Ғанӣ Ҷӯразода. Ҳикояҳо

Ғанӣ Ҷӯразода
Гуландом
Гуландом дар синфи якум мехонад. Китобро бисёр дӯст медорад. Боре модараш Карима-апа ба ӯ китоби афсонаҳо харида дод. Гуландом хурсанд шуд ва китобро варақ зада, расмҳояшро бо завқ тамошо кард. Ба ӯ расми Бузаки ҷингилапо хеле маъқул шуд.
Модар дар ошхона таом мепухт. Гуландом давида назди ӯ омаду расмро нишон дода гуфт:
— Очаҷон, ман афсонаи «Бузаки ҷингилапо»-ро медонам. Муаллимамон гуфта доданд.
— Офарин! Ту онро нағз дар хотир нигоҳ дор, — гуфт модар.
— Очаҷон, ман расми Бузаки ҷингилапоро кашам?
— Метавонӣ?
— Метавонам.
Гуландом ба хона даромада, қаламу коғаз гирифта, машғули сураткашӣ шуд. Хеле зӯр зада, расми Бузаки ҷингилапоро кашид. Баъд расмро ба модараш нишон дод. Модар аввал хандиду баъд гуфт:
— Бад не, духтарам, офарин! Расмкаширо ёд гирифтай-ку.
Гуландом аз суханони модараш шод шуда гуфт:
— Очаҷон, ман навишта ҳам метавонам.
— Наход?
— Ба шумо хат навишта диҳам?
— Ҳа, майлаш.
Вай ба курсӣ нишаста, фикр кард-фикр карду надонист, ки чӣ нависад. «Ҳа, ёфтам, — гуфт ниҳоят худ ба худ Гуландом, — „Раҳмат, очаҷон“ менависам». Гуландом акнун навиштанӣ буд, ки ҳарфи «р» аз ёдаш баромад. Ҳарчанд хаёл кард, ёфта натавонист. Зиқ шуду тозон назди модараш омад:
— Очаҷон, «р» чӣ хел мешавад?
— Худат намедонӣ? — пурсид модар ва «р»-ро ба рӯи коғаз навишта нишон дод.
— Медонистаму ҳозир аз ёдам баромад. Раҳмат, очаҷон! — гӯён Гуландом давон ба хона даромад. Вай бо ҳарфҳои каҷу килеб «раҳмат» навишт. Баъд ба навиштани калимаи «очаҷон» сар кард. Аммо «ҷ»-ро гум кард. Ҳарчанд фикр кард-фикр кард, ёфта натавонист. Хайрият, ҳамин вақт апааш Гулсара, ки дар синфи панҷум мехонд, аз мактаб омад.
— Апаҷон, «ҷ» чӣ хел мешавад? — пурсид Гуландом.
— «Ч»-ро медонӣ?
— Медонам.
— Ба «ч» думча монӣ, «ҷ» мешавад.
— Ҳа, ёфтам, ёфтам! — шодӣ кард Гуландом.
Гуландом ҷумларо навишта, ба модараш нишон дод. Ӯ навиштаи ӯро хонда хурсанд шуд, навозиш кард.
Ду Лола
Падару модари Лола ба хонаи нав кӯчида омаданд. Рӯзи дигар модар ба Лола гуфт:
— Духтарам, ту ба берун баромада бозӣ кун. Ман фарши хонаро шуста, тоза кунам.
Лола берун баромада ба духтарчаи ҳамсоя рӯ ба рӯ шуд.
— Ҳа? — гуфт Лола.
— Ҳа? — гуфт духтарча.
— Номат чӣ? — пурсид Лола.
— Номи ту чӣ? — пурсид духтарча.
— Номи ман — Лола.
— Номи ман ҳам — Лола.
«Ин номи ман-ку, — аз хаёл гузаронд Лола, — барои чӣ вай номи маро гирифтааст?»
Лола давида ба хона даромаду ба модараш гуфт:
— Оча, оча!
— Ҳа, духтарам.
— Ана, вай духтарча номи маро гирифта номи ман мегӯяд.
Модар, ки гуфтугӯи ҳар ду духтарчаро шунида буд, гуфт:
— Ту ба вай бигӯй, ки Лола номи худам, онро очаам ёфтагӣ.
Лола давида аз хона баромада, ба духтарча гуфт:
— Ман номи туро нагирифтаам. Лола — номи худам, онро очам ёфтагӣ.
— Ҳм, — гуфт духтарча, — охир, Лола номи ман, онро додом ёфтагӣ.
— Очаи ман пештар ёфтагӣ...
— Не, додои ман пеш...
Ҳар ду ба баҳсу ҳархаша сар карданд.
— Духтарам, номи ту ҳам Лола аст? — гӯён аз духтари ҳамсоя пурсид модари Лола Меҳрӣ-хола.
— Ҳа, — ҷавоб дод вай.
— Лола дута будааст-дия, — гуфт Меҳрӣ-хола, — яктааш ту, дигараш ана ин! Ҳар ду дугонаи ҳамном будаед.
Ба лабони духтарчаҳо табассум дамид. Баъд ҳар ду аз дасти ҳамдигар дошта берун баромаданд. Аввали баҳор буд. Дар рӯи ҳавлӣ ниҳолҳои ҷавони чанору сафедор, олую гелос, буттаҳои гул сабзида, барг мебароварданд.
— Ин ниҳолро додои ман шинонданд, — ниҳолеро нишон дода гуфт Лола.
— Ин дарахти гелосро очаи ман шинонданд, — гуфт дугонааш — Лолаи дуюм.
— Чанорро бобои ман шинонданд, — гуфт Лолаи аввал.
— Гулҳоро момои ман шинонданд, — гуфт Лолаи дуюм.
Лола лаҳзае аз ниҳолҳо чашм наканда хаёл карду ба дугонааш гуфт:
— Медонӣ-чӣ?
— Чӣ? — пурсид дугонааш.
— Биё, ба ниҳолҳо об медиҳем.
— Майлаш, — розӣ шуд дугонааш.
Лола аз хонаашон сатилча овард. Дугонааш аз ҷӯйбор об мекашонд. Лола сатилчаро аз дасти вай гирифта, обашро ба бехи ниҳолҳо мерехт.
Баъд Лола бо ҷорӯб рӯи ҳавлиро рӯфта тоза кард. Дугонааш бо сатилча об оварда пошид. Ҳама ҷо тозаю озода ва зебо шуд.
Дугонаҳо саргарми бозӣ шуданд.
Вақте ки модари Лола Меҳрӣ-хола берун баромад, таҳи дарро рӯфтаву покиза диду пурсид:
— Ин ҷоро кӣ рӯфта тоза кард?
— Лола, — гуфтанд ҳар ду.
— Ба ниҳолҳо кӣ об дод? — боз пурсид Меҳрӣ-хола.
— Лола, — гуфтанд ҳар ду.
— Кадом Лола? — боз пурсид Меҳрӣ-хола.
— Мо ду Лолаем! — баробар ҷавоб доданд дугонаҳо.
— Дугонаи ҳамном хеле хуб будааст, — гуфт Меҳрӣ-холаи хурсанд.
Дугонаҳо табассум карданд. Онҳо ҳам мисли Меҳрӣ-хола хурсанд буданд.
Хурду калони маҳаллаи мо дугонаҳо — Лолаю Лоларо мешиносанд.
Гулдон
Ҳанифа-хола вақти бозор рафтан ба духтарчаҳояш таъкид кард:
— Бозӣ карда шинед, ба кӯча набароед, шӯхӣ накунед. Ман харид карда, зуд меоям. Хуб?
— Хуб шудааст, — баробар гуфтанд Ҳабибаю Ҳалима ва саргарми бозӣ шуданд. Рӯ-рӯи фарши хона давида, тӯббозӣ карданд. Баъд Ҳабиба ба хоҳараш гуфт:
— Ҳалима, ба кӯча бароем-чӣ? Он ҷо бачаҳо бисёр, бозӣ мекунем.
— Очам ба кӯча набароед гуфтанд-ку!
— Набошад, ман тӯббозӣ намекунам, — гуфт Ҳабиба.
— Ман худам бозӣ мекунам, — гӯён Ҳалима аз паси тӯб давид.
Ҳабиба ба айвон баромад ва дар назди девор гулдонро дид. Падараш дирӯз гулдонро аз меҳмонхона бароварда, ба офтобрӯя монда буд. Ҳабиба гулҳои ҳаррангаро тамошокунон завқ бурд ва хоҳарашро ҷеғ зад:
— Ин гулҳоро бин, чӣ хел зебо.
Ҳалима давида омад.
— Хоки гулдон хушк шудааст, — гуфт Ҳабиба, — биё об оварда мерезем. Сонӣ гулҳо нағз мешукуфанд. Очаам хурсанд мешаванд.
— Майлаш, — розӣ шуд Ҳалима ва чойники тунукаро аз об пур карда овард.
— Ман резам? — гуфт Ҳабиба.
— Не, ман худам.
— Не, ту наметавонӣ.
— Не, метавонам.
— Не, наметавонӣ!
Ҳалима чойникро бардошта, ба гулдон об рехтанӣ шуд. Ҳабиба аз дастаи чойник маҳкам дошт. Ҳалима ба тарафи худ мекашид, Ҳабиба ба тарафи худ.
Ногоҳ чойник аз дасти ҳар ду раҳо хӯрда болои гулдон афтид. Гулдони сафолин пора-пора шуд.
— Ту шикастӣ! — гуфт гиря карда Ҳалима.
— Худат шикастӣ! — гиря кард Ҳабиба ҳам.
— Барои чӣ чойникро кашола кардӣ? — гуфт Ҳалима.
— Худат кашола кардӣ! — гуфт Ҳабиба.
— Ба очам чӣ мегӯем? — пурсид баъди лаҳзае Ҳалима.
— Намедонам.
Ҳар ду ҳайрон буданд. Баъд Ҳабиба гуфт:
— Ба очам гулдонро шикастем нагӯй. Хуб?
— Ман намегӯям. Худат-чӣ? — пурсид Ҳалима.
— Ман ҳам намегӯям.
— Майлаш.
Ҳабиба фикр карду ба Ҳалима гуфт:
— Очам, ки омаданд, гиря накун. Хуб?
— Худат-чӣ?
— Ман гиря намекунам.
— Ман ҳам.
Ҳар ду ҳамин тавр аҳд бастанд. Баъд маҷаллаи «Хорпуштак»-ро варақ заданд, суратҳояшро тамошокунон хандиданд ва ҳама чизро фаромӯш карданд.
Вақте ки Ҳанифа-хола аз бозор омад, Ҳабибаю Ҳалима ба пешвозаш баромаданд. Ҳамин ки ӯро диданд, гулдон ба хотирашон расиду ғайриихтиёр ҳар ду баробар гиря карданд.
Рахсеб
Китоби дина ба хондан сар кардаамро акнун ба даст гирифта будам, ки ба хона Абдулло даромад.
— Китобхонӣ ба дилат назад, Қобил? — гуфт Абдулло.
— Не, — гуфтам, — ин китоби бисёр шавқовар будааст. Шин, ҳамроҳ мехонем.
— Э, мон китобхониро, — гуфт Абдулло, — ҳозир каллаи ман ҳеҷ чиз намегирад. Тамоми баданам месӯзад. Гард, оббозӣ мекунем.
Ҳаво тафсон буд. Гармсели тафсон ба рӯи одам мезаду нафасро мегардонд. Нурҳои офтоб аз байни шохҳои бед гузашта, пӯсти рӯйро сӯзан халидагӣ барин месӯзонд. Суханони Абдуллоро шунида, бадани ман ҳам ба сӯзиш даромад. Шавқи китобхониам намонд.
Ману Абдулло ҷӯраҳои ҳамсолем. Аммо ӯ қариб ҳар рӯз барои нӯги сӯзан барин чиз бо ман ҷангӣ мешавад. Агар ман ба ягон фикри Абдулло розӣ нашавам, даррав меранҷаду қаҳр карда, ба хонаашон меравад. Он гоҳ ман зиқ мемонам. Охир, дар маҳалла ман дигар ҷӯраи ҳамсол надорам, то ки ҳамроҳ бозӣ кунам. Барои ҳамин бо ӯ зуд оштӣ мешавам.
Мо ба сӯи наҳри калон равон шудем, ки деҳаи моро ба ду тақсим карда, ба заминҳои пахта ҷорӣ мешуд. Як гурӯҳ бачаҳои маҳаллаи ҳамсоя шӯру мағал бардошта, оббозӣ мекарданд.
Мо ҳам хуб оббозӣ кардем. Баъд рӯи регҳои тафсон дароз кашидем.
Абдулло наҷунбида мехобиду хаёл мекард. «Ҳозир ягон гапи нав мегӯяд», — аз дил гузарондам ман. Ӯ ҳамин хел одат дорад: агар ба хаёл равад, албатта, ягон гапи нав мегӯяд.
— Қобил, гушна намондӣ? — пурсид Абдулло паҳлӯ гашта.
— Ту-чӣ? — гуфтам ман.
— Ман — гушна.
— Ман ҳам. Хез, меравем.
Ӯ чизе нагуфта ба атроф чашм дӯхт. Баъди сонияе гуфт:
— Як чиз гӯям, ҳа мегӯӣ?
— Чӣ? — пурсидам ман.
— Себ мехӯрӣ?
— Себ ҳоло напухтааст-ку?
— Себҳои рах-рах пухтагӣ.
— Дар куҷо? — пурсидам ман.
— Дар боғи Анбар-хола, — гуфт Абдулло. — Оҳиста ба боғ медароем.
— Анбар-хола дида монад-чӣ?
— Дида монад, мегурезем.
Анбар-хола дар маҳаллаи мо зиндагонӣ мекард. Боғи ӯ дар сари роҳи калон воқеъ гардида, атрофашро девори пахса печонда буд.
Абдулло аз болои девор сарашро бароварда, боғро аз назар гузаронд. Ман дар мобайни роҳ истода атрофро дидбонӣ мекардам. «Ҳеҷ кас нест, биё», — гуфт Абдулло ва аз девор фуромада ба боғ даромад. Ман ҳам аз паси ӯ рафтам. Рахсебҳо ранг оварда буданд. Ҳар ду ба дарахт баромада, кисаҳои шимамонро аз себ пур кардему зуд ба ақиб гаштем.
Ман аз болои девор худро ба кӯча ҳаво додам. Тӯппиам бошад, ба навдаи биҳӣ дармонда, ба он тарафи девор афтид. «Чӣ бояд кард?» — бо тарсу ларз фикр кардам зуд.
— Чӣ шуд? — пурсид Абдулло.
— Тӯппиам афтид, — гуфтам ва аз саросемагӣ гаранг шуда мондам.
— Ман нигоҳ карда меистам, — гуфт Абдулло, — аз девор гузашта, тӯппиатро тез гирифта биё. Баро, тезтар.
Ман як ҳаллос зада болои девор баромадам ва худро гурсӣ ба замин партофтам. Ҳамин вақт ҳодисае рӯй дод, ки мо онро ҳаргиз чашмдор набудем. Ба пошнаи пои ростам чизе халида чунон сахт дард кард, ки оби чашмонам баромад. Ба дарди поям нигоҳ накарда тӯппиамро гирифтаму зуд ба девор баромадам. Бинам, ки аз пошнаи поям хун мешорад.
— Аз афташ, поятро шиша буридааст, — гуфт Абдулло, — ба таги поят нигоҳ кунӣ, намешавад? Хуб гаранг ҳастӣ, Қобил!
— Он ҷо пури хасу хокрӯба буд, — гуфтам ман, — шиша буданашро аз куҷо донам.
— Худат ноӯҳдабаро! — ба болои сӯхта намакоб пошид Абдулло.
— Ба ин азоб маро худат гирифтор кардию боз гап мезанӣ! — оташин шудам ман ва себҳоро аз кисаам бароварда бо ҷаҳл ба оби ҷӯй партофтам.
— Ман гунаҳкор будаам... Э, моне, — Абдулло даст афшонда ба хонаашон рафт.
Ман лангон-лангон ба хона омадам. Модарам дар болои кат ҳамроҳи ҳамсоязанҳо гап зада менишаст. Дар байни онҳо Анбар-холаро дида, дарди поямро боз ҳам сахттар ҳис кардам. Хун якзайл мешорид.
Модарам поямро дида, ранги рӯяш канд ва паи ҳам:
— Чӣ гап шуд? Поятро чӣ бурид? — саволборон кард.
— Дар кӯча шишапора бурид, — дурӯғ гуфтам.
— Чашмат куҷо буд? — гӯён модарам аввал хуб ҷанг кард, баъд сиёҳии дегро оварда, ба ҷароҳатам пахш намуд, то ки роҳи хунро бандад.
Анбар-хола аз воқеа бохабар шуда:
— Ба хаёлам, дар хонаамон йод буд. Ҳозир гирифта меоям, — гӯён аз ҷой бархосту ба тарафи дари кӯча рафт. Дере нагузашта ӯ йод овард ва ба ҷароҳати поям молида баста монд.
Падарам ҳам аз кор омада маро ҷанг кард. Аз дарди пой ҳамон шаб то дер хобам набурд.
Пагоҳӣ аз хоб хезам, ки падарам аллакай наҳорӣ карда ба саҳро рафтааст. Модарам чой нӯшида менишаст. Ӯ поямро кушода дида гуфт, ки баъди ношитой ба духтур равам.
Ба ҳавлӣ Абдулло даромада омад. Димоғаш сӯхтагӣ буд. Ба назарам, аз кори дирӯзаамон вай ҳам пушаймон буд. Абдулло бо сари хам ба паҳлӯям нишаста:
— Поят дард мекунад? — пурсид.
— Роҳ гардам, дард мекунад, — ҷавоб додам ман, — ҳозир ба духтур меравам.
Ҳамин вақт як лаълича себи рах-рах гирифта Анбар-хола омад. Модарам себро дида:
— Себатон аллакай пухтааст-дия, — гуфт ва лаълиро аз дасти ӯ гирифта рӯи дастархон монд ва миннатдорӣ намуд.
— Агар ягон ҳафтаи дигар истад, ҷудо нағз мепухт, — гуфт Анбар-хола. — Аммо бачаҳои маҳалла намемонанд. Дина боз кадом як бача ба боғ даромада шохи себро шикастааст. Бача набошад, гӯяд-ку, худам чида медиҳам.
Ӯ баъд ба ман нигариста пурсид:
— Писарам, дарди поят андак сабук шуд, охир?
— Ҳа, — кӯтоҳ ҷавоб додам ман ва аз шарм суп-сурх шудам.
Абдулло ҳам бетоқат буд. Ба назарамон чунин менамуд, ки Анбар-хола аз кори дирӯзаи мо бохабар асту ин суханонро қасдан ба мо мегӯяд.
Модарам ба ман нигарист. Ман бошам, замин намекафид, ки дароям.




