Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ташкилоти оммавии ғайриҳизбии ҷамъиятӣ мебошад, ки коргарони корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро муттаҳид мекунад.
Таърих
Дар ҳудуди Тоҷикистон иттифоқҳои касаба то тақсимоти миллию давлатӣ дар Осиёи Миёна ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро вуҷуд доштанд. Дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон то ғалабаи Ҳокимияти Шӯравӣ, дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон солҳои 1925–1926 ба вуҷуд омаданд. Съезди 1-уми иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 15 апрели 1926 баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касаба – Шӯрои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (Тоҷиксовпров) таъсис ёфт. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон асосан аз ҷумлаи коргарон 3 687 узв доштанд, ки онҳоро 49 кумитаи маҳаллӣ муттаҳид мекард. Пас аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳким ёфт ва шумораи аъзои онҳо қариб ба 30 000 расид. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои хоҷагӣ, иҷтимоию мадании давраи социализм қувваи тавонои корӣ ва ҷамъиятӣ гардида, дар омода кардани бофандагон, техникҳо, роҳсозон, филмсозон, кормандони саноати хӯрокворӣ, бинокорон ва дигар мутахассисон фаъолона иштирок карданд. Бо ташаббуси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аввалин бор дар саноати сабук [Комбинати абрешими Ленинобод (Хуҷанд), заводҳои пахтаи Душанбе ва равғани Қӯрғонтеппа (Бохтар)] маҷлисҳои истеҳсолӣ таъсис ёфтанд.
Мутобиқи Қарори Пленуми Шӯрои марказии умумииттифоқии иттифоқҳои касаба дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (19. 04. 1937), Шӯроҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ барҳам дода шуда, анҷуману конференсияҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гузаронида нашуданд. Бо вуҷуди ин, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолияти худро на танҳо қатъ накарданд, балки миқдоран афзуданд. Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон зиёда аз 80 ҳазор узв дошта, зери шиори «Ҳама чиз барои фронт! Ҳама чиз барои ғалаба!» амал мекарданд ва дар татбиқи қонуни таълими умумии ҳарбӣ, ҷамъ кардани маблағ ба фонди мудофиа, фиристондани либоси гарм ва хӯрокворӣ ба фронт фаъолона иштирок намуданд.
Соли 1948 Шӯрои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз нав таъсис шуда, дар Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявии онҳо барпо гардид, ки масъалаҳои муҳимми ҳаракати ин ташкилотҳоро дар давраи баъд аз барқароркунӣ муҳокима кард. Соли 1976 50-солагии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд, дар ин давра Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бештар аз 800 ҳазор корманди тамоми соҳаҳоро муттаҳид мекарданд.
Федератсия ва заминаҳои ҳуқуқӣ
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) иттиҳодияҳои соҳавии иттифоқҳои касаба мақоми худро дар ҳамаи давлатҳои пасошӯравӣ аз даст доданд. Намояндагони ин ташкилотҳо соли 1991 Анҷумани 14-уми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро даъват намуда, Эъломияи «Дар бораи ташкили Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон»-ро қабул карданд. Вакилони анҷуман дар бораи ташкили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва таҳияи Оинномаву барномаи онҳо қарор қабул намуданд. Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) заминаи ҳуқуқии фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фароҳам гардид. Фаъолияти асосии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи муҳофизати меҳнат», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. Мутахассисони Шӯрои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳои «Дар бораи пардохти музди меҳнат», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» пешниҳодҳо намуданд.
Мақоми марказӣ ва роҳбарикунандаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо қарори Анҷумани 16-ум аз 24 майи 1996 «Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон», бо қарори Анҷумани 17-ум (26 майи 2001) «Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон» ва бо қарори Анҷумани 18-ум боз «Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон» ном гирифт. Мақоми олии Федератсия Анҷумани иттифоқҳои касаба мебошад, ки ҳар панҷ сол як маротиба баргузор мегардад; дар ҳолати зарурӣ Анҷумани ғайринавбатӣ гузаронида мешавад. Бо пешниҳоди вакилон ва қарори Анҷумани 18-уми Федератсия (2006), муҳлати гузаронидани Анҷуман ва интихоби роҳбарон аз 5 ба 7 сол муқаррар карда шуд. Дар байни анҷуманҳо роҳбарии Федератсияро Шӯрои генералӣ ва Кумитаи иҷроияи он, ки аз намояндагони ҳамаи ташкилотҳои ҳамузв интихоб шудаанд, ба дӯш доранд.
Мақсадҳо
Мақсадҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон:
- Татбиқи сиёсати давлат оид ба масъалаҳои ҳавасмандии иқтисодӣ ва зерсохторҳои иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён;
- Ҳифз ва кафолати ҳуқуқҳои конститутсионӣ, аз ҷумла: ҳуқуқ барои таъмини бехатарии кор, маълумот, ҳифзи сиҳҳатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, сатҳи муносиби зиндагӣ;
- Беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии ҷомеа ва коллективҳои кор, баланд бардоштани самаранокии меҳнат, истеҳсолот;
- Иштирок дар ҷараёни ҳамгироӣ ва ҳаракатҳои байналмилалӣ барои ягонагӣ ва ҳамраъйии иттифоқҳои касаба.
Фаъолият ва сохтор
Солҳои 1991–1996 бимаи иҷтимоӣ ва назорату иҷрои он ба зиммаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон буд, бо пешниҳоди Шӯрои Федератсия фармони Президенти ҷумҳурӣ Э. Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани нафақа ва музди меҳнат» ба миқдори 1,8 баробар (15. 02. 1996) қабул шуд. Дар шароити буҳрони шадиди ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодӣ Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон тавонистанд клубу китобхонаҳо, коллективҳои варзишии «Ҳосилот» ва «Тоҷикистон», осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии кӯдакона ва дастаҳои ҳаваскоронро ҳифз намоянд. Аз соли 1997 то 2001 музди кор 9 баробар афзуда, сатҳи зиндагии шаҳрвандон беҳтар гардид.
Дар асоси моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳуқуқи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ду даъват номзадии Э. Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар давоми 25 соли фаъолияти худ 7 анҷуман, 68 Шӯрои генералӣ ва 124 Кумитаи иҷроияро барои омӯзиш ва баррасии масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, бештар аз 9 756 таклифу дархост барои пешравӣ ва беҳбуди ҳаёти ҷомеа пешниҳод кардаанд.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 2015 зиёда аз 1 миллиону 335 ҳазор нафар узвро муттаҳид кардаанд. Ҳамчунин Федератсия 20 кумитаи соҳавӣ, 3 Шӯрои вилоятӣ, зиёда аз 20 ҳазор ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба – аз 2 миллиону 302,7 ҳазор қувваи кории мамлакат дар маҷмӯъ 800 108 узвро (то 10. 2016) гирди ҳам овардааст. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 5 миллиону 046,0 ҳазор қувваи қобили кор ба ҳисоб гирифта шудааст, вале аъзои иттифоқи касаба 15%-ро ташкил медиҳад, яъне шаҳрвандони боқимонда узви иттифоқи касаба нестанд. Асоси иттифоқҳои касабаро ташкилотҳои ибтидоии онҳо ташкил медиҳанд. Самти асосии фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таъсиси ҳар чӣ бештари ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷалби аҳли кор, ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини шароити иҷтимоию иқтисодии онҳо мебошад. Сафи кумитаҳои соҳавӣ аз ҳисоби ташкилоти навтаъсиси иттифоқи касабаи кормандони корхонаҳои муштарак, хусусӣ, ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалии Тоҷикистон (4. 10. 2010) зиёд гардид.
Айни замон Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон масъалаҳои коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ва иқтисодиёти пинҳонӣ, созмон додани ташкилоти ибтидоӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон дар корхонаву ташкилотҳои хусусӣ, байналмилалӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли бекорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷалби ҷавонон ба иттифоқҳои касаба ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷавонон ҷиҳати пешгирии ҷалби онҳо ба ташкилотҳои террористӣ ва ифротгароӣ ва ғайраро баррасӣ менамоянд.
Омӯзиш ва кор бо ҷавонон
Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм дар ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос саҳми назаррас дошта, аз соли 2007 барои раисони кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ чандин курсҳои мазкурро таъсис додааст.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои ҳавасмандӣ, ҷалби ҷавонон ва омода намудани кадрҳои болаёқат ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ кумакпулии таҳсилии иттифоқҳои касабаро таъсис додаанд, ки ҳар моҳ аз 100 то 245 сомонӣ ба 179 нафар дода мешавад. Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм «Консепсияи самти фаъолият бо ҷавонон»-ро таҳия карда, дар асоси он комиссияи кор бо ҷавононро таъсис намудааст, ки он барнома ва нақшаи амали худро дошта, бо ташаббуси ин комиссия дар Кумита озмунҳо ва барномаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Комиссия ҳар сол барои ҷашн гирифтани 23 май ҳамчун «Рӯзи ҷавонони кишвар» чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳамчунин вохӯриву мулоқот бо ҷавононро дар базаи истироҳатгоҳи «Чайка» мегузаронад. Бори аввал дар байни донишҷӯёни ҷумҳурӣ озмуни «Пешвои ҷавонон»-ро (2012) гузаронид, ки мақсади он дарёфти ҷавонони қобилиятнок ва ҷалби онҳо ба иттифоқҳои касаба буд. Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсия 1. 09. 2016 барои ташкили Шӯрои ҷавонони иттифоқҳои касаба Низомномаи Шӯрои ҷавононро қабул ва барои тасдиқ ба Шӯрои генералии Федератсия (02. 11. 2016) пешниҳод намуд.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқ доранд бо иттиҳодияҳои иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ба онҳо дохил шаванд, дар фаъолияти онҳо иштирок кунанд ва дигар амалҳоеро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, анҷом диҳанд (банди 1.3. Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон). Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ: Ташкилоти байналмилалии кор, Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи озод, Ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ҳамкории наздик доранд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз соли 1993 узви Ташкилоти байналмилалии кор мебошанд. Ҳамчунин Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв аз соли 1991 бо Ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ҳамкорӣ карда, дар семинару конференсияҳои илмию оммавӣ ва дигар барномаҳои муштарак иштирок менамоянд. Намояндагони Иттифоқҳои касаба дар семинарҳои омӯзишии шаҳрҳои Остона, Боку, Ереван, Бишкек, Маскав, Сочи, Тифлис ва давлатҳои Черногория, Македония, Булғория, Туркия, Албания, Белгия, Испания, Фаронса, Олмон, Австрия, Итолиё, Малайзия, Индонезия, Ҳиндустон, Ҷопон, Чин ва ғайра ширкат варзидаанд. Ҳамчунин намояндагони Ташкилоти байналмилалии кор дар ҳамкорӣ бо Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Татбиқи стратегияи касбомӯзии гурӯҳи 20», «Меъёрҳои байналмилалии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ», «Меҳнати арзанда», «Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2017» нишастҳо доир намуданд. Аз тарафи нозирони кори иттифоқҳои касаба бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии кор дар ташкилоту идораҳо бо мақсади ҷорӣ намудани «Маҷмӯи стандартҳои бехатарии меҳнат» ва «Маҷмӯи идоракунии муҳофизати меҳнат» семинар-машваратҳо гузаронида мешаванд.
Нашрияҳо
Нашрияҳои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон: «Ҳамраъйӣ», «Навиди иттифоқҳои касаба», моҳномаҳои «Кошонаи умед» (15. 05. 2001, Суғд), «Иттифоқ» (12. 2017, Хатлон), «Ҳомии омӯзгор» (Вазорати маориф ва илм, аз 12.2009 нашр мешавад).
Баробарҳуқуқии мардону занон
Масъалаи баробарҳуқуқии мардону занон низ яке аз самтҳои фаъолияти иттифоқ аст. Комиссияи гендерии он дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, манфиатҳои занонро ҳимоя мекунад. Комиссия бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии кор ҳамкорӣ дорад.
Адабиёт
- Таджикистан за годы Советской власти. Сталинабад, 1957.
- Раджабов С., Шукуров М. Профсоюзы Советского Таджикистана. Москва, 1964.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016.
Қ. Қосим.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 194–195.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




