Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатии идора, назорат, танзим ва амалигардонии хизматрасонии соҳаи муҳобироти барқӣ, муҳобироти почта ва иттилоърасониро таҳия ва амалӣ мекунад.

Ваколатҳо

Ваколатҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • иштирок дар таҳия ва амаликунии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди муҳобироти барқӣ, почта ва иттилоърасонӣ;
  • таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ;
  • идора, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва танзими давлатии муҳобирот ва иттилоърасонӣ;
  • иштирок дар таҳия ва татбиқи пешниҳодҳо оид ба сиёсати давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ;
  • муайян намудани самтҳои асосии рушди соҳаи мазкур ва пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодии хориҷии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ;
  • иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ мувофиқи қонунгузорӣ, ҳамчунин назорати иҷрои шарти иҷозатномадиҳӣ;
  • назорати тарифҳои соҳаи муҳобирот;
  • таъмин ва назорати дастрасии баробари ҳамаи истифодабарандагон ба шабакаҳои муҳобироти барқӣ, почта ва қосидӣ (курерӣ) дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи махфияти маълумот, ҳамчунин махфӣ нигоҳ доштани сирри ахбори хусусӣ дар бораи истифодабарандагон;
  • иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатии фелдъегерӣ;
  • тартиб додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ, меъёри сифати хизматрасонии соҳаи алоқаи муҳобирот, почта, иттилоотонӣ;
  • ташкили системаи сертификатсияи соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ ва ғайра.

Вазифаҳо

Вазифаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мансуб ба соҳа;
  • тартиб додани Нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораи он, ҷудо намудани рақамҳо ё диапазони онҳо (аз ҷумла, рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, рамзҳои кӯтоҳи хизматрасонии универсалӣ, суроғаҳои протоколи интернетӣ);
  • таҳияи шартҳо ва меъёрҳои иҷозатномадиҳӣ, додани иҷозатнома, дароз намудани муҳлати эътибори он, боздоштан, қатъ ва аз эътибор соқит кардани иҷозатномаҳои ҳуқуқдиҳанда барои амалигардонии фаъолият дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ;
  • бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳобирот ва иттилоърасонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти байналмилалӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ;
  • аз ҷиҳати техникӣ таъмин намудани ҳукумати электронӣ, тиҷорати электронӣ, телетиб, рушд, истифодаи технологияи иттилоърасонӣ ва муҳобиротӣ (коммуникатсионӣ), ташхиси шабакаҳои мавҷуд, назорати онҳо;
  • гузаронидани ташхиси шабакаи муҳобироти барқӣ ҷиҳати муайян намудани имконияти пайвастшавии байнишабакавӣ ва қабули қарорҳои дахлдор;
  • назорати фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ва фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти алоқа, сифати хизматрасонӣ дар соҳаи муҳобироти барқӣ, почта ва иттилоърасонӣ ва бозрасии тартиби аз хориҷа ворид намудани воситаҳои техникии муҳобирот, тартиб ва дурустии пешниҳоди ҳисоботи молиявию оморӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ фаъолияткунанда, тартиб додани санадҳои муқоисавӣ, андешидани чораҳои маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони тартибу қоидаҳои дар муҳобирот ва иттилоърасонӣ муқарраргардида;
  • муайян кардани вазифа, ҳадаф, стандартҳо ва тартиби назорати таъмини сифати дахлдори хизматрасонии муҳобирот ва иттилоърасонӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ва анҷом додани чунин назорат;
  • тибқи тартиби муқарраргардида назорати риояи шартҳо ва меъёрҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ, бартараф кардани сигналҳои мамнуъ ва радиохалалҳо;
  • муқаррар кардани намунаҳо, қимат (номинал), теъдоди нашр ва муҳлати амали аломатҳои давлатии пардохти почта, намунаҳои лифофа (конверт)-ҳои маркадори почтавӣ, ба роҳ мондани нашр ва ба гардиш баровардани онҳо;
  • таъйини шохис (индекс)-ҳои почта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Сохтор

Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сардор, ду муовин, Раёсати муҳобирот ва иттилоърасонӣ, Раёсати танзим, Раёсати назорат, шуъбаи муҳосибот ва молия, бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус, умумӣ иборат аст. Бахшҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб ва шуъбаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон фаъолият доранд.

Ҳамчунин Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктелеком», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг», Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Алоқаи махсус», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази марка», Муассисаи давлатии «Хадамоти давлатии фелдъегерӣ», «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Ҳафтаномаи «Алоқа» ва дастаи ҳифозоти идорӣ мебошад.

Таърих

Аз 3 марти соли 2007 бо Қарори № 108 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии собиқ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ таъсис дода шуд. Аз 11 майи соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 252) ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кардааст.

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Бег Сабур (аз соли 2011).


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 182–183.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.