Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Кадом парандаҳо лонаҳои аз ҳама калон ва аз ҳама хурд доранд?

Лонаи уқоб, ки аз шохчаҳо сохта шудааст, тақрибан 2 т вазн дорад. Лонаҳои якҷояи оилавию авлодии баъзе парандагон ба хоктеппаҳои азим мемонад, ки вазнашон зиёда аз 50 т аст. Аммо колибриҳо лонаашонро ба андозаи нисфи чормағз месозанд.

0

Лонасозӣ

Парандаҳо ва ширхӯрон баръакси бисёр ҳайвоноти дигар ба насли ояндаи худ ғамхорӣ менамоянд. Масалан, онҳо барои тухм гузоштан ва чӯҷа баровардан лона месозанд. Дар лона барои чӯҷаҳо шароити нисбатан бехавфи ба воя расидан фароҳам меоранд. Лонаи парандагон ниҳоят гуногун мебошад. Агар баъзе парандаҳо дар замину зери сангҳои калон чуқурча кофта лона созанд, парандаҳои дигар аз гил, хасу хошок ва пахтаву пашм лона бунёд менамоянд. Ваҳмак ном паранда лонаашро аз пашм мебофад.

0

Парандаҳо ҳам туҳфа медиҳанд?

Бисёр парандаҳои нарина барои ҷуфти худ ғизо оварда, онро бо нӯлашон ба даҳони вай мегузоранд. Турнаи нарина барои турнаи модина маводди сохтмони лона, яъне шохчаи дарахту хасу хошок меорад. Ин туҳфа ба турнаи модина писанд меояд ва баъди сохтани лона наринаи заҳматдӯстро ҷуфти муносиб интихоб мекунад.

0

Ба фрегатҳо халта чӣ лозим аст?

Фрегатҳо парандаҳои баҳрианд ва фақат дар давраи афзоиш ба соҳил бармегарданд. Дар мавсими ҷуфтшавӣ дар синаи фрегати нарина халтаи калони сурх пайдо мешавад. Вақте барои лона сохтан ҷойи муносиб меёбад, вай халтаашро аз бод пур карда, ба фрегатҳои модина намоиш медиҳад.

0

Чӣ тавр мурғи биҳишт модинаашро ҷалб менамояд?

Мурғи биҳишт, ки дар ҷазираи Гвинеяи Нав зиндагӣ мекунад, бо рангорангии болу пари худ шуҳрат дорад. Наринаҳои он барои моил кардани дили мурғи модина болу пари хушнамуд ва зебои худро намоиш медиҳанд. Гоҳо ба «саҳнаи умумӣ» – майдонча баромада мерақсанд, сарозер овезон мешаванд ва билохир дили модинаашонро меёбанд.

0

Рангорангии парандаҳо

Дар аввали мавсими ҷуфтшавӣ парандаҳо барои худ ҳамсар мекобанд ва барои лонагузорӣ ҷойи мувофиқ меҷӯянд. Парандаҳои нарина намоишкорона ба ҳаво мехезанд, ҳаракатҳои ҷолибу рақсҳои гуногун иҷро мекунанд, бебокона пару бол мезананду алвонҷ мехӯранд. Онҳо бо ин васила мехоҳанд ба меҳрубонии парандаҳои модина сазовор шаванд ва таваҷҷуҳашонро ҷалб намоянд.

0

Чаро хониши парандаҳои бешагӣ пурпечутоб аст?

Бисёр парандаҳое, ки дар беша зиндагӣ мекунанд, аз қабили булбул, саъва ва амсоли инҳо дар байни баргҳои зичи дарахту буттаҳо якдигарро намебинанд. Ин барои ҳаёти онҳо хавфнок аст, зеро ҳар лаҳза метавонанд туъмаи парандагони соҳибчанголу ҷонварони даранда гарданд. Бинобар ин, онҳо дар байни шохсорон пинҳон гашта, бо нағмасароии махсус ҳамдигарро аз хатар огоҳ месозанд. Нағмасароиро шунида, парандаҳо ҳатто дар бораи саломатию «кайфият»-и якдигар хулоса мебароранд. Тӯтии заринтоҷ парандаи дарозумртарини олам аст, ки то 80 сол зиндагӣ мекунад.

0

Хониши парандаҳо аз баҳри чист?

Парандаҳои нарина бо хониши худ диққати парандаҳои модинаро ҷалб менамоянд. Овози булбул хеле форам аст. Дар мавсими ҷуфт гаштан булбулон ба ваҷд омада, сурудхонии воқеӣ барпо мекунанд. Парандаҳои модина бештар он наринаҳоеро меписанданд, ки овози баланд дошта, хуб нағмасароӣ карда метавонанд.

0

Кадом паранда «сухандон» аст?

Дастгоҳи «нутқ»-и баъзе парандаҳо чунон тараққӣ кардааст, ки онҳо метавонанд сухани одамро такрор намоянд. Тӯтӣ ва майна аз ҷумлаи чунин тақлидкорон мебошанд. Онҳо на танҳо калимаҳоро азёд менамоянд, балки дар мавқеашон истифода мекунанд. Тӯтӣ метавонад то 800 калимаро дар хотир гирад ва ҳатто ҷумла созад.

0

Хониши парандаҳо

Бисёр вақт парандаҳоро мо намебинем, вале овозу нағмасароии онҳо ба гӯшамон мерасад, хусусан дар айёми баҳор ва аввали тобистон. Садои баъзе парандаҳо якмарому муқаррарӣ ва баъзеи дигар хушу форам аст. Бо ёрии хониш парандаҳо бо якдигар муомила мекунанд, модинаҳоро ҷалб менамоянд, аз ягон ҳодисаи пешомад огоҳ месозанд.

0

Чаро ранги парандаҳои қутбӣ сафед мебошад?

Дар нимкураи шимолӣ ҳайвоноту парандаҳои бисёр зиндагӣ мекунанд. Дар рӯи барф ноаён будан барои онҳо муҳим аст. Тобистон ранги кабки қутбӣ дорчинӣ буда, зимистон сафед мешавад. Ҳамин тавр, онҳо ҳамранги муҳити зисташон гашта, аз душмани асосии худ – рӯбоҳи шимолӣ паноҳ мебаранд. Болу пари буми қутбӣ тамоми сол сафед аст. Вай дар ҳаво парвоз карда, вобаста ба ранги тирагуни осмони қутб тобиши хос мегирад.

0

Чӣ тавр парандаҳо гармову сарморо паси сар мекунанд?

Ҳангоми гармӣ парандаҳо парҳояшонро ҷафс мекунанд, то ки онҳо нури офтобро нарабоянд. Ғайр аз ин, онҳо тез-тез нафас мегиранд, ки гармӣ аз даҳон бухор гашта, баданашон салқин гардад. Зимистон парандаҳо парҳояшонро фаҳ мекунанд, то ки қабати гармигузаронӣ афзунтар шавад. Дар сармо тани паранда меларзад. Ин имкон медиҳад, ки равғани бадан бештар сӯхта, гармӣ хориҷ шавад. Дар як шаби қаҳратуни зимистон мухак ном паранда барои гарм шудан нисфи вазни худро гум мекунад.

0

Парандаҳои баҳрӣ чӣ менӯшанд?

Оби шӯри баҳрҳо барои нӯшидан мувофиқ нест. Барои ҳамин уқоби баҳрӣ, моҳихӯрак, мурғи тӯфон ва дигар парандаҳо аз таркиби ғизо ва тани сайди рабудаашон обро ҷаббида ташнагиашонро мешикананд. Вале дар ин маврид ба ҷисми онҳо намак бештар ворид мешавад. Парандаҳо намаки барзиёдро ба воситаи ғадуде, ки дар асоси нӯл ҷой дорад, дур месозанд. Барои он ки паранда намакро хориҷ кунад, «атса» мезанад ва шӯшаҳои намак мерезанд.

0

Чаро чӯҷаҳои теҳу аз ташнагӣ намемиранд?

Теҳу барои аз дарандаҳо ҳифз намудани чӯҷаҳояш дур аз назари душманон лона мегузорад. Дар он ҷойҳои дуру дастнорас ҳатто набототу об нест. Бинобар ин, теҳуи нарина масофаи зиёдро тай карда, ба соҳили дарёҳо меояд, то ки барои чӯҷаҳои нотавонаш об барад. Вай болу парашро дар об тар мекунад ва парҳо обро ҳамчун исфанҷ ҷаббида мегиранд. Теҳуи нарина бо парҳои обандуда ба лонааш бармегардад ва чӯҷаҳо обро аз парҳои ӯ макида, зинда мемонанд.

0

Кадом паранда шиновари хуб аст?

Пингвинҳо нисбат ба дигар парандаҳои обӣ хуб шино мекунанд. Ҷуссаи онҳо дукмонанд буда, барои зуд зери об рафтан кумак мерасонад. Боли пингвинҳо, ки хеле пурқувватанд, барои бо суръати 25 км/соат шино кардан имкон медиҳад.

0

Мубориза барои ҳаёт

Парандаҳо ба шароити гуногуни зиндагӣ мутобиқ шудаанд. Онҳо дар яхистонҳои қутбӣ, биёбонҳои тафсони беоб, паҳнои беканори баҳру уқёнусҳо ва кӯҳҳои сарбафалаки Тоҷикистон дучор меоянд. Барои дар шароити тоқатфарсои муҳит зиндагӣ кардан, парандаҳо унсурҳои мутобиқшавӣ пайдо намудаанд.

0

Парандаҳо дар вақти парвоз чӣ гуна роҳ меёбанд?

Парандаҳои хурд шабона парвоз карда, аз рӯи ситораҳо самти парвози худро муайян месозанд. Рӯзона онҳо хӯрок мехӯранду истироҳат мекунанд ва аз парандаҳои соҳибчангол паноҳ меёбанд. Парандаҳои соҳибчангол ва дигар парандаҳои калон, одатан, рӯзона парвозу шикор мекунанд. Онҳо ҷараёни болоравии ҳаворо, ки зери таъсири гармии офтоб падид меояд, истифода мебаранд. Ин гуна парандаҳо роҳро аз рӯи гардиши офтоб, ҳамчунин аз рӯи тарҳи кӯҳу соҳил ва водию дарёҳо муайян мекунанд. Кафтар аз рӯи майдони магнитии Замин роҳро меёбад. Дар ҳавои абрнок бисёр парандаҳо роҳро ёфта наметавонанд ва то баромадани офтобу софшавии осмон сабр менамоянд.

0

Парандаҳо чӣ тавр парвози дуру дарозро бардошт мекунанд?

Пеш аз кӯчиданашон парандаҳо бо миқдори даркорӣ ғизо ва чарб захира мекунанд. Ин чарб барои дуру дароз паридан зарур аст. Чарб вазну ҷуссаи парандаро калонтар ва худашро тобовартар мекунад, ки он барои парвози тӯлонӣ мувофиқ аст. Чунончи, вазни заличи арзанхӯр (гунҷишки ботлоқӣ) аз 50 то 110 г зиёд шуда, ҷуссааш қавитар мешавад. Вай метавонад ба фосилаи 4000 км беист парвоз кунад. Барои заличи арзанхӯр тай кардани паҳноҳои Саҳрои Кабиру баҳри Миёназамин душвор нест.

0

Чаро парандаҳои кӯчӣ саф кашида парвоз мекунанд?

Дар натиҷаи парвози дурудароз парандаҳо барои сарфа намудани неру мутобиқ шудаанд. Бисёр парандаҳо, масалан, ғозу турнаҳо саф кашида парвоз мекунанд. Ин тарзи парвоз барои рафъ сохтани муқовимати ҳаво муҳим аст. Парандаи аввал ҳаворо чок карда, дар натиҷаи болафшонӣ аз оғӯши мавҷи ҳаво роҳ мекушояд, ки ин амал барои парвози парандаи дуюм неруи иловагӣ мебахшад; парандаи дуюм дар навбати худ парвози парандаи сеюмро осон менамояд ва ғайраҳо. Ҳамин тавр, ҳамаи парандаҳо, ба ғайр аз парандаи якум, кумаки иловагӣ мегиранд. Агар парандаи якум хаста шавад, ҷои онро парандаи дигар иваз мекунад.

0

Кӯчбандии парандаҳо

Одамон солҳои дароз ба тааҷҷуб меафтоданд, ки чаро парандаҳо дар кишвари онҳо тобистон ё зимистон пайдо мешаванд. Баъди як ё ду мавсим зистан соли дигар онҳо парида мераванд. Парандаҳои кӯчӣ зимистон ба ҷойҳое парвоз мекунанд, ки ғизо бисёр ва шароити зиндагӣ мусоид аст. Онҳо тобистон боз ба кишвари доимии зисташон парида меоянд, то ки чӯҷа бароварда, онҳоро парвариш кунанд. Кӯчбандии ҳарсолаи парандаҳоро ҳиҷрати мавсимӣ меноманд.

0