Зеҳн

Панду андарзҳо

Суханони ҳикматомез, насиҳат ва маслиҳатҳое мебошанд, ки инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ, ахлоқи нек ва дониш ҳидоят мекунанд.

1 аъзоаз 28 сентябри 2026
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 соат пешНашрия

ДУ КАЛИМА

Ду калимае ҳаст, ки дар забон сабук, дар тарозӯ вазнин ва дар назди Ҳақ Таъоло маҳбубанд. Он ду калима инҳоянд: «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳӣ, субҳоналлоҳил ъазим».

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 соат пешНашрия

ҲАЁИ ҲАҚИҚӢ

Аз Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Аз Худованд ба сурати шоиста ҳаё кунед! Мо гуфтем: — Алҳамдулиллоҳ, ки мо аз Худо ҳаё дорем. Пас Расулуллоҳ (с) чунин фармуд: — Ҳар қадар тавонед, назди Худованд боҳаё бошед. Ҳар касе аз Худо ба сурати шоиста ҳаё мекунад, бигзор сарашро ва ҳар он чиро ки дар сар дорад; меъдаашро ва ҳар он чиро ки ба меъдааш мефиристад, таҳти назорат бигирад ва маргро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорад. Ҳар касе охиратро талаб дорад, ба зебоиҳои фонии ин дунё дил намебандад. Ҳар касе чунин амал кунад, ҳамоно ӯ аз Худо ба таври шоиста ҳаё кардааст».

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 соат пешНашрия

ХУДОИ МАН КӢ МЕШАВАД?

Дар замони ҷоҳилият Болӣ ном бутпарасте зиндагӣ мекард. Ӯ бути маҳбубе дошт, ки онро ҳамеша ҳамроҳаш мегирифт ва дар назди дӯстон бо он буташ ифтихор менамуд. Қабл аз набарду муҳорибаҳо ва дар ҳама кору пайкор ба он бут саҷда оварда, дуову тазарруъ мекард. Рӯзе Болӣ ба ҷойе азми сафар намуд. Ӯ тамоми ашёву анҷомашро ба болои маркаб бор карда, дар садри онҳо бутро гузошт ва умед мекард, ки дар ин сурат аз балову хатарҳо дар амон хоҳад буд. Дар аснои сафар пойи маркаб баногоҳ лағжиду бут аз боло ба замин афтода, дарҳам шикаст. Болӣ ба бут нигаристу гуфт: — Ман туро барои он бо худ гирифтам, ки маро аз балову офатҳо нигаҳ бидорӣ. Вале мебинам, ки ҳатто худатро муҳофизат карда наметавонӣ. Пас аз ин суханҳо Болӣ бутро як сӯ ҳаво дода, ба назди Паёмбари Худо (с) омад ва воқеаро баён карду гуфт: — Эй Муҳаммад, акнун ки ман аз бутпарастӣ рӯй гардонидам, Худои ман кӣ мешавад? Расули Акрам (с) фармуд: — Эй Болӣ, ман Худое дорам, ки ҳам дар дунё ва ҳам дар охират балову мусибатҳоро аз сари бандагонаш рафъ намуда, барояшон неъматҳои фаровон медиҳад ва онҳоро сазовори ҷамоли баркамоли Худ мегардонад. Бо шунидани ин суханон Болӣ гуфт: — Эй Расули Худо! Ман бо чӣ қимате метавонам ба Худои ту бирасам ва бандаи Ӯ бошам? Паёмбари Худо (с) фармуд: — Эй Болӣ! Худои ман аз он чӣ ту мегӯӣ, муназзаҳ аст. Ҳар касе калимаи шаҳодат арза кунад, мусулмон мешавад. Ту низ калимаи шаҳодат бигӯ, то аз ҷумлаи муъминон бошӣ! Болӣ аз сидқи дил калимаи шаҳодат ба забон овард ва «Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу» гӯён мусулмон шуд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 соат пешНашрия

ЯГОНА МАЪБУДИ БАРҲАҚ

Дар Маккаи Мукаррама Ҳасин ибни Имрон ном бутпарасте умр ба сар мебурд. Боре дар суҳбати Расули Худо (с) ширкат намуд ва Ҳабиби Худо (с) аз ӯ пурсид: — Эй Ҳасин! Ту чанд Худоро мепарастӣ? Ӯ гуфт: — Даҳ Худоро мепарастам. Расули Худо (с) пурсид: — Онҳо дар куҷоанд? Гуфт: — Яке дар осмон ва нуҳтои дигар дар замин. Расулуллоҳ (с) боз пурсид: — Агар эҳтиёҷе пеш ояд, аз кадоме мадад металабӣ? Гуфт: — Аз Ҳамоне, ки дар осмон аст! Пас Расулуллоҳ (с) фармуд: — Эй Ҳасин, он нуҳ маъбуди дигарро тарк намо ва Худованди Ягонаеро ибодат бикун, ки тамоми эҳтиёҷоти туро рафъ ва балоҳои ба сарат меомадаро дафъ месозад. Беҳтар ин аст, ки танҳо Ӯро парастиш намоӣ.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 соат пешНашрия

ПАНОҲ МЕБАРАМ БА ХУДОВАНД АЗ ШАРРИ ШАЙТОН

Расули Худо (с) фармуд: — Замоне мерасад, ки инсонҳо чунин мепурсанд: «Маълум аст, ки ҳамаи ҳастиро Худо офарид, пас худи Худоро кӣ офарид?» Ҳангоми шунидани чунин сухан, бигӯед: «Ӯ Худои Ягона аст. Ӯ Самад (Бениёз) аст. Ҳама ба Ӯ муҳтоҷанд, аммо Ӯ ба касе эҳтиёҷ надорад. На зодааст ва на зодашуда аст. Ҳеҷ касе Ӯро ҳамто нест». Сипас ба ҷониби чап се маротиба туф карда, бигӯед: «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим» ва бад-ин васила аз шарри шайтон ба Худованд паноҳ бубаред».

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 соат пешНашрия

БА МОНАНДИ ДИДАНИ МОҲ

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Боре Расули Худо (с) моҳи пурраро дид ва фармуд: — Офаридаҳои Худоро тафаккур кунед, аммо дар мавриди Зоти Ӯ андеша накунед, зеро шумо чунин тавоне надоред. Аммо дар биҳишт ҷамоли Худоро ба монанди дидани ин моҳ хоҳед дид ва аз тамошои ҷамолаш ба танг намеоед. Аз аҳли биҳишт касоне, ки дар назди Худо аз ҳама бештар соҳиби иззатанд, субҳу шом ба ҷамоли Парвардигор мушарраф мегарданд. Сипас Паёмбари Худо (с) ин оятро хонд: «Дар он рӯз як пора рӯйҳо тоза мебошанд, ки ба сӯйи Парвардигори худ назаркунандаанд» (Сураи Қиёмат, 75/22—23).

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 соат пешНашрия

ЧУН БИПУРСАНД

Асҳоб аз Расули Акрам (с) пурсиданд: — Худованд аз мо дур аст ё наздик? Агар ба мо наздик бошад, бо овози паст дуо кунем ва агар дур бошад, бо овози баланд дуо кунем. Пас ин оят нозил шуд: «Ва чун бандагони Ман дар бораи Ман туро бипурсанд — пас ҳамоно Ман наздикам, дуои дуокунандагонро — чун дуо кунанд — қабул мекунам. Пас бояд ки онҳо барои Ман фармонбардорӣ кунанд ва бояд ки ба ман бигараванд, то бошад ки роҳ ёбанд» (Сураи Бақара, 2/186).

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

Ҳафт чиз бе ҳафт чиз суд надорад

Ҳакиме аз ҳакимон гуфтааст: Ҳафт чиз бе ҳафт чизи дигар суд надорад: Аввал — тарс бе парҳез аз гуноҳ. Агар касе гӯяд: «Ман аз Худои таъоло метарсам», вале аз гуноҳ парҳез накунад, он тарси ӯ ҳеҷ суде надорад. Дуюм — умед бе кӯшиш. Агар касе гӯяд: «Ман ба раҳмати Худои таъоло умед дорам», вале тоату ибодат накунад, он умед ба ӯ суде намерасонад. Сеюм — ният бе амал. Агар касе нияти анҷом додани кори некеро ба забон орад, вале дилаш аз он ғофил бошад ва барои анҷом додани он кӯшиш накунад, он нияташ суде надорад. Чорум — дуо бе ҷидду ҷаҳд ва исрор. Агар касе аз Худои таъоло чизе бихоҳад, вале дар дуои худ ҷиддият ва исрор надошта бошад, он дуояш суде надорад. Панҷум — истиғфор бе пушаймонӣ. Агар касе ба забон «Астағфируллоҳ» гӯяд, вале дар дил аз гуноҳҳои худ пушаймон набошад, он истиғфораш суде надорад. Шашум — некӯкории ошкор бе покии ботин. Агар касе дар назди мардум худро некӯкору солеҳ нишон диҳад, вале дар пинҳонӣ корҳои ношоиста анҷом диҳад, он некӯкории зоҳирӣ ба ӯ суде намерасонад. Ҳафтум — ибодат бе ихлос. Агар касе худро дар тоату ибодати бисёр ба ранҷ андозад, вале он ибодатро барои ризои Худо анҷом надиҳад, он ибодаташ суде надорад. Хулоса: Арзиши амал танҳо ба зоҳири он нест, балки ба ният, ихлос ва рафтори инсон низ вобаста аст. Тарси ҳақиқӣ инсонро аз гуноҳ бозмедорад, умеди ҳақиқӣ ӯро ба амал водор мекунад ва тавбаи самимӣ бо пушаймонӣ ва ислоҳи рафтор ҳамроҳ аст. Ибораи «суд надорад» дар ин ҷо ба маънои таъкид бар аҳамияти ихлос ва амал омадааст, на ҳукми қатъӣ дар бораи қабул ё рад шудани ибодат ва дуо аз ҷониби Худованд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

САБҚАТ

Паёмбари Худо (с) фармуданд: Худованд ҳангоми офаридани мавҷудот ба китобе, ки дар пушти Арш қарор дошт, чунин навишт: «Ба дурустӣ, раҳмати Ман бар ғазабам сабқат кардааст!»

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

ОЁ ДИЛАШРО ШИКОФТӢ, ТО БИДОНӢ?!

Аз Усома ибни Зайд ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) моро барои таблиғи дин ба ҳар қабила равон мекард. Мо онҳоро ба ислом даъват мекардем, аммо баъзеашон бо силоҳ зиддият нишон медоданд. Боре яке аз онҳоро таъқиб намудем ва чун ба ӯ расидем, гуфт: «Ло илоҳа иллаллоҳ». Бо вуҷуди ин ман ӯро ба қатл расонидам. Чун ба Мадина расидем, ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид. Ӯ маро ба ҳузураш хонд ва гуфт: «Магар ту касеро ба қатл расондӣ, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ» гуфта буд?!» Гуфтам: «Ӯ инро аз тарси ҷонаш гуфт!» Пас Расули Худо (с) фармуд: «Оё дилашро шикофтӣ, то бидонӣ, ки аз бими ҷон гуфта буд?!» Ва ин суханро ба андозае зиёд такрор намуд, ки орзу кардам, кош то он рӯз мусулмон намебудам.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

АЗ ҲАМА БЕШТАР

Расули Худо (с) мефармояд: — Лаззати имонро он касе дармеёбад, ки ин се хислат дар ӯ мавҷуд бошад: ин ки Худо ва расулашро аз ҳама бештар дӯст дорад ва ин ки шахсро фақат барои Худо дӯст бидорад ва ин ки пас аз ҳидоят ёфтан ба куфр бозгаштанро зишттар аз он пиндорад, ки дар оташ андохта шавад.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Ӯ ҶАБРАИЛ БУД

Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Рӯзе дар назди Расули Худо (с) нишаста будем, ки ногаҳон марди ношиносе ба ҳузури ӯ омад. Дар тан либоси сафед дошт ва дар ӯ асари сафар дида намешуд. Рӯ ба рӯйи Паёмбари Худо (с) нишасту зонуҳояшро ба зонуҳои ӯ расонд ва гуфт: — Эй Муҳаммад! Маро аз дини ислом хабар деҳ. Расули Худо (с) фармуд: — Ислом ин аст, ки шаҳодат бар он диҳӣ, ки нест маъбуде (барҳақ) ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Худост ва ин ки намоз гузорӣ, закот диҳӣ, рӯзаи моҳи рамазон бигирӣ ва агар тавоноӣ дошта бошӣ, ба ҳаҷ биравӣ. Сипас мард гуфт: — Рост мегӯӣ! Мо дар ҳайрат афтодем, зеро ӯ ҳам суол мекард ва ҳам суханони Расули Акрамро (с) тасдиқ менамуд. Мард боз пурсид: — Ба ман бифаҳмон, ки имон чист? Расулуллоҳ (с) фармуд: — Имон ин аст, ки ба Худо, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ, ба рӯзи қиёмат ва бар он ки тақдири некӣ ва бадӣ аз ҷониби Худованд аст, эътиқод дошта бошӣ. Мард гуфт: — Рост гуфтӣ! — ва боз пурсид: — Эҳсон чист? — Эҳсон ин аст, ки Худоро ҳамчунон ибодат намоӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ ва агар ту Ӯро набинӣ, ба дурустӣ ки Ӯ туро мебинад. Мард боз суол кард: — Қиёмат кай барпо мешавад? Расулуллоҳ (с) гуфт: — Дар ин масъала ҷавобдиҳанда аз суолкунанда маълумоте бештар надорад. Пас мард гуфт: — Маро аз нишонаҳои он хабар деҳ! Расули Худо (с) гуфт: — Ин ки хидматгор молики худро таваллуд кунад. Побараҳнаҳо, фақирҳо ва гуруснаҳои гӯсфандчарон дар бунёди биноҳои баланд миёни худ сабқат кунанд. Сипас он мард аз наздамон рафт ва пас аз чанде Расули Худо (с) пурсид: — Эй Умар, оё медонӣ, ки марди саволкунанда кӣ буд? Ман гуфтам: — Худову Расулаш донотар аст. Расулуллоҳ (с) фармуд: — Ӯ Ҷабраил буд ва барои он омад, ки ба шумо динатонро таълим диҳад».

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

Ҳаққи мардум танҳо молу мулк нест

Вақте номи «ҳаққи мардум» ё «ҳаққуннос»-ро мешунавем, одатан ба ёди пул, қарз, молу мулки мардум ва муомила меафтем. Бале, ҳамаи инҳо ҳаққи мардуманд ва Ислом дар бораи поймол кардани онҳо сахт ҳушдор додааст. Аммо ҳаққи мардум танҳо ҳамин нест. Баъзан ҳаққи мардум дили шикаста, обрӯи рехта, рӯҳи озурда ва захмест, ки бо чашм дида намешавад. Ҳаққи мардум ин аст, ки моли дигаронро нахӯрем, дар муомила фиреб надиҳем ва қарзи касеро бе сабаб ба таъхир наандозем. Яъне ба ҷони инсонҳо эҳтиром гузорем, касеро назанем, натарсонем ва ба ӯ осеб нарасонем. Яъне нисбат ба моли ятим эҳтиёткор бошем ва дар ҳаққи ӯ зулм накунем. Яъне обрӯи мардумро ҳифз кунем, тӯҳмат назанем, ғайбат накунем ва сирри касеро фош насозем. Аммо як ҳақиқати муҳимро баъзан фаромӯш мекунем: Дил ва шахсияти инсон низ ҳурмат дорад. Бо дасту забонамон дигаронро озор надиҳем. Таҳқир накунем, дашном надиҳем, масхара накунем, эҳсосоти касеро бозича насозем ва қасдан дили касеро нашиканем. Аллоҳ мутаъол мефармояд: «Ва бо мардум сухани нек бигӯед.» Сураи Бақара, ояти 83 Расули Худо ﷺ фармудаанд: «Мусалмон касест, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд.» Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 10; Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 40. Баъзан инсон молашро аз даст медиҳад ва боз онро ба даст меорад, хонаашро аз даст медиҳад ва боз месозад. Аммо дили шикаста ва эътимоди аз даст рафта ҳамеша ба осонӣ барқарор намешавад. Чӣ қадар падароне ҳастанд, ки бо як ҷумла дили фарзандашонро шикастаанд... Чӣ қадар ҳамсароне ҳастанд, ки дар лаҳзаи хашм суханеро гуфтаанд, ки солҳо дар қалби ҳамсарашон боқӣ мондааст... Чӣ қадар инсонҳое ҳастанд, ки дар назди дигарон таҳқир шудаанд, табассум кардаву хомӯш мондаанд, аммо вақте ба танҳоӣ рафтаанд, ҳамон сухан борҳо дар зеҳнашон такрор шудааст. Ва дардноктар аз ҳама ин аст: Касе, ки дили дигареро мешиканад, шояд баъд аз чанд дақиқа фаромӯш кунад, ки чӣ гуфтааст. Аммо шахси ранҷидашуда метавонад он суханро солҳо бо худ бардорад. Пас, ҳаққи мардумро танҳо ба пулу мол маҳдуд накунем. Обрӯ, оромӣ, иззат ва дили инсонҳо низ ҳурмат доранд. Агар касеро ранҷонда бошем, узр бихоҳем. Агар ҳаққеро поймол карда бошем, ҷуброн кунем. Агар диле шикаста бошем, то ҷое ки метавонем барои шифо ёфтани он кӯшиш кунем. Пеш аз он ки бо як ҷумла касеро бишканем, лаҳзае таваққуф кунем ва аз худ бипурсем: Агар ҳамин суханро ба ман мегуфтанд, ҳоли ман чи мешуд? Забонамонро озод нагузорем, ки ҳар чӣ мехоҳад бигӯяд. Зеро шояд танҳо як калима аз даҳони мо берун шавад, аммо он калима солҳо дар қалби шахси дигар боқӣ монад. Ҳаққи мардумро ҷиддӣ бигирем, на танҳо он ҷо, ки сухан аз пулу мол меравад, балки ҳар ҷо, ки ҳақ, обрӯ, оромӣ ва иззати як инсон дар миён аст. Худовандо! Моро аз зулм кардан ба бандагонат нигоҳ дор. Ва агар ҳаққи касе бар гардани мо бошад, ба мо тавфиқи ҷуброн кардан, узр хостан ва талаби бахшишро ато фармо.

0
Панду андарзҳо·Барномасоз·28 рӯз пешНашрия

Оё тақдир вуҷуд дорад?

Рӯзе аммаам аз ман пурсид: — Оё тақдир вуҷуд дорад? Гуфтам: — Бале, имон ба тақдир яке аз шаш рукни имон аст. Дар «Оманту биллоҳ» ҳам мегӯем: ба Худо, фариштагони Ӯ, китобҳои Ӯ, паёмбарони Ӯ, рӯзи охират ва тақдир — неку бади он — имон овардам. Аммаам гуфт: — Агар тақдир вуҷуд дошта бошад, пас дигар аз дасти ман чӣ кор меояд? Ҳар чӣ навишта шудааст, ҳамон мешавад-ку! Гуфтам: — Аз дасти шумо корҳои зиёде меояд. Шумо метавонед омӯзед, меҳнат кунед, ба касе некӣ кунед, аз кори нодуруст даст кашед, барои хатои худ узр пурсед ва роҳи дигареро интихоб кунед. Имон ба тақдир ин масъулиятҳоро аз дӯши мо намебардорад. Масалан, вақте гурусна мешавем, намегӯем: «Агар сер шудан дар тақдирам бошад, бе хӯрок ҳам сер мешавам». Барои хӯрок ҳаракат мекунем. Вақте бемор мешавем, ба табиб муроҷиат мекунем. Вақте мехоҳем чизеро ёд гирем, мехонему машқ мекунем. Пас чаро вақте сухан аз ислоҳи рафтор ва интихоби дуруст меравад, баъзан мегӯем: «Тақдирам ҳамин будааст»? Мо намедонем, ки фардо бароямон чӣ муқаддар шудааст. Аммо имрӯз медонем, ки кадом корро бояд анҷом диҳем. Аммаам пурсид: — Пас тақдирро чӣ гуна фаҳмем? Гуфтам: — Калимаи «қадар» бо маънои андоза ва муайян кардан иртибот дорад. Дар масъалаи имон, сухан аз он меравад, ки ҳеҷ чиз аз илм ва ҳукмронии Худованд берун нест. Ӯ гузашта, ҳозира ва ояндаи моро медонад. Барои Ӯ чизе пинҳон нест. Вале ин ҷо бояд ду чизро аз ҳам фарқ кунем: донистани он ки касе чӣ интихоб мекунад ва маҷбур кардани ӯ ба ҳамон интихоб. Аз он ки Худо амали моро медонад, худ ба худ барнамеояд, ки мо онро беихтиёр анҷом медиҳем. Аммаам гуфт: — Як мисоли одӣ биёр, то беҳтар фаҳмам. Гуфтам: — Тасаввур кунед, ки дар кӯча шахси мастеро мебинед. Ӯ калавида роҳ меравад ва худро базӯр нигоҳ медорад. Шумо ба ҳамроҳатон мегӯед: «Эҳтиёт, ин одам ҳозир меафтад». Пас аз чанд лаҳза ӯ воқеан меафтад. Оё ӯ аз он сабаб афтод, ки шумо гуфтед: «Меафтад»? — Не, албатта. — Дуруст. Шумо аз рӯйи ҳолати ӯ афтиданашро пешбинӣ кардед. Гуфтани шумо ӯро наафтонд. Агар шумо ӯро тела медодед, он гоҳ дар афтиданаш нақш медоштед. Аммо мушоҳида ва пешбинӣ бо тела додан як чиз нест. Албатта, ин мисол маҳдуд аст: мо аз рӯйи нишонаҳо тахмин мекунем ва мумкин аст хато кунем. Илми Худованд тахмин нест ва хато надорад. Мисол танҳо ҳамин нуктаро равшан мекунад, ки донистани як амалро набояд бо маҷбур кардан ба он амал яксон гирифт. Аммаам гуфт: — Яъне Худо медонад, вале ман ҳам интихоб дорам? Гуфтам: — Бале, инсон ихтиёр дорад, аммо ихтиёраш мутлақ ва аз Худо мустақил нест. Мо на ҳама шароити зиндагиро интихоб мекунем ва на ҳар натиҷаро идора карда метавонем. Бо вуҷуди ин, дар доираи тавоноии худ интихоби воқеӣ дорем ва барои амалҳои ихтиёриамон масъул ҳастем. Аз ҳамин сабаб, дурусттар он аст, ки бигӯем: Худованд ҳама чизро медонад ва ҳеҷ чиз аз ҳукмронии Ӯ берун нест; дар айни ҳол, инсон барои интихоби ихтиёрии худ ҷавобгар аст. Аммаам каме фикр карду пурсид: — Агар Худо пешакӣ медонад, ки мо чӣ мекунем, пас чаро моро ба дунё овард? Чаро ҳам дунё ҳасту ҳам охират? Магар натиҷаро аз аввал намедонад? Гуфтам: — Медонад. Озмоиши зиндагӣ барои он нест, ки Худованд чизеро, ки намедонист, бифаҳмад. Яке аз ҳикматҳои он ин аст, ки интихобу амалҳои мо воқеан сурат гиранд ва натиҷаи онҳо барои худи мо низ ошкор шавад. Мо дар ин зиндагӣ фақат дар бораи некӣ сухан намегӯем — имкони анҷом додани онро пайдо мекунем. Сабр, ростгӯӣ, адолат, бахшиш ва тавба дар зиндагии воқеӣ маъно пайдо мекунанд: ҳангоми душворӣ, ҳангоми интихоб ва ҳангоми муносибат бо дигарон. Қуръон мефармояд, ки Худованд марг ва зиндагиро офарид, то инсонҳоро биозмояд, ки кадомашон некӯкортар аст. Сураи «Мулк», ояти 2 Барои наздиктар шудани маъно тасаввур кунед, ки касеро барои коре, ки ҳанӯз анҷом надодааст, гунаҳкор эълон кунанд. Ӯ табиатан мепурсад: «Ман кай ин корро кардам? Кай имкони интихоб доштам?» Ин мисол тамоми ҳикмати офаринишро шарҳ намедиҳад, аммо ба фаҳмидани як ҷиҳати он ёрӣ мерасонад: дар зиндагӣ инсон имкони амал меёбад ва дар охират бо амалҳои воқеии худ рӯ ба рӯ мешавад. Дар Қуръон ҳам яке аз ҳикматҳои фиристодани паёмбарон ин дониста шудааст, ки пас аз расидани паём барои мардум дар пешгоҳи Худо ҳуҷҷате боқӣ намонад. Сураи «Нисо», ояти 165 Аммаам гуфт: — Пас зиндагӣ фурсатест, ки мо интихобамонро бо амал нишон диҳем? Гуфтам: — Бале. Ва зиндагӣ фурсати бозгашт ҳам ҳаст. Инсон метавонад хато кунад, баъд хатояшро эътироф намояд, тавба кунад ва то ҷое ки метавонад, зарари расондаашро ҷуброн созад. Набояд бо гуфтани «ман ҳамин хел офарида шудаам» дари ислоҳро ба рӯйи худ бандад. Аммо як чизро ҳам фаромӯш накунем: ҳар ранҷу мусибате, ки ба инсон мерасад, ҳатман натиҷаи гуноҳ ё интихоби нодурусти худаш нест. Одамон бемор мешаванд, ба офатҳои табиӣ гирифтор мегарданд ё аз зулми дигарон осеб мебинанд. Дар чунин ҳолатҳо вазифаи мо ёрӣ расондан ва ҳамдардӣ кардан аст. Масъулияти инсонро бояд ба он чизе вобаста донем, ки воқеан дар доираи ихтиёру тавоноии ӯст. Аммаам пурсид: — Пас имон ба тақдир дар зиндагии ҳаррӯза ба мо чӣ медиҳад? Гуфтам: — Ба мо меомӯзад, ки вазифаи худро анҷом диҳем ва натиҷаро бо таваккал ба Худо бисупорем. Пеш аз кор фикр кунем, машварат гирем, сабабҳоро фароҳам созем ва кӯшиш намоем. Агар хато кардем, масъулиятро бипазирем ва ислоҳ кунем. Агар бо вуҷуди кӯшиш натиҷаи дилхоҳ ба даст наомад, худро дар ҳасрати беохири «кош чунин мекардам» маҳбус насозем. Паёмбар(сав) низ ба ҳамин маъно роҳнамоӣ кардаанд: барои он чӣ ба ту фоида мерасонад, кӯшиш кун, аз Худо ёрӣ бихоҳ ва оҷизӣ пеша макун; пас аз расидани мушкил ҳам худро гирифтори «агар»-ҳои фарсоянда насоз. «Саҳеҳ»-и Муслим 2664. Пас, агар бемор шудед, табобат кунед ва дуо намоед. Агар дониш мехоҳед, омӯзед. Агар касеро ранҷондаед, узр пурсед. Агар ҳаққи касеро гирифтаед, баргардонед. Агар роҳи хато рафтаед, бозгардед. Ҳамаи ин кӯшишҳо низ дар зиндагие ҷой доранд, ки Худованд ба шумо ато кардааст. Аммаам гуфт: — Акнун фаҳмидам: аз он ки Худо медонад, ман набояд даст аз кӯшиш кашам. Гуфтам: — Ҳамин тавр. Мо тақдири пинҳони худро намедонем, то онро баҳона кунем. Он чӣ имрӯз дар ихтиёр дорем, фурсати интихоб ва анҷом додани кори дуруст кунем. Имон ба тақдир бояд ҳангоми кӯшиш ба мо умед диҳад ва ҳангоми душворӣ сабр. Мо вазифадорем қадами дурустро гузорем ва ба илм, ҳикмату раҳмати Худованд такя кунем.

0