
Парандаҳо
Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар бораи парандаҳо, тарзи зиндагӣ, хусусиятҳои ғизо, муносибат, афзоишу инкишоф, рангорангӣ ва ҷанбаҳои аҷиби зиндагии онҳоро дар бар мегирад. Бештаре аз маводди ин китоб бо такя ба маводи исботшудаи илмӣ таҳия шудаанд.
Байни гуаҳаро ва кӯршабпарак чӣ умумият ҳаст?
Гуаҳаро парандаи шабпар аст. Вай рӯзона дар ғорҳои торик пинҳон шуда мехобад. Ин парандаҳо мисли кӯршабпарак дар шаби тор бо ёрии эҳсоси садорабоӣ (эхолокатсия) ҳаракат мекунанд. Онҳо мавҷҳои кӯтоҳи давомоташон садяки сония мефиристанд. Ин мавҷҳо дар сатҳи ашёи атроф акс мешаванд ва гуаҳаро инро ҳис карда, оид ба муҳит тасаввурот пайдо мекунад. Бо вуҷуди ин, эхолокатсия ҳамеша мададгори гуаҳаро нест. Вай ашёи қутраш аз 20 см хурдро фарқ карда наметавонад.
Сипуха дар торикӣ чӣ тавр муш медорад?
Сипуха ном бум гӯши бисёр шунаво дорад. Парҳои нозуки рӯи он чун мавҷрабо ларзиши садоро қабул карда, ба сӯрохии гӯш равона месозанд. Ин паранда хишир-хишири пастро ҳам шунида, самти садоро муайян месозад ва ҳатто дар шаби тор мушро якбора дошта мегирад.
Оё чашми мурғобӣ аз чашми одам қавитар аст?
Чашми аксари парандаҳо аз чашми инсон тезбину дақиқтар аст. Масалан, исбот шудааст, ки чашмони мурғобии ёбоӣ ранг ва нури ултрабунафшро дида метавонанд. Парандаҳо рангҳоеро, ки одамон фарқ карда наметавонанд, мебинанд. Чунин чашм ба парандаҳо барои шинохтани ҳамдигар ва ҳатто ҳангоми ҳавои тира аз рӯи нури офтоби паси абрҳо муайян кардани самти парвоз имкон медиҳад.
Чашми кадом паранда тезбин аст?
Парандаҳои соҳибчанголи рӯзгард ба мисли шоҳин, заған, уқоб нисбат ба дигар парандаҳо чашми тезбин доранд. Онҳо туъмаашонро ҳатто аз масофаи дур мебинанд. Андозаи чашми парандаҳои калон баъзан баробари чашми одам аст, вале онҳо аз инсон 2–3 маротиба беҳтар дида метавонанд. Чунончи, чарғ дар ҳаво заргӯши байни буттаю алафзорро аз баландии 2 км мебинад, каргас лошаи ҷонваронро аз баландии 3 км ошкор месозаду дармеёбад, уқоб парандаҳои дар парвоз бударо аз масофаи 8 км дида метавонад.
Биноӣ ва шунавоӣ
Барои парандаҳо чашми тезбин лозим аст, то ки ҳангоми парвоз ба шаху теғаҳои кӯҳ ва шохи баланди дарахтон барнахӯранд. Парандаҳо бо чашми тезбинашон сайд ҷуста, аз зери буттаву қабати шохаҳои дарахтон туъмаи худро меёбанд. Масалан, уқоб аз баландӣ ба заргӯш, рӯбоҳ ва дигар ҷонварони хурдҷусса бодиққат менигараду сипас барқвор ҳамла оварда онро медорад. Мухак ном мурғак дар байни буттазор тортанаку ҳашарот меҷӯяд. Парандаҳои шабпар дар вақти ҷустуҷӯи ғизо асосан ба воситаи неруи шунавоӣ, аз рӯи овозу хониш ва ҳаракати ҷонварон туъмаашонро меёбанд.
Кадом паранда тездав мебошад?
Шутурмурғ парандаи тездавтарин аст. Вай ба масофаи кӯтоҳ метавонад бо суръати то 70 км/соат бидавад. Дар пойи шутурмурғ ҳамагӣ 2 ангушт мавҷуд аст, ки он барои тез давидан мувофиқ мебошад. Чунин суръати тез имкон медиҳад, ки шутурмурғ аз чанголи дарандагони чобукпой раҳоӣ ёбад.
Чаро мурғакон аз дарахт намеафтанд?
Аксари парандаҳо, чунончи арзанхӯра, дар пояшон чаҳор ангушт доранд. Се ангушти пой ба пеш ва як ангушт ба қафо хам мехӯрад. Бо чунин пой дар шохчаи дарахт устувор истодан осон ва мувофиқ аст.
Чангол барои парандаҳо чӣ зарурат дорад?
Бисёр парандаҳои соҳибчангол сайдро бо чанголҳои тезашон сахт дошта, баъзан ба ҳаво мебардоранд. Уқоб парандаи тезпарвозу пурқувват буда, заргӯш, ғоз, калламуш ва ҳатто оҳубарраҳоро сайд мекунад. Ин паранда бо парвози тезу ҳадафрасаш чанголҳояшро ба тани туъмааш амиқ халонида, барои нигоҳ доштани тавозун бо як чангол аз пушт ва бо дигараш аз сари сайд мегирад ва то 4–5 кг борро озодона мебардорад. Суръати ҳаракати уқоб ҳангоми шикор ба 240–320 км/соат мерасад.
Дар боли кадом паранда чангол мавҷуд аст?
Дар ҷангалзори Бразилия гоатсин ном парандае зиндагӣ мекунад, ки боли чӯҷаҳояш ду чанголи тез дорад. Агар чӯҷаи гоатсин ногаҳон аз лонааш биафтад, бо ёрии чанголҳояш ба дарахт часпида, боз ба лона бармегардад. Гоатсинҳои калон чангол надоранд, баъди ба камол расидан чанголҳояшон ба шоҳпар табдил меёбанд.
Мурғобӣ чӣ тавр шино мекунад?
Дар байни ангуштони пойи баъзе парандаҳо, ба мисли моҳихӯрак, мурғобӣ, қу, ғоз ва ғайраҳо пӯстпарда мавҷуд аст. Мурғобӣ бо пой обро тела дода, чобукона пеш меравад. Пойи пӯстпардадор ба мурғобӣ барои тез шино кардан имкон медиҳад, вале барои гаштан дар рӯи замин чандон мувофиқ нест. Бинобар ин, мурғобӣ дар хушкӣ оҳиста ва бо душворӣ роҳ меравад.
Пой ва чангол
Пойи парандагон вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Бисёр парандаҳои ҷангалӣ бо чангол ба шоху танаи дарахтон часпида ҳаракат менамоянд. Парандаҳои обӣ бо пойҳояшон шино мекунанд. Баъзе парандаҳо дар ҷустуҷӯи ғизо бо чангол замин мекобанд ва баъзеи дигар хеле тез медаванд.
Минқор барои парандаҳои соҳибчангол чӣ аҳамият дорад?
Калхот, чарғ, боз, ҳумо, бургут, чуғз ва ғайраҳо парандаҳои соҳибчангол буда, ғизои онҳо ҷонварони гуногун мебошанд. Нӯли онҳоро, ки сахту каҷ аст, минқор меноманд. Парандаҳо бо минқор туъмаро сахт медоранд, бинобар ин, баъзе мурғони соҳибчангол, масалан, моҳихӯрак, бо нӯли сахташ ҳатто моҳиро аз таги об дошта мегирад.
Чаро нӯли тукан бузург аст?
Дарозии нӯли тукан 19 см буда, ба назар бисёр калону вазнин метобад, вале дар асл он чандон вазнин нест. Андозаву ранги нӯл барои туканҳо муҳим мебошад. Чунончи, аз рӯи ранги нӯл тукани модина саломатии ҳамсари ояндаашро метавонад муайян кунад. Тукан бо ёрии нӯл меваи шохаҳои баланди дарахтонро гирифта мехӯрад.
Мурғи моргардан чӣ тавр моҳӣ медорад?
Мурғи моргардан дар об хеле хуб шино мекунад. Ҳангоми шиноварӣ сар ва гардани мормонанди вай аз об берун аст. Ин мурғи доно баробари дидани моҳӣ зуд ғӯта зада, нӯли шофмонандашро ба ҷисми вай мехалонад. Баъд моҳиро бо шаст сӯи ҳаво партофта дошта мегирад ва сипас фурӯ мебарад.
Нӯли дароз чӣ аҳамият дорад?
Бисёр парандаҳое, ки дар ботлоқзор зиндагӣ мекунанд, нӯли дароз доранд. Чунончи, доснӯл соҳиби нӯли дарозу каҷест, ки бо ёрии он лойқаро кофта кирму ҳашаротро мехӯрад.
Аҳамияти нӯл
Ҳамаи парандаҳо нӯл доранд ва бо ёрии он ғизо мехӯранд. Бинобар ин, шаклу андозаи нӯл ба навъи хӯроку намуди ғизои мурғон вобаста аст. Бо нӯл парандаҳо ҳашароти зарароварро аз бадан чида, пару болҳояшонро низ тоза мекунанд.
Пару бол чӣ миқдор аст?
Пару бол аз устухонбанди тан ба маротиб вазнин буда, баъзан то 5–7%-и вазни баданро ташкил медиҳад. Пару боли парандаҳои калон миқдоран камтар аст. Масалан, колибрии сурхгардан ҳамагӣ 940 адад пар дорад. Адади парҳои қуи тундрагӣ зиёда аз 2500 мебошад. Миқдори парҳо дар мавсими тулак тағйир меёбад. Чунончи, саъва дар тобистон 1500, дар зимистон 2400 пар дорад.
Тибит чӣ аҳамият дорад?
Дар зери боли парандаҳо парҳои нарм – тибит мавҷуд аст. Чӯҷаҳо фақат тибит доранд. Тибит ҳавои гармро нигоҳ дошта, парандаро аз хунукӣ ва сармоҳои зимистон муҳофизат мекунад.
Чаро ранги парандаҳо зебо аст?
Пару боли парандаҳоро пигментҳо рангин месозанд. Пигмент моддаи рангбахш буда, аслан дар пӯст ҳосил мешавад. Вале баъзе парандаҳо онро дар шакли тайёр ба воситаи ғизо мегиранд. Масалан, болу пари фламинго аз он гулобӣ аст, ки ғизои асосии вай харчангу обсабзҳо мебошанд. Харчангу обсабзҳо дорои пигменти сурхтобанд. Ҷилои ранги филиззии товус табиати дигар дорад. Пару боли товусҳо аз он сабаб мисли рангинкамон медурахшад, ки нахҳои пари онҳо нурро инъикос менамоянд.
Парандаҳо худро чӣ тавр поку тоза мекунанд?
Парандаҳо болу парашонро бо ёрии нӯл ҳамеша тозаву озода мекунанд ва аз ҳашароти зарарноку ангезандаҳои бемориҳо эмин медоранд. Оббозиро меписанданд. Агар об набошад, онҳо ба хок ғӯта зада, танашонро бо судаи хоки гарм аз осеби ҳашарот ҳифз менамоянд. Сайка ном мурғак барои тоза кардани пару бол аз селаи мӯрчаҳо истифода мебарад. Вай ба мӯрчахона менишинад ва мӯрчаҳо ба шӯру изтироб омада, барои рондани меҳмони нохонда ба баданаш кислота мепошанд. Кислотаи мӯрча ҳашароти зараррасони пару болро нобуд мекунад.




