Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази асосии илмию эҷодӣ ва ҳамоҳангсозии Тоҷикистон дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мебошад. 21 феврали соли 1995 барои мусоидат ба фаъолияти иттиҳоди олимону мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва истеҳсолот, кормандони эҷодии санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ бо мақсади инкишофи меъморию шаҳрсозӣ дар кишвар, дар як марказ ҷамъ овардани неруҳои зеҳнӣ ва дар истеҳсолот амалан истифода бурдани онҳо таъсис дода шудааст. Яке аз ҳадафҳои муҳимми Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрмандӣ ба давлат барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути таҳияи лоиҳаҳои ба соҳаи иҷтимоӣ нигаронидашуда (тарҳрезии боғҳои истироҳатӣ, биноҳои таълимию мактабии кӯдакон, кумак дар омода намудани мутахассисон — меъморону муҳандисон) ва иншооти инфрасохтори шаҳр мебошад. Бо ин мақсад, соли 1995 дар Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон Коргоҳи лоиҳакашии илмӣ-истеҳсолӣ ба кор шурӯъ кард, ки маҳсулоти тарроҳии он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гаштааст.

Узвият ва идоракунӣ

Дар ҳайати Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳақиқӣ, аъзои вобаста, аъзои фахрӣ, аъзои хориҷӣ ва мушовирони академия шомиланд. Аъзои фахрӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин мушовирони академия бо овоздиҳии ошкор дар асоси тавсияҳои шуъбаҳо ва раёсати Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешаванд. Мақоми олии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумӣ, мақомоти идоракунандаи он Раёсат ва Бюрои он мебошанд. Президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноибони президент ба тариқи интихобот таъйин мегарданд. Президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. А. Зуҳуриддинов, ноибони президент Р. С. Муқимов ва Ч. Ч. Аҳмадзода интихоб шудаанд (соли 2021).

Ҳамкориҳо

Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳову ташкилоти асосии лоиҳакашии илмӣ-истеҳсолии давлатӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои меъморӣ ва бинокории Федератсияи Россия ва дигар ташкилотҳои мамлакатҳои хориҷӣ робита ва ҳамкории наздик дорад. Намояндагони Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои шӯроҳои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назди сармеъмори шаҳри Душанбе, шӯроҳои диссертатсионии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба шумор рафта, дар озмунҳои бонуфузи сатҳи ҷумҳурию байналмилалӣ дар лоиҳакашии иншоотҳои дорои аҳамияти давлатӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аъзои Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 монография, китобҳои дарсӣ ва маълумотномаҳо нашр карда, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия аз такмили ихтисос гузаштаанд.

Кумакпулии таҳсил

Бо мақсади фаъолсозӣ ва баланд бардоштани сифати таълими меъморӣ аз ҷониби Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни болаёқати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ кумакпулии таҳсил таъсис дода шудааст.

Муаллиф: Р. Муқимов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 192.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.