Иттифоқи меъморони Тоҷикистон
Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, ки мутахассисони соҳаҳои меъморӣ ва сохтмонро муттаҳид мекунад.
Таърих ва ҳайат
1 марти соли 1936 ҳамчун шуъбаи Иттифоқи меъморони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Аз соли 1948 бо номи имрӯзааш фаъолият дорад. Соли 1940 30 узв дошт, ки танҳо ду нафари онҳо тоҷик (Ғ. М. Ёқубов, Х. А. Юлдошев) буданд. Ҳоло Иттифоқи меъморони Тоҷикистон 150 узв ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва Хоруғ шуъбаҳо дорад.
Вазифаҳо
Вазифаҳои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон:
- Таъмини рушди санъати меъморӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ;
- Эҳёи анъанаҳои меъмории миллӣ;
- Таҳия ва пешниҳоди тарҳи иншооти муосир бо дар назар доштани суннатҳои миллии меъморӣ;
- Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи меъморӣ ва ғайра.
Фаъолият
Дар тӯли фаъолияти худ Иттифоқи меъморони Тоҷикистон 16 анҷуман (1936, 1948, 1955, 1959, 1962, 1965, 1969, 1974, 1979, 1984, 1992, 1996, 2001, 2007, 2012, 2017) баргузор кардааст.
Бо пешниҳоди Иттифоқи меъморони Тоҷикистон соли 1952 дар Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ) шуъбаи меъморӣ ифтитоҳ шуд, ки ба тарбияи мутахассисони ватанӣ дар ҷумҳурӣ асос гузошт.
Иттифоқи меъморони Тоҷикистон аз соли 2010 дар соҳаи меъморӣ беш аз 7 намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор кардааст. Ҳар сол озмуни «Беҳтарин меъмори сол»-ро мегузаронад, ки дар натиҷаи он А. Акбаров, С. Муҳаммадов, Э. Пиримкулов ва Б. Юсупов «Беҳтарин меъмори сол» ва «Беҳтарин сармеъмори ноҳиявии сол» дониста шуданд. Бо ҳидояти Иттифоқи меъморони Тоҷикистон меъморони тоҷик дар офаридани тарҳи иншооти муҳимми кишвар фаъолона ширкат варзида, асарҳои худро дар намоишгоҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба намоиш мегузоранд.
Ҳамкориҳо ва дастовардҳои байналмилалӣ
Аъзои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳо, намоиш-озмунҳо, семинару симпозиумҳои байналмилалии меъморӣ ширкат варзида, бо тарҳҳои ҷолиби меъморӣ дастовардҳои меъморони тоҷикро муаррифӣ мекунанд. Аз ҷумла, меъмор Б. Юсупов бо лоиҳаи «Маҷмааи маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки сохтмонаш идома дорад, дар ду намоишгоҳ (Қазоқистон, 2013 ва Британияи Кабир, 2017) ширкат варзида, сазовори шоҳҷоиза ва медали тилои Ассотсиатсияи байналмилалии иттифоқҳои меъморон, ҳамчунин Ҷоизаи меъморӣ ва дизайни Британияи Кабир шуд.
Иттифоқи меъморони Тоҷикистон бо иттифоқҳои меъморони Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Латвия созишномаи ҳамкорӣ дорад. Иттифоқи меъморони Тоҷикистон узви Ассотсиатсияи байналмилалии Иттифоқи меъморони мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (1992), Иттифоқи байналмилалии меъморон (2005) мебошад. 4 аъзои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ба узвияти Иттифоқи меъморони Русия ва 1 нафар ба ҳайати Иттифоқи меъморони Беларус пазируфта шуданд.
Роҳбарон
- Светков Ю. А. (1936–1937).
- Захаров М. (1937–1948).
- Юлдошев Х. (1948–1959).
- Каримов Р. (1984–2007).
- Юсупов Б. (аз соли 2007).
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 196.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




