Лонасозӣ
Парандаҳо ва ширхӯрон баръакси бисёр ҳайвоноти дигар ба насли ояндаи худ ғамхорӣ менамоянд. Масалан, онҳо барои тухм гузоштан ва чӯҷа баровардан лона месозанд. Дар лона барои чӯҷаҳо шароити нисбатан бехавфи ба воя расидан фароҳам меоранд. Лонаи парандагон ниҳоят гуногун мебошад.
Агар баъзе парандаҳо дар замину зери сангҳои калон чуқурча кофта лона созанд, парандаҳои дигар аз гил, хасу хошок ва пахтаву пашм лона бунёд менамоянд. Ваҳмак ном паранда лонаашро аз пашм мебофад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




