Пару бол
Парҳо ва боли парандаҳо аз рӯи шаклу андоза гуногун буда, дароз (масалан, боли кондор ба 3 метр мерасад) ва кӯтоҳ (боли колибри 5–6 см) мешаванд. Вобаста ба тарзу хусусияти парвоз шакли бол гуногун аст. Пар аз мӯяк ва тибит иборат мебошад. Тавассути пару бол парандаҳо мепаранд. Пару бол инчунин онҳоро аз таъсири ногувори сардию гармӣ нигоҳ медорад.
Албатрос парандаест, ки дарозии болҳои он ҳангоми парвоз ба 3,6 метр мерасад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




