Зеҳн

Панду андарзҳо

Суханони ҳикматомез, насиҳат ва маслиҳатҳое мебошанд, ки инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ, ахлоқи нек ва дониш ҳидоят мекунанд.

1 аъзоаз 28 сентябри 2026
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

БИСМИЛЛОҲ

Расули Худо (с) ба асҳоб фармуд: «Вақте ки ғизо мехӯред, аввал «Бисмиллоҳ» бигӯед. Агар дар оғоз лафзи «Бисмиллоҳ»-ро фаромӯш кардед, пас бигӯед: «Бисмиллоҳи фӣ аввалиҳӣ ва охириҳӣ» (Дар аввалу охир «Бисмиллоҳ»). Ҳар касе ҳангоми ба хона даромадан ва дар вақти ғизо хӯрдан «Бисмиллоҳ» бигӯяд, шайтон ба қавмаш мегӯяд: «Шумо дар ин ҷо хӯрок намехӯред ва шабона хоб карда ҳам наметавонед». Ҳар касе ҳангоми ба хона ворид шудан «Бисмиллоҳ» гӯяду ҳангоми хӯрдани хӯрок лафзи «Бисмиллоҳ»-ро ба забон наорад, шайтон ба қавмаш мегӯяд: «Хӯрок хӯрда метавонед, вале хоб намекунед». Ва ҳар касе ҳангоми омадан ба хона ва ҳангоми хӯрдани хӯрок «Бисмиллоҳ» нагӯяд, шайтон ба қавмаш фармон медиҳад: «Дар ин ҷо ҳам хӯрок бихӯред ва ҳам хоб кунед».

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

МАН ТАНҲО ЯК ХИДМАТГОРАМ

Соли 1516 вақте Султон Салим Мисрро фатҳ намуд, хилофат аз Аббосиён ба Усмониҳо гузашт. Дар яке аз рӯзҳои ҷумъаи ин даврон дар масҷиди Уммавия намози ҷумъа гузошта мешуд ва Султон Салим дар он ҷо қарор дошт. Волии Шом дар сафи пеш барои Султон саҷҷодае панҳ намуд, ки аз матои қиматбаҳо омода шуда буд ва аз ҷойнамози дигарон фарқ мекард. Бо дидани ин ҳолат Султон волии шаҳрро танбеҳ дода гуфт: — Ин ҷо мавзеи ибодат аст, на қасри подшоҳ! Чун вақти хондани хутба фаро расид, имом ба минбар баромад ва дар хутба номи Султон Салимро зикр намуда, ӯро «Ҳоким-ул-Ҳарамайни Шарафайн» (Ҳокими Макка ва Мадина) хонд. Султон ин суханҳоро шунида, дарҳол аз ҷо бархосту гуфт: — Эй имом, лафзи «Ҳоким-ул-Ҳарамайн»-ро ба «Ходим-ул-Ҳарамайн» (Хидматгори Макка ва Мадина) иваз намо! Ман ҳокими Макка ва Мадина нестам, балки дар он сарзамини муқаддас ходиме ҳастаму бас.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

ОН ЧИ ШУМО МЕПАРАСТЕД...

Яке аз орифони бузурги олами ислом Муҳйиддини Арабӣ дар ҳузури мардум ба болои теппае баромада, хитоб намуд: — Эй мардум, он чи шумо мепарастед, дар зери пойи ман аст! Олимони замонаш гӯяндаи ин суханҳоро бо куфр иттиҳом карданд ва ӯро эъдом намуда, ҷанозаашро болои кӯҳе гӯрониданд. Баъдҳо маълум гардид, ки Муҳйиддини Арабӣ дар ҷое қайд кардааст: «Ҳангоме ки «син» ба «шин» ворид мешавад, қабри Муҳйиддин ва мақсадаш рӯшан хоҳад гашт». Бо гузашти солҳо яке аз подшоҳони давлати Усмонӣ Султон Салим Шомро фатҳ намуд ва аз мардуми маҳаллӣ саргузашти Муҳйиддини Арабиро шунида, дар пайи ҷустуҷӯи қабри ӯ шуд. Дар аснои пурсуҷӯ Султон Салим аз ҳар касе қабри Муҳйиддини Арабиро мепурсид, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеовард. Ниҳоят чӯпоне ба Султон гуфт: — Эй Султон, ман ҳам намедонам қабри он бузургвор дар куҷост, вале ҷоеро медонам, ки ҳеҷ як ҳайвоне аз он ҷо намегузарад ва алафҳои он мавзеъро намехӯрад. Бо шунидани ин суханҳо Султон амр намуд, ки ҳамон мавзеъро бикобанд. Вақте замин кофта шуд, аз он ҷо ҷасадеро пайдо карданд, ки бо гузашти даҳсолаҳо ҳеҷ осебе надида буд. Чун маълум гардид, ки ин ҷасади Муҳйиддини Арабӣ аст, бо фармони Султон Салим дар он мавзеъ мақбарае сохта шуд. Вақте Султон сабаби эъдом шудани Муҳйиддини Арабиро пурсон шуд, мардум гуфтанд, ки ӯ дар болои теппае қарор гирифта, чунину чунон гуфта буд ва суханҳояш боиси эъдомаш гардиданд. Бо фармони Султон Салим он мавзеъ ҳам кофта шуд ва аз он ҷо як кӯза тилло пайдо гардид. Пас Султон гуфт: — Шарҳи суханони Муҳйиддини Арабӣ ин аст, ки дар зери пойи ӯ тилло хобида буд. Мардуми замона мақсади ӯро нафаҳмида, ба ноҳақ эъдомаш кардаанд. Ҳамин тавр ду каромати орифи бузург Муҳйиддини Арабӣ ҳам ошкор шуд. Каромати аввал ин буд, ки ӯ бо назардошти симу зари ниҳон ба дунёпарастии инсонҳо ишорат намуд. Дувум, ӯ тақрибан дусад сол пеш аз фатҳи Шом ҳодисаи ба ин мавзеъ омадани Султон Салим ва кашфи турбати худро бо гуфтани «вақте «син» ба «шин» медарояд» хабар дода буд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

КИШТИБОН

Гурӯҳе аз маҷусиён ба Имоми Аъзам чанд суоле доданд. Онҳо таъкид доштанд, ки мо ба Худои шумо бовар надорем ва мехоҳем ба суолҳоямон посухҳои қаноатбахш бигирем. Яке аз онҳо пурсид: — Эй Имом, Худоеро, ки дида наметавонӣ, чӣ гуна парастиш мекунӣ? Имоми Аъзам посух дод: — Агар шумо киштиеро бинед, ки дар миёни мавҷҳои пуртуғёни баҳр бе ягон мушкилӣ шино мекунад, тасаввур карда метавонед, ки он киштӣ бе киштибон аст? Онҳо гуфтанд: — На, ҳаргиз! Сипас Имоми Аъзам гуфт: — Пас бинед, ки курраи Замин монанди киштиест, ки болои як баҳр шино мекунад ва ба ҳеҷ иштибоҳу каҷравие роҳ намедиҳад. Бо вуҷуди ин чӣ гуна метавон гуфт, ки чунин низом худ аз худ амал мекунад? Бешак, Киштибоне ҳаст, ки киштии оламро танзиму идора менамояд. Пас аз ин суханҳои пурмуҳтавои Имоми Аъзам ҳама маҷусиён шаҳодат оварда, мусулмон шуданд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

ИМОМИ АЪЗАМ ВА МАҶУСӢ

Дар айёми ҷавонии Имоми Аъзам маҷусие бо нияти тиҷорат ба Басра омад. Дар ин миён ба мардуми он мавзеъ муроҷиат намуда, гуфт: «Ман оташпарастам, зеро оташ вуҷуд дорад ва онро бо чашм дидан мумкин аст. Шумо ҳам он Худоеро, ки мепарастед, ба ман нишон диҳед?! Вале шумо наметавонед, ки Худои хешро ба ман нишон диҳед, чунин Худое вуҷуд надорад. Бузургони худро бихонед. Ман ба онҳо исбот мекунам, ки Худои шумо вуҷуд надорад!» Мардум ба ӯ Абӯҳанифаи ҷавонро нишон дода, гуфтанд: — Гуфтаниҳоятро аввал ба ин ҷавон бигӯ. Агар аз илми ӯ қаноатманд нашавӣ, он гоҳ бузургонамонро даъват мекунем. Маҷусӣ дид, ки Абӯҳанифа ҷавон аст, бо нишони тамасхур гуфт: — Ман бо кӯдакон баҳс намекунам! Вале мардум исрор карданд, ки маҷусӣ пешниҳоди онҳоро қабул намояд ва бо Абӯҳанифаи ҷавон ҳамсуҳбат шавад. Ниҳоят ӯ розӣ шуд ва ҳама қарор доданд, ки субҳи рӯзи дигар дар масҷид мунозира кунанд. Субҳи фардо мардум дар масҷид ҷамъ омаданд. Маҷусӣ болои минбар нишаст ва ҳама ҳамроҳ омадани Абӯҳанифаро мунтазир шуданд. Муддате гузашт, вале Абӯҳанифа ҳозир нашуд. Маҷусӣ аз ин фурсат истифода бурда, чунин гуфт: — Ҷавони донишмандатон ҳаросид! Акнун уламоро даъват кунед! Мардум низ дар хиҷолат монданд, зеро аз Абӯҳанифа чунин амалкардеро чашмдор набуданд. Дар ниҳоят Абӯҳанифа бо гузашти чанд муддат шитобон вориди масҷид шуд ва гуфт: — Бубахшед, ки дер мондам. Дар он тарафи дарё будам. Чун хостам ба тарафи муқобил гузарам, воситае пайдо накардам. Сипас ба дарахтони соҳил гуфтам: «Эй дарахтон! Дарҳол купрук шавед, то аз дарё гузарам!» Онҳо купрук шуданд ва ман ба ин тараф гузаштам. Бо ин сабаб дер мондам. Аз ин суханҳои Абӯҳанифа маҷусӣ қаҳ-қаҳзанон хандиду гуфт: — Бубинед, ки ин ҷавон ҳатто ба ҳамсуҳбатӣ намеарзад. Оё дарахт худ аз худ ба купрук мубаддал мегардад? Абӯҳанифа гуфт: — Агар дарахте ҳам худ аз худ купрук шуда натавонад, пас ин олами бузург чӣ гуна худ аз худ ба низом медарояд? Мардум аз сухани Абӯҳанифа ба ваҷд омада, такбир гуфтанд. Сипас маҷусӣ гуфт: — Хуб, ба ман гӯед, ки чаро Худои шуморо бо чашм дида намешавад? Ҳар чизе ки вуҷуд дорад, ба чашм аён аст. Худои шумо ки аён нест, пас вуҷуд надорад. Абӯҳанифа пурсид: — Шумо ба мавҷудияти ақли инсон бовар доред? Маҷусӣ посух дод: — Албатта, бовар дорам. Абӯҳанифа гуфт: — Ин тавр бошад, ақли худро ба ман нишон диҳед! Маҷусӣ посух дод: — Ақлро нишон додан номумкин аст. — Модоме ки ақли шумо ба чашм аён нест, оё ман метавонам даъво кунам, ки он вуҷуд надорад, — гуфт Абӯҳанифа ва илова намуд: — Пас маълум мешавад, ки ҳастии баъзе мавҷудот ба дидан вобаста нест. Масалан, мавҷудоте ҳамчун ақлу рӯҳ ба чашм ноаён бошанд ҳам, дар мавҷудияташон шубҳае нест. Бо шунидани ин суханҳо мардум боз такбир оварданд. Сипас маҷусӣ пурсид: — Пас бигӯ, ки ҳоло Худои шумо ба чӣ кор машғул аст? Абӯҳанифа посух дод: — Аз минбар поён шавед ва ман дар он ҷо нишаста, ба ин суолатон посух бигӯям. Маҷусӣ аз минбар поён шуд ва Абӯҳанифа ба ҷойи ӯ нишасту гуфт: — Ҳоло Худованд ҷоҳилеро аз минбар фароварду кӯдакеро ба ҷояш шинонд, то ӯ аз ин кӯдак ибрат омӯзад. Маҷусӣ дар назди ақлу хиради Абӯҳанифа мағлуб гашт ва ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуда, калимаи шаҳодат ба забон оварду мусулмон шуд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

СЕ САВОЛУ СЕ ҶАВОБ

Мулҳиде ба назди донишманд омаду пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон бидеҳ! Ва агар ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад? Ҳамчунин, агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?» Донишманд суолҳои мардро ботамкин гӯш кард ва баъд аз замин хиштпорае гирифту начандон сахт ба сари он мулҳид зад. Аз зарби хиштпора сари мулҳид ба дард омад ва ӯ ҳамоно ба қозӣ шикоят кард. Қозӣ ҳар дуи онҳоро даъват намуда, пурсид: — Чаро ба сари ин мард бо хишт задӣ? Донишманд гуфт: — Аз ман се савол пурсид ва ман бо ин амал ба саволҳои ӯ ҷавоб гуфтам. Қозӣ пурсид: — Чӣ тавр? Донишманд посух дод: — Дар аввал ӯ аз ман пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон деҳ». Пас, агар сараш ба дард омада бошад, он дардро ба ман нишон диҳад! Сипас аз ман пурсид: «Ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад?» Модоме ки ӯ чунин ақида дорад, чаро аз ман шикоят мекунад?! Ҳамчунин аз ман пурсид: «Агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?» Пас худи ин мулҳид, ки аз хок офарида шудааст, сараш аз зарби хишт чӣ гуна ба дард омад? Аз шунидани суханони донишманд мулҳид аз даъвояш гашт, қозӣ муътақид шуд ва донишманд раҳо ёфт.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

РИЗҚ АЗ ҶОНИБИ ХУДОВАНД АСТ

Донишманде азми сафар кард ва ба ҳамсараш гуфт: — Ман ба сафар мебароям. Қабл аз рафтан чӣ қадар озуқа омода намоям? Ҳамсари ӯ зане буд, ки ба Худо таваккалу эътимоди қавӣ дошт. Пас гуфт: — Ризқе мехоҳам, ки то охири умрам кифоят кунад. Донишманд аз ин сухан дар шигифт афтод ва пурсид: — Аз куҷо донам, ки умри ту чӣ қадар аст? Ҳамсараш гуфт: — Ин тавр бошад, ризқу рӯзиямро ба Оне ҳаволанамо, ки дарозии умрамро донад. Аз чунин таваккалу эътимоди қавӣ ҳайрати донишманд афзуд. Ӯ дар ниҳоят барои ҳамсараш озуқае нагузошта ба сафар баромад. Ҳамсоязанҳо аз рафтани донишманд хабардор шуда, аз ҳамсараш пурсиданд: — Шавҳарат чӣ қадар ризқу рӯзӣ гузошт? Ӯ посух дод: — Ҳамсари ман ризқдиҳанда не, балки ризқхӯр аст. Ризқ танҳо аз ҷониби Худованд аст. Инсонҳо танҳо воситаи дарёфти ризқ ҳастанду бас.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

АСРОРИ ТАВОНМАНДӢ

Марде зиндагии худро аз ҳисоби ҳезумкашӣ пеш мебурд. Ӯ ибодаташро ба ҷой меовард ва ба ҳеҷ кас коре надошт. Дар ҳамсоягии онҳо деҳае буд, ки аҳолии он ҷо дарахтеро муқаддас шумурда, парастиш мекарданд. Рӯзе ҳезумкаш худ ба худ андеша кард: «Чӣ мешавад, агар дарахти муқаддаси онҳоро аз барои ризои Худо решакан намуда, ҳамчун ҳезум дар бозор фурӯшам. Дар ин ҳол маблағ ҳам ба даст меояду қавме ҳам аз куфр наҷот меёбад». Ӯ бархосту бо қасди решакан кардани он дарахт ба роҳ баромад. Дар роҳ бо марде рӯ ба рӯ омад, ки сурати зишту рангу рӯйи пажмурда дошт. Марди зиштрӯ аз ҳезумкаш пурсид: — Ба куҷо меравӣ? Ҳезумкаш посух дод: — Барои буридани дарахте меравам, ки мардум онро ба Худо шарик оварда, парастиш мекунанд. Сипас мард гуфт: — Ман Иблисам ва намегузорам, ки ту он дарахтро бибурӣ! Ҳезумкаш аз ин сухан ба ғазаб омад ва хост Иблисро ба қатл расонад. Ӯ ба Иблис ҳамла оварда, онро ба замин афтонд ва ба гарданаш ханҷар гузошт. Дар ин ҳол Иблис гуфт: — Ту маро кушта наметавонӣ, чун Худованд то рӯзи қиёмат ба ман фурсат додааст. Хубаш биё, бо ту шартномае бандем. Ман ҳар рӯз ба ту як тангаи тилло медиҳам ва ту аз буридани он дарахт даст мекашӣ. Туро бо ин ки мардум гуноҳ содир мекунанд ё савоб мегиранд, чӣ корест?! Маблағро бигир ва аз пайи зиндагии худ бишав! Ҳезумкаш розӣ шуд ва Иблисро аз дами теғ раҳо кард. Иблис ба ӯ гуфт, ки ҳар субҳ чун аз хоб бихезад, аз зери болинаш тилое хоҳад ёфт. Ҳамин тавр ҳезумкаш аз буридани дарахт даст кашида, ба хона баргашт. Пагоҳӣ аз хоб бархеста, аз зери болинаш тангаи ваъдагиро пайдо намуд ва ниҳоят хурсанд шуд. Рӯзи дигар чун аз хоб хеста, ба зери болинаш назар кард, тангаи дигаре наёфт. Ӯ беҳад дар ғазаб шуда, боз бо қасди буридани он дарахт ба роҳ афтод. Ин бор ҳам бо Иблис рӯ ба рӯ шуд ва бо хашму ғазаб ба ӯ гуфт: — Эй лаин! Маро фиреб додӣ! Ҳезумкаш бо гуфтани ин суханҳо ба Иблис ҳуҷум кард. Вале ин бор Иблис ӯро ба замин афтонд. Марди сода ҳайрон шуда, ба Иблис ботааҷҷуб нигарист. Иблис тамасхуромез гуфт: — Эй содалавҳ! Имрӯз дар муқобили ман коре аз дастат намеояд, чун ҳоло барои ризои Худо наомадаӣ! Дирӯз, ки ба хотири ризои Парвардигор ба буридани он дарахт азм намудӣ, на танҳо ман, балки тамоми шайтонҳои рӯйи замин ҳам муттаҳид шуда, ба ту ҳамла мекарданд, мағлуб меафтоданд. Ҳоло бошад дарахтро на аз барои Худо, балки барои он буридан мехоҳӣ, ки туро аз тилло маҳрум сохтам. Аз ин рӯ мағлуб шудӣ ва наметавонӣ ба мақсад бирасӣ.

0