Технология
Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси нақлиёти қадимӣ, автомобилҳо, роҳи оҳан, самолётҳо, киштиҳо, велосипеду мотосиклҳо, андозагирӣ, ҳисоб, компютерҳо ва навору аккосӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Истеҳсолот барои чӣ зарур аст?
Истеҳсолот барои қонеъ гардонидани талаботи инсон ва ҷомеа ба молу маҳсулот ва хизматрасониҳо зарур аст. Тавассути истеҳсолот одамон маҳсулоти хӯрокворӣ, сарулибос, асбобу анҷом ва дигар чизҳои барои зиндагӣ заруриро ба даст меоранд. Истеҳсолот инчунин барои ташкили ҷойҳои корӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аҳаммияти калон дорад.
ТЕХНИКАИ САНОАТӢ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ
Ҷараёни барои қонеъ гардондани талаботи одамон ба вуҷуд овардани неъматҳои иқтисодиро истеҳсолот меноманд. Мошинҳо ва дастгоҳҳои гуногун, ки барои иҷрои амалиёти технологӣ пешбинӣ шудаанд, техникаи истеҳсолот номида мешавад. Бо ёрии онҳо маҳсулоти ба андозаву сифати пешбинишуда ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ истеҳсол карда мешавад. 1. Мошинаҳои боркаш. Бо ёрии онҳо бор ё маҳсулот аз як ҷо ба ҷойи дигар бурда мешавад. Ба онҳо мошинҳо, аз қабили автокранҳо, кран-манипуляторҳо, конвейерҳои нақлиётӣ, мошинаҳои боркаш, штабелёрҳо ва ғайра дохил мешаванд. 2. Мошинаҳои нергетикӣ. Онҳо як намуди нергияро ба намуди дигари нергия табдил медиҳанд ва механизмҳоро ба ҳаракат меоранд. 3. Мошинҳои корӣ. Дастгоҳҳо дар истеҳсолот бештар истифода мешаванд. Бо ёрии онҳо амалиёти гуногун барои ба маҳсулот додани шакли дилхоҳ иҷро карда мешавад. Дар истеҳсолот дастгоҳҳои харротӣ, фрезерӣ, пармакунӣ, арра ва рандакунӣ, чархгарӣ, пресскунӣ, штампкунӣ, суфтакунӣ ва ғайра истифода мешаванд. 4. Мошинҳои технологӣ. Пурра автоматӣ кунондани мошинаҳои технологӣ хусусияти беназири онҳост. Чунин мошинаҳо ба воситаи пулти дурдаст идора карда мешаванд. Мошинҳое, ки бо барномаҳои рақамӣ идора мешаванд, дар истеҳсолот васеъ истифода мешаванд. Он метавонад дар асоси барномаи пешакӣ кор карда, иштироки одамонро дар ҷараёни истеҳсолот кам кунад. Ба ин гуна мошинаҳо манипуляторҳои роботӣ, дастгоҳҳои бо рақам идорашаванда, ленияҳои автоматишуда ва ғайра дохил мешаванд. 5. Техникаи андозагирӣ ва назорат. Шумо дар дарсҳои технология бо якчанд асбобҳои ченкунӣ (ҷадвали масштаб, штангентсиркул, микрометр ва ғайра) шинос гашта, аз онҳо истифода бурдаед. Дар соҳаи истеҳсолоти имрӯза дар системаи назорати сифати маҳсулот техникаи ҳисоббарории рақамӣ васеъ истифода мешаванд. Дар натиҷа кори ченкунӣ ва назорат тезонида, хатоҳои ченкунӣ кам шуда, кори ченкунӣ ва назорат объективона ба амал бароварда мешавад. Мақсади истифодабарӣ аз онҳо баланд бардоштани самараи меҳнат, баланд бардоштани самараи истифодаи ресурсҳо, кам кардани сарфи нергия ва материал дар истеҳсолот мебошад. Техникаи истеҳсолӣ аз техникаи маишӣ бо калонии қувват, самараи баланди корӣ, ҳаҷм ва қобилияти кории дарозмуддати боварибахши худ фарқ мекунад.
Видеои хонаводагӣ кай пайдо шуд?
Навори видеоӣ соли 1956 ва камераи (камкордер) видеосабт солҳои 60-уми асри XX сохта шуда буд. Солҳои 60-уми асри XX камераҳои сабуктар ба фурӯш баромада, тасвиру садо дар наворҳои магнитӣ сабт мешуданд. Ибтидои асри XXI видеокамераҳои босифату зебо буда, онҳоро ба воситаи Интернет дар муҳлати кӯтоҳ ба гӯшаи ҳар ҷои дунё интиқол додан мумкин аст.
Кинонаворҳои садодор кай пайдо шуданд?
Кинонаворҳои нахустин бесадо буда, аз актёрон санъати баланди қиёфабозӣ (мимика) ва имову ишоратро талаб мекард. Барои фаҳмонидани ҳодисот дар экран навиштаҳо (титр) пайдо шуда, дар саҳна пианинонавоз мусиқӣ менавохт ва хотири тамошобинонро шод месохт. Нахустин навори садодор «Сарояндаи ҷаз» буд, ки соли 1927 дар ИМА истеҳсол шуд.
Кӣ киноро ихтироъ кард?
Томас Эдисони амрикоӣ нахустин инсонест, ки тасвири ҳаракаткунандаро ба навор гирифтааст. Лекин асосгузори кинематограф бародарони фаронсавӣ Огюст ва Луи Люмиерҳо ҳисоб мешаванд, ки дастгоҳи сабту намоиши киноро сохтанд. Соли 1895 бародарон Люмиерҳо 10 навори кино бардошта, намоиши нахустини оммавиро дар хиёбони Капусинҳо ташкил карданд.
Кӣ телевизорро ихтироъ кард?
Ихтироъкори шотландӣ Ҷон Лоҷи Бэрд соли 1926 системаи телевизионии нахустинро намоиш дод. Он аз қуттии кӯҳна, сихҳои ҷӯроббофӣ, қуттии тунука ва фонуси велосипед сохта шуда буд. Телевизиони механикӣ дар асоси доираи чархзанандаи сӯрохдор кор мекард. Системаи электронии телевизионро соли 1923 В. Зворикин ихтироъ карда, онро «иконоскоп» номид.
«Полароид» чист?
Аксбардори фаврии «Полароид»-ро ихтироъкори амрикоӣ Эдвин Лэнд дар соли 1947 ихтироъ кардааст. Дар он ба ҷойи навор қуттии пластикӣ истифода мешуд, ки дар дохилаш сафҳаҳои навор ва доруҳои кимиёвӣ мавҷуд буданд. Чанд сония пас аз сабти навор аз дохили аксбардор акси «хушк» пайдо мешуд.
Дастгоҳҳои аввалини аккосӣ чӣ гуна буданд?
Фотокамераҳои аввалин аз қуттии бузурге иборат буданд ва объективи он ҳаракат мекард. Объектив нури рӯшноиро дар лавҳачаи филиззӣ ё шишагии дар охири камера ҷойгирбуда ҷамъ мекард. Рӯшноӣ ба қабати кимиёвии лавҳача таъсир карда, пас аз чанд дақиқа дар он тасвир пайдо мешуд. Истеҳсоли нахустин наворҳои селлулоидиро соли 1888 Ҷорҷ Истмени амрикоӣ дар ширкати «Кодак» ба роҳ монд.
Навор ва аккосӣ
То ихтирои дастгоҳи аккосӣ (фотоаппарат) ва банаворгирӣ (кинокамера) одамон тасвирҳои худро танҳо ба намуди расм ё нигора барои хотира мегузоштанд. Раванди аккосиро дар аввали асри XIX ихтироъ кардаанд. Тасвирҳои ибтидоӣ сиёҳу сафед буда, барои ҳосил намудани онҳо вақти зиёд сарф мешуд. Ҳоло суратгирак ва видеоҳои рақамӣ мавҷуданд, ки тасвирҳоро сабт намуда, дар хотираҳои электронӣ нигоҳ медоранд.
Кӣ компютери фардиро ихтироъ кард?
Солҳои 70-уми асри XX Стив Возняк ва Стив Ҷобс компютери «Apple II»-ро сохтанд, ки ба компютерҳои фардии (PC) муосир асос гузошт. Ибтидо на ҳар кас қудрати харидории компютер дошт. Ҳоло компютер воситаи одии техникӣ буда, дар муассиса, донишгоҳ, мактаб ва хона васеъ истифода мешавад.
Компютерҳои нахустин чӣ гуна буданд?
Соли 1945 олимони Донишгоҳи Пенсилвания (ИМА) Ҷон Экерт ва Ҷон Мокли нахустин компютери электронӣ-рақамӣ – ЭНИАК (ENIAC)-ро сохтанд. Он аз 16 навъ лампаи электронӣ (17468 адад), 7200 диод, 1500 реле, 70000 резистор, 10000 конденсатор ва дигар таҷҳизот иборат буда, 27 тонна вазн дошт ва дар 2 ҳуҷра ҷойгир буд. Пас аз ихтироъ ва истифодаи транзистор (солҳои 50-уми асри XX) компютерҳои баъдина ихчаму сабук шуданд.
Чарлз Бэббиҷ кист?
Соли 1833 риёзидони англис Чарлз Бэббиҷ ҳисобмошинаи механикии рақамиро ихтироъ кард. Он аз 25 ҳазор ҷузъ иборат буд. Лекин ба сабаби набудани маблағи лозима, он сохта нашуд. Олимони минбаъда дар асоси таҳқиқоти Бэббиҷ соли 1891 ҳисобмошинро сохтанд, ки ҳоло дар осорхонаи илмии Лондон маҳфуз аст. Асоси кори ин ҳисобмошин ба кори компютерҳои ҳозиразамон мувофиқ аст. Аз ин сабаб Чарлз Бэббиҷро асосгузори компютерҳо меноманд.
Чип чист?
Майнаи электронии компютер аз ҳазорҳо ҷузъу қисмҳо иборат аст. Солҳои 60-уми асри XX олимон ҳамаи ин ҷузъҳоро тавонистанд дар чанд пластинаи хурд – чипҳо ҷойгир кунанд. Ҳоло як чип тақрибан аз 250 ҳазор ҷузъу қисмҳое иборат аст, ки кори компютерро идора мекунанд. Соли 2011 ширкати Altera чиперо сохт, ки он кори 3,9 миллиард транзисторро иҷро мекунад.
Сохтори компютер чӣ гуна аст?
Компютери фардӣ аз қисмҳои зерин иборат аст: монитор, протсессор, клавиатура, мушак, чопгар, камера.
Компютерҳо
Компютерҳои муосир таҷҳизоти электронӣ мебошанд, ки миқдори бузурги ахборро ҳифз ва коркард мекунанд. Бори аввал онҳо солҳои 40-уми асри XX пайдо шуданд. Самаранокии компютерҳои пуриқтидор ба миллиард амалиёт дар 1 сония мерасад. Аз ин сабаб онҳо барои ҳалли мақсадҳои гуногун: аз пешгӯии обу ҳаво то лоиҳакашӣ ва истеҳсоли дигар компютерҳо истифода мешаванд.
Сиккаи аввалин дар куҷо зарб шудааст?
Сиккаи қадимтарин дар давлати Осиёи Хурд – Лидия соли 685 то милод зарб шудааст. Он «трите» (1/3 статер) ном дошта аз хӯлаи «электрум» (хӯлаи табиии тило ва нуқра) сохта шудааст. Дар аверс (пешаш) сари шери ошурӣ, дар реверс (қафояш) тамғаи иёр дошт. Аввалин сиккаи тоҷикӣ дар замони Дориюши I Бузург (522–486 то милод) аз тило зарб шуда, номаш «дарик» буд ва 8,4 г вазн дошт. Дар асри X дар Чин аввалин пули коғазӣ ба муомилот баромад, ки номи онро «чов» гузоштанд.
Кӣ аввалин ҳисобкунаки механикиро ихтироъ кард?
Аввалин мошинаи ҳисобкунии механикӣ (калкулятор)-ро соли 1642 Б. Паскал сохт. Он аз чанд чархакҳо иборат буд, ки дар гирдашон рақамҳо сабт шуда буданд. Бо ин чархакҳо ададҳои амали ҳисоб интихоб ва дар сӯрохиҳо ҷавоби масъала пайдо мешуд. Ҳисобкунакҳои ҷайбии электронӣ соли 1971 ба фурӯш бароварда шуданд.
Кӣ тахтаи ҳисобро ихтироъ кард?
Содатарин тахтаи ҳисоб ё «абак» 3 ҳазор сол то милод дар Бобилистон ихтироъ шуда буд. Он аз лавҳаи хаткашида бо чуқурчаҳо иборат буда, сангчаҳо ё муҳраҳо дар онҳо ҳаракат мекарданд. Дар асри V то милод дар Миср ба ҷойи хат ва чуқурчаҳо чӯбчаҳо ва сими муҳрадорро истифода мебурданд. Дар Ҳиндустони Қадим низ аз абак истифода мекарданд. Арабҳо бо абак дар Форс шинос шуданд. Дар маъхазҳои арабии ҳисоб калимаи «туроб» (хок, замин) маънои ҳамин абакро дорад. Ба воситаи арабҳо Аврупо бо абак дар асри VIII шинос шуд. Дар Чин онро «суанпан» ва дар Ҷопон «соробан» мегуфтанд. Абакҳои баъдина ба қаторҳои воҳидҳо, даҳиҳо, садиҳо ва ҳазориҳо тақсим шуда, чор амали ҳисоб (ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим) бо онҳо тезтар иҷро мешуд.
Аввалин тарозуро дар куҷо сохтаанд?
Тарозуи аввалинро 4600 сол муқаддам дар Бобилистон сохтаанд. 5000 сол муқаддам дар Миср барои муайян кардани вазни тило ва сангҳои қиматбаҳо аз тарозу ва сангҳо истифода мебурданд. Сангҳои тарозуро ба шакли ҳайвоноти муқаддас месохтанд.
Ҳисоб
Дар замонҳои қадим одамон бо ангуштон ҳисоб мекарданд. Дертар силсилаи ададҳо ихтироъ шуда, ҳисоб дар коғаз навишта мешуд. Рақамҳо бунёди ҳама гуна ҳисобҳо мебошанд. Рақамҳое, ки мо ҳоло истифода мебарем (аз 0 то 9), рақамҳои арабӣ ном дошта, аслан дар Ҳиндустони қадим ихтироъ шудаанд. Дар асри XIII рақамҳо ба Аврупо паҳн гаштанд. Дар рушду такомули ҳисоб нақши риёзидонони тоҷик: Муҳаммади Хоразмӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абубакри Қароҷӣ, Абулҳасани Насавӣ, Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ, Ғиёсуддини Кошонӣ ва дигарон бузург аст.




