мебошад. Бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ дар доираи ҷашнвораи 1 150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, асарҳои безаволи ӯ бо 3 забон нашр ва дар китобхонаҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақсим гардиданд. Ғайр аз ин, китобҳои дарсии забони русӣ барои хонандагони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон нашр шуданд. Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ аз силсилаи «Адабиёти классикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», 2 ҷилди онро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кард. Дар шаҳри Душанбе мунтазам ҷаласаҳои мақомоти олии низомномавии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегарданд. Дар нишасти Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (5 октябри соли 2007) санадҳои муҳим аз қабили Консепсияи рушди ояндаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва амалисозии он, Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷират, Шартнома дар бораи муҳолифат ба қонунӣ гардонидани даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм қабул шуданд. Соли 2011 раисии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон гузашт. Тоҷикистон Консепсияи раёсати худро матраҳ карда, дар он меъёрҳои муҳим, чун мубориза бар зидди ғояҳои ифротгароӣ, терроризму таҳаммулнопазирӣ ва андешидани чораҳои муштарак барои бартарафсозии оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ҷой дода шуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (19 майи соли 2011, Минск), ки онро Сарвазири Тоҷикистон раисӣ мекард, нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати гузаронидани «Соли амнияти саноатӣ» тасдиқ гардида, тарҳи пешакии Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2020 маъқул дониста шуд, ки барои имзо кардани Аҳднома дар бораи минтақаи савдои озод қадами муҳим ба ҳисоб мерафт. Дар ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (сентябри 2011) ба муносибати 20-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳороти Сарони давлатҳо қабул гардида, маърӯзаи таҳлилии «Ҷамъбасти фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар 20 сол ва вазифаҳо барои оянда» ва нақшаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» муҳокима шуд. Тоҷикистон ҳамчунин соли 2012 (соли раисии Туркманистон) ба сифати ҳамраис дар Иттиҳод, ҳамчунин дар ҷаласаҳои сарони ҳукуматҳо (30 майи соли 2012), Сарони давлатҳо (3 декабри соли 2012) ва вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (4 декабри соли 2012, Ашқобод) фаъолона ширкат варзид. Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон буда, он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупову Осиё, ҳамчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлоли кишварҳои узв тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти минтақаю ҷаҳонӣ мубаддал гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол кардани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии кишварҳои узв ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои узви созмонро аз вазифаҳои муҳимтарини Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ меҳисобад. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистон феврали 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо карда, ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро аз соли 1994 оғоз намуд. Намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор доир ба таъсиси Миссияи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Рум қабул шуд. Тибқи қарори Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз 19 июни соли 2008 Маркази Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ба Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ва 1 июни соли 2017 бо қарори Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (таҳти № 1251) ба Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе тағйири ном кард. Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳошияи Ёддошти тафоҳум бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси 3 самти муайян: ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ, лоиҳаҳои гуногунро амалӣ мекунад. Аз соли 2000 нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба интихоботи парламентии Тоҷикистон даъват мешаванд. Дар чаҳорчӯби барномаи нави ҳамкорӣ, Платформаи шарикӣ байни Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 апрели соли 2018 нахустин вохӯрии он ҷиҳати таҳияи равишҳои консептуалӣ дар рушди барномаҳои мавҷуда барои соли 2019 ва пас аз он, баргузор гардид. Аз май то августи 2019 Тоҷикистон Форуми ҳамкории Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро раисӣ карда, 8 майи соли 2019 дар Вена барномаи раёсати худро пешниҳод намуд. Айни ҳол, ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо дар назар доштани дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва бартариҳои кишвар дар самтҳои ислоҳоти милисия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи лозима қарор дорад. Созмони ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои муассис ва иштирокдори фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай буда, ин созмон дар асоси фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», Созишномаҳо байни Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Федератсияи Россия ва «Дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад» (1996) ва «Дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад» (1997) ташкил шуд. Сентябри 2014 дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Тартиби додани мақоми давлати узв» тасдиқ гардид, ки имкони ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба Созмони ҳамкории Шанхай фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони давлатҳо (солҳои 2008, 2014 ва 2021) ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (солҳои 2006, 2010, 2018) раёсати ин созмонро ба уҳда дошт. Мутобиқи муқаррароти Созмони ҳамкории Шанхай, соли 2020 раёсати созмон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай соли 2021 дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ва баргузории нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Кумитаи тадорукот таъсис дод, ки алҳол барои таъмини амният ва субот, таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои Созмони ҳамкории Шанхай фаъолона кор мекунад. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои фармондеҳӣ-ситодии Созмони ҳамкории Шанхай «Норак - зидди террор» 17–19 апрели соли 2009 ва машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Мирная миссия-2012» 8–14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чоруҳ-Дайрон»-и вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардиданд. Созмони ҳамкории исломӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 декабри соли 1992 узви Созмони ҳамкории исломӣ ва соли 2007 узви Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ шуд ва Низомномаи нави Созмони ҳамкории исломӣ аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон 8 апрели соли 2009 тасдиқ гардид. Дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви он бо мақсади расидан ба ҳадафҳои умда, аз қабили таҳкими ҳамбастагии исломӣ ва ҳамкории кишварҳои узв, рафъи тамоми шаклҳои табъиз, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри посдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати озод ва ҳифз намудани ҷойҳои муқаддас, ёрӣ барои барқарор кардани ҳуқуқу озодиҳои мардуми Фаластин, дастгирии муборизаи мардуми мусалмон барои ҳифзи шаъну шарафи хеш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни кишварҳои узв ва дигар давлатҳо ҳамкорӣ дорад. Дар ҳошияи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин Созмон чорабинӣ ва иқдомҳои зер роҳандозӣ шуданд: дар сатҳи миллӣ баргузор намудани ҷашнвораҳои абармардони фарҳангии исломӣ - Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ ва Имом Бухорӣ; эҳёи ёдгориҳои таърихии Хулбук, Кӯлобу Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Мӯминобод, Рӯшон ва ғайра; тарҷума ва нашри Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, нашри осори бузургони ҷаҳони ислом; соли бузургдошти Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит; ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; баргузории 37-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (18–20 майи соли 2010). Иттиҳоди Аврупо Дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2003) таъсис ёфта, майи 2004 расман ба ҳайси намояндагии дипломатӣ аккредитатсия шудааст. Дар ибтидо ҳамчун намояндагии минтақавӣ тобеи намояндагии муқими Қазоқистон (2001–2008) буда, фаъолияти он аз ҷониби кордори муваққатӣ (Б. Плинкерт аз соли 2004, хонум С. Адриан аз соли 2007) назорат мешуд. Соли 2009 ҳайати он такмил дода шуд ва аз 1 декабри соли 2009 бо эътибор пайдо кардани Шартномаи Лиссабон, ҳайати Комиссияи Аврупо ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зайлро иҷро мекунад: таъмини муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва беруна (молиявӣ ва техникӣ), алахусус татбиқи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ; пайгирии сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: стратегияи шарикии нав; мусоидат ба ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ (Осиёи Марказӣ), яъне идораи барномаҳои ғайримутамаркази миллӣ ва минтақавӣ; тиҷорат, кумаки беруна ва ғайра Иттиҳоди Аврупо дар оянда ният дорад, ки то 48 миллион евроро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун ёрӣ ба Тоҷикистон барои ниёзҳои мубрам ва костани пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод намояд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх намояндагии худро январи 1993 дар Душанбе кушодааст. 14 июли соли 2003 Созишнома «Дар бораи мақоми намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх» имзо шуд. Ёрмандиҳои Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх: барномаи «Иқдомҳои микроиқтисодӣ» барои расонидани ёрӣ ба зарардидагон аз мина дар Тоҷикистон Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (2012); грантҳо барои оилаҳои зарардида аз мина, ки хоҳиши ташкил ва рушди тиҷорати хурди оилавиро доранд; ёрӣ ба кормандони соҳаи тиб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда (2010) ва ғайра Ҳамчунин Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх семинарҳои махсус барои ҷарроҳони таҷрибаомӯз ва курсҳои «Амалиёти таъчилии тиббӣ ба захмҳои калон»-ро барои табибони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Ҳоло Хазинаи махсуси маъюбони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (MoveAbility) барои омӯзонидани мутахассисони миллӣ ёрии техникӣ, машваратӣ ва молӣ мерасонад. Ҳамчунин, Муассисаи давлатии «Заводи протезу ортопедии шаҳри Душанбе» ва филиали он дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб бо таҷҳизоти техникӣ таъмин гардиданд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои таҳқиқот мувофиқи қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ, ки ба ҳуқуқи шахсони гумшуда ва оилаҳои онҳо тааллуқ дорад, дастгирӣ кардааст. Адабиёт Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид. Душанбе, 1999; Созмони Милали Муттаҳид ва фаъолияти он дар Тоҷикистон. Душанбе, 1999; Барихин А. Б. Большая юридическая энциклопедия. Москва, 2010; Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх. Душанбе, 2006; Ҳуқуқи байналхалқӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе, 2010; Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Душанбе, 2012. Муаллиф: С. Раҷабов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 184–191.

0

Мақомоти прокуратура

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи дақиқ ва иҷрои ҳамгуни қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Боби нуҳуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокуратура ихтисос ёфтааст. Вазифаҳо Вазифаҳои мақомоти прокуратура — таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ — ба мақсадҳои зерин равона шудаанд: ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ. Низоми мақомоти прокуратура Низоми мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокуратураҳои ба он баробаркардашуда. Роҳбарият Тибқи моддаҳои 94–97-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст. Прокурори генералии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол таъйин мешавад. Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад. Муҳлати ваколати прокурорҳо панҷ сол мебошад. Сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинон дорад, ки онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Яке аз муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Адабиёт Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2005. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016. Муаллиф: Т. Шарипов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 184.

0

Ҳокимияти судӣ

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани адолати судӣ ҷалб шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ягон мақоми дигар ва ё шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқи амалӣ гардонидани адолати судиро надоранд. Ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва нақзи ҳуқуқи маъмурӣ амалӣ менамояд. Низоми судӣ Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол мебошад. Таъсиси суди фавқулода манъ аст. Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ аз ҷониби Президент таъйин ва озод карда мешаванд. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд. Суди конститутсионӣ Суди конститутсионӣ аз ҳафт нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатиро ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян, баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳоро ҳал ва ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, иҷро мекунад. Адабиёт Маҳмудов М., Худоёров Б. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон. Душанбе, 2008. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июни соли 2014 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2014. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016. Муаллиф: Т. Шарипов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 183–184.

0

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори ҳокимияти иҷроия мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ амалӣ менамояд ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳотро оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ ҳамоҳанг месозад. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи 2010 (№ 227) таъсис шуд. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият, раёсатҳои ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқӣ, бахши таъминоти ҳуқуқӣ, бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаи корҳо ва бахши муҳосибот иборат аст. Сохтори ҳудудӣ Нақшаи идораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи марказӣ, шуъбаҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе, раёсатҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 183.

0

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи ҳокимияти иҷроия доир ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мебошад, ки вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд. Таърих Дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна дидбонгоҳи гумруки Тирмиз ягона гузаргоҳи гумрукии интиқолдиҳандаи мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. 7 апрели 1987 Шуъбаи оперативии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба мақомоти гумруки Тирмиз тобеъ буд. Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мешуд. Моҳи майи соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки ҳайати шахсии онҳо аз 41 нафар иборат буд. Роҳбарии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд. Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд ва Кодекси гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардиданд. Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи 1992 таъсис ёфт. Фаъолият ва ҳамкориҳо Мақомоти гумруки ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали мавҷудияти худ садди роҳи фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳои ҷинояткор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кодекси гумрукӣ ва Қонун «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия ва ба нашр омода кард, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ тасдиқ гардиданд. Тоҷикистон аз соли 1997 то ҳол узви Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии чандин конвенсияи байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад. Аз соли 2005 Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфрасохтори назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ваколатҳо Роҳбарии умумии фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти тобеи он низоми ягонаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил карда, фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия анҷом медиҳанд. Ваколатҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъмини истиқлол, амнияти миллӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ, ҳамчунин андешидани тадбирҳо доир ба ҳимояи ҳаёт, саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист; таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати онҳо ба зиммаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст; таъмини татбиқи сиёсат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва ягонагии қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳлилу ҷамъбасти таҷрибаи татбиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра. Роҳбарият Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се муовин дорад, аз ҷумла муовини аввал, ки бо пешниҳоди сардор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовараи иборат аз ҳафт нафар — сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардор, ки аз рӯи вазифа ба он дохиланд, ва дигар шахсони мансабдори роҳбарикунандаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташкил мешавад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 183.

0

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатии идора, назорат, танзим ва амалигардонии хизматрасонии соҳаи муҳобироти барқӣ, муҳобироти почта ва иттилоърасониро таҳия ва амалӣ мекунад. Ваколатҳо Ваколатҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: иштирок дар таҳия ва амаликунии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди муҳобироти барқӣ, почта ва иттилоърасонӣ; таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ; идора, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва танзими давлатии муҳобирот ва иттилоърасонӣ; иштирок дар таҳия ва татбиқи пешниҳодҳо оид ба сиёсати давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ; муайян намудани самтҳои асосии рушди соҳаи мазкур ва пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодии хориҷии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ; иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ мувофиқи қонунгузорӣ, ҳамчунин назорати иҷрои шарти иҷозатномадиҳӣ; назорати тарифҳои соҳаи муҳобирот; таъмин ва назорати дастрасии баробари ҳамаи истифодабарандагон ба шабакаҳои муҳобироти барқӣ, почта ва қосидӣ (курерӣ) дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи махфияти маълумот, ҳамчунин махфӣ нигоҳ доштани сирри ахбори хусусӣ дар бораи истифодабарандагон; иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатии фелдъегерӣ; тартиб додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ, меъёри сифати хизматрасонии соҳаи алоқаи муҳобирот, почта, иттилоотонӣ; ташкили системаи сертификатсияи соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ ва ғайра. Вазифаҳо Вазифаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мансуб ба соҳа; тартиб додани Нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораи он, ҷудо намудани рақамҳо ё диапазони онҳо (аз ҷумла, рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, рамзҳои кӯтоҳи хизматрасонии универсалӣ, суроғаҳои протоколи интернетӣ); таҳияи шартҳо ва меъёрҳои иҷозатномадиҳӣ, додани иҷозатнома, дароз намудани муҳлати эътибори он, боздоштан, қатъ ва аз эътибор соқит кардани иҷозатномаҳои ҳуқуқдиҳанда барои амалигардонии фаъолият дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ; бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳобирот ва иттилоърасонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти байналмилалӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ; аз ҷиҳати техникӣ таъмин намудани ҳукумати электронӣ, тиҷорати электронӣ, телетиб, рушд, истифодаи технологияи иттилоърасонӣ ва муҳобиротӣ (коммуникатсионӣ), ташхиси шабакаҳои мавҷуд, назорати онҳо; гузаронидани ташхиси шабакаи муҳобироти барқӣ ҷиҳати муайян намудани имконияти пайвастшавии байнишабакавӣ ва қабули қарорҳои дахлдор; назорати фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ва фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти алоқа, сифати хизматрасонӣ дар соҳаи муҳобироти барқӣ, почта ва иттилоърасонӣ ва бозрасии тартиби аз хориҷа ворид намудани воситаҳои техникии муҳобирот, тартиб ва дурустии пешниҳоди ҳисоботи молиявию оморӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ фаъолияткунанда, тартиб додани санадҳои муқоисавӣ, андешидани чораҳои маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони тартибу қоидаҳои дар муҳобирот ва иттилоърасонӣ муқарраргардида; муайян кардани вазифа, ҳадаф, стандартҳо ва тартиби назорати таъмини сифати дахлдори хизматрасонии муҳобирот ва иттилоърасонӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ва анҷом додани чунин назорат; тибқи тартиби муқарраргардида назорати риояи шартҳо ва меъёрҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ, бартараф кардани сигналҳои мамнуъ ва радиохалалҳо; муқаррар кардани намунаҳо, қимат (номинал), теъдоди нашр ва муҳлати амали аломатҳои давлатии пардохти почта, намунаҳои лифофа (конверт)-ҳои маркадори почтавӣ, ба роҳ мондани нашр ва ба гардиш баровардани онҳо; таъйини шохис (индекс)-ҳои почта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра. Сохтор Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сардор, ду муовин, Раёсати муҳобирот ва иттилоърасонӣ, Раёсати танзим, Раёсати назорат, шуъбаи муҳосибот ва молия, бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус, умумӣ иборат аст. Бахшҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб ва шуъбаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон фаъолият доранд. Ҳамчунин Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктелеком», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг», Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Алоқаи махсус», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази марка», Муассисаи давлатии «Хадамоти давлатии фелдъегерӣ», «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Ҳафтаномаи «Алоқа» ва дастаи ҳифозоти идорӣ мебошад. Таърих Аз 3 марти соли 2007 бо Қарори № 108 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии собиқ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ таъсис дода шуд. Аз 11 майи соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 252) ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кардааст. Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Бег Сабур (аз соли 2011). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 182–183.

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ мебошад. Моҳи марти соли 1918 ҳамчун Кумитаи мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ таъсис ёфт. Соли 1956 дар Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ ҳамагӣ ду нафар фаъолият доштанд. Моҳи июли соли 1961 мақоми мазкур ба Кумитаи мудофиаи гражданӣ табдил дода шуд. Солҳои 1992–1994 дар таркиби Кумитаи мудофиа Ситоди мудофиаи гражданӣ амал мекард. Соли 1994 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки соли 1999 ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Самтҳои фаъолият Аз 30 ноябри соли 2006 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбӣ буда, дар самтҳои зерин фаъолият менамояд: пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ вобаста ба ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, экологӣ ва дорои хусусияти техногенӣ, ҳамчунин огоҳӣ, пешгирӣ ва рафъи онҳо; ташкили роҳбарӣ ва назорати пешбурди корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи садамаҳои истеҳсолӣ, фалокат ва дигар ҳолатҳои фавқулода; таъсиси низоми огоҳ кардани аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи замони осоишта ва ҷанг; омодагии ҳайати шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот; омӯзиши муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус, касбии техникӣ ва олӣ дар вақти таълим. Сохтор Сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият, сарраёсатҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, раёсатҳои қӯшунҳо; сохтмон, истифодабарии биноҳо ва иншоот; кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ; ҳамкориҳои байналмилалӣ; молия ва иқтисод, тиббӣ, хадамоти таъйиноти махсуси кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ; моддию техникӣ; хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт; масъалаҳои кӯли Сарез; Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ, шуъбаҳои ҳуқуқ; кор бо ҷомеа, раёсатҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе; шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаҳои Кӯлоби вилояти Хатлон; Хадамоти зидди жола, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ, беморхонаи ҳарбӣ, хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Норак. Ситодҳо ва омодагӣ Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ки бештарашон соҳиби бинои маъмурии муосир, иншооти ёрирасон ва шароити мусоид барои такмилу ташаккули маҳорати касбию омодагии ҷисмонӣ мебошанд. Дар назди онҳо дастаи зудамали наҷотдиҳӣ амал мекунад. Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Сарситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, бо иштироки аҳолӣ, қувваҳои ғайриҳарбӣ, ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳо ва мақомоти идораи давлатӣ машқҳои «Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ»-ро ба роҳ мемонанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 181–182.

0

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии ҳифзи табиат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки назорати татбиқи сиёсати ягонаи давлатии экологӣ, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зистро амалӣ менамояд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1988 таъсис дода шуд. Соли 1992 Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Соли 2004 дар натиҷаи пайвастан Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал таъсис ёфт. Соли 2006 Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба Вазорати кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуд. Дар сохтори Вазорати кишоварзӣ зерсохтори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат таъсис ёфт. Аз соли 2008 Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Созишномаҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СИТЕС (CITES) «Дар бораи хариду фурӯши намудҳои ёбоии олами набототу ҳайвонот, ки зери хатари нестшавӣ қарор доранд» ва соли 2017 ба Конвенсияи Базел (Basel Convention) «Оид ба назорати интиқоли фаромарзии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» шомил гашт. Ҳоло Тоҷикистон узви 10 конвенсия ва чор протоколи байналмилалии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва экология мебошад, ки иҷро ва назорати онҳо бар уҳдаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Фонди глобалии экологӣ, Барномаи ҳамкориҳои Олмон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар доираи Шӯрои байнидавлатии экологӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази минтақавии экологияи Осиёи Марказӣ бо ҳам таҳким ёфтанд. Кумита дар омодагӣ ва баргузории барномаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи захираҳои об, мутобиқат ба тағйири иқлим, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти кишварамон ва давлатҳои хориҷӣ фаъолона ширкат меварзад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсуси ваколатдори Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund) таъйин гардид ва имрӯз ҳамкориҳои фаъол оид ба ҷалби маблағҳои фонди мазкур ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионии соҳаҳои экология, энергетика, мелиоратсия, пешгирии ҳолатҳои техногенӣ ва ғайра идома доранд. Нашрияҳо Кумита нашри дуюми «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — дар ду ҷилд чоп ва ба доираи васеи мутахассисону дӯстдорони табиат дастрас гардонд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи «Инсон ва табиат»-ро моҳе як бор ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат»-ро дар се моҳ як бор нашр мекунад, ҳамчунин сомонаи интернетии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои таблиғӣ мунтазам иттилоъ интишор мекунад. Биноҳои маъмурӣ Дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои маъмурии бахшу шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист сохта, ба истифода дода шуданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ биноҳои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шамсиддини Шоҳин, Дӯстӣ, Дарвоз, Нуробод, Хоруғ, Айнӣ, Норак, Рашт, Ашт, Мастчоҳ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Данғара, Бӯстон, Панҷакент мавриди истифода қарор гирифтанд. Сохтмони биноҳои шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Хуросон ва Шаҳринав дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Муаллиф: Ч. Якубов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 181.

0

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Соли 2017 таъсис шуд. Сохтор Сохтори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Маъмурият, раёсати рушди сайёҳӣ, шуъбаи иҷозатномадиҳӣ, шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ, бахши иқтисод ва банақшагирӣ, бахши муносибатҳои байналмилалӣ, бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, бахши умумӣ ва назорат, бахши котибот. Ваколатҳо Ваколатҳои асосии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: татбиқ намудани сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; амалӣ намудани барномаҳои давлатии туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; таъмин намудани иҷрои шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм; намояндагӣ кардани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалии туристӣ; ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ; таҳия ва муайян намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатӣ. Ҳамкориҳо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ мекунад. Дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд – созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон, аз ҷумла Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Осиёии Рушд, Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия, Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд, Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Департаменти рушди байналмилалии Бритониёи Кабир, Намояндагии Бонки олмонии рушд, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, ҳамчунин дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ӯзбекистон, Россия, Фаронса, Швейтсария корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Портали сайёҳӣ ва тарғибот Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии кишвар соли 2017 портали миллии сайёҳӣ (www.traveltajikistan.tj)-ро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, испанӣ, ҷопонӣ ва фаронсавӣ дар интернет фаъол кард. Дар баробари ин, равзанаҳои алоҳида дар самти сайёҳӣ дар шабакаҳои телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудаанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 180–181.

0

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар солҳои гуногун ҳамчун Кумитаи сохтмони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1981–1985), Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1985–1995), Кумита оид ба корҳои меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996–2003) ва Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003–2006), Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008–2015) ном дошта, аз соли 2015 бо номи ҳозирааш фаъолият дорад. Вазифаҳо Вазифаҳои кумита: татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ; назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ; таҳияи Нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо ва шаҳракҳо; лоиҳаи биноҳо, иншоот ва маҳалҳои аҳолинишин, меъёрҳои сохтмонӣ, стандартҳои давлатӣ, санадҳои меъёрию техникӣ, лоиҳаи таҷдиди биноҳо ва иншоот; бунёд ва барқарории иншооти ҳаётан муҳим; танзим ва иҷро кардани барномаҳои давлатӣ, барномаҳои бунёдӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ; интегратсияи илм; додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ дар миқёси ҷумҳурӣ; ташхису омӯзиши лоиҳаи сохтмонҳои хурду бузург; назорати риояи сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ, манзилномаҳо, иншооти таъйиноти саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва ғайра. Сохтор Сохтори кумита: дастгоҳи марказӣ, Хадамоти давлатии назорати сохтмон, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайрисоҳавии лоиҳаҳои сохтмон. Ташкилотҳои зертобеъ Ташкилотҳои зертобеи кумита: Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Корезлоиҳа», Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шаҳрофар», Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Саноатсоз», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон», Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии сохтмон ва меъморӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш», Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон». Фаъолият Кормандони кумита дар бунёду барқарории иншооти ҳаётан муҳими мамлакат – неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, неругоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои Вахшу Зарафшон, вилоятҳои Бадахшону Суғд, хатти интиқоли барқи Тоҷикистон – Ӯзбекистон, Қирғизистон – Афғонистон, таҷдиди силсиланеругоҳҳои дарёҳои Варзобу Вахш, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихум – Хоруғ – Кулма – Қароқурум, Душанбе – Саритош, Душанбе – Бохтар, Хуҷанд – Исфара, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаихум, Кӯлоб – Муъминобод, нақбҳои мошингузари «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Чормағзак», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Маҷмааи фароғатии «Кохи Наврӯз», биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ва ғайра саҳмгузоранд. Кормандони кумита 151 санади меъёрии танзимкунандаи соҳаи сохтмонро таҳия ва нашр кардаанд. Дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шудааст. Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаҳои Обигарм – Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат – Қарамик (Лахш), Қалъаихум – Ванҷ, Ҳулбук – Темурмалик ва ғайра оғоз ёфтанд. Кумита бо мақсади беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии сохтмону меъморӣ бо иштироки гурӯҳи кории намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, пажӯҳишгоҳҳои соҳаи сохтмон, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ 10 бахши омӯзишию таҳлилӣ созмон додааст. Ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии ҷумҳурӣ дар озмуни ҳамасолаи байналмилалӣ, ки аз тарафи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Кумита нишонҳои сарисинагии «Бинокори фахрӣ» ва «Меъмори фахрӣ» дорад, ки мутахассисони варзидаи соҳаи сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз мегарданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 180.

0