Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар солҳои гуногун ҳамчун Кумитаи сохтмони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1981–1985), Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1985–1995), Кумита оид ба корҳои меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996–2003) ва Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003–2006), Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008–2015) ном дошта, аз соли 2015 бо номи ҳозирааш фаъолият дорад.
Вазифаҳо
Вазифаҳои кумита:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
- назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ;
- таҳияи Нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо ва шаҳракҳо;
- лоиҳаи биноҳо, иншоот ва маҳалҳои аҳолинишин, меъёрҳои сохтмонӣ, стандартҳои давлатӣ, санадҳои меъёрию техникӣ, лоиҳаи таҷдиди биноҳо ва иншоот;
- бунёд ва барқарории иншооти ҳаётан муҳим;
- танзим ва иҷро кардани барномаҳои давлатӣ, барномаҳои бунёдӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ;
- интегратсияи илм;
- додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ дар миқёси ҷумҳурӣ;
- ташхису омӯзиши лоиҳаи сохтмонҳои хурду бузург;
- назорати риояи сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ, манзилномаҳо, иншооти таъйиноти саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва ғайра.
Сохтор
Сохтори кумита: дастгоҳи марказӣ, Хадамоти давлатии назорати сохтмон, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайрисоҳавии лоиҳаҳои сохтмон.
Ташкилотҳои зертобеъ
Ташкилотҳои зертобеи кумита: Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Корезлоиҳа», Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шаҳрофар», Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Саноатсоз», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон», Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии сохтмон ва меъморӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш», Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон».
Фаъолият
Кормандони кумита дар бунёду барқарории иншооти ҳаётан муҳими мамлакат – неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, неругоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои Вахшу Зарафшон, вилоятҳои Бадахшону Суғд, хатти интиқоли барқи Тоҷикистон – Ӯзбекистон, Қирғизистон – Афғонистон, таҷдиди силсиланеругоҳҳои дарёҳои Варзобу Вахш, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихум – Хоруғ – Кулма – Қароқурум, Душанбе – Саритош, Душанбе – Бохтар, Хуҷанд – Исфара, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаихум, Кӯлоб – Муъминобод, нақбҳои мошингузари «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Чормағзак», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Маҷмааи фароғатии «Кохи Наврӯз», биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ва ғайра саҳмгузоранд.
Кормандони кумита 151 санади меъёрии танзимкунандаи соҳаи сохтмонро таҳия ва нашр кардаанд. Дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шудааст. Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаҳои Обигарм – Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат – Қарамик (Лахш), Қалъаихум – Ванҷ, Ҳулбук – Темурмалик ва ғайра оғоз ёфтанд.
Кумита бо мақсади беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии сохтмону меъморӣ бо иштироки гурӯҳи кории намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, пажӯҳишгоҳҳои соҳаи сохтмон, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ 10 бахши омӯзишию таҳлилӣ созмон додааст.
Ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии ҷумҳурӣ дар озмуни ҳамасолаи байналмилалӣ, ки аз тарафи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Кумита нишонҳои сарисинагии «Бинокори фахрӣ» ва «Меъмори фахрӣ» дорад, ки мутахассисони варзидаи соҳаи сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз мегарданд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 180.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




