Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Автомобили нахустин чӣ гуна буд?
Автомобили аввалини бо муҳаррики бензиниро соли 1885 ихтироъкор Готтлиб Даймлер ва муҳандиси олмонӣ Карл Бенс сохта патенти ихтироот гирифтанд. Муҳаррики он дар таҳти курсӣ ҷойгир шуда, чархҳои ақибро давр мезанонд. Суръати автомобил аз 15 км/соат зиёд набуд.
Автомобилҳо
Дар як аср автомобилҳо ҷаҳонро дигаргун намуда, воситаи нақлиёти муносиб, одӣ ва дастрас гаштанд. Ихтирои муҳаррики дарунсӯз ба рушди автомобилсозӣ такони тоза дод. Соли 1885 автомобили аввалин сохта шуда, истеҳсоли оммавии он соли 1908 оғоз гардид. Лекин истифодаи ҳамарӯзаи нақлиёти автомобилӣ на танҳо захираҳои нафтиро кам, балки ҳаворо низ ифлос мекунад. Ҳозир олимону муҳандисон тарҳи автомобилҳои каммасраф ва экологиро тарҳрезӣ мекунанд.
Замбарғалтак дар куҷо ихтироъ шудааст?
Замбарғалтакро солҳои 221–265 то милод дар Чин ихтироъ кардаанд. Бо замбарғалтаки бузург одам метавонист бори вазнинро кашонад. Аз ин сабаб онро «барзагови чӯбӣ» меномиданд. Борро дар каҷова ё сабад гузошта мебастанд. Дастаи замбарғалтак чанде дарозтар бошад, ҳамон қадар қувваи кам барои бардоштани он лозим меояд.
Чарх кай ихтироъ шуд?
Чархҳои аввалин дар Бобилистони Қадим тақрибан 3500 сол то милод пайдо шудаанд. Онҳоро нахуст аз санг, сониян аз тахта даврашакл месохтанд. Чунин чархҳо мустаҳкам, вале вазнин буданд. Онҳоро дар аробаҳои боркаш ва ҷангӣ истифода мекарданд.
То ихтирои чарх давлатмандон чӣ тавр ҳаракат мекарданд?
Ашрофу давлатмандонро ғуломонашон дар тахт, замбар ё курсии равон мекашонданд. Бори вазнинро ҳайвоноти боркаш: асп, хачир (Аврупо), фил, шутур (Осиё ва Африқо) ва лама (Амрикои Ҷанубӣ) мекашониданд.
Чана чист?
Қабилаҳои ҳиндувони Амрикои Шимолӣ бодиягард буда, аз як манзил ба манзили дигар кӯч мебастанд. Барои кашонидани асбобу анҷоми рӯзгор онҳо аз чанаҳо истифода мекарданд. Ду чӯби дарози хаймаро ба ҳайвони боркаш ё саг баста, байни чӯбҳо борро мегузоштанд. Дар навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон барои кашонидани бор ё маҳсулоти кишоварзӣ аз чана (чигина) истифода мекарданд.
Чиро «киштии биёбон» меноманд?
Одамон аз қадим борҳои вазнинро дар шутур мекашонданд. Ҳатто яке аз ченакҳои вазни форсӣ «шутурбор» ном дошт. Шутурҳо бе обу ғизо дар зери офтоби тафсон масофаҳои бузургро тай мекунанд, аз ин сабаб онҳоро «киштии биёбон» меноманд. Одамон шутурро тақрибан 4–4,5 ҳазор сол муқаддам ром намуда, то ҳол дар ҳамлу нақл истифода мебаранд.
Нақлиёт
То ихтирои чарх, инсон борро бар дӯш ниҳода пиёда роҳ мепаймуд. Баъдтар барои кашондани бори вазнин дар хушкӣ аз ғӯлачӯбу фишанг истифода мекарданд. Тадриҷан одамон борро бар дӯши ҳайвонот мекашидагӣ шуданд. Тақрибан 5 ҳазор сол муқаддам дар Бобилистон аробаи чархдор сохта шуд. 1500 сол муқаддам киштисозӣ равнақ ёфта, сайёҳон ба сафарҳои дур баромаданд.
Чаро куку дар лонаи дигар парандаҳо тухм мегузорад?
Куку парандаи зираку маккор аст. Вай дар лонаи дигар парандагон тухм мегузорад. Барои ин куку як дона тухми парандаро аз лонааш берун партофта, ба ҷои он худаш тухм мегузорад. Тухми куку, одатан, ба тухми он паранда монанд аст. Чӯҷаи куку аз тухм барвақттар мебарояд. Вай чӯҷаҳои дигарро аз лона берун андохта, ғизоро худаш соҳибӣ мекунад ва зуд калон мешавад.
Оё чӯҷаҳо парвоз карда метавонанд?
Пеш аз он ки чӯҷаҳо парвоз намоянд, ба онҳо лозим аст неру гиранд, болу пар бароранд. Чӯҷаи бисёр парандаҳо баъд аз чанд ҳафтаи аз тухм баромадан парончак мешавад. Чӯҷаҳои тӯтии австралиягӣ баъди 10 моҳ парончак шуда, лонаро тарк месозанд.
Чӯҷа андаруни тухм кай ба воя мерасад?
Чӯҷаи парандаҳои хурд, масалан, гунҷишк, саъва, фотимаҷумҷуқ баъд аз 12–14 рӯзи тухмгузорӣ ба воя расида, аз тухм мебарояд. Киви ном парандаи тездав дар болои тухмаш қариб 80 рӯз, пингвинҳои султонӣ 54 рӯз, мурғ 21 рӯз хобида, сипас чӯҷа мебароранд.
Чӯҷа баровардан
Чӯҷаҳои бисёр парандаҳо, масалан, мурғ, ғоз, дурроҷ, кабк, бутимор хуб ташаккул ёфтаанд ва баъди аз тухм баромадан якбора метавонанд аз паси модарашон тохта раванд. Чӯҷаҳои парандаҳои дигар заифу нотавон мебошанд. Ба парандаҳо лозим меояд, ки онҳоро хӯронанд, зери парҳояшон гарм кунанд ва аз хатарҳои ногаҳонӣ ҳимоя намоянд. Барои ҳифзи чӯҷаҳо бисёрии парандаҳо дар ҷойҳои душворгузар лона месозанд. Масалан, фароштурук лонаашро дар зери бомгӯшаи хонаҳо бунёд мекунад.
Боз кадом ҷонварон тухм мегузоранд?
Аксари ҳайвонот, аз ҷумла қариб ҳамаи ҳашарот, тортанакҳо, моҳиҳо, обҳокиҳо ва хазандагон тухм мегузоранд. Ҳатто ширхӯрҳои тухмгузор низ ҳастанд, масалан, мурғобинӯл ва ехидна, ки дар Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав зиндагӣ мекунанд. Тухми ин ҷонварон асосан дар батни модар ташаккул меёбад ва фақат 9–11 рӯз қабл аз насл овардан гузошта мешавад.
Зардиву сафедии тухм чӣ аҳамият дорад?
Зардии тухм ҷанинро бо моддаҳои ғизоӣ, сафеда ва мояи обакӣ таъмин менамояд. Тухми мурғ, бедона, ғоз зардии бештар дорад. Барои ҳамин чӯҷа дар даруни тухм дуру дароз ташаккул меёбад ва баъди аз тухм баромадан дарҳол ба муҳити беруна мутобиқ мешавад. Чӯҷаи гунҷишк, эзорсурхак, кабӯтар, ки аз тухм бепар мебароянд, ниёз ба нигоҳубин доранд.
Ба чӯҷа аз тухм баромадан осон аст?
Барои аз тухм баромадан ба чӯҷа лозим меояд, ки пӯсти сахти онро шиканад. То ин вақт андаруни тухм дар нӯги нӯли чӯҷа ғуррии сахт пайдо мешавад. Тавассути он чӯҷа пӯстро сӯрох мекунад. Сӯрох кардани пӯсти тухм барои чӯҷаҳои шутурмурғ хеле душвор аст, зеро ба онҳо лозим меояд, ки аз даруни тухмҳои хеле калон бароянд ва пӯсти сахтро бишкофанд.
Тухм чӣ тавр пайдо мешавад?
Дар натиҷаи ҷуфтшавӣ ҳуҷайратухм, ки дар ҷисми парандаи модина нуҳуфта аст, бордор мегардад. Ҳамин тавр, ҳангоми бордоршавӣ ҷанин пайдо мешавад, ки дар сатҳи зардии тухм хобидааст. Тухм аз тухмроҳа ҳаракат карда, аввал бо сафеда, сипас бо парда ва пӯст пӯшида мешавад. Онҳо аз таркиби моддаҳое, ки ғадудҳо дар танаи тухмроҳа ҷудо мекунанд, ташаккул ёфта, шакли тухмро мегиранд. Дар тухмҳои бисёр парандагон пигментҳое вуҷуд доранд, ки ба тухм ранги махсуси муҳофизавӣ медиҳанд. Баъзе парандаҳо, масалан, пингвинҳо, дар мавсими афзоиш ҳамагӣ як дона тухм мегузоранд. Чанде аз парандаҳои дигар пурнаслу сертухманд. Чунончи, кабк дар мавсими наслдиҳӣ то 20 адад тухм мегузорад.
Тухмгузорӣ
Тухми паранда яке аз муъҷизаҳои бузурги табиат мебошад. Тухм, одатан, шакли гирда ва пӯсти тунук дорад. Дар даруни тухм чӯҷа падид омада, инкишоф меёбад. Вақте ки вай аз тухм баромад, пурра қобили ҳаёт аст.
Аз оби даҳон лона сохта мешавад?
Досаку фароштурукҳо лонаашонро, одатан, аз лой месозанд. Ба сифати ширеш онҳо луоби даҳонашонро кор мефармоянд. Лонаи фароштурукҳо танӯршакл аст. Саланганҳо лонаашонро пурра аз оби даҳон бунёд мекунанд. Одамони таҳҷоӣ ин лонаҳоро ҷамъ карда, ба тарабхонаҳо мефурӯшанд. Хӯроке, ки аз чунин лонаҳо таҳия мекунанд, таъми тухми моҳиро дорад.
Оё ҳамаи парандаҳо лона месозанд?
Баъзе парандаҳо ҳунари лонасозӣ надоранд. Масалан, куку дар ҳаёташ лона намесозад. Вай дар лонаи дигар парандаҳо тухм мегузорад. Тухми онро соҳиби ҳамон лона пахш карда чӯҷа мебарорад. Лочинҳо лонаҳои партофтаи кафтару зоғҳои алоро истифода мекунанд. Авдотка ном мурғак барои сохтани лона поруи баҳмутҳоро меписандад.
Лонаро дӯхтан мумкин аст?
Баъзе парандаҳо дӯзандаи моҳиранд. Хайётак ном паранда бо нӯли дароз ва чун сӯзан тези худ аз ду барги калон халтача медӯзад. Вай даруни халтачаро бо паҳоли нарм пур карда, тухм мегузорад. Ба сифати ришта тори анкабут, мӯи асп ё нахи рустаниҳоро истифода мебарад.




