Тоҷикистон
Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ аст, ки татбиқи сиёсати давлат ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои эҷоди меъёр, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, дигар соҳаҳои адлияро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин намуда, фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои тобеи худро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат мекунад. Мақомоти адлия барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намудааст. То таъсис ёфтани мақомоти адлия ва забти ҳудуди Осиёи Марказӣ аз тарафи Империяи Россия вазифаи мақомоти адлия ва ҳокимияти судӣ ба зиммаи шахсони мансабдори алоҳида, ба монанди қозикалон, қушбегӣ, ҳокимони меросӣ, бекҳо ва амлокдорон вогузор шуда буд, ки онҳо «адолати судӣ»-ро асосан аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ анҷом медоданд. Вазифаи нигаҳбонии маҳбасҳо ба зиммаи одамони махсуси қозиҳо вогузор шуда буд, ки маҳбусонро назорат мекарданд. Шахсони мансабдори зикргардида, асосан, мутобиқи шариат фаъолият карда, гунаҳкории шахсро аз рӯйи муқаррароти он ва нишондоди шоҳидон муайян менамуданд. Соли 1924 Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо фармони Комиссариати халқии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 12 феврали 1925 Комиссариати халқии адлия таъсис дода, ба зиммаи он вазифаҳои мушаххас вогузор гардиданд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳи калон ҷудо намудан мумкин аст: а) вазифаҳое, ки хислати ташкилӣ доштанд; б) вазифаҳое, ки барои идораи корҳои давлатӣ равона гардида буданд. Ба вазифаҳои гурӯҳи аввал роҳбарии умумӣ ба мақомоти адлия, ташкил кардан, дастур додан ва тафтиш намудани муассисаҳои судию тафтишотии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз ҷумла, Сарсуд дохил мешуданд. Вазифаҳои гурӯҳи дуввум аз шарҳу эзоҳи қонунҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои қонунгузории Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон мутобиқи дархости мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, додани хулосаҳо иборат буданд. Азбаски мақомоти прокуратура дар солҳои нахустини таъсиси худ ба мақомоти адлия вобаста буд, комиссари халқии адлия ҳамзамон прокурори ҷумҳурӣ низ эътироф мегардид. Комиссари халқии адлия — прокурори ҷумҳурӣ дар доираи салоҳияти худ риояи яксони қонунро назорат карда, иҷрои онро таъмин менамуд. Яке аз вазифаҳои муҳим ва асосии ӯ дар фаъолият ва низоми ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани қонун ва таҳкими он ба шумор мерафт. Бо ин мақсад комиссари халқии адлия — прокурори ҷумҳурӣ дар ду самти асосӣ фаъолият мекард: а) ташкили васеи қабули шикояту аризаҳои шаҳрвандон; б) ташкили назорат дар иҷрои қарору фармонҳое, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешуданд. Шуъбаи прокурории Комиссариати халқии адлия дастурдиҳӣ ва тафтиши бевоситаи дастгоҳи марказии мақомоти мазкурро анҷом дода, таъмини фаъолияти тамоми мақомоти судӣ-тафтишотӣ, вусъат додани судҳои халқӣ, таъйин ва озод намудани прокурорҳо, баланд бардоштани сатҳи сифати фаъолияти онҳо, баланд бардоштани дараҷаи ихтисоснокии кормандони мақомоти судӣ, барпо намудани курсҳои идориро назорат намуда, дар айни вақт мақомоти таҳқиқи ибтидоиро ҳам муроқибат мекард. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари Комиссариати халқии адлия дар самти ташкил ва фаъолияти мақомоти судӣ низ як қатор ислоҳот анҷом дода шуда, дар давоми солҳои 1925–26 дар ҳудуди Тоҷикистон судҳои халқӣ, округӣ, шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис дода шуданд. Шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон то соли 1927 фаъолият намуда, сипас дар заминаи он Сарсуди Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 7 июни 1925 бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар назди курсҳои семоҳаи омӯзгории Комиссариати халқии маориф курсҳои байниидории омодасозии кормандон бо шуъбаҳои маъмурӣ ва судӣ таъсис дода шуданд. Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба таври воқеӣ мақомоти гуногунсоҳаи ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар худ салоҳияти якчанд мақомотро муттаҳид карда буд. Яке аз вазифаҳои муҳими он тибқи Низомномае, ки бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 6 майи 1925 тасдиқ гардида буд, иштирок дар таъминоти ҳуқуқии фаъолияти эҷоди ҳуқуқ буд. 20 июни 1933 бо қарори Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шӯрои комиссарони халқии Тоҷикистон шуъбаи прокурорӣ аз ҳайати Комиссариати халқии адлия бароварда шуда, дар заминаи он мақоми алоҳида ва мустақили прокуратура таъсис дода шуд, ки ин идомаи мантиқии ислоҳоти мақомоти адлия дар замони ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Баробари таъсис ёфтани Прокуратураи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, вазифаи назорат ба риояи қонун маҳз ба зиммаи он вогузор гардида, аз зиммаи комиссари халқии адлия соқит карда шуд. Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки маҳсули давраи аввали барқарории ҳокимияти шӯравӣ буд, аз рӯйи мазмун ва моҳияти худ ба пешрафт, тағйироти шакл ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ мутобиқат намекард. Аз ин хотир зарурат ба миён омад, ки дар ин самт мақоми алоҳидаи соҳавӣ таъсис дода шавад, ки он соҳаи мазкурро бо дар назар доштани талаботи нав роҳбарӣ намояд. Соли 1946 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин имкон дод, ки ҳудуди салоҳият ва масъулияти ба зиммаи он вогузоргардида ба таври дақиқ ва мушаххас муайян карда шуда, доираи фаъолияти он ба доираи фаъолияти мақомоти давлатӣ мутобиқ гардад. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ин сатҳ то соли 1958 фаъолият намуд. 24 ноябри 1958 Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар асоси фармони Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи барҳам додани Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва таъсис додани Комиссияи ҳуқуқӣ дар назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Минбаъд аксари вазифаҳое, ки қаблан аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон иҷро мешуданд, ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон вогузор шуданд. Тафтиш ва назорати фаъолияти судҳои халқӣ, роҳбарии давлатӣ ба идораҳои нотариати давлатӣ, амалӣ кардани корҳои оморӣ вобаста ба фаъолияти судҳои халқӣ, назорат ба фаъолияти адвокатура аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд. Ислоҳоти дигаре, ки соли 1970 доир шуд, барои ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил додани Комиссияи ҳуқуқии назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон асос гардида, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз нав ҳамчун мақоми алоҳида ва мустақили давлатӣ таъсис дода шуд. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо мақсади таъмини ислоҳоти судӣ ва мустақилияти ҳокимияти судӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мустақил - Шӯрои адлия таъсис дода, мақомоти судӣ аз сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд (14.12.1999). Тибқи тағйироти конститутсионӣ (22.5.2016) ин Шӯро бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам хӯрда, масъалаҳое, ки ба салоҳияти он дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд. Низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз тобеияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд (26.7.2002). Бо мақсади иҷрои босамару саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои судии давлатҳои дигар, истеҳсолоти иҷро аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд (2008). Мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекард, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд (7.10.2011). Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад: таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи эҷоди меъёр ва татбиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ; бақайдгирӣ ва баҳисобгирии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ; танзими давлатии фаъолияти мақомоти нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, фаъолияти адвокатҳои ваколатдор ва баланд бардоштани сатҳи фаъолияти онҳо; таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ; таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.4.2008, № 176); ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ; такмили сатҳи ихтисоси кадрҳои сатҳи соҳа бо дар назар доштани талаботи муосир; баррасии саривақтӣ ва босифати шикоятҳо, аризаҳо, муроҷиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва ғайра. Сохтор Сохтори идораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи марказӣ; Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо; Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо; Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ; Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ. Дастгоҳи марказӣ: Роҳбарият, Сарраёсати қонунгузорӣ, Сарраёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ, Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд, Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, Раёсати молияву иқтисод, Шуъбаи умумӣ ва назорати иҷро, Шуъбаи бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравӣ, Бахши хоҷагӣ. Муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо; Корхонаи воҳиди давлатии нашриёти «Қонуният». Р. Шарифов. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзӣ ба амал мебарорад. Фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии эътирофшуда аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳад. 14 декабри 1924 Комиссариати халқии зироат таъсис дода шуд. Вазифаи асосии Комиссариат ташкили умури кишоварзӣ ва барпо намудани хоҷагиҳои дастаҷамъӣ (колхозҳо) буд. 27 марти 1946 он ба ду вазорати мустақил — Вазорати зироатҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Вазорати чорводории Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷудо шуд. Як сол баъд ду вазорат якҷо карда шуда, Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт. Соли 1953 Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо Вазорати хоҷагии ҷангал муттаҳид гардида, Вазорати хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоттайёркунии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ташкил доданд. Соли 1957 бо Вазорати совхозҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон якҷоя шуда, Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил дода шуд. Соли 1962 Вазорати истеҳсол ва тайёр намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, соли 1985 Кумитаи давлатии агросаноатӣ, соли 1991 аввал Вазорати кишоварзӣ ва соли 2006 Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат номгузорӣ шуд. Аз соли 2008 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт. Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Раёсати рустанипарварӣ; Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ; Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ; Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ; Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ; Раёсати молия ва муҳосибот; Шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ; Раёсати корҳо; Шуъбаи умумӣ ва назорат; Бахши муҳосиботи дастгоҳи марказӣ; Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ; Шуъбаи матбуот ва иттилоот; Шуъбаи аудити дохилӣ. Нақшаи идоракунии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дастгоҳи марказӣ, Бозрасии назорати давлатии техникии кишоварзӣ, Сарраёсати кишоварзии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раёсат ва шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо иборат аст. Муассисаю ташкилоти зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Бозрасии назорати давлатии техникии кишоварзӣ; Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ; Муассисаи давлатии «Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию тадқиқотии меҳнат»; Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»; Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон»; Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»; Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ; Муассисаи давлатии «Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногенетикӣ»; Муассисаи давлатии Экспедитсияи «Мубориза бар зидди малаҳ»; Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ; Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Хуросон оид ба парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ; Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон»; Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон»; Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон»; Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»; Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»; Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад»; Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»; Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтар; Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ. Вазорат якҷо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, сохторҳои кишоварзии кишварҳои дигар ҳамкорӣ карда, лоиҳаву барномаҳои гуногунро татбиқ месозад, ки ба манфиати кишоварзони ҷумҳурӣ аст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин дороии онҳоро таъмин менамояд. Фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ гардондан ва мустаҳкам намудани қонуният, ҳифзи ҳуқуқ ва моликияти шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори милисия дар саросари кишвар бо дарки меъёрҳои замони муосир ва ҷомеа нигаронида шудааст. Ташкили мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Тоҷикистон давра ба давра сурат гирифта, дар ҳар минтақаи кишвар аз шароитҳои маҳал вобаста буд. Дар давраи аввал (1917–1920) милисия дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон (уезди Хуҷанд, шаҳру ноҳияҳои Ӯротеппа, Конибодом, Исфара, ки ба ҳайати уезди Қӯқанд дохил буданд, ноҳияи Ашт, ки ба ҳайати уезди Намангони вилояти Фарғона дохил буд ва Панҷакенту Фалғар, ки ба ҳайати вилояти Самарқанди кишвари Туркистон шомил буд) ва Помир ташаккул ёфт. Дар давраи дуввум (1920–1924) мақомоти милисия дар ҳудуди собиқ Бухорои Шарқӣ (минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон) созмон ёфта, дар тамоми ноҳияҳои Душанбе, вилоятҳои Кӯлоб, Ғарм ва Қӯрғонтеппа фаъолона амал мекард. Мақомоти милисияи Тоҷикистон (ноҳияҳои шимоли он ва Помир ба ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва ноҳияҳои марказию ҷанубӣ ба ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дохил буданд) то гузаронидани тақсимоти ҳудудӣ-миллии Осиёи Миёна (1924) аллакай таъсис ёфта, ташаккули сохтори он идома дошт. Дар давраи севум (1924–1929) Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд, ки чорабиниҳои баъдии тақвияти ташкилию ҳуқуқии мақомоти милисияро дар Тоҷикистон амалӣ кард. Дар давраи чорум (1929–1991) милисияи тоҷик дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба мақомоти муътамад ва неруи асосии муборизаи зидди ҷинояткорӣ мубаддал гашт, тартиботи ҷамъиятиро шабу рӯз содиқона муҳофизат мекард, дар ҳалли вазифаҳои бузурги хоҷагии халқ иштирок намуда, бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва мансабӣ муборизаи беамон бурд ва дар татбиқи масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат саҳми беғаразонаи худро гузошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) вазифаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткориро бошарафона иҷро кард; солҳои баъдӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳми бузург гузошт. Дар давраи панҷум (аз 1991) баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба халқу Ватан содиқ монда, тамоми неруи худро баҳри барқарор намудан ва таҳким бахшидани сулҳу субот, оромӣ ва шукуфоии Тоҷикистон равона кард. Тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба яке аз ниҳодҳои бузург ва такягоҳи боэътимоди истиқлоли ҷумҳурӣ табдил ёфта, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ куллан таҷдид шуд. Дар тӯли фаъолияти худ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд бор таҷдиди сохториро аз сар гузаронд: Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (1917–1924), Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924–1929); Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929–1930); Сарраёсати милисия ва кофтукови ҷиноятии назди Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1930–1934); Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1934–1946); Сарраёсати милисияи Вазорати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1949–1956); Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1956–1960); Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1960–1968); Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1968–1991); Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991. Самтҳои асосии фаъолияти милисия: ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ; пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо; ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ; таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ; ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд; ҳимояи ҳама гуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ғайра. Вазифаҳои милисия: пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ошкор намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, андешидани тадбирҳо барои рафъи онҳо, ба таври инфиродӣ анҷом додани корҳои пешгирӣ бо ҳуқуқвайронкунандагон, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон; гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани ҷиноят; таъмини тартибот дар кӯчаю хиёбон, боғу майдонҳо, роҳҳои нақлиётгард, вокзалу фурудгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ; пешгирии беназоратии кӯдакон якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ; қабул ва ба қайд гирифтани ариза, хабар ва дигар маълумот дар хусуси ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамчунин дар бораи содиркунандагони онҳо ва андешидани чораҳои зарурии қонунӣ ва ғайра. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гурӯҳҳои ба он сарукордошта чорабиниҳои мушаххасро анҷом доданд, то имрӯз (2021) даҳҳо тонна маводи мухаддир аз муомилот мусодира, фаъолияти ҷинояткории марбут ба одамрабоӣ, хариду фурӯши одамон, ноболиғон, истисмори занону кӯдакон ошкор ва пешгирӣ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ дар самти мубориза бо ҷинояткории замони муосир фаъолияти худро густариш дода, бо ҳамкасбони хориҷии дуру наздики худ муносибатҳои густурдаи ҳамкориро ба роҳ мондааст ва дар марҳалаи амалӣ кардани беш аз 200 шартнома ва созишномаи дуҷонибаву бисёрҷонибаи ҳамкории муштараки мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, кофтукови ҷинояткорон ва таълиму тарбияи кормандон бо мақомоти корҳои дохилии он кишварҳо аст. Аз соли 2010 татбиқи «Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020» сурат гирифт. Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ, Раёсати амнияти дохилӣ, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, Раёсати молиявӣ-иқтисодӣ, Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Раёсати тафтишотӣ, Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, Раёсати ташхисӣ (криминалистӣ), Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ, Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, Бюрои марказии миллии «Интерпол», Раёсати таҳқиқ, Раёсати алоқа, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, Котибот, Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия. Сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, Раёсати хадамоти давлатии «Муҳофиза», Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ, Дастаи таъиноти махсуси милисия, Маркази таълимӣ, Маркази хадамоти кинологӣ, Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тиббӣ, Муассисаи нақлиётӣ, Раёсати сохтмони асосӣ, Воҳиди махсус, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт, Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ. Н. Назаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 160–163.
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҷангалпарварӣ танзим ва татбиқ менамояд. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 19.11. 2013, № 12) ташкил шуд. Аввалин хоҷагиҳои ҷангал дар шимоли Тоҷикистон аз охирҳои асри 19 ва дар ҷануби Тоҷикистон (хоҷагиҳои ҷангали Далёни Боло, Қӯрғонтеппа, Сари Хосор ва Шаҳристон) солҳои 1930-ум ташкил шуданд. То давраи таъсиси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷангалпарварӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Сарраёсати хоҷагии ҷангали Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Вазорати хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1947–53), Сарраёсати хоҷагии ҷангал дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1953–66), Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1966–89), Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004–06), Агентии хоҷагии ҷангал ва шикори Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006–08), Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008–12) ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 2013) амалӣ карда мешуд. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳбарият; раёсати хоҷагии ҷангал; шуъбаи шикор; шуъбаи иқтисод ва банақшагирӣ; шуъбаи муҳосибот; шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ; бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва паркҳои миллӣ; бахши робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот. Дар сохтори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 хоҷагии ҷангал, 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ ва 13 парваришгоҳи табиии давлатӣ фаъолият мекунанд. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои ғайридавлатии Агентии ёрии техникии Олмон (GTZ), Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA), Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ (WFP), Барномаи озуқаи кишоварзӣ (WFR) ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ робитаи ҳамкорӣ дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 160.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи хизмати давлатӣ амалӣ менамояд. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 19.11.2013, № 12), дар натиҷаи табдили ном кардани Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таъсис: 9. 6. 2007, № 264) бо мақсади ташаккули низоми самараноки идораи давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ташкил дода шуд. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 15. 3. 2014, № 179) тасдиқ шудааст. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳбарият; шуъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат; идораи захираҳои инсонӣ; шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ; ташкилӣ, таҳлил ва иттилоот; бахши кадрҳо ва коргузорӣ; бахши махзани маълумот ва тестӣ; молия ва муҳосибӣ. Тибқи нақшаи идораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ), вилоятҳои Суғд (шаҳри Хуҷанд), Хатлон (шаҳри Бохтар), шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Душанбе), бахши минтақаи Кӯлоб (шаҳри Кӯлоб) амал мекунанд. Самтҳои асосии фаъолият Самтҳои асосии фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: татбиқи сиёсати ягонаи хизмати давлатӣ; ташкил ва адои хизмати давлатӣ; таъмин ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ; ташкили курсҳои омодагии касбӣ, таҷдиди омодагӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба татбиқи кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо. Вазифаҳои асосӣ Вазифаҳои асосии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи хизмати давлатӣ; ташкили низоми самараноки интихоби кадрҳо ва идораи ҳайати кормандон; ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар масъалаҳои омодагии касбӣ, таҷдиди омодагӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ; таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хизматчиёни давлатӣ. Ҳамкорӣ Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Агентии миллии Украина оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ, Академияи идораи назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) – Барномаи JDS; Бунёди Ҳаннс Зайдел ва ғайра ҳамкорӣ дорад. Соли 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) маҷмӯаи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ»-ро чоп кард (нашри панҷум), ки он китоби рӯйимизии хизматчиёни давлатӣ мебошад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 160.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии соҳаи сиёсати баҳисобгирии оморӣ ва таҳлили иқтисодӣ аст, ки ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилооти омориро дар асоси принсипҳои омӯзиши объективӣ ва ҳамаҷонибаи равандҳои иҷтимоию иқтисодии муртабити ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар заминаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуда, барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, тадқиқоти хоҷагии хонавода, таҳияи омори демографӣ, маҷмӯи васеи маълумоти омори иқтисодӣ, аз ҷумла тадқиқоти корхонаву муассисаҳо, ҳамчунин нархҳо, савдои хориҷӣ, ҳисобҳои миллӣ, молияи давлатӣ, омори аграрӣ, иҷтимоӣ ва омори кор ваколатдор аст. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро доир ба омори соҳаи иҷтимоӣ (тандурустӣ ва маориф) аз вазоратҳои дахлдор мегирад. Маълумоти омори монетарӣ тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Низоми ягонаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистонро Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангии муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ», сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ташкил медиҳад. Дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият; раёсати методологияи оморӣ ва кор бо мақомоти маҳаллии омор; Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ; Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон, Раёсати омори кишоварзӣ; Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия; Раёсати бақайдгирии нархҳо, тарифҳо, индексатсияи даромади аҳолӣ ва тадқиқоти хоҷагии хонавода; Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ; Раёсати омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ; Раёсати омори нақлиёт, мухобира ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, хидмати пулакӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист; Раёсати банақшагирӣ, ҳисобот ва маъмурию хоҷагӣ; Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус; Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ; Бахши ҳуқуқ иборат аст. Мувофиқи нақшаи идораи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарраёсатҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсату шуъба ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе амал мекунанд. Маълумоти аввалини оморӣ дар шуъбаҳои маҳаллӣ ҷамъоварӣ ва ба маркази кулли ҳисоббарорӣ (дар шаҳри Душанбе) пешниҳод шуда, дар он ҷо иттилоот мувофиқи дастурамалҳои пешниҳодкардаи мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард мешавад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти охирини якмоҳаи оморӣ ва шарҳи мухтасари онҳоро дар маҷмӯаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (нашрияи асосии моҳонаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳия карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, вазорату идораҳо ирсол мекунад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин маҷмӯаҳои омории солонаро ба табъ мерасонад: Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон дар рақамҳо ва ғайра. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия, аккредитатсия, таъмини назорати давлатӣ оид ба ҷорӣ ва риоя намудани муқаррароти стандартҳо, дастурҳои техникии сифати ашёи хом, маҳсулот, таъмини ченаки ягона ва қоидаҳои савдо дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.12.2008) ташкил ёфта, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ба роҳ мондааст. Таърихи ташаккули метрологияи тоҷик аз аҳди давлатдории Сомониён сарчашма гирифта, девони муҳтасиб бозор, тарозу, молҳои фурӯши барзгарон ва пешаваронро назорат мекард. Ин ниҳод метавонист фурӯши молҳои қалб ва номатлубро боз дорад, ба нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад, ба ахлоқи мардум ва истеъмоли машрубот назорат намояд. Низоми хадамоти метрологӣ дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ бо қабули қарори Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи дар шаҳри Душанбе ташкил намудани шуъбаҳои муваққатии санҷиши метрологии Палатаи ченаку вазни шаҳри Тошканд» ташаккул ёфта, аввал дар шаҳри Хуҷанд, сипас дар шаҳри Душанбе филиалҳои хадамоти метрологӣ таъсис дода шуданд. Соли 1929 Палатаи ченаку вазн ба хадамоти мустақили давлатии метрологӣ табдил дода шуд. Бо рушди иқтисодиёти кишвар солҳои 1980-ум шуъбаҳои Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб ва Хоруғ ташкил шуданд. Ҳоло раёсатҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақавии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва марказҳои санҷиши минтақавии он дар шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Данғара, Лахш, Рашт ва Шаҳритус амал мекунанд. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони байналмилалии стандартизатсия (ISO), Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва чанд созмони байналмилалӣ ва минтақавии соҳавӣ мебошад. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо институтҳои метрологии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Олмон ва давлатҳои дигар ҳамкорӣ дорад. Маҷаллаи илмию истеҳсолӣ ва иттилоотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Стандарт ва сифат» аз соли 2003 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ моҳе як бор чоп мешавад. Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми идораи давлатӣ аст, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи хариди давлатӣ татбиқ менамояд. Низомномаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи 2010 (№ 228) тасдиқ шудааст. Сохтори идораи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: директор; муовини директор; бахши молия ва баҳисобгирии муҳосибӣ; бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус; шуъбаи таҳлил, назорат ва таъмини иттилооти хариди давлатӣ; бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ; раёсати ташкил ва анҷом додани хариди давлатӣ; шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои бахши ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ; шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои соҳаи иҷтимоӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ; шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои соҳаҳои сохтмон, ободонӣ ва инфрасохтор; бахши низоми электронии хариди давлатӣ; бахшҳои минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Рашт. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 159–160.
Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳифзи ҳуқуқ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, назорати муомилоти онҳоро амалӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи онро назорат ва манфиати давлатро дар бобати назорати маводди нашъаовар дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя менамояд. Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.7.1999 таъсис ёфт. Он барои иҷрои Конвенсияи ягонаи Созмони Милали Муттаҳид доир ба воситаҳои нашъадор (1961) ва дар асоси протоколе, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати маводди нашъаовар ва пешгирии ҷинояткорӣ ба имзо расид (Вена, 27.4.1999), созмон дода шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати маводди нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳуҷҷати лоиҳавии «Агентии назорати маводди нашъаовари Тоҷикистон (Агентии назорати маводди нашъаовар – Марҳилаи II)»-ро имзо намуданд (17. 6. 2003). Самтҳои асосии фаъолият Самтҳои асосии фаъолияти Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ. Аз соли 2000 то ҳол қариб 400 нафар корманди Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳо, аз ҷумла дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мамлакатҳои хориҷа таълим гирифтанд. Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд раёсатҳои минтақавӣ, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент ва ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим шуъбаҳои байниидорӣ дорад. Директорон Директорони Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Р. Назарзода (1999–2016), Ш. Салимзода (2016–2020), Ҳ. Воҳидзода (аз соли 2020). Адабиёт 20-солагии Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2019. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 158–159.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи 2007 (№ 143) бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, аз байн бурдани такрори вазифаву ваколатҳои мақомоти идораи давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати тафтишотӣ дар заминаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Самтҳои асосии фаъолият Самтҳои асосии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия; дар доираи ваколати худ таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъият ва давлат; амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ; амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъ ва фош кардан, ҳамчунин таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои марбут ба андоз, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир кардаанд; ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия дар доираи салоҳияти худ; амалӣ гардонидани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати давлатии молиявӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми 5 соли аввали фаъолияти худ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ беш аз 5 478 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи беш аз 514,8 миллион зарари молиявиро ошкор намуд. Роҳбарон Роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ш. О. Салимзода (2007–2009), Абдуфаттоҳи Ғоиб (2009–2015), Р. Эмомалӣ (2015–2017), С. С. Султонзода (аз 2017). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 158.
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи захираҳои моддии давлатӣ татбиқ мекунад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30. 12. 2007, № 652) таъсис ёфта, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд. То давраи таъсиси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ин ниҳод аз ҷониби Шуъбаи захираи давлатӣ ва корҳои махсуси Вазорати иқтисод ва молия (1992–93), Шуъбаи баланси моддӣ, тақсимот ва сарфаи захираҳои Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993–94), Шуъбаи захираи давлатӣ ва корҳои махсуси Вазорати иқтисод ва дурнамо (1994–98), Вазорати иқтисод ва робитаи беруна (1998–2001), Раёсати хариди давлатӣ ва савдои Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон (2001–06) ва Раёсати захираҳои давлатӣ ва сафарбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешуданд. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори дастгоҳи марказии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият ва раёсатҳои татбиқи сиёсати давлатӣ, банақшагирии стратегӣ ва идораи захираи давлатӣ; ташкил ва ташаккули сарватҳои моддии захираи давлатӣ; муҳосибот, баҳисобгирӣ ва аудит; корҳои махсус, сиёсати кадрҳо ва хоҷагидорӣ; бахши таъминоти ҳуқуқӣ иборат мебошад. Аз соли 2009 дар назди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираи моддӣ», «Захираи нафтӣ», «Захираи моддии Суғд», «Захираи ғалла» ва «Захираи газ» таъсис дода шуданд. Вазифаҳои асосӣ Вазифаҳои асосии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираҳои моддии давлатӣ; ҳифзи амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳияи таъминоти методологии ҷараёни ташаккули сарватҳои моддии захираи давлатӣ; татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини идораи самараноки сарватҳои моддии захираи давлатӣ; таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои методӣ доир ба масъалаҳои идораи сарватҳои моддии захираи давлатӣ; андешидани чораҳои зарурӣ барои хариди сарватҳои моддӣ баҳри ташаккули захираи давлатӣ; ташкили ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва хидматрасонии захираи моддии давлатӣ; муайянсозии шароити нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ; бо дар назар доштани муқаррароти стандартҳои давлатӣ ва вазъи техникӣ таъмини назорат ҷиҳати таъмини миқдор, сифат, ҳолат ва ҳаракати сарватҳои моддии захираи давлатӣ. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҷумҳурии мо бо сабаби мавҷуд набудани заминаҳои захираи давлатӣ маводди захирашаванда дар базаҳои махсуси ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон нигоҳдорӣ мешуд. Аз ибтидои солҳои 1990-ум дар сохтори Кумитаи банақшагирии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои танзими воридот, нигоҳдорӣ ва тақсимоти захираҳои моддӣ шуъбаи махсус ташкил ёфт. Дар шароити муосир Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини талаботи мобилизатсионии мамлакат ва анҷоми корҳои аввалиндараҷа ҷиҳати бартараф кардани оқибати ҳолатҳои фавқулода, расонидани ёрии башардӯстона, танзими талаботу пешниҳоди бозори дохилӣ, пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Шӯрои машваратии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҳамасола ҷиҳати нигоҳдории дуруст, захира намудани маҳсулоти ғизоӣ ва зироатҳои кишоварзӣ дар семинар-машварати он иштирок намуда, ҳамзамон бо намояндагони дигар кишварҳо вохӯриҳои алоҳида анҷом медиҳад. Дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти алоқаманди давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳаҷми додугирифти маҳсулот бо Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Украина, Беларус, Қазоқистон ва Озарбойҷон тадриҷан афзоиш меёбад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 157–158.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи беҳдошт ва мелиоратсияи замин мебошад. Фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар бахши мелиоратсияи заминҳои обёрӣ, истифода ва нигаҳдошти муассисаҳои хоҷагии об, таъминот, истифода ва ҳифзи об иборат мебошад. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 19.11.2013, №12) таъсис дода шуд. То давраи ташкили Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи беҳдошт ва мелиоратсияи замин аз ҷониби Раёсати хоҷагии оби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1925–29), Раёсати хоҷагии оби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929–40), Комиссариати халқии хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (1946–47), Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (1947–97), Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997–2006) ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006–2013) татбиқ карда мешуд. Самтҳои асосии фаъолият Самтҳои асосии фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи беҳдошт ва мелиоратсияи замин; анҷоми корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии иншооти обию техникӣ, анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нокорам, назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об дар заминҳои кишоварзӣ, танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва идораи захираҳои об дар низоми беҳдошти замин ва обёрӣ дар асоси идораи ҳамгироёнаи захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳои дарёҳои хурду калон ва ғайра. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро оид ба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори дастгоҳи марказии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд; Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон; Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Душанбе; Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Ҳисор; Шуъбаи обёрӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; Муассисаҳои давлатии «Назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об»; «Истифодабарии иншоотҳои истеҳсолӣ ва манзилӣ»; «Шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо»; «Таъмир ва нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ»; «Нақби оби Данғара»; «Маркази такмили ихтисос»; «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ»; «Канали Чӯбак»; «Канали Хоҷабоқирғон»; Маркази идораи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона»; Маркази идораи лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ» ва Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар ҳайати Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ Ташкилотҳои ғайритиҷоратии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз»; Корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷикобавтоматика», «Суғдобсохтмон», «Вахшобсохтмон», «Селмуҳофизат»; Корхонаи воҳиди давлатии комплектатсияи иншоотҳои мелиоративӣ; Корхонаи воҳиди давлатии корҳои махсусгардонидаи № 10 шаҳри Ваҳдат; Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Обёрии Данғара». --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 157.
Ҳокимияти қонунгузор
Маҷлиси Олӣ – мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи мавҷудияти хеш мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории худро, ба монанди Анҷумани вакилони Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1926–37), минбаъд Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1937–94) ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994–99) дошт. Таъсиси парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо ислоҳоти конститутсионӣ (1999) ва интихоботи парламентӣ (2000) робита дорад. Бо тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) тарҳи Маҷлиси Олӣ дар давраи нав (аввалин парламенти воқеии ҷумҳурӣ) муқаррар шуда, шакли дупалата, доимамалкунанда ва касбӣ будани он ҷонибдорӣ гардид. Ҳамчунин чанд тағйирот дар раъйпурсии соли 2003 доир ба ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Тартиби ташкил ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олӣ дар асоси қоидаҳои нави моддаҳои 49–51 Конститутсия ва қонуни конститутсионӣ (1999) муқаррар шуд. Дар таркиби дупалатаи Маҷлиси Олӣ низоми интихобот ва тартиби гузаронидани он муайян шудааст. Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Маҷлиси миллӣ 33 узв ва Маҷлиси намояндагон 63 вакил дорад. Тарзи фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо ду роҳ: тавассути интихоботи ғайримустақим ва бо таъйиншавӣ муайян гардида, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон низ бо ду тарз — худпешбарӣ ва пешбарӣ аз тарафи ҳизбҳои сиёсии қонунан амалкунанда муқаррар шудааст. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ: таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо; интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент, ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ризоият барои таъйин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ, амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон: таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент, ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ, тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ризоият барои додугирифти қарзи давлатӣ; тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ, таъйини раъйпурсӣ, таъсиси судҳо, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, мукофотҳои давлатӣ, фармонҳои Президент дар бораи таъйин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ, муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус, муайян намудани маоши Президент, амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад ва барои номзадҳо ба вакилӣ шартҳои муайян гузошта шудаанд. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ камтар аз 30 сол набуда ва маълумоти олӣ дорад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷо) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 30 сол кам нест ва дорои маълумоти олист, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин шавад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Аъзои Ҳукумат, судҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд. Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Ваколати аъзои парламент дар чунин ҳолатҳо қатъ мегардад: ҳангоми вафот; истеъфо; ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд; ба қувваи қонун даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъ гардидани шаҳрвандӣ; тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест; парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон. Фаъолияти палатаҳо дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи якуми палатаҳоро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ба таври даъватӣ сурат мегирад ва иҷлосия соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват мешавад. Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон бо ҳуқуқи хосси вакилон дар муҳлати муқарраркардаи конститутсия баргузор мегардад. Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар як сол 1 маротиба (аз аввали моҳи октябр то охири июн) гузаронида мешавад. Дар давраи байни иҷлосияҳои палатаҳо ҳангоми зарурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Салоҳияти палатаҳо ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя аз инҳо иборат аст: тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда, ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, таъйини интихоботи Президент, қабули истеъфои Президент, сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ, баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент. Ҳар як палатаи Маҷлиси Олӣ аз байни аъзо ва вакилон раис, муовини якум ва муовинонро интихоб менамояд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Раисони палатаҳо дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд. Раисони палатаҳо, муовини якум ва муовинони онҳо иҷлосияро роҳбарӣ мекунанд. Палатаҳои Маҷлиси Олӣ фаъолияти мақомоти худро мустақилона ба роҳ мемонанд, ҳамчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис медиҳанд ва аз рӯи масъалаҳои ба онҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд. Мақомоти ҳамоҳангсози палатаҳо – Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд. Ба ҳайати он Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумита ва комиссияҳои палата дохил мешаванд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав ба муҳлати ваколати худ бо дар назар доштани таҷрибаи парламентӣ ва хусусиятҳои кори палата шумора ва номгӯи кумита ва комиссияҳоро муайян менамоянд. Масалан, Маҷлиси намояндагони даъвати панҷум 9 кумита ва 3 комиссияи зерро таъсис дод: оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон; тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният; иқтисод ва молия; масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин; корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот; илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон; масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ; сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ; энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва комиссияҳои экологӣ, одоби вакилон, назорати Дастур ва ташкили кор. Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22.5.2016) баъзе самтҳои ташкили Маҷлиси Олӣ низ тағйир ёфт. Дар моддаи 49 Конститутсия ҷумлаи 3 қисми 1 ба тарзи зер тағйир ёфт: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 сол кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Қисми 5 ҳамин модда дар таҳрири зайл ифода ёфт: «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 сол кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Ба моддаи мазкур, қисми 7 чунин илова шуд: «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъйин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад». Матни савганди узв ва вакили Маҷлиси Олӣ дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оварда шудааст. Маҷлиси Олӣ дар ҳадди салоҳияти худ қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷорӣ ва қарорҳо қабул менамояд, ки сатҳи олӣ ва баланди ҳуқуқӣ доранд. Ғайр аз ин, Маҷлиси Олӣ ва палатаҳои он доир ба масъалаҳои дахлдори ҷамъиятиву сиёсӣ санадҳои ғайриҳуқуқӣ қабул карда метавонанд, ки дар рушди ҳаёти ҷомеа ва сохтмони давлат нақши хосса доранд. Масалан, Маҷлиси Олӣ доир ба расмӣ гардонидани соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1990–1991 Эъломияҳо, Қарорҳо ва Изҳорот қабул карда буд. Онҳо заминаи сиёсии Истиқлоли Тоҷикистонро бебозгашт гардониданд. Адабиёт Имомов А. Ҳуқуқи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Душанбе, 2016; Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (парламенти) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Даъвати панҷум (2015–2020). Душанбе, 2020; Имомов А. Актуальные проблемы парламентского права Республики Таджикистан. Монография. Душанбе, 2020. А. Имомов. Ҳокимияти иҷроия Ҳокимияти иҷроия рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ аст, ки фаъолияти идораи давлатиро амалӣ намуда, бо вазифаҳои иҷроияи худ аз шохаҳои дигари ҳокимияти давлатӣ фарқ мекунад. Дар низоми ҳокимияти иҷроия мақоми олии иҷроияи давлатиро Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ низоми зерро доранд: Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент сарвари давлат ва ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, фаъолияти мураттаби мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 сол кам набошад ва дорои таҳсили олӣ буда, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир иқомат дошта бошад. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад ва ба соҳибкорӣ машғул шавад. Президент чунин салоҳиятҳо дорад: самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад; вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукумат, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, раиси Бонки миллӣ ва муовини ӯ, судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар мансабдоронро таъйин ва озод мекунад. Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шӯрои амният ва дигар мақомотро таъсис медиҳад, раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъйин мекунад, ба қонунҳо имзо мегузорад, масъалаҳои шаҳрвандӣ ва бахшиши ҷазоро ҳал мекунад, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад ва ғайра. Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошта, чунин ҳуқуқ дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ. Санадҳои Ҳукумат: қарор ва фармоиш. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад. Ҳукумат барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Адабиёт Ойев Х. Ҳуқуқи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Қисми 1. Душанбе, 2013; Раззоқов Б. Ҳ., Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарвари ҳокимияти иҷроия. Душанбе, 2010; Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайдоиш ва рушд. Душанбе, 2015; Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016. С. Иброҳимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 153–157.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат унвони абадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои анҷоми хизматҳои бузург, беназираш дар назди мардуми Тоҷикистон ба он сарфароз шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдорию бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо кард ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихи фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хидматҳои бузурги тақдирсозро анҷом додааст. Нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пайдарпай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад. Вобаста ба хидматҳои бузурги таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ӯ дар назди халқу давлати Тоҷикистон чунин салоҳияти якумраро доро мебошад: ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳимми сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба эътибор гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад, метавонад дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзад ва дар бораи масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд, дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳатҳо диҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун Президенти собиқ узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад. Барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегардад. Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. Ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Адабиёт Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 152–153.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дорои рамзҳои давлатӣ мебошад. Онҳо Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ мебошанд ва рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор мераванд. Парчами давлатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи ранга ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудаанд: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд. Парчами давлатӣ дар биноҳои зерини мақомоти ҳокимияти давлатӣ афрохта мешавад: қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ҳамчунин дар давраи гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо ва дигар ҷойҳо. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Нишони давлатӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз тасвирҳои зайл иборат аст: тоҷи тансиқшуда ва 7 ситораи нимдоирашакл, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда, чанбаре бо хӯшаҳои гандум аз тарафи рост ва бо шохаҳои пахтаи шукуфон аз тарафи чап оро ёфта, болои чанбар бо тасмаи сераха печонида шудааст ва дар қисми поёнии он рӯи поя китоби боз ҷой гирифтааст. Нишон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб, поя бо зарҳал тасвир ёфтаанд, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз, муқоваи китоб сурх аст. Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад: дар болои биноҳо ва толори қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар ҷойҳои муқарраршуда. Истифодаи Нишони давлатӣ нисбат ба Парчам ва Суруди миллӣ васеътар аст, дар шиносномаи ҳар шаҳрванд ва дар ҳама муҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ тасвири Нишони давлатӣ инъикос ёфтааст. Суруди миллӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои зер иҷро мешавад: баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оғозу анҷоми иҷлосияву ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудаанд; ҳамарӯза ҳангоми оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ; ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва барномаҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, мувофиқи иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созмон медиҳанд ва дигар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун. Эҳтиром ва аз ёд донистани Суруди миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Шахсони гунаҳкор ба таҳқир ва нақзи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд буд, Саодати ту, давлати ту бегазанд буд. Зи дурии замонаҳо расидаем, Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Барои нангу номи мо Ту аз умеди рафтагони мо нишонӣ, Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонӣ, Хазон намерасад ба навбаҳори ту, Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Ту модари ягонаӣ, Бақои ту бувад бақои хонадони мо, Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо, Зи ту саодати абад насиби мост, Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Адабиёт Низомнома «Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 11.12.1999; Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11.12.1999; Низомнома «Дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11.12.1999; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2007. Ҷ. Ҷамшедзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 152.
Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим мекунад. Кодекси мазкур аз 2 фасл, 14 боб ва 88 модда иборат аст. Дар муқаррароти асосии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ муайян шудаанд. Ҳамчунин, дар бобҳои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрванд ба муҳити мусоид ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ, танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ, объект ва субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинг, фаъолияти шаҳрсозӣ, минтақабандии ҳудудҳо ва истифодаи лоиҳаҳои маҳалҳои аҳолинишин, ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, банақшагирии шаҳрсозии маҳалҳои аҳолинишин, сохтмони манзили шахсӣ, таҳия ва мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷозат ба оғоз намудани корҳои сохтмонии бино ва иншоот, назорат ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, қабул ва истифодаи объектҳои сохтмон, муҳлати истифодаи объектҳои сохтмон, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ ва ҷуброни зарар муқаррар гардидааст. Адабиёт Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2012. Б. Назаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 151.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки кирдорҳои хавфноки зидди шахсият, ҷамъият ва давлат, асосҳо ва принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, намудҳои ҷазову чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятиро муқаррар мекунад. Кодекс 21. 5. 1998 қабул шуда, аз 1. 9. 1998 мавриди амал қарор гирифт. Он сарчашмаи ягонаи ҳуқуқи ҷиноятӣ буда, қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, бояд ба Кодекс дохил карда шаванд. Кодекси мазкур аз ду қисм иборат аст: умумӣ ва махсус. Қисми умумӣ меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо меъёрҳои умумӣ дар бораи ду ниҳоди асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ – ҷиноят ва ҷазо муқаррар гардидаанд. Қисми махсус кирдори ҷиноятиро мушаххас ва ҳадди ҷазоро барои он пешбинӣ мекунад. Кодекс 15 фасл, 34 боб ва 405 моддаро дар бар мегирад. Қисми умумӣ аз 6 фасл, 15 боб ва 103 модда иборат аст. Қисми махсус фарогири 9 фасл, 19 боб ва 302 модда мебошад. Фаслҳои қисми умумии Кодекс (1–6) аз рӯи ниҳодҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ тақсимбандӣ шудаанд: қонуни ҷиноятӣ, ҷиноят, ҷазо, озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо, ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон, чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. Дар қисми махсус (7–15) фаслҳо вобаста ба ҷиноятҳо дар соҳаҳои гуногун тақсим шудаанд: ҷиноятҳо ба муқобили шахсият, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, амнияти экологӣ ва муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, амнияти иттилоотӣ, ҳокимияти давлатӣ, хизмати ҳарбӣ, муқобили сулҳу амнияти инсоният, ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт. Тибқи тағйирот аз 17. 5. 2004 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонунибуда» ҳамроҳ шудааст. Адабиёт Шарипов Т., Азимов Н., Камолов З., Насриддинов М. Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ. Душанбе, 2010; Қудратов Н. Уголовное право Республики Таджикистан. Учебно-методический комплекс. Душанбе, 2012; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2014. Н. Қудратов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 151.
Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳоро дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият ва асосҳои амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи авиатсия танзим менамояд. Кодекси мазкур 13.11.1998 қабул шуда, 18 боб ва 130 моддаро дар бар мегирад. Вазифаҳои Кодекс: танзими таъмини ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, мудофиа ва амнияти давлат, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, амнияти авиатсионӣ ва муҳити зист. Тибқи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ, муносибатҳое, ки бо фаъолият дар соҳаи авиатсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, ҳамчунин муносибатҳое, ки аз парвози ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд, агар дар қонунҳои кишваре, ки ҳавопаймо дар он қарор дорад ё дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин муносибатҳоеро танзим менамояд, ки вобаста ба парвози ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд (агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди дигаре пешбинӣ нашуда бошад) (моддаи 7). Бобҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои зер ихтисос ёфтаанд: қоидаҳои умумӣ, танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиатсия, назорати давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кормандони авиатсия, ҳайати ҳавопаймо, ҳавопаймоҳо, аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва иншооти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, корхонаҳои авиатсионӣ, парвози ҳавопаймоҳо, парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо, бехатарии авиатсия, ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, таҳқиқи ҳодиса ва воқеаи авиатсионӣ; ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда, истифодабар ва борфиристанда, муқаррароти хотимавӣ. Адабиёт Ҳуқуқи байналхалқӣ. Душанбе, 2010; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1998; Правовой режим воздушного пространства. Аэронавигация и безопасность. Москва, 2014. Ф. Ҷабборов. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ, намудҳои ҷазо ва татбиқи ҷазои маъмурӣ муқаррар мекунад. Аввалин Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 5. 12. 1985 қабул гардидааст. Кодекси нав, ки 31. 12. 2008 қабул шуд, аз 1. 4. 2009 мавриди амал қарор гирифт. Кодекс муносибатҳои зерро танзим менамояд: қоидаҳои умумӣ ва принсипҳои қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; кирдор (амал ё беамалӣ)-е, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешавад; ҷавобгарии маъмурии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани меъёрҳои пешбининамудаи кодекс; намудҳои ҷазои маъмурӣ ва қоидаҳои татбиқи онҳо. Кодекси мазкур аз ду қисм – умумӣ ва махсус, 2 фасл, 40 боб, 691 модда иборат аст. Дар қисми умумӣ вазифаҳо, муносибатҳои танзимшаванда, принсипҳои қонунгузории маъмурӣ, мафҳум ва навъҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷавобгарии маъмурӣ, мафҳум ва намудҳои ҷазои маъмурӣ, таъйини ҷазои маъмурӣ ва ғайра муқаррар шудаанд. Дар қисми махсуси Кодекс кирдорҳои маъмурӣ дар соҳаҳои муҳофизати кор ва саломатӣ, моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, муносибатҳои вобаста ба замин, муҳити атроф, ёдгориҳои таърихӣ ва маданият, саноат, истифодаи неру (энергия)-и гармӣ ва барқ, хоҷагии қишлоқ ва қоидаҳои санитарӣ, истифодаи нақлиёт, роҳ, мухобира, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналию ободонӣ, соҳаи савдо, молия, тартиботи ҷамъиятию идора ва ғайра муқаррар шудаанд. Адабиёт Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008. Ҷ. Ҷамшедзода. Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки муносибатҳоро дар соҳаи истифода ва муҳофизати ҷангал дар Тоҷикистон танзим мекунад. Кодекси мазкур бори нахуст 24. 6. 1993 ва бори охир 2. 8. 2011 қабул гардида, аз 9 фасл ва 75 модда иборат аст. Дар Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои зерини ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд: мафҳумҳои асосӣ, объекти муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал, принсипҳои пешбурди соҳаи хоҷагии ҷангал, фонди ягонаи ҷангал ва заминҳои он, субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал, идора ва назорат дар соҳаи ҷангал, ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳаи хоҷагии ҷангал, имконияти иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар рушди идораи ҷангал, масъалаи ҳифз ва ҳимояи фонди ҷангал, вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони нозироти давлатии ҳифзи ҷангал, ташкили хоҷагии ҷангал, талабот доир ба ташкил ва пешбурди хоҷагии ҷангал, категорияҳои муҳофизатии ҷангалҳо, намудҳои заминҳои фонди ҷангал, баҳисобгирии давлатии фонди ҷангал, ҷангалсозӣ, кадастри давлатии ҷангал, мониторинги давлатии ҷангал, бунёд, барқарор ва зиёд кардани сермаҳсулии ҷангал, масъалаҳои ташкили ҷангалҳои плантатсиявӣ ва тухмипарварию ниҳолпарварӣ дар ҷангал, ҳуқуқи ҷангалдорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷангалдорон, қатъ гардидани ҳуқуқи ҷангалдорӣ, масъалаҳои идораи муштараки ҷангал, ҳуқуқи истифодаи ҷангал ва фонди ҷангал, механизмҳои иқтисодии хоҷагии ҷангал, истифодаи муздноки захираҳои фонди ҷангал, роҳҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ барои васеъ намудани майдони ҷангалзори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии давлатии хоҷагии ҷангал, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқарорӣ ва истифодаи устувори ҷангал, ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррарот ва тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон. Адабиёт Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2011; Тафсири Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2019. Ф. Ҷабборов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 150–151.
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ марбут аст. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15. 3. 2017 қабул шуда, аз 2 фасл, 29 боб ва 223 модда иборат аст. Дар Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқӣ марбут ба масъалаҳои зер муқаррар шудаанд: танзим ва идора дар соҳаи тандурустӣ, низоми тандурустӣ, маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ, иҷозатномадиҳӣ, иҷозатдиҳӣ, аккредитатсия, аттестатсия ва экспертиза дар соҳаи тандурустӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, беморон ва кормандони соҳаи тандурустӣ, ёрии тиббӣ, намуд ва шаклҳои он, тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқи ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул шудан, фаъолияти хусусии тиббӣ, тибби оилавӣ, тибби халқӣ, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивии аҳолӣ, таъмини модару кӯдак бо кумаки тиббию санитарӣ, ҳимояи ғизои кӯдакон, ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, маводди доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ, донории хун ва ҷузъҳои он, пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон, расонидани кумаки тиббӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон, танзими муносибатҳои алоҳида дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам, расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ ба беморони наркологӣ, ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ғайра. Адабиёт Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2017. Б. Назаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 150.
Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки тартиби таҳия, қабул ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, баррасии ариза ва шикоятҳои маъмурӣ, мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд ва ҳамкории мақомоти маъмуриро муайян менамояд. Кодекс 7. 2. 2007 қабул шуда, аз 8 боб ва 141 модда иборат аст. Мақсади Кодекси мазкур таъмини риояи волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои ҷамъият, давлат ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти маъмурӣ буда, амали он дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳои маъмурӣ байни мақомоти маъмурӣ нисбат ба тақсими ваколатҳо, бартарии санадҳои ҳуқуқии маъмурии қабулгардида ва шикоят намудан аз болои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, амалҳои мақомоти маъмурӣ ва шахсони мансабдори ин мақомот вобаста ба иҷрои вазифаҳои маъмурӣ, ҳамчунин дар фаъолияти судҳо ҳангоми гузаронидани мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд татбиқ мегардад. Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои баробарӣ дар назди қонун, амалисозии ваколатҳо дар асоси қонун, мутаносибӣ, амалисозии беғаразонаи расмиёти маъмурӣ ва махфият асос ёфтааст. Дар бобҳои Кодекс муқаррарот вобаста ба санади ҳуқуқии маъмурӣ, расмиёт аз рӯи санади маъмурӣ ва иҷрои он, расмиёти маъмурӣ дар дохили мақомоти маъмурӣ, вобаста ба шикояти маъмурӣ аз санади маъмурӣ, расмиёти маъмурӣ дар суд ва расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ ба санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ инъикос ёфтааст. Адабиёт Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2007. Ҷ. Ҷамшедзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 150.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани он, фарзандхонӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкии дар миёни зану шавҳар, падару модар ва фарзандон, дигар аъзои оила бамиёномада ва муносибатҳои оилавиро танзим менамояд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.1998 қабул шуда, аз 8 фасл, 22 боб ва 178 модда иборат аст. Ин санади ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи устувории оилаҳо, танзими муносибатҳои оилавӣ дар пояи эҳтирому муҳаббат, ёрии байниҳамдигарӣ ва масъулиятшиносии аъзои оила, мустақилият ва дахлнопазирии оила, таъмини иҷрои ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар як узви оила, ҳамчунин имкони ҳимояи судии онҳо қабул гардидааст. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои нави ҳуқуқӣ ҷой дода шудаанд, ки устуворӣ ва пешрафти оилаҳоро дар шароити нави иҷтимоии ҷумҳурӣ таъмин мекунанд. Кодекс принсипҳои зерини танзими муносибатҳоро муайян кардааст: эътирофи ақди никоҳе, ки танҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста шудааст; ихтиёрӣ будани ақди никоҳ; озодии талоқ; баробарҳуқуқии ҳамсарон дар оила; бартарӣ додан ба тарбияи кӯдакон; чораҷӯӣ ҷиҳати некуаҳволӣ ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо; бартарии ҳуқуқу манфиатҳои аъзои корношоями оила. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёр ва институтҳои нав – аҳдномаи никоҳ, ҳуқуқи кӯдакон дар оила, созишнома оид ба пардохти алимент ворид карда шудаанд. Кодекс принсипи конститутсионии баробарии иттифоқи зану мардро дар асоси якканикоҳӣ ҷой додааст. Бори нахуст анъанаи миллии мардуми муқимӣ вобаста ба доштани насаб ба эътибор гирифта шуд ва синни никоҳ аз 18-солагӣ муқаррар гардид. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад, ки синни никоҳиро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад. Ҳамчунин, дар Кодекс талаботу муқаррарот нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пешбинӣ шуда, институти муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда муайян гардидааст. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи таъмини ҳимояи бартарии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, яъне кӯшиши эътирофи кӯдак ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ, ки аҳамияти бузург дорад, дарҷ гардидааст (боби 14). Ҳангоми поймол шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, ӯ метавонад барои дифои ҳуқуқҳояш ба мақомоти васояту парасторӣ ва ё суд (ҳангоми расидан ба синни 14-солагӣ) муроҷиат намояд. Дар Кодекси оила меъёрҳои вобаста ба масъалаи маҳрум кардани ҳуқуқҳои падарию модарӣ тақвият ёфтаанд (моддаҳои 69–70). Созишнома оид ба пардохти алимент (моддаҳои 100–105) ва индексатсияи андозаи барои алимент (моддаи 106), ҳамчунин ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент (моддаи 86) меъёрҳои ҳуқуқии комилан нав мебошанд. Барои танзими муносибатҳои молумулкии ҳамсарон Кодекс ду низоми фарқкунанда – қонунӣ ва шартномавиро пешбинӣ намудааст, ки ҳамсарон якҷо дар интихоби яке аз онҳо озоданд. Адабиёт Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1998; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. А. Холиқзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 149–150.
Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад. Кодекси мазкур 29.11.2000 қабул гардида, аз 5 фасл, 24 боб ва 146 модда иборат аст. Дар моддаҳо ва бобҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин танзим шудаанд: салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои об, ҷойгиркунӣ, бунёд ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолати об таъсиркунанда, иҷрои корҳо дар объектҳои об ва минтақаҳои ҳифзи об, намудҳои истифодаи об, истифодабарандагони об ва объекти истифодаи об, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони об ва ташкилотҳои хоҷагии об, қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об, истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшиданӣ, маишӣ, дармонӣ, курортию солимгардонӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳидроэнергетикӣ, нақлиёти обию ҳавоӣ, хоҷагии моҳипарварӣ ва шикор, мамнуъгоҳҳо, партофтани обҳои обпарто, зидди сӯхтор, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва дигар ҳолатҳои ба он монанд, истифодаи обанборҳо, ҳалли баҳсҳо вобаста ба истифодаи об, ҳифзи об ва пешгирии таъсири зараровари он, назорати давлатӣ, баҳисобгирӣ ва банақшагирии истифодаи об, идораи ҳавзаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории об. Адабиёт Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2000; Раҷабов С. А., Ҷабборов Ф. Н. Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об. Душанбе, 2018; Тафсири Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2013. Ф. Ҷабборов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 149.
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои мурофиаи ҷиноятиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад. Дар Кодекси мазкур тартиби оғоз, тафтишот, баррасӣ ва ҳалли парвандаи ҷиноятӣ, фаъолияти иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва умуман, муносибатҳои ҷамъиятии бо мурофиаи ҷиноятӣ муртабит ба сурати комил, бевосита ва бонизом муқаррар шудаанд. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3.12.2009 қабул шуда, 1.4.2010 мавриди амал қарор гирифт. Кодекси пешинаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17.8.1961 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда буд, зиёда аз 48 сол бо чандин тағйиру илова амал карда, аз 1.4.2010 беэътибор дониста шуд. Кодекси нав аз 3 қисм: умумӣ, махсус (пешбурди тосудӣ) ва пешбурди судӣ, 12 фасл, 50 боб ва 486 модда иборат аст. Қисми умумии Кодекс 5 фасл ва 16 бобро дар бар мегирад, ки фарогири масъалаҳои зерин мебошад: принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, асосҳои рад ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, салоҳияти суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиа, масъалаҳои вобаста ба далелҳо, ҷамъоварӣ ва баҳои ҳуқуқӣ додан ба онҳо, татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавӣ, шикоят аз амал ва қарори суд, даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ, муҳлат ва хароҷоти мурофиавӣ. Қисми махсуси Кодекс ба 2 бахш тақсим шудааст: истеҳсолот (пешбурд)-и тосудӣ ва судӣ. Қисми пешбурди тосудӣ аз 2 фасл ва 13 боб иборат буда, дар он масъалаҳои вобаста ба таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, аз ҷумла асосҳо ва тартиби оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, тартиби пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, амалҳои тафтишотӣ, ба монанди азназаргузаронӣ, озмоиши тафтишотӣ, кофтукоб, ёфта гирифтан, ҳабси муросилоти почтаву телеграф, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ, пурсиш, рӯбарӯкунӣ, шинохтан, санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса, гузаронидани ташхис, эълони айб ва пурсиши айбдоршаванда, боздоштан ва аз нав сар кардани тафтиши пешакӣ, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва ғайра танзим шудаанд. Қисми истеҳсолоти судӣ аз 8 фасл ва 21 боб иборат аст, ки ба масъалаҳои зерин бахшида шудааст: пешбурди судии парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла тобеияти судӣ, таъйини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он, шартҳои умумии муҳокима, тафтиш ва музокираи судӣ, сухани охири судшаванда, баровардани ҳукм, пешбурди парвандаи айбдоркунии хусусӣ ва ғайра. Адабиёт Ғозиев М. Мурофиаи ҷиноятӣ. Душанбе, 2009; Қудратов Н., Сафарова З., Алиев Ф. Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ. Душанбе, 2015. Н. Қудратов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 149.
Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба пешбурди парвандаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҷавобгарӣ ва татбиқи ҷазои маъмурӣ муқаррар кардааст. Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.7.2013 қабул шуда, аз қисмҳои умумию махсус, 3 фасл, 19 боб ва 248 модда иборат аст. Дар қисми умумӣ принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди парвандаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳое, ки имкони иштирокро дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд, далелҳо ва исботкунӣ, чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар қисми махсус баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), баррасӣ кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, тартиби иҷрои намудҳои ҷудогонаи ҷазои маъмурӣ муайян шудаанд. Вазифаҳои Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон: муқаррар кардани тартиби расмӣ кардан ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарар дидаанд; ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кардааст; таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ва ғайра. Кодекс ба принсипҳои зерин асос ёфтааст: қонуният; ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс; баробарӣ дар назди қонун ва суд; ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ; таъмини амният ҳангоми расмӣ кардан ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; ёрии ҳуқуқӣ дар пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; эҳтимолияти бегуноҳӣ; амалӣ кардани адолати судӣ; мустақилияти судяҳо; забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқи маъмурӣ. Ҷ. Ҷамшедзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 148–149.




