Зеҳн

Парандаҳо

Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар бораи парандаҳо, тарзи зиндагӣ, хусусиятҳои ғизо, муносибат, афзоишу инкишоф, рангорангӣ ва ҷанбаҳои аҷиби зиндагии онҳоро дар бар мегирад. Бештаре аз маводди ин китоб бо такя ба маводи исботшудаи илмӣ таҳия шудаанд.

1 аъзоаз 7 ноябри 2026
Мақола

Пару бол

Парҳо ва боли парандаҳо аз рӯи шаклу андоза гуногун буда, дароз (масалан, боли кондор ба 3 метр мерасад) ва кӯтоҳ (боли колибри 5–6 см) мешаванд. Вобаста ба тарзу хусусияти парвоз шакли бол гуногун аст. Пар аз мӯяк ва тибит иборат мебошад. Тавассути пару бол парандаҳо мепаранд. Пару бол инчунин онҳоро аз таъсири ногувори сардию гармӣ нигоҳ медорад. Албатрос парандаест, ки дарозии болҳои он ҳангоми парвоз ба 3,6 метр мерасад.

0

Птерозаврҳо чӣ гуна ҳайвон буданд?

Птерозаврҳо калтакалосҳои парвозкунандаи қадимӣ буданд. Онҳо дар даврони афзоиши динозаврҳо зиндагӣ кардаанд. Птерозаврҳо пар надоштанд. Боли онҳо аз пӯстпардаи тунуке иборат буда, дар байни ангуштони дарозашон қарор дошт. Птерозаврҳои майда аз дурроҷ ном паранда ва ё майна ҳам хурдтар буданд; андозаи птерозаврҳои калон ҳавопаймои варзишии ҳозираро мемонд.

0

Парандаҳои қадим дар куҷо ёфт шудаанд?

Миллионҳо сол муқаддам дар олам парандаҳое зиндагӣ мекарданд, ки ҷуссаашон бузург буд. Масалан, диатримия ё гасторнис нӯли калону пойҳои пурқувват ва чанголҳои дарозу тез дошт. Баландии ҷуссаи ин паранда то 2 м мерасид. Чунин парандаҳо ҷонварони баробари асп бударо думболагир карда дарандавор мехӯрданд. Парандаҳои аз ҳама қадим, ки 2 млн сол пеш зиндагӣ кардаанд, дар Зеландияи Нав ёфт шудаанд. Баландии ҷуссаи онҳо 3,5 м буда, динорнисҳо ё моа номида мешуданд. Онҳо то 200 кг вазн дошта, бо суръати 70 км дар як соат метохтанд.

0

Парандаи қадимтарин кадом аст?

Аз рӯи тахмини олимон парандаҳои аввалин дар рӯи Замин баробари пайдоиши динозаврҳо падид омадаанд. Як замон дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон низ парандаҳои азимҷусса мавҷуд будаанд. Ба ин баъзе бозёфтҳои боқимондаи устухонпораҳои онҳо далолат мекунанд. Парандаи қадимтарин археоптерикс ном дорад. Скелети археоптерикс парандаҳои ҳозираро ба хотир меоварад, вале вай мисли хазандаҳо дандон дошт. Думи дарозаш аз муҳраҳои бисёр иборат буда, пойҳои пешаш, ки ҳамчун бол хизмат мекарданд, чангол доштанд. Археоптериксҳо чандон хуб парида наметавонистанд ва эҳтиёткорона аз шох ба шохи дарахтон меҷаҳиданд.

0

Бузургтарин паранда кадом аст?

Парандаи калонтарини дунё шутурмурғи африқоист. Вай қариб 160 кг вазн дошта, қадаш то ба 2,74 м мерасад. Дар олам парандаҳои аз шутурмурғ калонтар ҳам вуҷуд доштаанд. Онҳо, маъмулан, парвоз намекарданд. Масалан, 15 млн сол пеш дар Австралия дроморнис ном парандае ҳаёт ба сар мебурд, ки вазнаш 500 кг ва қадаш 3 м буд.

0

Гунҷишкшаклон чӣ гуна парандаҳоянд?

Гунҷишкшаклон аз нисф бештари олами парандаҳоро фаро мегиранд. Дар Тоҷикистон 191 намуди гунҷишкшаклон мавҷуданд, аз қабили гунҷишк, фароштурук, досак, заргулдор, зоғ, фотимаҷумҷуқ, пашшахӯрак, дурроҷ, майна ва ғайра. Онҳо ранг, болу пар ва овозҳои гуногун доранд, масалан, зоғи ало, ки бо овози гӯшхарошаш ба мардум писанд нест. Болу пари гунҷишкшаклони дигар ба мисли булбулҳо зебову ҷолиб буда, хониши форамашон гӯшро навозиш медиҳад.

0

Вазнинтарин парандаи парвозӣ кадом аст?

Дар байни парандаҳои парвозӣ аз ҳама калон дурдағ ва дурдағи африқоӣ мебошанд. Дурдағи африқоӣ тақрибан 12–15 кг вазн дорад. Бинобар ин, дурдағ пеш аз парвоз дар рӯи об давида суръат мегирад ва баъд парвоз мекунад.

0

Гуногунии парандаҳо

Дар дунё қариб 300 млрд паранда зиндагӣ мекунад. Яъне ба ҳар сар одами рӯи Замин тақрибан 50 паранда рост меояд. Аз замоне, ки дар олам аввалин парандаҳо пайдо шуданд, зиёда аз 150 ҳазор намуди онҳо мурдаанд. Алҳол дар ҷаҳон зиёда аз 9200 намуди паранда мавҷуданд ва дар гӯшаву канорҳои дуру наздики Замин ҳаёт ба сар мебаранд.

0
ПарандаҳоЗеҳн14 рӯз пеш

Наҷоти парандаҳо аз сардӣ ва гуруснагӣ

Як сокини Леваканд барои наҷоти парандаҳо аз сармо паноҳгоҳ сохтааст. Дар гармхонаи Иззатуллои Муродалӣ, дар деҳаи Зағертут, беш аз 1000 паранда нигаҳдорӣ мешавад. Аксари парандаҳоро ӯ ва ҳамдеҳагонаш аз теппаҳои пурбарф пайдо карда, овардаанд. Парандаҳо дар сармои шадид аз парвоз монда, ба замин афтида буданд. Ба онҳо дар гармхона обу дон медиҳанд. Хароҷоти нигаҳдорӣ ва таъмини паранадаҳо аз ҳисоби Иззатулло аст. Ҳамдеҳагонаш ҳам дар ин кор ба ӯ кумак мекунанд. Сокинон аз наҷоти парандаҳо хушҳоланд ва мегӯянд, ин қарзи инсонии онҳо аст. Бо гарм шудани ҳаво парандаҳоро аз гармхона раҳо мекунанд. Дар рӯзҳои сард парандаҳои зиёд талаф ёфтанд. Барои наҷоти парандаҳо аз сармо дар бархе минтақаҳо масъулин ва сокинон дон мепошанд.

0